18:19:25 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Султони қалбҳо дар ёди дӯстон

АЙ ПАДАР, МО ҲАМАГӢ ЧАШМ БА РОҲАТ ҲАСТЕМ...

Ёди гиромиат то абад дар дилу дида хоҳад монд, Падарам! Имрӯз рӯзи Шумост, ай нури чашмонам. Рӯзе, ки субҳи барвақт барои табрики Шумо меомадаму бо як нигоҳи пур аз меҳру вафо сӯям менигаристед...

1.Jahongiri Sulton Sultoni Hamad 2021Ҳатто эҳсос мекардед, ки ман пушти дараму ба табрикии Шумо омадаам. Аммо имрӯз танҳо аз мулки ғариб бароятон аз даргоҳи Худованди меҳрабон, Фирдавси барринро талабгорам. ИншоАллоҳ ваъдаи Худованд аст, барои ҳама заҳматҳоятон баҳри мо фарзандону ҷамъияту кишвар ва моро ба роҳи Ҳаққ таълиму тарбият кардаатон, манзили охиратон пур нур асту дар яке аз боғҳои Биҳишт ҳастед. Ёдатон гиромӣ бод, Падари бузургворам!

Падарам, тоҷи сарам чашм ба роҳат будам,

Ҳама дам ошиқи лабханди нигоҳат будам.

Ай фалак, аз чи задӣ оташи ғам бар ҷигарам,

Кош ҷойи падарам, ман сари роҳат будам.

Ай сафаркарда ба Меъроҷ, ба ёдат ҳастем,

Ай падар, мо ҳамагӣ чашм ба роҳат ҳастем.

Ту сафар кардиву осуда шудӣ аз даврон,

Ҳама мотамзада, ҳар лаҳза ба ёдат ҳастем…

ҷаҳонгири Султон



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi