10:54:35 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Қиссаҳои таърихӣ аз рӯзгори Имом Шомил – VI

ДАВОМИ  ҚИССАИ СУРУДИ МОДАРИ ШОМИЛ

Ҳақбердил Муҳаммад маҳви ҳайрат шуд. Шомил то ҳол асирро бе бозхарид надода буд, аммо бо вай баҳс кардан мумкин нест. Мурид ба асираи худ гуфт:  -Ҳозир ман туро гашта ба назди падару модарат мебарам. Аҷаб хурсанд мешаванд. Ба онҳо мегӯйӣ, ки Шомил роҳзан нест.

imam-shamil 545696988Баъди он ки суханони муридро ба Анна тарҷума карданд, вай сӯйи Шомил бо чашми ҳайрат нигарист. Ҳама пиндоштанд, ки духтар ба ин бахти худ бовар намекунад.

Ба вай бори дигар гуфтанд:

-Имом хеле афсӯс мехӯрад, ки ин ҳодиса рӯй додааст. Ӯ туро бе ягон бозхарид ҷавоб медиҳад.

Он гоҳ духтари соҳибҷамол ба Шомил рӯ оварда гуфт:

-Эй пешвои Доғистон. Касе нияти маро дуздидан ҳам накардааст. Ман ба назди ту худам омадам, омадам, ки асираи ту бошам.

ӣ хел, барои чӣ?

-Барои дидани қаҳрамоне, ки номаш вирди забони мардуми Қафқоз ва тамоми олам гаштааст. Ҳар чӣ мехоҳӣ, бикун, аммо асорати ихтиёрии худро ман ба ягон чиз иваз намекунам ва аз ин даргоҳ ба ҳеҷҷо намеравам.

-Не, рафтанат беҳтар аст.

-Ҳамин гапро ту гуфта истодаӣ, Шомиле, ки ҳама шермардаш мехонанд.

-Ин гуфтаи Аллоҳ аст.

- Худованд ин хел гуфта наметавонад.

-Гуфтори Аллоҳи ману Худои ту гуногун аст.

-Аз ҳамин рӯз асираи туям, пешвои Доғистон, канизи туям. Аз ҳамин рӯз Аллоҳи ту Худои ман аст. Ман дар бачагӣ дар васфи ту сурудҳо шунидаам ва яке аз онҳоро ба ёд дорам. Ин суруд дар дилам маъво гирифтааст.

Арманидухтарак баногоҳ бо забони номаҳфуме суруди аҷибе оғоз кард. Аз паси кӯҳи баланд дар осмон моҳ ҳам баромад, аммо духтари Арманистон ҳамон дар васфи Шомил суруд мехонд.

Мурид даромад.

-Имом, аспро зин кардам. Духтаракро гирифта барам?

-Монаш. Вай ин сурудашро бояд ба охир расонад, ба ин суруд тамоми умраш сарф мешуда бошад ҳам, майлаш.

Баъди чанд рӯз дар Доғистон гапу калоча сар шуд. Як кас ба гӯши каси дигар мегуфт, як авул ба авули дигар мерасонд, пич-пичу миш-миш, ғайбат мекарданд.

-Шунидед? Шомил боз як зан гирифтааст.

-Имоми мусалмонон арманидухтарро гирифтааст.

-Саллаи имомро кофирдухтар мешӯяд. Вай ба ҷойи Худою Расул барои имом суруд мехондааст.

Доғистон гӯё шишта мехест, аммо гап-гапи мардум рост буд. Имом зани сеюм гирифт. Ин зан дини мубини исломро қабул кард, ба сар рӯймоли кӯҳистонӣ баст ва ба худ номи аварӣ гирифт. Анна ба Шуонат табдил ёфт. Барои имом лазизтарин таом ҳамон буд, ки Шуонат пешаш мениҳод... Равшантарин ва гармтарин хона хонаи ӯ буд. Маҳрамонатарин суханон суханони ӯ буданд. Чеҳраи ҷиддии имом андак нармтар, лутфомез ва хуштар гардид.

Аз Моздок аз номи падару модари Шуонат ба назди Шомил чандин бор илтимос карда омаданд, ки чӣ қадар бозхарид хоҳад, гираду Шуонатро рухсат диҳад, Шомил ин гапҳоро ба Шуонат мерасонид, аммо вай фақат дар ҳамон як гап меистод:

-Имом, ту шавҳари манӣ. Агар сарамро аз танам ҷудо кунӣ ҳам, ба хонаи падарам намеравам.

Имом ҷавоби ӯро ба фиристодагони Моздок мерасонид. Боре ба назди имом бародари ҳамхуни Шуонат омад. Имом ӯро хуб пазируфт, иҷозат дод, ки бо Шуонат мулоқот бикунад. Додару хоҳар муддати ду соат танҳо ба танҳо суҳбат карданд. Бародар аз ғаму андӯҳи падар ва ашки резони модар, ҳаёти хушу хурсандонае, ки дар хона интизори ӯст, аз домоди ҷавони бетолеъ, ки ҳанӯз ҳам ӯро дӯст медорад, нақл кард…

Ҳамааш барабас рафт. Шуонат рад кард. Бародараш бо ду дасти холӣ баромада рафт.

Зани якуми имом Фотимат мавриди муносиберо ёфта, ба ӯ гуфт:

-Имом, атроф хунрезӣ, одамон ҷон мекананду ҷон медиҳанд. Ту ба кадом дил сурудҳои Шуонатро монанди дуо гӯш мекунӣ? Охир, ту таронахониро дар Доғистон манъ кардаӣ, ҳатто аз суруди модари худ рӯ гардондӣ.

-Фотимат,-гуфт пешво: -Шуонат сурудҳое мехонад, ки онҳоро дар ҳаққи мо душманонамон месароянд. Агар ман мемондам, ки сурудҳои оҳу нола паҳн шаванд, ин сурудҳо ба гӯши душманонамон мерасиду он гоҳ онон дар ҳаққи мо ақидаи дигар пайдо мекарданд. Дар он сурат ман ба чашми модароне, ки писарҳошон ҳамроҳии ман ба ҷангҳо рафта, ҳалок шудаанд, нигоҳ карда наметавонистам, хиҷил мешудам. Аммо бигзор душманон дар ҳаққи мо суруд хонанд. Ман бо ҷону дил гӯш мекунам. Дигарҳоро ҳам даъват мекунам, ки гӯш бикунанд.

Аммо Фотимат на барои он ғам мехӯрд, ки имом сурудҳои завҷаи ҷавонашро гӯш мекунад, вай аз он сабаб ғамгин буд, ки шавҳар бо завҷаҳои аввалаи худ мисли пештара розгӯйӣ намекунад. Аз байн дере нагузашта, воқеаи зерин рӯй дод:

Рӯзе ба имом хабар оварданд, ки подшоҳи Русия тайёр аст писараш Ҷамолиддинро, ки он вақт дар корпуси кадетии Петербург мехонд, бо Шуонат иваз бикунад. Ин амри муҳоле буд. Имом рад кард. Вуҷуд доштани чунин имконро Шомил аз ҳама пинҳон карда бошад ҳам, ин гап ба гӯши Фотимат расид.

Рӯзе Фотимат ба назди палонҷи ҷавони худ омада гуфт:

-Шуонат, қавл медиҳӣ, ки суҳбати ману туро ғайр аз Худованди бузург касе намефаҳмад?

-Қавл медиҳам.

-Ту аз ман беҳтар медонӣ, ки Шомил вақтҳои охир бедорхоб шудааст, бисёр ғам мехӯраду азоб мекашад.

-Мебинам, Фотимат, мебинам.

-Намедонӣ, барои чӣ ин хел бошад?

-Намедонам.

-Ман медонам. Агар хоҳӣ, ту давояшро ёфта метавонӣ.

-Гап зан. Фотимат, гап зан, азизам.

-Ту, албатта, қиссаи Ҷамолиддинро шунидаӣ, писари ману Шомилро?

-Шунидаам.

-Назди мо гашта омадани вай - ба ту вобаста. Охир, ту ҳам модаратро ёд мекунӣ. Ман модар ҳастам. Писарамро даҳ сол боз надидаам. Ёрӣ расон! Ба хотири ман не, ба хотири имом…

-Ба хотири Шомил ҳар коре бошад, мекунам, лекин чӣ хел бикунам?

-Агар ту ба хонаи падару модарат гашта равӣ, подшоҳ Ҷамолиддинро ба мо гардонида медодааст. Писаракамро ба ман баргардон. Худованди бузург туро фардо дар биҳишти ҷовидон ҷой диҳад. Илтиҷо мекунам.

Дар чашмони Шуонат ашк рахшид.

-Ҳамаашро мекунам, Фотимат, ҳамаашро мекунам, - гӯён Шуонат баромада рафт.

Ӯ ба хонаи худ даромад, ба рӯйи қолин парӯ афтода, аввал хеле гирист, баъд суруди ҳузнангезе оғоз кард. Шомил омад.

-Ба ту чӣ шуд, Шуонат?

-Имом, маро ба назди падару модарам ҷавоб деҳ.

ӣ хел?

-Ман бояд равам.

-Барои чӣ? Ту чиҳо мегӯйӣ? Худат намеравам гуфта будӣ, ман акнун туро ҷавоб дода наметавонам.

-Шомил, маро ба хонаи падарам фирист. Илоҷи дигар нест.

-Аз афти кор, ту нотоб шудаӣ.

-Ман мехоҳам, ки ту дидори Ҷамолиддинро бубинӣ.

-Ҳа, гап дар ин ҷо будааст. Ту ба ҳеҷҷо намеравӣ, Шуонат. Агар писарамро фақат бар ивази занам мегирифта бошам, бигузор, якумрӣ беписар монам. Агар вай писари ман бошад, роҳро ба сӯйи модараш, ба сӯйи кишвараш худаш ёбад. Ман ба назди писарам бо роҳи ту мекушодагӣ намеравам. Ман ба сӯяш роҳи сазовори ману вайро ёфта меравам. Хубаш, аспи маро барор!

Шуонат аспи имомро аз дарвоза баровард. Аз мех тозиёнаро гирифта, ба дасти ӯ дод.

Дар ҳамаи лашкаркашиҳову мусофиратҳо-дар Доғистон, дар Петербург, дар Калуга, дар хоки Арабистон-то дами вопасини имом завҷааш Шуонат ҳамроҳу ҳамдамаш буд. Ҳатто ҳозир, дар рӯзҳои мо ҳам, дар бораи он зани наҷиб афсонаву ривоятҳо мегӯянд. Билохира, зан сабаби он шуд, ки ба назди имом писараш Ҷамолиддин баргашт, аммо ин қиссаи дигар аст.

(давом дорад)

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №02, 15 январи соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi