04:46:21 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Султони қалбҳо дар ёди дӯстон

ЗИ МАРГИ НОБАҲАНГОМИ ПАДАР ҲАР БОР МЕГИРЯМ...

Ҳама рӯзу шаб ба ёдат ҳастам, аммо имшаб хеле дилам ёдат кард. Беихтиёр чашмам афтод ба аксат, то ба худ омадам, ки чашмонам пуроб шуд. Падари меҳрабонам, хеле дилам бароят танг аст. Ҷоят холии холист. Камбуди Шуморо бадҷурӣ эҳсос мекунам. Набудани садои гарму меҳрабонат, навозиши дастҳои нозпарварат, гармии оғушатро... Падари хубам, ман бениҳоят ба Шумо эҳтиёҷ дорам, бениҳоят...

padar-jahongir 45125445

Ҳанӯзам мунтазирам, ки баргардӣ. Ҳанӯзам одат накардам ба набуданат. Ҳанӯзам кӯдаквор ба ёдат мегирям. Ҳанӯзам дил дар пайи дидорат, ишқи покат ва дидори чеҳраи нурониат нолон аст. Пешам будӣ, чашмонам рӯшнои дошт, бо рафтанат рӯзу шабам тор гашт...

Як соли бе Шумо сипарӣ шуд, соле, ки бароям пур аз дарду оҳу нолишҳо, пур аз андуҳи ҷудоиҳо, пур аз ғаму дуриҳо даруни қалби хунчаконам, мегиряму ёдат мекунам. Дар ин ғурбати танҳоӣ, дар ин дуриҳои дур, ки ба зиёрати мазорат наомадаму омадан ҳам дар тавонам набуд...Маро бубахш ай нури дида... Танҳо аз Худоям бароят дуогӯям, танҳо бо Худо розу ниёз мекунам ва танҳо аз Ӯ холиқи якто бароят ҷаннати барин мехоҳам. Руҳат шоду ёдат гиромӣ бод, Падарҷонам!

"МЕГИРЯМ"

Зи марги нобаҳангоми падар ҳар бор мегирям,

Дар ин ғурбатсаро бо ёди ӯ ҳар бор мегирям.

Уқобе будаму болам шикаст аз марги ноҷояш,

Ки хун андар дилу дар ҷону дар минқор мегирям.

Ғамамро дар миёни ханда пинҳон мекунам ҳар дам,

Мани ошуфта, аммо дар дилам ночор мегирям.

Сари болои ман бе силаат охир фурӯ афтод,

Ба болин мениҳам сар ҳар шабу афгор мегирям.

Бузургии туро ҳар лаҳза дар худ мекунам эҳсос,

Ба ёди ту чу як марди бузургосор мегирям.

Бигӯяндам, ки камтар нола кун, тақдир ин будааст,

Наметонам таҳаммул кардану бисёр мегирям.

Ба шабҳои хаёли ман ту пайдо мешавӣ ҳар шаб,

Зи ғамҳои ту ман бо дидаи бедор мегирям.

Давоми зиндагӣ бе ту чароғон нест, эй Бобо,

Пас аз сад сол ҳам з-ин дард оташвор мегирям.

Ҳазорон санг афканди агарчӣ ҳосиде сӯят,

Ба рағми он ҳама ағёри нодаркор мегирям.

Падар аз рафтани ту осмон ранги дигар дорад,

Сари хоки ту ман чун абри раҳматбор мегирям.

Бувад ҷоят падарҷонам, ба гулзори Биҳишт охир,

Худоро мекунам шукру малоиквор мегирям.

Ҷаҳонгири СУЛТОН



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi