Султони қалбҳо дар ёди дӯстон
АБДУЛЛОҲИ РАҲНАМО: "ПАЙКАРАИ СУЛТОНИ ҲАМАД"
Рӯйи мармар дошт Султони Ҳамад,
Қадди ар-ар дошт Султони Ҳамад,
Дар муҳиту мактаби одамгарѝ,
Сабки дигар дошт Султони Ҳамад.
Кӯҳ буд, яъне, ки кӯҳи тоҷикӣ,
Бо ғуруру бо шукӯҳи тоҷикӣ,
Бар тавонмандии рӯҳи тоҷикӣ,
Сахт бовар дошт Султони Ҳамад.
Ҳамчу афсар буд виҷдони Ватан,
Ҷони ӯ пайваста бо ҷони Ватан,
Соати марги бузургони Ватан,
Дидаи тар дошт Султони Ҳамад.
Дар сиёсат низ марди роҳ буд,
Ёри Раббонию Аҳмадшоҳ буд,
Аз қимори Осиё огоҳ буд,
Фикри кишвар дошт Султони Ҳамад.
Бегумон, кашшофи модарзод буд,
Сахт огоҳу хирадбунёд буд,
Ҳӯши бартар дошт Султони Ҳамад.
Аз такопӯҳои миллат бохабар,
Нури чашми мардуми соҳибназар,
Эй аҷаб, дар ҳар дару дар ҳар гузар,
Сад бародар дошт Султони Ҳамад.
Гоҳ аз ҳоли ҳунармандон вакил,
Гоҳ аз дарди муҳоҷир хастадил,
Гоҳ аз номардии ёрон хиҷил,
Рӯҳи пар – пар дошт Султони Ҳамад.
Чун фазояш гоҳ – гоҳе танг буд,
Сарпаноҳаш сангари фарҳанг буд.
Лек дар фарҳанг ҳам сарҳанг буд,
Ҳарфу минбар дошт Султони Ҳамад.
Ҷилди таърихи Ватан дар кабзи ӯ,
Ҳикмати Бурхи Валѝ дар набзи ӯ,
Мулки Вахё ҷонамози сабзи ӯ …
Дурру гавҳар дошт Султони Ҳамад.
Вусъати рӯҳи матинаш ёд бод,
Хандаҳои ростинаш ёд бод,
Дурбини дурбинаш ёд бод,
Сабки дигар дошт Султони Ҳамад…