17:43:31 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ - III

Бурҳон Салмонов, барои «Рӯзгор»

Дар бақоёи ҳукумати тоҷикии Афғонистон бо сарварии Ҳабибуллоҳ-хони Калаконӣ дар он шабу рӯз ду омили муҳим- иттиҳоди миллияту қавмҳои кишвар ва тавсеаи сиёсати хориҷӣ нақши муҳим мебозид. Мутаассифона, ин ду омили давлатсозӣ ба таври бояду шояд шакл нагирифта, барои Ҳабибуллоҳхони дар мақоми сарварӣ ҳанӯз бетаҷриба мушкилӣ пеш оварда буд. Шовинизими паштугаро ҳукумати мардумиро барои он зери суол мегузошт, ки писари машкоби камбағали тоҷик оё ҳуқуқи тахту тоҷро дорад? Ҳатто Нодирхон моҳи марти соли 1929 дар ҷиргаи қабоили ҷануб бешармона ва бо лаҳни таън ба Ҳабибуллоҳхон таҳдиду фишор овард, ки ӯ ҳукуматро ба ашрофзодагони паштутабор таслим намояд.

habibullah kalakani 45698Пешвои тоҷикон ба ин таҳдид чунин посух гуфт: "Ман то ҷон дар рамақ дорам, Кобулро раҳо нахоҳам кард". Илова бар он бояд гуфт, ки ду абарқудрати дар он замон "сояи якдигарро аз девор метарошидагӣ"- Шӯравӣ ва Англия чунин ҳукуматро, ки бо қиёми мардумӣ ба қудрат расидааст, қабул надоштанд. Мақомоти ҷосусии ҳар ду кишвар ҳанӯз ба сари қудрат расидани Амонуллоҳхони ислоҳоташ дар нимароҳ мондаро орзу доштанд. Гумоштагони вай Ғуломнабихони Чархӣ ва Ғуломхони Сиддиқӣ роҳбарияти Шӯравиро дар Маскав муътақид сохтанд, ки бо як шабохун задан ҳукумати Ҳабибуллоҳхони Калакониро дар Кобул вожгун ва қудратро ба даст овардан муяссар мегардад. Аммо онҳо таҳлили воқеии вазъи ҳамонрӯзаи кишварро дар даст надоштанд ва ин таҳлиле, ки доштанд, хато ҳам буд.

Дар қисмати ҷануб чеҳраи дигари сиёсӣ- генерал Нодирхон, ки сафири вақти режими Амонуллоҳхон дар Фаронса буд, даъвои подшоҳӣ пеш овард. Дар бозии сиёсие, ки ӯ гардон кард, макру фиреб ва бадбинии тоҷикон ва дигар миллатҳои Афғонистон ҷой дошт. Бинобар он, ӯ аввалҳо аз ҳукумати Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ рӯякӣ пуштибонӣ намуда, барои барқарор сохтани самимият бародари худ Шоҳмаҳмудро дар хидмати ҳукумати ҷадид гузошт. Шоҳмаҳмуд вазифаи танзимгари масоили муносибатҳои қабоили паштутаборро дар ҳукумат ба ҷо меовард. Ҳабибуллоҳхон дар ин бовар буд,ки Нодирхон аз Фаронса баргашта, вазифаи садри аъзамро ба уҳда мегирад ва бо ҳамин тавозуни тақсимоти вазифа дар ҳукумати мардумӣ ҳаллу фасл мегардад.

Даъвогари тоҷу тахт дар ин бозии сиёсӣ Амонуллоҳхонро, ки ҳанӯз дар Қандаҳор мустақар буду ба ӯ умедҳои калон дошт, гӯл мезад. Аммо подшоҳи маъзул аз "косаи зери нимкоса" хабаре надошт. Нодирхон бо дастгирии эммиссарҳои англис аллакай тақдири ҳукумати Ҳабибуллоҳхони Калакониро то ҷое ҳаллу фасл карда, муносибати хешро бо рӯҳониёни саршиноси тариқати Нақшбандия, ки фатвои онҳо тақдирсоз буд, хеле наздик сохт. Аммо то ба қудрат расидан лозим буд Шӯравиро саргарми бозии сиёсӣ сохта, умеду орзуи Амонуллоҳхонро ба тахту тоҷи шоҳӣ хунсо намояд.

Аммо дар масъалаи сарнавишти ояндаи Афғонистон, Шӯравӣ рақиби тезчанголи Англия маҳсуб меёфт ва ҳамин буд, ки дар оғози моҳи апрели соли 1929 интервенсияи ҳамсояи шимол ба Афғонистон оғоз ёфт. Атташеи ҳарбии сафорати Шуравӣ В.Примаков ва гумоштаи шоҳи маъзул Амонуллоҳхон - Ғуломнабии Чархӣ дар Маскав ин ҳуҷуми барқосоро дар фазою замин роҳбарӣ карда, шаҳри Мазори Шариф ва чанд вилояти шимолро ишғол намуданд. Тайёраҳои ҷангӣ сарҳадро бамборон карда, дар натиҷа садҳо одамони бегуноҳ кушта ва хисороти зиёде падид омад.

Ҳуҷуми артиши Шӯравӣ ду ҳадафро думбол дошт: нахуст барқарор сохтани ҳукумати Амонуллоҳхон дар қисмати шимол ва дуюм зарба задан ба неруҳои зидди Шӯравӣ- босмачиён, ки дар марзи Афғонистон қарор доштанд. Ба артиши Шӯравӣ дастаҳои мусаллаҳи туркманҳо ва ҳазораҷотҳо, ки ҳавои ҳукумати Амонуллоҳхонро дар сар доштанд, пайвастанд. Муаррихи афғон Файзмуҳаммад дар таҳлили вазъи он рӯзҳо менигорад, ки Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ бо далерию шуҷоате, ки дошт, тавонист ба сиёсати ишғолгаронаи Шӯравӣ то ҷое сарфаҳм равад. Ҷавонмардона аз Нодирхоне, ки барои ғасби ҳукумат пайти мувофиқ меҷуст, даъват ба амал овард, ки дар мубориза алайҳи Шӯравии ишғолгар ба ӯ кумак намояд.

Ҳатто пешниҳод кард, ки омода аст ҳукуматро дар Кобул ба ӯ супурда, худаш ба ҳайси подшоҳу сарлашкар ғазовоти зидди куфорро дар шимол сарварӣ намояд. Нодирхон бо баҳонаҳои зиёд ва машварати эмиссарҳои англис ба ин пешниҳод розӣ нашуд. Вале дар қисмати шимол ҷонибдорони Ҳабибуллоҳхон ба таърихи 18 май ҷиргаи қавмиро даъват намуда, рӯҳониён фатвои "ҷанги муқаддас"-ро алайҳи Шӯравӣ эълом дошта, аз тамоми сокинони Афғонистон даъват ба амал оварданд, ки ба ҷанги дохилӣ хотима ва ба наҳзати ҷиҳодӣ бипайванданд.

Чунин ранг гирифтани вазъ Шӯравиро тарсонд ва охири моҳи майи соли 1929 артиши сурх амалиётҳои ҷангиро дар Мазори Шариф ва дигар қисматҳои ишғолёфта қатъ намуд. Интервенсияи хориҷӣ алайҳи Афғонистон бо ҳамин хотима ёфт, Шӯравӣ бо талафоти сангин аз марзи бегона берун омад. Амонуллоҳхон баъди шикасти шармандавори Шӯравӣ маҷбур шуд ба Италия фирор намояд ва то охири умр дар ғурбат зиста, соли 1960 бо зиндагӣ падруд гуфт.

Таърихнигорон, бахусус шоҳиди ин воқеаҳо Халилуллоҳи Халилӣ дар асари бунёдии хеш "Айёре аз Хуросон…", ки ҳамон замон худи ӯ дар шимоли кишвар ба сар мебурд, нақши Ҳабибуллоҳхони Калакониро дар хунсо сохтани интервенсияи хориҷӣ калидӣ меҳисобад. Ба қавли ин шахсияти маъруф Ҳабибуллоҳхон бо вуҷуди кашмакашиҳои қавмии дохилӣ дар як муддати кутоҳ тавонистааст ақвоми ҷанубу шарқро дар мубориза алайҳи Шӯравӣ ба по хезонад. Аммо ин шоҳи бетаҷрибаи сиёсӣ баъди пирӯзӣ натавонист сиёсати мусолиматомезро бо ҳамсояи шимолӣ, ки дар оянда барои ҳукумати тоҷикии Кобул хеле ҳам тақдирсоз буд, ба роҳ монад. Мутаасифона, Ҳабибуллоҳхон дар симои Шӯравӣ, бахусус Сталин душманро медид.

Эмиссарҳои англис аз ин вазъ моҳирона истифода бурданд; бо ҳар роҳу восита аз марзи Афғонистон наҳзати зидди Шӯравиро аз ҳисоби босмачиён таҳрик дода, аз нигоҳи молӣ ҳам дастгирӣ менамуданд. Ба ин қазия Ҳабибуллоҳхон бепарво буд ва то ҷое ҳанӯз ҳам наҳзати босмачиёнро ҷонибдорӣ мекард ва пай бурда наметавонист, ки ҷосусони англис ва Шӯравӣ дар барканорсозии вай аз тахту тоҷи шоҳӣ бо рӯҳоният - сулолаи Муҷададдӣ- пайрави шохаи Нақшбандия забон як кардаанд.

Нақшбандия тамоми қабоили ҷанубу шарқ, ҳатто қабилаҳои сарҳадии мумандиёни Вазиристонро чун муриди маънавӣ зери итоат доштанд. Мусоҳобион, ки ба ҳайси як оила ва сулолаи мазҳабии асримиёнагӣ буду генерал Нодирхон онро намояндагӣ мекард, чӣ дар замони Амонуллоҳхон ва чӣ дар даврони Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ дар дарбори шоҳ нуфузи зиёде доштанд. Ин сулола бо эмиссарҳои англис бозиҳои сиёсии пасипардагиро вобаста ба ояндаи Афғонистон кайҳо ҳаллу фасл карда, бародарони Нодирхон-Шоҳмаҳмуду Шоҳвалихон артиши бузргеро аз қабоили паштутаборҳо барои сарангунсозии ҳукумати Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ дар Нангарҳор омода карда буданд.

Муҷададдие, ки нуҳ моҳ пеш бо фатво Ҳабибуллоҳхонро ғозӣ ва Ҳабибуллоҳхони дуввум эълон дошта буд, дар ҷиргаи қабоили ҷануб ӯро бедин эълон дошт. Ин ҳукми қатли Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ ва хотимаи ҳукумати тоҷикӣ дар Афғонистон буд. Ба таърихи 13 октябри соли 1929 артиши ҷануб бо сарварии Шоҳмаҳмуду Шоҳвалихон ба Кобул ҳуҷуми густурдаро оғоз карданд. Тоҷикони Кӯҳдоман натавонистанд муқовимат намоянд, қавми ҳазораҷот, ки балегӯи Амонуллоҳхон маҳсуб меёфтанд, дар ин марҳилаи тақдирсоз Нодирхонро ҷонибдорӣ намуданд. 15 октябр, дар ҳоле ки Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ Кобулро тарк карда буд, Нодирхон вориди Кобул шуда, худро Нодиршоҳ муаррифӣ намуд.

Бо ишғоли Кобул аз ҷониби Нодирхон умеду орзуи Амонуллоҳхони фирорӣ ба тахту тоҷ ҳам барбод рафт. Нодиршоҳ сиёсати зидди тоҷикиро роҳандозӣ намуда, мехост Ҳабибуллоҳхони Калакониро, ки дар Парвону Лағмон ба сар мебурд, ҷисман нобуд созад. Бинобар он, аз фиребу найранг истифода карда, ба китоби осмонӣ- Қуръони карим савганд хӯрд, ки дар фикри таъсис додани як ҳукумати эътилофӣ мебошад ва бояд дар он тамоми миллияту қавмҳои кишвар нақш дошта бошанд.

Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ ва ҳайати ҳукуматаш, ки аксаран тоҷикон буданд, ба савганди шоҳ бовар намуда, таслими ӯ шуданд. Муддати ду моҳ Ҳабибуллоҳи Калаконӣ дар инзивои ҳукумати Нодиршоҳ қарор дошт. Моҳи ноябр Нодиршоҳ савганд шикасту Ҳабибуллоҳхони ғозӣ ва 14 нафар аъзои ҳукуматашро дар минтақаи серодами Чамани Кобул ба дор кашид. Баъзе муаррихон менигоранд, ки қатли Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ, маъруф ба Бачаи Сақо дар қисмати Майдони ҳавоӣ рух додааст. Нодиршоҳи сангдил муддати се рӯз ҷасадҳои мақтулро дар дор нигоҳ дошт. Баъди як ҳафта акси шаҳид Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ дар кӯчаҳои Вазиристони Ҳиндустон ба қимати панҷ рупиягӣ фурӯхта шуд.

Тахту тоҷи шоҳӣ ба Нодиршоҳи савгандшикану золим вафо накард. Дар ҷашни яксолагии ҳукуматаш, моҳи ноябри соли 1933, фарзандхонди Ғуломнабихони Чархӣ, ки аз дасти Нодиршоҳ чанде пештар аз қатли Ҳабибуллоҳхон ба ҳалокат расида буд, ӯро ҳадафи тири туфангча қарор дод.

Дар Афғонистон баъди 65 соли дигар тоҷикон боз ба сари қудрат омаданд. Соли 1992 тоҷики Панҷшер, ҳоло қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд хукумати коммунистии Наҷибуллоҳро ба шикаст мувоҷеҳ сохт ва профессор Бурҳониддини Раббонӣ чор сол президенти ин кишвар буд. Ҳаракати шовинистии Толибон соли 1996 ҳукумати тоҷикиро дар Кобул аз байн бурд ва солҳои баъдӣ пешвоёни тоҷикон Аҳмадшоҳи Масъуд ва профессор Бурҳониддини Раббонӣ аз дасти душманон хоинона кушта гардиданд. Чуноне дида мешавад, тоҷиконро дар мақоми сарварии Афғонистон тақдири талх дунбол доштааст.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi