16:42:20 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Султони қалбҳо дар ёди дӯстон

ДУРУДИ БЕКАРОН БА РУҲИ БУЗУРГИ ТАМОМИ ПАДАРОНИ ОСМОНӢ...

Бо арзи салому адабу эҳтиром!

Худоеро бас шокирам, ки аз рӯи карам падару модари фидокор насибам карда буд, то дар сояи дарахти пурбори вуҷудашон биёсоям ва аз решаи онҳо шоху барг бигираму аз сояи вуҷудашон дар роҳи касби илму дониш талош намоям.

1 zodruzi-padar 22222Волидоне, ки буданашон ифтихор буд бар сараму номашон далелест бар буданам, чаро ки пас аз Парвардигор мояи ҳастиям будаанд, дастамро гирифтанду роҳи рафтанро дар ин водии зиндагии пур аз фарозу нишеб омӯхтанд, ки дар сахтиҳо ва душвориҳои зиндагӣ ҳамвора ёвари дилсӯзу фидокор ва пуштибони маҳкаму мутмаъин бароям буданд.

Миёни тамоми надоштанҳо, дӯстатон дорам, аммо дилам орзӯи диданатонро мекунад ва ҳаққи шунидани садоятонро надорам, вале дӯстатон дорам, лаҳзаҳое, ки рӯҳам дард мекунаду қоматамро мешиканад, шонаҳоятонро барои гиристан надорам, вале дӯстатон дорам, вақте дилтангаму оғушатонро барои ором шудан надорам, вале дӯстатон дорам, оре ҳама вуҷудам ҳастед, вале ҳеч ҷойи зиндагиям надорам шуморо ва миёни ин ҳама надоштанҳо боз ҳам бо тамоми вуҷудам, дӯст дораматон падару модари нозанинам...

Агар як бори дигар ба дунё биёяму аз ман бипурсанд, ки чӣ касе мехоҳи бошӣ? Намедонам дигарон чӣ хоҳанд гуфт! Вале ман боз мехоҳам фарзанди ҳамин падару модаре, ки Худованд бароям атто фармуда буд, бошам...

Саргузашти ғами ҳиҷрони ту бо шамъ гуфтам,

Он қадар сӯхт, ки аз гуфта пушаймонам кард...

Эй кош, ҷонам нисорат буд, падарам! Дар ҳақиқат вақте падар аз дунё меравад, порае аз рӯҳи фарзандашро зери хок мебарад. Шояд як рӯз ба надиданат, ба нашнидани садоят ва ба ҷойи холият одат кунам. Аммо... фаромӯш карданат ҳунар мехоҳад падар ва ман беҳунартарин инсони оламам.

Хостам каме аз дилтангиҳоям бароят бигӯям, вале падар, набуданат ки навиштан надорад. Танҳо дард дорад, дард, дард...

Танҳо мехоҳамат. Вале дурӣ, хело аз ман дурӣ... На дастам ба дастонат мерасад, на чашмонам ба нигоҳат. Шуморо кам доштанам кам нест, балки дард аст, дард, дард...

Баъзе дардҳо чанд дақиқа тӯл мекашанд. Баъзе дардҳо чанд рӯз, баъзеяш чанд моҳ, баъзеяш солҳо. Аммо дарди рафтанат то абад тамоми вуҷудамро месӯзад...

Падари азизам, хеле зуд ва хеле ногаҳонӣ моро тарк кардӣ. Дилам бароят танг шудаву қалбам дардманди фироқат. Вақте фикр мекунам, ки дигар наметавонам "таваллудат муборак"-ро ба рӯят бигӯяму дар оғуш гирамат, тамоми вуҷудам месӯзад. ИншоАллоҳ Худованд рӯҳатро ором ва манзили охирататро нуронӣ гардонидааст. Ҳанӯз натавонистам маргатро бовар кунам, орзу мекунам ин фақат як рӯъё бошад, фаромӯш карданат бароям номумкин асту дарди набуданат бароям бадтарин хотираи зиндагист. Ҳамеша дар қалби ман зинда хоҳед монд. Зодрӯз муборак, ай Падари бузургворам!

Ай падар, рафтиву ёди ту нарафт,

Дил бирафт, шодӣ бирафт, умед рафт.

Ҳол дар сӯги ту биншастаем,

Зиндаем, аммо зи дил бишкастаем.

Ҷаҳонгири Султон



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi