03:39:41 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Қиссаҳои таърихӣ аз рӯзгори Имом Шомил – IV

Расул Ғамзатов, шоири халқии Доғистон

-Ман ин ҷо,-гуфт имом бо овози баланд ва дар як он худро ба дигар сӯ гирифт. Дами табар ба ҳамон ҷойи девор, ки Шомил як лаҳза пештар меистод, сахт фурӯ рафт. Сипас Шомил лаҳзаи мувофиқро ёфта, худро ба болои душманаш афканд. Душман аз Шомил пурзӯртар ва қаттолтар буд. Шомилро ба ин тарафу он тараф ҳаво додан гирифт, чанд захм ҳам зад, аммо чусту чолокии Шомил кор медод ва ӯ ҳар бор аз захми корӣ раҳо меёфт.

shamil-45454554Задухӯрд қариб ду соат давом кард. Ниҳоят, роҳзан Шомилро даст гирифт, озод болои сар бардошт ва мехост ба замин занад, баъд сарашро аз тан ҷудо кунад, аммо Шомил дар ҳаво ҳам чолокӣ карда, ба сари ғоратгар чанд бор ханҷар зада тавонист. Ғоратгар якбора суст шуд, калавид ва монанди манораи хиштин, гулдурросзанон ба замин зад. Ханҷар аз дасташ афтод. Субҳ ҳардуи онҳоро оғӯштаи хун диданд. Шомил аз нуҳ ҷойи баданаш захм хӯрда буд ва як моҳи дароз худро дар он авул табобат кунониданаш лозим шуд…

Муборизаи Шомил бар зидди душмани аҷнабӣ аз бисёр ҷиҳат ҳамин занозаниро ба хотир меоварад. Душман дар кӯҳистони барояш ношинос гоҳ мисли одами кӯр амал мекард, вале Шомил аз зарбаҳои душман чобукона гурехта, худ ба вай гоҳе аз паҳлуе, гоҳе аз қафо ҳуҷумҳо меоварад.

Ҳар як кӯҳистонӣ дар бораи Шомил тасаввуроте дорад. Ман ҳам ӯро ба таври худ пеши назар оварда тасаввур мекунам. Вай ҳанӯз ҷавон аст. Дар рӯйи суфасанги Охулго зону зада, дастони нав ба оби Қӯйсу шустаашро ба намоз бардоштааст. Остинаш барзада, зери лаб калимоте мехонад. Баъзеҳо мегӯянд, ки ҳангоми намозхонӣ агар ӯ "Аллоҳ" мегуфт, ба гӯши мардум "озодӣ" мерасид, агар "озодӣ" мегуфт, "Аллоҳ" мерасид.

Вай кайҳо пир шудааст. Дар соҳили баҳри Хазар истода, бо Доғистон якумрӣ видоъ мекунад. Вай асири императори Рус. Аз болои санг истода, ба амвоҷи пурхурӯши Хазар чашм медавонаду зери лаб ба ҷойи калимаҳои "Аллоҳ" ва "озодӣ" "алвидоъ"-ро такрор мекунад. Мегӯянд, ки одамон ҳамон лаҳза дар рухсораи ӯ чакраҳои обро дидаанд, аммо Шомил ҳеҷ гоҳ намегирист. Шояд он чарахсаҳои оби баҳр буданд.

Бо вуҷуди ин, ман ӯро аз рӯйи ҳамон нақли падарам, ки Шомил даруни хонаи тангу торе бо ғоратгари хашмгин ҷанги хунини тан ба тан мекунад, равшантар тасаввур менамоям.

Шомил ва Ҳоҷимурод гоҳе ҷангиву гоҳе оштӣ буданд. Дар ҳаққашон басе қиссаву ривоятҳо вуҷуд доранд.

Боре сарбозони Шомил дар муҳосира монданд ва ба назар чунин мерасид, ки илоҷи халосӣ нест. Он гоҳ имоми пир Ҳоҷимуродро ба наздаш хонд, гуфт: "Илоҷе биёб!". Ҳоҷимурод ин супориши мушкилро қабул кард, аммо ба назди Шомил шарт гузошт, ки имом суханчинҳои виҷдонфурӯши фиребгарро аз худ дур кунад. Шомил ваъда дод, ки чунин хоҳад кард…

Ҳоҷимурод роҳ нишон дод ва сарбозони Шомил аз дом раҳо шуданд. Шомил ҳам ба ваъдааш вафо кард, вале аз миён ду моҳ ҳам нагузашта, имомро ноибони виҷдонфурӯшу нотавонбин ва дурӯғгӯй аз нав иҳота карданд. Шомил ин тоифаро ҷоҳу ҷалол бахшида буд, аммо ин носипосон манфиати худро аз манфиати халқу ватан авлотар дониста, имомро фиреб медоданд ва дар ҳаққаш хиёнат мекарданд.

Баъди муддати зиёде, вақти дар Калуга, дар асорати подшоҳ буданаш, Шомил дар ҳаққи он касон ин тавр гуфта буд: "Ман гумон надоштам, ки аз лаби мӯйлабдор гапи дурӯғ мебарояд… Дар муборизаи ман басе хатоҳо вуҷуд доштанд, лекин афсӯс, ки дар он мубориза кам чиз ба поквиҷдонии худи ман вобаста буд".

Шомил Ҳоҷимуродро мартабаи ноибӣ бахшид ва ба Ҳайдаку Табасаран роҳӣ кард, то ки мардуми он ҷойҳоро ба тарафи худ кашад, дурусттараш, ба ҷангу мубориза ҷалб намояд. Ӯ бовар дошт, ки Ҳоҷимурод роҳи дилёбиро пеш мегирад, аммо ноиби нав дар Ҳайдаку Табасаран тиру туфанг ва тозиёнаю шаллоқро ба кор бурд. Агар касе ҷуръат намуда, аз қонун даҳон мекушод, Ҳоҷимурод ба вай мушташро нишон дода мегуфт: "Ана, ҳамин ба шумо қонун. Ман Ҳоҷимурод хунзахиям. Барои шумо қонуни асосӣ манам".

Овозаи бераҳмиҳои Ҳоҷимурод ба гӯши Шомил расид. Сипас ӯ қосид фиристода, ноибро ба назди худ хост. Ноиб бо ғанимати бисёре баргашт. Дастаи ӯ подаю рамаҳои чорпо, галаҳои аспонро ҳай карда меомад. Худи Ҳоҷимурод ба рӯйи зини асп духтари соҳибҷамоли рабудаашро меовард. Ӯ майли шодӣ ва ҳазлу шӯхӣ дошт.

-Ассалому алайкум, имом!-гуфт Ҳоҷимурод ба пешвои худ, аз асп фаромада.

-Ваалайкум ассалом, ноиб. Хуш омадӣ. Чиҳо овардаӣ?

-Бо дасти хушк наомадаам. Нуқра овардам, рамаю гала овардам, қолинҳои хуб мебофанд.

-Духтари соҳибҷамол-чӣ? Духтари соҳибҷамол ҳам овардам. Боз чӣ хелашро! Барои ту овардам, имом.

Ин ду ҷанговар чанд лаҳза чашм ба чашми якдигар дӯхта истоданд. Сипас Шомил гуфт.

-Бигӯй, ман ҳамроҳи ҳамин духтари соҳибҷамол ба ҷанг меравам? Ба ман гӯсфанд не, одам даркор. Бо ман асп не, аспсавор даркор. Ту чорпойи онҳоро ғорат карда омадӣ. Ба ин корат онҳоро озор додӣ, дилашонро аз мо монондӣ. Мебоист онҳо сарбози мо мешуданд ва дар ҷойи ҳалоку маҷрӯҳшудагон меҷангиданд. Акнун ба ҷойи онҳо киро мемонӣ? Агар ҳайдакию табасариниҳо ҳамроҳи мо мебуданд, оё мо ба ҳодисаи дар Салтива Қирқабил рӯйдода дучор меомадем? Магар аз рӯйи инсоф аст, ки доғистониҳо доғистониҳои дигаррро хонахароб бикунанд?

-Имом, охир, онҳо дигар забонро нафаҳмиданд!

-Худи ту кӯшиш кардӣ, ки забони онҳоро бифаҳмӣ? Агар мефаҳмидӣ, кор бе тиру туфанг, бе тозиёнаю шаллоқ буд мешуд. Магар ғоратгарон ноиби мананд?

-Имом, ман-Ҳоҷимуроди хунзахиям!

-Ман ҳам Шомили гимриям. Қубодмуҳаммад телетлӣ буд, Ҳусайн черкасӣ. Хайр, чӣ шудааст? Аварҳо, қумиқҳо, лазгиҳо, тотҳо, лакҳо, табасараниҳое, ки ғораташон кардӣ - ҳамаи мо фарзандони як Доғистонем.. Мо бояд гапи якдигарро фаҳмем. Охир, мо ангуштони як дастем. Барои он ки муште гиреҳ шавад, бояд ҳамаи ангуштон ба ҳам сахт пайванд бошанд. Ба ҷасоратат ташаккур, Ҳоҷимурод. Ин хизматат ба ҳар мукофот меарзад. Сарат зеби дастор гардид, лекин ин корат ба ман писанд нест.

-Вақте ки дигарон ба сар ҳамин хел дастор доштанду ғоратгарӣ мекарданд, ту ба онҳо чизе намегуфтӣ, имом. Акнун дар куҷое барқе занад, ба сари ман меояд.

-Медонам, ту киҳоро дар назар дорӣ, Ҳоҷимурод: Оҳбердиловро, писари ман Қозимуҳаммадро, балки худи маро, лекин Оҳбердилов дар Моздок душмани моро ғорат карда буд. Ман чизу чораи онҳоеро кашида гирифтам, ки ҳамроҳи мо рафтан намехостанд ва ҳатто ба мо муқобилат карданӣ шуданд. Не, Ҳоҷимурод. Барои ноиб шудан фақат дили бебоку ханҷари тез доштан кам аст, боз каллаи хуб ва пурмағз ҳам доштан даркор.

Чунин баҳсҳо байни Шомилу Ҳоҷимурод бисёр рӯй медоданд. Ин низоъҳо ба гапу гапчаҳо болобандӣ шуда паҳн мегаштанд ва оқибат адовати шадид дар миёни онҳо ҷудоӣ андохт. Ҳоҷимурод тарки Шомил гуфта, ба тарафи дигар гузашт ва сараш аз тан ҷудо шуд. Тани ӯ дар деҳаи Нуҳ мадфун аст. Аҷаб тақсимоте: сараш ба душман расиду дилаш дар Доғистон монд. Чӣ тақдире!

Имом Шомилро аз Доғистон бурданд. Қалъаҳои зиёде сохтанд, ки тиркашҳошон ба атроф чашм дӯхта бурданд ва аз он тиркашҳо тӯпу туфангҳо менамуданд. Агарчи онҳо тир намеандохтанд, гӯё чунин огоҳ мекарданд: Ором шинед, кӯҳистониён, ҳалим бошед.

Аз рӯзи сиёҳи мардумони кӯҳсор

Аз рӯйи сиёҳи дому дад, рӯди равон.

Гӯйӣ, ки набуд роҳ то паҳное

Ҷуз роҳи аҷал - халосие аз зиндон.

"Сарзамини ваҳшиён",-гуфта буд як губернатор вақти аз Доғистон рафтанаш. "Онҳо дар рӯйи замин не, дар қаъри партгоҳе зиндагонӣ мекунанд",-навишта буд дигаре.

"Ба ин ваҳшиҳои таҳҷойӣ ҳамин заминашон ҳам зиёдатист", - гуфта буд сеюмӣ, аммо дар он замонаи гаронгӯш ҳам овози Лермонтов, Добролюбов, Чернишевский, Бестужев-Марлинский, Пирогов барин касон шунида мешуд. Оре, дар Русияи подшоҳӣ одамоне буданд, ки дили кӯҳистониёнро мефаҳмиданд ва дар ҳаққи мардуми Доғистон суханҳои нек мегуфтанд. Кошкӣ мардумони кӯҳистон он вақт забони чунин шахсонро фаҳмида метавонистанд!

Дар ҳайати дастаҳои Имом Шомил бар муқобили подшоҳи рус на танҳо доғистониҳо, балки русҳо ва полякҳои баъди шӯриши соли 1863 ба Қафқоз гурехта ҳам меҷангиданд. Деҳқонони рус, ки аз режими крепостноӣ гурехта, ҳамчунин ба Қафқоз рафта буданд, барои сарбозони Шомил силоҳ тайёр мекарданд. Нақл мекунанд, ки Шомил вақти дар Калуга, дар бадарға буданаш аз ҷумлаи русҳо сарбозони собиқи худро дидааст…

Ба зери барф монда ҷовидон кӯҳсори Доғистон,

Шабонаш бе саҳар бошад зи торикии ҷовидон,

гуфта буд як вақтҳо Сулаймон Сталский ба кишвари азизи худ назар карда.

"Аз он рӯзе, ки Доғистонро ба зиндон афканданд, ҳамаи моҳҳои сол сивуякрӯзаанд",-навишта буд як замон падарам. "Аё кӯҳҳо, мову шумо дар таҳхонаем",-гуфта буд як вақтҳо Абӯтолиб. "Аз чунин ғам оҳувон дар кӯҳсорон ғамгинанд",-суруда буд Анхил Марин.

Идома дорад

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №31, 30 декабри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi