19:25:54 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Шароф Рашидов ва устод Айнӣ – I

(Ин шахсияти сиёсӣ ба устод Айнӣ чӣ хизмате кардааст?)

Бурҳон Салмонов, барои «Рӯзгор»

Нависанда ва ходими сиёсӣ Шароф Рашидов аз соли 1944 то 1947 дар вазифаи раиси шаҳру вилояти Самарқанд ва аз соли 1959 то соли 1983 дар вазифаи котиби аввали Ҳизби коммунисти Ӯзбекистон кор кардааст. Фаъолияти меҳнатии вай аз рӯзноманигорӣ оғоз шуда, ӯро дар шаҳри Самарқанди бостон устод Садриддин Айнӣ ба шогирдӣ гирифт.

sharof-sadriddin-455465Аввалин шеърҳо ва ҳикояҳои Шарофи ҷавонро устод Айнӣ таҳрир менамояд. Миёни ҳарду меҳри падарию фарзандӣ пайдо шуда, Шароф Рашидов бо як ҷаҳон эҳтироми хосса устод Айниро «Домуллоота» мегуфт. Ин шахсияти сиёсӣ ва нависандаи тавоно, ки тарбияи маънавии устод Айниро гирифта буд, бо роҳнамоӣ ва кумаки эшон ба вазифаҳои баланди давлатӣ роҳ ёфт…  

Фарзанди устод Садриддин Айнӣ-олими шинохта Камол Айнӣӯҳаш шод бод) соли 2009 дар мусоҳибаи ихтисосӣ вобаста ба таъсис додани  Осорхонаи устод Айнӣ дар шаҳри Самарқанд, ба муаллифи ин сатрҳо ҳикоят карда буд, ки дар он айём бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта устод Садриддин Айнӣ ва Шароф Рашидов чун падару писар дар саргаҳи дӯстии байни тоҷикону ӯзбекон қарор доштанд. Баъди реҳлати устод Айнӣ дар соли 1954, масъалаи таъсис додани осорхонаи эшон дар шаҳри Самарқанд  ба миён омад, вале он то соли 1960 бо сабабҳои номаълум тӯл кашид.

Камол Айнӣ соли 1961 дар шаҳри Тошканд бо Шароф Рашидов  мулоқот намуд ва роҳбари аввали Ӯзбекистон масъаларо мусбат ҳаллу фасл месозад. Ба баргузории ин мулоқоти таърихӣ кӣ мусоидат намуд? Ин ташаббуси шахсии Камол Айнӣ буд ва ё роҳбарияти вақти Тоҷикистон? Дар мусоҳиба Камол Айнӣ дар баробари рӯшанӣ андохтани ҳалли ин масъала, боз ба як қатор паҳлҳои рӯзгори устод Айнӣ дахл кард, ки барои пажӯҳишгарони зиндагиномаи нависандаи номдорамон аз аҳаммият холӣ нест.

-Устод, дар сӯҳбати авваламон шумо ишора кардед, ки масъалаи таъсиси Осорхонаи устод Айнӣ сӯҳбати алоҳидаро мехоҳад. Шумо ба саҳми Абдулаҳад Қаҳҳоров ишора кардед. Дар бораи сафари шумо ба Тошканд ва вохӯриатон бо Шароф Рашидов дар ягон маъхаз маълумоте дида намешавад. Инро, бори аввал, аз забони шумо мешунавем.  

-Дуруст, қаблан гуфтем, ки қиблагоҳ, домулло Айнӣ гирудорҳои солҳои “тройка”-ро мардонавор пушти сар гузоштанд. Замони ҷанги Бузурги Ватанӣ гӯё, ки то муҳлате фаромӯш шуд. Домулло Айнӣ шабу рӯз ба эҷоди асарҳо машғул шуда, алайҳи фашизм бо қалам мубориза доштанд. Вазъи Самарқанд замони ҷанг ором буд, ҳавлии мо серодам ба назар мерасид. Бо вуҷуди ҷанг Ҳукумати Тоҷикистон ба домулло Айнӣ ғамхорӣ мекард. Қиблагоҳ шахси хеле дилсӯз ва раҳмдил буданд.

Кумакашро аз гуруснагон дареғ намедошт. Ҳамаро дилбардорӣ мекард, ба хонаи мусибатзадагон рафта, дуою фотиҳа мехонд. Тоҷикону ӯзбекон домулло Айниро баробар дӯст медоштанд. Дар митингҳои зиддифашистӣ қиблагоҳ бо ду забон суханони оташин эрод мекард. Бо вуҷуде, ки синнашон ба 64-65 дакка хӯрда буд, нерӯманд менамуд. Қисса кӯтоҳ, ҷанг ҳам тамом шуду мамлакат ба маҷрои ҳаёти пештара гом бардошт. Фаромӯш нашавад, Шароф Рашидов баъди ҷароҳат бардоштанаш соли 1942 аз майдони ҷанг ба ақибгоҳ ҷавоб шуда, аз соли 1944 то 1947 дар вазифаи котиби обкому раиси шаҳри Самарқанд кор кард.

Ҳамеша бо устодашон домулло Айнӣ буданд. Соли 1949 баъди ба шаҳри Тошканд ба кор рафтани Шароф Рашидов, домулло Айнӣ каме танҳоиро эҳсос кард, вале Усмон Юсуфов дар ҳама ҳолат пушту паноҳ, мутаккои домулло Айнӣ буданд. Ман фикр мекунам, ки ба вазифаи баландтар рафтани Шароф Рашидов қиблагоҳ, домулло Айнӣ ва худи У. Юсуфов, ки вазифаи раиси Президуми Шӯрои Олии Ӯзбекистонро ишғол дошт, кумаку дастгирӣ карданд. Ногуфта намонад, У. Юсуфов ба Ӯзбекистону Тоҷикистон хидматҳои бузурге  кардааст.

Бо дастгирии ин марди шуҷоъ ва хеле далер Комил Ёрматов ба Тошканд омада чун ҳунарманди кино машҳур шуд, ба вай унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ ҳам доданд. Бо пешниҳоди У. Юсуфов Қорӣ Ниёзи тоҷики хуҷандӣ, олими математик, нахустин президенти Академияи илмҳои Ӯзбекистон интихоб мешавад. Ба ин вазифа, аввал, домулло Айниро пешниҳод карда буданд, вале домулло инро рад кард. Қиссаи чаро домулло Айнӣ ин вазифаи баландро дар Ӯзбекистон рад кард ва бо дастгирии қиблагоҳ ба шаш нафар бухориёни тоҷик додани унвони Артисти Халқии СССР суҳбати алоҳидаро тақозо мекунанд.

Баъди ҷанг фаъолияти илмӣ- ҷамъиятии домулло Айнӣ хеле васеъ шуд. Ин сабаб дорад. Замони ҷанг аксар олимони саршиноси ховаршинос ба Тошканду Самарқанду Душанбе омада буданд. Крачковский, Бертелс, Струев ва даҳҳо муҳаққиқони адабиёту фарҳанги форсу турк ва араб аз дониши қиблагоҳ васеъ истифода мебурданд. Шуҳрати домулло Айнӣ на танҳо чун нависандаи забардаст, балки ховаршиноси тавоно дар доираи илми шӯравӣ эътироф гардид.

Додани унвони доктори илми филологӣ ба домулло Айнӣ гувоҳи ин аст. Аз мавзӯъ дур наравем: Шароф Рашидов соли 1950 раиси Президиуми Шӯрои Олии Ӯзбекистон интихоб шуд, баъди панҷ соли дигар ба вазифаи шахси аввал – котиби якуми ҳизби коммунисти Ӯзбекистон таъйин гардид. Дар суҳбати қаблӣ гуфтем, ин шахси хеле қадрдону иззатманд ҳеҷ гоҳ ҳаққи устодии домулло Айниро фаромӯш накард. Қиблагоҳро бо эҳтироми махсус “домуллоота” мегуфт ва ҷое, ки қиблагоҳ ҳузур медоштанд, аз поин менишаст ва ҳеҷ гоҳ сухани домулло Айниро ба замин намегузошт.

Соли 1951 домулло Айнӣ пурра ба Душанбе кӯчид, вале рафтуои мо ба Самарқанд ва нигоҳубини ҳавлӣ доимӣ буд. Қиблагоҳ соли 1954 дунёро падруд гуфтанд. Баъди реҳлати домулло Айнӣ ҳанӯз таъсиси осорхонаи қиблагоҳ дар хаёли касе набуд. Нотавонбинон дар Самарқанд бо баҳонаи бозсозии шаҳри Самарқанд  кӯчондани ҳавлии моро ба миён монда, ҳатто қимати онро низ бо пули ҳамонвақта муайян ҳам карданд. Шаҳрдори Самарқанд, шахсе ба исми Ҳамдамов, ки ин масаъларо ҳанӯз солҳои “тройка” ба миён гузошта буд ва домулло Айнӣ ҳисси душманӣ дошт, бандаро даъват кард, ки пули хонаро гираму дар ҳуҷҷати хариду фурӯш имзо гузорам, аммо ман инро рад кардам. Медонистам, ки ин кори хатост. Вазъ ба Ҳукумати Тоҷикистон маълум буд.

-Устод, қиблагоҳатон, домулло Айнӣ, замони дар ҳаёт будан ояндаи хонаашон дар Самарқандро чӣ гуна арзёбӣ мекарданд?

-Мегуфтанд, ки бачем Камолиддин, ҳеч гоҳ Самарқандро фаромӯш накунед, албатта манзурашон ҳамоно ин шаҳри қадиму аҷдодии тоҷикон ва ҳавлӣ буд. Вале, боре масъалаи фурӯхтан ё нафурӯхтани ҳавлиро ба миён нагузошта буданд. Дар Душанбе мувофиқи Қарори Ҳукумати Тоҷикистон ба домулло Айнӣ чаҳор қитъаи замин ҷудо карда, қиблагоҳ дар баробари серкорӣ ғами ояндаи фарзандонашро ҳам мехӯрд.

Ман хуб дар ёд дорам, ки ҳукумат барои домулло Айнӣ тамоми шароитҳоро муҳайё карда буд, қиблагоҳ ҳис мекарданд, ки умрашон ба ҷое рафтааст. Асарҳои дар Самарқанд, навиштаашро бо кӯмаки банда, инчунин Деҳотӣ, Улуғзода ва чанд нафари дигар ба хатти имрӯз баргардонда, мехостанд давоми “Ёддоштҳо”-ро нависанд, вале умр ба қиблагоҳ бевафоӣ кард.

-Масъалаи таъсиси осорхонаи устод Айнӣ кай пайдо шуд? Ин пешниҳод дар Душанбе рух дод ё дар Самарқанд?    

-То ҷое ман медонам, ин масъала солҳои панҷоҳум дар Маскаву Санкт- Петербурги ҳозира тарҳрезӣ шуда буд. Қиблагоҳ, ки зинда буданд, ҳеҷ кас ба ин ҷуръат надошт, ин масъала баъди солҳои шастум ба миён омад. Соли 1961 Абдулаҳад Қаҳҳоров шахси хеле донишманду фарҳангӣ, ки шоир ҳам буданд, раиси Шӯрои Вазирони Тоҷикистон таъйин шуданд. Ин кас бо домулло Айнӣ дӯсти дерин буданд.

Абдулаҳад Қаҳҳоров солҳои чилум дар вазифаи раиси шаҳри қадимаи мо – Панҷакент кор карда, тез-тез ба Самарқанд, ба ҳузури қиблагоҳ, домулло Айнӣ мерафтанд. Ман эшонро хуб дар хотир дорам, чеҳраи зебо дошту марди хоксоре буданд. Шеърҳояшро домулло Айнӣ мехонданд, ислоҳ карда ба вай маслиҳат ҳам медод. Дар пайдо кардани қабри устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳиссаи Абдулаҳад Қаҳҳоров хеле калон аст. Дар ҷашнвораи 1100- солагии устод Рӯдакӣ, соли 1958, Абдулаҳад Каҳҳоров раис ва банда котиби тадорукот будам.

(Идома дорад)

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №21, 23 октябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi