Султони қалбҳо дар ёди дӯстон
Охарин маҳфили Аҳмад Зоҳир бо иштироки Султони Ҳамад
Кист Аҳмад Зоҳир, ки бо гузашти беш аз 40 сол аз маргаш бо овардани танҳо ёде аз ӯ қалбҳо ба дард меоянду ашкҳо аз чашмҳои дӯстонаш чун қатраҳои борон ҷорӣ мешаванд? Ӯ чӣ гуна инсон буд? Ӯ чӣ ҳунаре дошт? Чӣ афсуне кардааст онҳоро, ки наметавонанд фаромӯшаш кунанд?
Ба тарзи умум имрӯз дар рӯи замин ягон тоҷик ё худ форсизабони каму беш аз фарҳанг бохабаре ёфт намешавад, ки надонад, ки Аҳмад Зоҳир кист ва ё суруду оҳангҳои ӯро нашунида бошад. На танҳо форсизабонон, балки намояндагони дигар ақвому миллатҳо, ки дӯстдори санъати овозхонии ҳақиқатан асилу воло ҳастанд, имрӯз Аҳмад Зоҳирро хуб мешиносанд. Сурудҳояшро замзама мекунанд.
Бале ин ҳамон суханҳое ҳастанд, ки аз китоби «Султони қалбҳои»-и падари бузургворам Султони Ҳамад мебошад. Чигунае, ки падарам гуфта буданд, нест дар рӯи замин ягон тоҷик ё форсзабоне, ки сурудҳои Аҳмад Зоҳирро нашунида ё аз номаш бохабар набошанд. Имрӯзҳо дар қаламрави кишвари азизу биҳиштосорамон, ки ҳар сол дар рӯзи тавваллуд ва ҳам рӯзи маргаш, ки 14-июн мебошад, ёдбудашро бо як шукуҳу пур аз меҳру муҳаббат ҷашн мегиранд ва сурудҳояшро зам-зама мекунанд.
Падарам, яке аз ташкил кунандагони чунин маҳфилҳо ба шумор мерафт, ки дар ҳар як маҳфил як чизи нав ё як суруди тозаи Аҳмад Зоҳиро ҷустуҷӯ мекард ва пешкаши мухлисон ва ҳаводорони алмоси шарқ Аҳмади Зоҳир мекарданд. Баҳори ҳамин сол буд, ки падарамро дар як маҳфили кӯчаке барои ёд аз алмоси шарқ Аҳмад Зоҳир даъват карданд ва банда низ дар ин маҳфил иштирок кардам. Дар онҷо дӯстони падарам аз бемориашон хабар шуданд, дар ҳамон маҳфил бародари гиромиқадри хонадони ҳар яки мо Абӯбакри Азиз, ки яке аз мухлисони ашади Аҳмад Зоҳир ҳаст, баҳри Султони Ҳамад суруди «Худо бувад ёрет»-ро тақдим кард.
Ва ин охирин маҳфили Аҳмад Зоҳир буд, ки Султони Ҳамад дар он иштирок кард. Лек афсӯс, сад афсӯс, ки шоми 6-уми июни соли 2019, ки ба зодрӯз ва марги Аҳмад Зоҳир ҳамаги 8 рӯз мемонад, Султони Ҳамад ин дунёи фониро падрӯд гуфта, ба дунёи абадӣ пайваст. Ва аз Худои меҳрабон дуо мекунем, ки ҳарду ин мардони бузургро руҳашонро шоду хонаи охираташонро обод гардонад ва биҳишти барин маконашон бод. Омин ё Рабалъоламин!
Аҳмадшоҳи Султон «Рӯзгор»