14:20:35 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Раҳбари шаҳид, устод Бурҳонуддин Раббонӣ исломшинос ва сиёсатмадори жарфандеш

Амир Ҳамза Саҳроӣ

Руҷӯъ

Донишманд ва доктори улуми исломии бузургтарин донишгоҳи исломии ҷаҳон - "ал-Азҳар", сиёсатгари тавоно, назарияпардози нахбаи арсаи дину сиёсат, профессор, устод Бурҳонуддин Раббонӣ аз шахсиятҳои бебадили рӯзгори мо буд. Марде, ки аз кӯҳпояҳои Бадахшон ва аз миёни хонаводаҳои рустоӣ қомат афрошт ва ба юмни хираду талошу огоҳии исломӣ ва сиёсӣ бар курсии Раёсати ҷумҳурӣ такя зад, бе он ки пуштвонаи дудмонӣ ва хонаводагӣ ёриаш карда бошад.

1.ustad-rabbani 4155Хирадманде, ки дар авҷи пирӯзиҳои сусиёлизму сармоядорӣ хати севуми исломиро унвон кард ва бо дирояту паёмардӣ пирӯзии онро дар мансаи амал зоҳир сохт. Устоде, ки аз курсии Донишгоҳ бархост ва дар рӯзгоре, ки ҳамаи сиёсатмадорону ҳукмравоён фирор карда буданду дар майкадаҳою кобораҳои янгии дунё эътимоди миллатро ба ҳироҷ гузошта буданд, дар баробари аждаҳои сурх истод ва фармони ист доду дар як ийсору паёмардии сабурона заволу маргашро мусаҷҷал сохт.

Озодае, ки мазлумон ва бараҳнапоёни ронда аз ҳама боргоҳҳоро бистарӣ сохту борвару боровар кард ва ҳокимиятҳои табориро муҳри поён зад, то ҳамаи миллат дар саҳнаҳо ҳузур дошта бошанд. Сиёсатгаре, ки дар асри ҷиҳод бо хиради табҳири комил гом бардошт ва бо ҷасорати беназир гуфтумони ҷиҳодро ҷаҳонӣ сохт ва дар ростои таҷриди мутаҷовиз ҷаҳонро ба ҳамсӯйӣ фаро хонд.

Сиёсатмадоре, ки дар авҷи тавтиаи ҷаҳонӣ алайҳи Ислому ҷиҳоду муҷоҳиддин ин дирафшро баланд нигаҳ дошт ва бо вуҷуди ҳамаи тарфандиҳои ҷаҳонӣ дар нобудии муҷоҳиддин самандарвор бори дигар арзи вуҷуд кард. Чунонки дар раҳбарии ҷабҳаи миллии вақт ба унвони нерӯи муқтадири сиёсӣ дар ҷомеа  таборуз ёфта буд. Роҳбаре, ки ақвом, мазоҳиб, миллатҳо ва нерӯҳои чапу ростро дар меҳвари наҷоти мейҳану миллат дар як иттиҳод мунсаҷим сохт.

Устод Бурҳонуддин Раббонӣ дар соли 1319 хуршедӣ дар Файзобод, маркази вилояти Бадахшон зода шуд. Падараш Муҳаммадюсуф ном дошт ва дар ҳамин дудмони рӯҳониву мутамаддин ба омӯзиши фарзандаш сахт талош дошт. Дар соли 1326, дар ҳоле, ки ӯ 7 сол дошт, шомили мактаби муттаваситаи Файзобод гардид. Давраи ибтидоӣ ва муттаваситаро ба унвони шогирди мумтоз ва дараҷаи аввал сипарӣ кард. Дар соли 1335 ба синфи нуҳуми мадрасаи Абӯҳанифаи Кобул, ки дар он замон "Дорулулуми шаръия" ёд мешуд, шомил гардид.

Соли 1339, баъд аз ин ки мадрасаро бо дараҷаи олӣ ба поён расонид, шомили Донишкадаи шаръиёти Донишгоҳи Кобул гардид. Дар соли 1342 бо дараҷаи аввал фароқат ёфт ва назар бо истеъдоди бартараш нисбат ба сойирин билофосила ба ҳайси устод дар Донишкадаи шаръиёт пазируфта шуд. Соли 1345, баъд аз ду соли тадрис ҷиҳати идомаи таҳсил ба Ҷумҳурии Арабии Миср рафт ва шомили Донишгоҳи ал-Азҳар гардид. Соли 1347 дар риштаи фалсафа ва ақидаи исломӣ мадраки могистрии худро ба даст овард. Баъдан,  рисолаи дуктурии худро таҳти унвони "Ҷанбаҳои илмӣ ва фалсафии зиндагии Абдурраҳмони Ҷомӣ" ҳимоя намуд.

Барои таҳқиқоти илмӣ соли 1349 ба Донишгоҳи Анқара рафт. Ин давраи таҳқиқу пажуҳиши семоҳа ба дарозо кашид. Дар ҳамин давра бо забони туркӣ низ ошноӣ ҳосил кард. Воқеан, устод Раббонӣ ба забонҳои форсӣ-дарӣ, пашту ва арабӣ ҳам нависанда ва хатиби тавоно буд. Ҳамчунон ки ба забонҳои урду ва англисӣ низ такаллум менамуд. Устод баъд аз қазияи Довудхон кишварро тарк кард ва муддати 18 сол ҷиҳоди саросари миллати Афғонистонро бар алайҳи коммунистҳо ва Артиши сурх раҳбарӣ кард.

Бо пирӯзии ҷиҳод Раиси Давлати Афғонистон шуд ва ҳудуди 10 сол дар буҳронитарин лаҳазот кишварро раҳбарӣ кард ва дар таҳаввулоти сиёсии  ахир ба шакли мусолиматомез қудратро, ки дар Афғонистон собиқа надошт, ба Ҳомид Карзай таҳвил дод. Баъдан ба унвони намояндаи фаъолу муддабир дар Порлумони кишвар ҳузур ёфт ва ба унвони Раиси Ҷабҳаи миллӣ давлати мавҷудро бо ҳомиёнаш, ки дар таъмини амният нокоманд, ба чолиш кашид ва барои таъмини сулҳу саодати Афғонистон тарҳу барномаи хоси хешро дошт.

Вазифаҳои расмӣ

Устод Бурҳонуддин Раббонӣ, ки аз кӯдакӣ то ҷавонӣ ва хатми донишгоҳ ҷавони намунаву бартари замони худ буд. Мавсуф кори расмиро аз устодӣ дар донишгоҳ оғоз кард. Яъне, баъди баргашт аз Миср ба ҳайси устоди фалсафаи исломӣ бори дигар тадриси худро дар донишкади шаръиёт оғоз кард. Дар ҳамин давра устод Раббонӣ узвияти бахши таҳқиқоту пажуҳиши Донишгоҳи Кобулро низ дошт ва рисолаҳоеро низ таълиф намуд.

Дар замони донишомӯзиаш дар мадрасаи Абӯҳанифа ба ҷиргаи фаъолонандеши исломӣ пайваст, ҷараёне, ки ҳастаи наҳзати исломиро дар кишвар месохт. Ин ҷараёнро шаҳид дуктур Ғуломмуҳаммад Ниёзӣ раҳбарӣ мекард ва устод Раббонӣ бо истеъдоди боло ва талошу фаҳми нофизаш ба унвони яке аз шахсиятҳои боризи он таллақӣ мешуд. Дар соли 1352 дар иҷтимои муассисон ва фаъолони наҳзати исломӣ ба пешниҳоди шаҳид Ғуломмуҳаммад Ниёзӣ ба иттифоқи устод Раббонӣ ба унвони Раҳбари Ҷамъияти Исломии Афғонистон баргузида шуд ва ҷараёни исломӣ дар тайи он иҷтимоъ расман номи Ҷамъияти Исломии Афғонистонро ба худ гирифт.

Пас аз қазияи Довудхон ва таҳти фишор қарор гирифтани наҳзати исломӣ ва зиндонӣ шудани шуморе аз роҳбарони он дар соли 1353 муҳоҷир шуд ва ба танзиму созмондеҳии Ҷамъияти Исломии Афғонистон ва раҳбарии ҷиҳод дар кишвар пардохт ва дар саросари Афғонистон ҷиҳоти ҷиҳодро эҷоду комил кард. Дар соли 1371 ба ҳайси Раиси давлати Афғонистон пазируфта шуд, ки дар бузургтарин Шӯрои исломии Афғонистон, шӯрои аҳли ҳаллу ақд,  ба раёсати давлат таъйид гардид.

Баъд аз ин торих кишварро, ки дар натиҷаи мудохилоти аҷнабиҳо дастхӯши буҳрон гардида буд, барои муддати даҳ сол раҳбарӣ намуд ва дар сахттарин шароит нагзошт аҷнабиҳо ҳокимияту истиқлолияти Афғонистонро халалдор созанд. Устод баъд аз иҷлос ин қудратро интиқол дод. Дар ҷараёни Луя ҷиргаи қонуни асосӣ дар баробари тавтиаҳои аҷнабӣ дар ҷиҳати эҷоди нифоқ дар кишвари мо намояндагони мардумгароро дар порлумон раҳбарӣ кард. Дар соли 1387 аз сӯйи мардуми Бадахшон ба ҳайси намоянда дар порлумон роҳ ёфт ва то дами шаҳодат дар баробари ҳамаи тавтиаҳо дар ҷиҳати манофеи исломӣ ва мейҳану мардум устувору қоим истод.

Устод Раббонӣ ва сиёсат

Зеҳни бартар, диди жарф, алоиқи динӣ ва иҷтимоӣ устод Раббониро аз кӯдакӣ ба масоили иҷтимоӣ ва сиёсат роғиб сохт. Устод мегӯяд: "Ишқ ба дин, арзишҳои динӣ ва ишқ ба мардум аз даврони кӯдакӣ дар фикр ва эҳсоси ман вуҷуд дошт, дар он рӯзҳое, ки модаркалонам ин шеъри Ориф Чоҳобиро замзама мекард:

Воҳасрато, ки мулки Бухоро хароб аст,

Дин шуд залилу душмани дин комёб аст…

Мепурсидам, ки Бухоро куҷост? Мегуфт Бухоро сарзамине буд, ки дар онҷо уламои дин дарс мехонданд, падаркалонҳои ту ҳам дар онҷо дарс хонда буданд, бархе онҳо ба дасти булшевикҳо шаҳид шуданд. Бузургтар, ки шудам, афкору масоили ҷадидеро шунидам… Дар он замон дар он гӯшаи дурафтодаи кишвар китобҳо ва маҷаллоте аз Ҳизби тудаи Ирон мерасид… Маҷаллотро варақ мезадаму мехондам. Аз порае истилоҳот ва мафоҳими он сар дарнамеовардам… Аз он рӯзҳо буд, ки ҷавонаҳои андешаи сиёсӣ дар фикри ман эҷод шуд ва дар зеҳнам пурсишҳою тарҳҳое ба миён омад. Баъдҳо ба мадрасаи Абӯҳанифа омадам. Дар синфи даҳум, дар яке аз конфронсҳои милоди Паёмбар (с) иштирок кардам… Дар поён, Раиси конфронс Вафиюллоҳ Самеъӣ… ҳамроҳаш, ки баъдҳо донистам Абдулҳаким Шаръии Ҷузҷонӣ аст, маро даъват кард, то ба фаъолиятҳои исломӣ ширкат кунам. Барои бори аввал буд, ки ин суханону афкорро мешунидам. Мегуфтам дар мавриди пешниҳоди онҳо фикр мекунам. Баъдҳо, вақте марҳум Ниёзӣ ба ҳайси устод дар факулта омад ва мо ҳанӯз шогирди синфи ёздаҳу дувоздаҳ будем, фаъолиятҳои сиёсӣ шиддати бештар касб кард ва ҳастаҳое эҷод гардид".

Устод Раббонӣ дар мавриди ташдиди фаъолиятҳои сиёсии он рӯзгор мегӯяд: "Ҳамсояи шимолии мо - Иттиҳоди Шӯравӣ бо идеологияи маргбори марксизм ва бо хостаҳои султаҷӯёна тасмим дошт нуфузи худро дар кишварҳои дигар, аз ҷумла, Афғонистон аз тарафҳои гуногун барқарор  созад. Дар даврони садорати Довуд мо шоҳиди як силсила таҳаввулот ба нафъи Иттиҳоди Шӯравӣ будем. Ин таҳаввулот дар абъоди низомӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ шакл меёфт. Аҳзоб ва гурӯҳҳо ба фаъолият оғоз карданд, ки фаъолиятҳои онҳо дар ҷиҳати манофеъ ва сиёсатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ сурат мегирифт. Мудохалоти Иттиҳоди Шӯравӣ ва таҳаввулоти ношӣ аз он дар миёни мардуми Афғонистон, ки дорои гироишҳои нерӯманди диндорӣ ва истиқлолталабӣ мебошанд, ҳассосият ба миён овард".

Ин вазъият устод Раббониро, ки ҷавони бодарку боҳуш буд, ба мубориза кашонд.

Замоне, ки дар соли 1339 шомили донишгоҳ шуд, бо вуҷуди маҳдудияти фаъолиятҳои сиёсӣ, дар муҳити донишгоҳ табутоби баҳсҳои сиёсӣ гарм буд. Устод Раббонӣ бар хилофи бисёре аз ҷавонони донишгоҳӣ, ки фирефтаи дастовардҳои Шӯравӣ гардида, муборизоти коммунистӣ ва ёриҳои бахшро дар ростои сотсиализм оғоз карда буданд, муборизаи исломиро дар ҷиҳати бедории мардуми мусалмони Афғонистон оғоз намуд. Соли 1342, ки устод Раббонӣ ба ҳайси устоди Донишгоҳ шомили вазифа шуд, дар ҳамин давра Довуд аз нахуствазирӣ мустабидона канор рафт.

Фазои сиёсии кишвар боз шуд ва аҳзоби сиёсӣ, бештар аҳзоби чапе яке бе дигар зуҳур намуд. Дар ин даврон устод Ғуломмуҳаммади Ниёзӣ, устод Муҳаммадмӯсои Тавоно, устод Бурҳонуддин Раббонӣ, устод Абдурраб Расули Сайёф ҷунбишеро бунёд гузоштанд, ки ба номи Ҷамъияти ҷавонони мусалмон ва ё Ҷамъияти Исломии Афғонистон хонда мешуд. Баъд аз ду соли устодӣ, тавре дар фавқ ишора рафт, ҷиҳати таҳсили бештар ба Миср рафт. Дар он ҷо дар заминаи ҳаркатҳои исломӣ ошноии бештар ёфт ва таҳқиқотро идома дод, то он ҷо ки дар ҷамоаи ал-Азҳари Миср ба унвони як исломшинос муаррифӣ гардид.

Чун соли 1347 аз Миср баргашт, аз тарафи Шӯрои олии Ҷамъияти Исломии Афғонистон (ҶИА) ба роҳбарӣ ва созмондиҳии ҷавонони Донишгоҳи Кобул баргузида шуд. Ба асоси кӯшишҳо ва масоъии (талошҳои) хастагинопазираш устод дар шӯрое, ки дар ҳамали соли 1352 ҳиҷрии хуршедӣ баргузор шуд, ба ҳайси Раҳбари ҶИА таъин гардида, ҳамаи ҷавонони пештоз ва кадри роҳбарии ҷамъият, ҳатто устоди бузург ва муҷоҳиду муассиси наҳзати исломии Афғонистон, профессор Ғуломмуҳаммади Ниёзӣ дар ин интихоб саҳм дошт ва ба устод байъат карданд…

Замоне, ки Довуд дар 26 саратон ба қудрат расид, бо ҳамёрии афроди чап ба вижа парчамиҳо ба саркӯби наҳзат ва ҷавонони мусалмон оғоз намуд. Шуморе аз аъзои наҳзат зиндонӣ ва шаҳид шуданд. Устод Раббонӣ низ кишварро ба сӯйи қабоили озод тарк гуфт. Дар Покистон муқим шуд ва бо ёрии ҷавонони наҳзати исломӣ, ки муҳоҷир шуда буданд, дар бедорӣ ва созмондиҳии мардум алайҳи низоми мустабиди Довудхон идома дод. Устод Рабонӣ мегӯяд: "Мо дар оғоз саъй кардем бо Довудхон суҳбат кунем ва ба вай итиминон диҳем, ки мо нақшаи барандозии низомро дар сар надорем.

Теъдоде аз устодон бо роҳбарии устод Ниёзӣ бо Довудхон мулоқот карданд. Гумон мешуд Довудхон алоқаманд аст, ки як заминаи ҳамкорӣ ва мушоракат ба миён биёяд, аммо ба рағми талошҳои мо ӯ дар ин ҷиҳат натавонист коре анҷом диҳад. Билохира, мо ба ин натиҷа расидем, ки Довудхон дигар як рукуш (хӯса) аст ва чеҳрае аст, ки дар зоҳир зимоми умурро ба даст дорад, аммо гурӯҳе дигаре ҳаст, ки барномарезӣ мекунад ва қудрати воқеиро дар ихтиёр дорад. Ин гурӯҳ коммунистҳо буданд, ки аз Иттиҳоди Шӯравӣ ҳидоят мегирифтанд. Наҳзати исломӣ наметавонист дар баробари ин ҷараёнҳо бетафовут бошад".

Устод Раббонӣ ва ҷиҳод

2.ustad-rabbani 4155Нақш ва арҷмандии раҳбар дар шароити душвор ва замоне, ки бунбастҳои сиёсӣ воқеъ мешуд, бештар равшан мегардид. Шароити ҳассоси ҷомеаи кишвар баъд аз зуҳури Довудхон, ки бо бисёре нерӯҳои чап (парчамиҳо) ба саркӯби мусалмонони бедор пардохт, оғоз гардид. Ҳодисаи 7 саври 1357 ҳизби коммунист (ҷинои халқ)-ро ба қудрат расонд ва рӯйдоди 6 ҷаддии 1358 пойи сарбозони сурхро ба Афғонистон кашонд. Вазъияти Афғонистон доғтар шуд ва наҳзат ногузир ба ҷиҳоди муссалаҳона даст ёзид.

Устод Раббонӣ дар ҳамаи ин давраҳо бо хиради волои сиёсӣ, миллат ва нерӯҳои муборизи исломиро ба хубӣ раҳбарӣ кард. Коркардҳои хирадмандонаи устод Раббонӣ дар ин давра бартарии ӯро нисбат ба афродаш ба намоиш мегузорад. Эшон бо роҳбарии хирадмандона ақшор, ақвом, табақот ва мазоҳиби мухталифро дар ҷиҳоди наҷоту озодӣ ба даври ҳизби Ҷамъияти исломӣ кашонд. Мардуми Афғонистон ҷамъиятро бистари муносибу бойистаи худ медонистанд.

 Дар ҷамъият ҳама ақвоми кишвар узвият доштанд, бародарони ташайюъ дар он худро роҳат эҳсос мекарданд ва ҳатто ҳиндуҳо низ узвияти ҷамъиятро доштанд. Сиёсати мутаъадили раҳбарии ҷамъият онро ба густурдатарин ҳизб дар кишвар табдил намуд. Устод Раббонӣ бар хилофи сойири роҳбарон, ки дар баробари шахсиятҳои бонуфуз садду монеъ эҷод мекарданд, самимона ба борварсозии шахсиятҳо пардохт ва бо шаҳомати исломӣ, шукӯфоӣ ва иртиҳои нуфузи афроди ҳизбу ҷамъиятро сабаб шуд.

Дар натиҷаи ин сиёсат буд, ки қумондонҳои машҳуре чун шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд, Исмоилхон, Мулло Наҷиб Охундзода, Забеҳуллоҳхон, Ҳазрат Алӣ, Арбоб Ҳафиз, Ғуломмуҳаммад Ориёнпур, Абдулбасири Холид, Абдулҳайи Ҳақҷӯ, Доктор Сайидҳусайн, Муъаллим Некмуҳуммад, Алоуддинхон, Доктор Иброҳим ва даҳҳо шахсиятҳои номдори дигари ҷамъият ба миён омаданд. Устод Раббонӣҷамъиятро бистаре сохт, ки садҳо ва ҳазорҳо ҷавони рустоӣ ва беномунишон ба шахсиятҳои шахис табдил гардиданд ва имрӯз дар ҳар арса беҳузурии онон маҳсус (эҳсос мешавад) аст. Яқинан дар адами устод Раббонӣ ин ҳалқа мафқуд буд (ба миён намеомад).

Дар канори ин масоил нақши устод Раббонӣ дар муаррифӣ ва ҷаҳонӣ сохтани масъалаи Афғонистон боризтар аз ҳар роҳбари дигар аст. Дар шароите, ки фаровон шахсиятҳои миллии низоми қаблӣ дар сояи ғарб ҷо хуш карда буданд ва дар ҳолате, ки шумори зиёди роҳбарони ҷиҳод бидуни иҷозаи дастгоҳҳои истихборотӣ ёрои ҳаракат ва тасмимро надоштанду хомӯш буданд, устод Раббонӣ тани танҳо ва бо вуҷуди анвои фишори таблиғот ҳаркатҳои бузургро оғоз кард ва дар ҷаҳонӣ сохтани инқилоб гом бардошт.

Дар соли 1980, замоне ки русҳо дар кишвар дохил шуда буданд, устод Раббонӣ бо намояндагӣ аз ҳама гурӯҳҳои исломӣ дар конфронси вузарои хориҷаи кишварҳои исломӣ дар Исломобод ширкат кард. Бо суханронии мустадал (далелнок) мудохалаи Шӯравиро таҷовуз алайҳи Ислом ва сарзаминҳои исломӣ хонд ва аз ҷаҳони ислом ва кишварҳои озодихоҳи ҷаҳон хост робитаи худро бо Шӯравӣ ва режими дастнишондааш қатъ намоянд. Дар ростои ваҳдат ва иттиҳоди исломии муҷоҳидон самимона иқдом кард ва дар соли 1367 дар як ибтикори бузург пешгоми Иттиҳоди исломии Афғонистон шуд.

Дар соли 1365 ҷиҳати дидор бо Роналд Рейган Раиси ҷумҳури ИМА ба ИМА сафар кард. Ин сафар дар он рӯзгор ва дар миёни авҷи таблиғоти мухолифон хирад ва шаҳомати устод Раббониро ба намоиш гузошт. Соли 1367 бо намояндагӣ аз Иттиҳоди исломии муҷоҳидон бо русҳо музокира оғоз кард ва билохира, дар ҳамин росто буд, ки дар соли 1370 дар раъси ҳайати танзимҳои ҷиҳодӣ ба Маскав сафар намуд. Ин сафар низ тавоноии устод Раббониро ба намоиш гузошт ва русҳо ӯро сиёсатмадори варзидаи Афғонистон лақаб доданд. Тасмимҳои бузургро мардони бузург мегиранд. Афроди тасодуфӣ ва камсиёсиро барои ҳузуру амал дар арсаҳо ва паҳноҳои васеъ ҷо нест. 

Хиради воло ва нубуғи сиёсии устод Раббонӣ дар музокира бо Амрико ва Шӯравӣ имрӯз дарк мегардад ва дар он рӯзгор зеҳниятҳои маҳдуд онро ҷурм медонистанд. Устод Раббонӣ дар соли 1371 Раиси Давлати Исломии Афғонистон шуд ва дар ҳудуди як даҳа дар буҳронитарин шароит, дар ҳоле ки толибон, истихбороти минтақа ва кишварҳои ҷаҳон аз ҳеч гуна тавтиа дареғ накарданд, киштии ин кишвари тӯфониро роҳнамоӣ кард. Дар соли 1380 баъд аз иҷлос Устод Раббонӣ ба унвони Раиси ҷумҳур қудратро интиқол дод. Воқеан,  ин интиқоли қудрат аз шоҳкориҳои сиёсии устод Раббонӣ аст. Ғарб шароитро ба гунае оварда буд, ки ҳамаи афғонҳо фикр мекарданд, ки саодат дар ақиби дарвозаҳои Афғонистон омада аст. Бояд нерӯҳои ҷаҳонӣ биёянд.

Мухолифат бо ин раванд назди оммаи мардум, ки аз воқеиёти зиёд огоҳ набуданд, сӯйитафоҳум эҷод мекард. Устод қудратро таслим дод. Аммо худ таслим нашуд. Ҷиҳодро таслим накард ва ба арзишҳои он пушт нанамуд. Мувоҷеҳ шудан бо тавтиаи ҷаҳонӣ ва солим аз он бадар шудан чирагӣ ва сиёсатгузориро мехоҳад, ки фақат устод Раббонӣ аз он вижагӣ бархӯрдор буду бас. Нубӯғ ва хиради сиёсии устод Раббонӣ дар асри ҳозир низ дурахшону тобанда аст. Ҳатто бадхоҳонаш ҳаққоният ва тавонии ӯро муътариф шуданд. Бале, муҳимтар аз ҳама ҳузури фаъолу пӯёи  сиёсии устод Раббонӣ буд.

Дар шароите, ки аҳзоби ҷиҳодӣ аз саҳна канор рафт ва ё ҳолати мунфаъил доштанд ва раҳбарони ҷиҳод дар масири таслим, сукут ва фосила гирифтанро аз ормонҳо гом бармедоштанд, устод Раббонӣ давлату ҷомеаи ҷаҳониро ба чолиш кашида буд ва бо ташкили ҷабҳаи миллӣ, ки нерӯҳои чапу рост, шиъа ва суннӣ, равшанфикру суннатиро дар як ҳалқа гирд оварда буд, давлат ва ҳомиёни хориҷиашонро мабҳут сохт. Бо хушунати аҷиб ва бо барчасбҳои ноҷавонмардона бо он ба муқобала бархоста буданд.

Вале дар нишастҳо ва ҳалқаҳои хоси хеш эътироф мекарданд, ки устод Раббонӣ ба унвони пири сиёсати Афғонистон аз хиради волои сиёсӣ бархӯрдор аст ва дар арсаи сиёсати Афғонистон агар ба найрангу худъа (фиреб, тавтеа) ва зӯр муттавассил намешуданд, дар баробари ин сиёсатгари нарму пулодин ҷуз пазириши шикаст ва таслим роҳе надоштанд. Сафоройӣ дар баробари қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ ва эътиқод ба шикасти абарқудратҳо, дар ҳоле ки фаровон равшанфикрони мудерни қитъа ба таслимӣ меандешанд, ифтихоре аст, ки дар корномаи устод Раббонӣҷовидона бар равоқи таърих ҳак хоҳад буд.

Пажуҳиш ва осор

Устод Раббонӣ як исломшиносу муттафаккири исломӣ, соҳиби қалами тавоно, таҳлили жарф ва пажуҳиши устувору амиқ буд. Ин вижагӣ бо кору таҳқиқи мудовим ва огоҳона аз оғози ҷавонӣ ҳосил гардида буд. Пажуҳишҳои устод Раббонӣ дар арсаи исломшиносӣ ва масоили сиёсӣ амиқ, бикр ва раҳнамудест, ки аз диди жарф, хоси сиёсӣ ва иҷтимоӣ истеъдоди баланди фитрии мазкур ношӣ гардидааст. Нахустин офаридаҳои илмӣ ва пажуҳиши устод ба гунаи мақолоти таҳқиқӣ ҳастӣ ёфт, ки дар тӯли ҳаёти сиёсӣ ва адабии эшон идома дошт. Нигариш ба маҷалоти "ал-Фалоҳ", "Паёми ҳақ", "Наёд", "Ирфон", "Адаб", "Вижама", "Жавандуд", "Лимар", "Шаръиёт", "Гаҳеч" моро ба ин навиштаҳо раҳнамоӣ кард. Умед аст, ки рӯзе ин мақолот гирдоварӣ ва чоп гарданд.

Бахши дигаре аз навиштаҳои устод бо мудирият дар маҷаллаи  "Шаръиёт" пайванд дорад. Замоне ки маҷаллаи "Шаръиёт" ба унвони органи нашаротии Донишкадаи  шаръиёт дар соли 1349 таъсис шуд, устод Раббонӣ ба унвони  устод ва нависандаи матраҳ мудрияти онро бар дӯш гирифт. Дар оғоз бештарини мӯҳтавиёти ин маҷалла таввассути устод омода мешуд. Мақолоти устод дар ин маҷалла диди жарф, пӯёӣ ва боландагии пажуҳишҳои эшон аст.

Кутуб ва рисолоти устод

Устод дар баробари шахсияти шинохтаи майдони сиёсат ва ҳаркатҳои озодихоҳонаи Афғонистон буданаш, ҳеҷ гоҳ аз олами донишу маърифат ва пажӯҳишу таҳқиқу ковишҳои илмӣ канор нарафт ва аз худ осори илмию таърихии мондагорро барои ояндагон боқӣ гузошт, ки номгӯйи бархе аз онҳо дар зер оварда мешавад:

1."Тасвири сиёсии Ислом" (ин рисоларо устод Раббонӣ замоне, ки тоза ба устодии шаръиёт пазируфта шуда буд ва дар зимни узви департаменти таҳқиқи донишгоҳ буданаш  навишт);

2."Ташреҳи ақоиди муътазилӣ" (ин китобро низ дар ҳамкорӣ бо бахши таҳқиқи донишгоҳ, замоне ки ҳанӯз ба таҳсилоти олӣ нарафта буд, таълиф кард);

3.Тарҷумаи ҷузъи аввали "Фи залол-ул-қуръон" (устод Раббонӣ дар соли 1352 ҷузъи аввали тафсири "Фи зилол-ул-қуръон"-ро зери унвони "Дар сояҳои қуръон" тарҷума намуд, ки ба муносибати мелоди Паёмбар (с) дар Кобул чоп гардид);

4."Нишонаҳои роҳ" (ин китоб низ тарҷума аст аз китоби Сайид қутб ба номи "Маъолиму фиттариқ");

5."Ислом ва коммунизм";

6."Фоҷиаи 26 саратон ва симои замоъати Довудхон";

7."Довудхон дар гузаштаи нангин, ҳозири ҷиноятбор ва мустақбали ҳавлнок (ояндаи мудҳиш)";

8."Чӣ навъ мубориза?";

9."Пайғоми шаҳид", ки ба муносибати шаҳодати инженер Ҳабибурраҳмон ироа ва нашр гардид;

10."Усули баҳсу таҳқиқ аз назари Ислом";

11."Ёде аз устод Ғуломмуҳаммад Ниёзӣ" (дар бораи зиндагӣ ва шахсияту андешаҳои устоди зиндаёд Ниёзӣ таълиф ёфтааст);

12."Усули тарбият дар Ислом";

13."Истиқлолияти Инқилоб";

14."Омӯхтаниҳое дар масири Инқилоби исломӣ".

15.Дар давраи ҷиҳод мақолоти таҳқиқӣ ва сиёсии устод Раббонӣ дар маҷалоти муҳити ҳиҷрат, ки аз сӯйи Ҷамъияти исломӣ нашр мегардид, бозтоб ёфтаанд. Аз ҷумла, дар нашриёте чун "Мисоқи хун", "Ливои Ислом", "Муҷоҳид", "Марсади ҷаҳон", "ал-Муъминот", "ал-Муҷоҳидун", "Симои муҷоҳид", "Савтулҷиҳоди", "Де ҷиҳоду плӯша", "Де ҷиҳодҳандора" ва ғайра.

Хотима

Аз шаҳодати ин марди сарсупурдаи миллату меҳан ду сол сипарӣ гардид. Ӯ аз дидаҳо рафт, аммо чеҳраи мубораку нурониву хирадмандонааш дар дилҳо, корнамоиву фидокориҳояш дар ёдҳову саҳафоти таърихи кишвари азизи Афғонистон барои ҳамеша маҳфуз монд. Марг дер ё зуд дари ҳар фардро мекӯбад, аммо гоҳо гулчин мекунад. Зеро:

Ҳар гул, ки бештар ба чаман медиҳад сафо,

Гулчини рӯзгор амонаш намедиҳад.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №17, 25.09.2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi