21:14:57 03-уми Июни 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Султони қалбҳо дар ёди дӯстон

Ёде аз муҳоҷират ва Султони Ҳамад

Дар рӯнамоии китоби устод Султони Ҳамад “Чӣ ҳол дорӣ, муҳоҷир”, ки рӯзи ҷумъаи гузашта бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, таҳлилгарон, рӯзноманигорон ва дӯстону пайвандони марҳум дар Шӯрои воситаҳои ахбор баргузор шуд, ман гуфтам, ки устод Ҳамад дар бораи ду муҳоҷират навиштаанд, ки мутаассифона навиштаҳо дар бораи муҳоҷирати аввал дар ин китоб роҳ наёфтааст.

runamo_0001

Ва сабабаш низ он аст, ки китоби мазкур чун охирин таълифи муаллиф дониста мешавад ва он замони дар қайди ҳаёт будани рӯзноманигори варзида омода шуда будааст, вале беморӣ дигар ин имконро надодааст, ки чопашро бубинанд. Ва бо гузашти чанд моҳ аз марги нобаҳангом пайвандон тасмим гирифтаанд ин китобро ба чоп расонанд ва тавре чоп кардаанд, ки муаллиф мехоста.

runamo_0002

Аммо навиштаҳои устод Султони Ҳамад дар бораи муҳоҷирати аввал низ хеле пуртаъсиранд ва аз рӯйи имкон салоҳ мебуд, то онҳо низ дар китобе ҷамъоварӣ ва нашр шаванд. Онҳо таърихи фоҷеабори миллатанд, намешавад миллат бахше аз таърихи худро ба боди фаромӯшӣ супорад. Дар ҳоле, ки он навиштаҳо барои муаррихону пажӯҳишгарон низ метавонанд маводи хуб диҳанд.

runamo_0005

Аввали муҳоҷирномаи устод Ҳамад чорпораҳои ҳузнбарангезе мебошанд, ки зери номи “Лаби дарёи Ому” эҷод шудаанд. Ҳар рубоиву дубайтии ин силсила бидуни шак фарогири як саҳфаи таъриханд. Зина ба зина ин чорпораҳо ҳаёти эҳтимолан бештар аз думоҳаи лаби дарёи Ому будани фирориён аз дасти силоҳбадастонро тасвир мекунанд.

runamo_0004

Ва баъдан ҳам ҳаёти муҳоҷирон дар Афғонистон дар лавлаҳаву гузоришҳои зиёде ба қалам омадаанд, ки бахше аз онҳоро мо дар сомонаи “Рӯзгор” мебинем ва бахше шояд нашр нашудаанд.

runamo_0006

Аммо он чи ҳоло ба дасти чоп раисдааст, ин ҳаёти муҳоҷирин дар Русия ва дигар кишварҳои ИДМ мебошад, ки боз ҳам як мавзуъи доманадор ва фарогир аст. Матолиби ин китоб дар солҳои гуногун дар шакли мақолаву очерку мусоҳибаву гузориш навишта шудаанд ва тавре муаллиф дар сарсухан овардаанд, як эроди хонанда дар шабакаи иҷтимоӣ таҳрике барои гирдоварии мақолоти ин маҷмуа шудааст.

runamo_0003

Доманаи пажӯҳишҳои устод Султони Ҳамад густардаанд ва омӯзишу чопи ҳар пажӯҳиши ишон вақту замон мехоҳад. Ҳоло ки фарзандон тасмим гиифтаанд он ҳамаро якояк рӯйи чоп меоранд, хеле иқдоми сутуданист. Зеро дар миёни навиштаҳои устод Султон матолибе низ ҳастанд, ки ҳатто боре ҳам чоп нашудаанд ва ё чоп шудаву ба сурати китоб гирдоварӣ нашудаанд. Ба мисли ҳамин китоби “Чӣ ҳол дорӣ, муҳоҷир?”. Вазифаи оянда аст, ки аз нашрияҳо он мақолоти парешон гирдоварӣ ва дар шакли китоб интишор ёбанд.

"Рӯзгор"

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi