20:40:29 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Аз таърихи тобеи Русия шудани хонигарии Хива

Ё чаро амири Бухоро сари буридаи сафири Русия дар Хиваро ҳамчун туҳфа напазируфт?

Муносибатҳои Русия бо кишварҳои Осиёи Миёна таърихи дуру пурмоҷароеро дорост. Таърихнигори маъруфи кишварамон, доктори илмҳои таърих Виктор Дубавитский ба таърихи ин муносибатҳо назари тозае андӯхтааст, ки аз навиштаҳои замони шӯравӣ ва бархе аз таърихнигорони замони мо тафовут дорад. Мо аз ин ба баъд як силсила мақолаҳои ӯро дар ин мавзуъ ба табъ расонданием. Ҳайати эҷодии "Рӯзгор"

torikhi-moscow-544664

Аз ибтидои асри XVIII сар карда дар муносибатҳои Русия бо Осиёи Миёна марҳилаи сифатан нав оғоз мегардад, ки ҳам соҳаҳои ҳамкориҳоро васеъ месохту ҳам зудии таҳким бахшидани алоқаҳои тарафайнро зиёд мекард. Ин марҳила боз аз он ҷиҳат таваҷҷӯҳангез буд, ки дар муддати се даҳсолаи аввал якчанд халқҳои Осиёи Миёна аз паси ҷустуҷӯи ҳимоят аз ҷониби Русия буданд.

Дар соли 1700 вакили хонигарии Хива - Шониёз ба назди Пётри I омада буд. Ӯ аз номи ҳокими Хива санаде оварда буд, ки дар он ҳоким хоҳиш карда буд, ки "Пётри I ӯро бо тамоми халқҳои тобеааш ба раъияти Русия пазирад". Санад дар бораи раъият ба хивагиҳо 30 августи соли 1700 дода шуда буд ва дар моҳи майи соли 1703 ин ҳуҷҷат аз тарафи хони нав Араб-Муҳаммад тасдиқ гардида буд. Ҳамин тариқ, хонигарии Хива, ки як қисми ҳудуди Хоразм ва вилояти Бухороро аз Ҷумҳурии Узбакистони кунунӣ, Қароқалпоқистон ва вилояти Ташаузи Туркманистонро дар бар мегирифт, 314 сол қабл аз ин ба ҳайати Русия дохил шуда буд.

Аз миёни се давлати ҳамонвақтаи Осиёи Миёна - хонигариҳои Бухоро, Қуқанд ва Хива, аз ҳама камаҳолитарин ва аз лиҳози иқтисодиву ҳарбӣ заифтарин ин хонигарии Хива буд ва пурқувваттарини онҳо хонигарии Бухоро буд, ки ҳамеша ба ҳукумати сиёсии Хива дастдарозӣ мекард ва камобеш комёб ҳам мегардид. Хони Хива - Шониёз оқилона мулоҳиза мекард, ки дар раъияти Русияи тавоно ва дур будан беҳтар аз он аст, ки дар тобеияти Бухорои ҳамсоя ва пешгӯинашаванда бошад. Аммо бо сабаби он ки солҳои аввал Русия бо ҷангҳои Шветсия ва Туркия гирифторӣ дошт, хивагиҳо "саҳмия"-и интизориашонро аз раъияташон гирифта натавонистанд.

Соли 1713 вакили қабилаи йомудҳои туркман Хоҷа Нафас ба Петербург омада баён дошт, ки дарёи Омуи ба Арал ҷоришаванда қаблан ба баҳри Хазар (Каспий) мерехт ва ин резишгоҳ дар ҳудуди халиҷи Балхан (ҳоло шаҳри Туркменбошӣ) воқеъ буд. Хоҷа Нафас ба Пётри I изҳор дошт, ки "дар кишвараш ки дарёи Ому ҷорист, сангрезаи тилло ба даст овардан мумкин аст, ҳарчанд ин дарёи қаблан ба баҳри Хазар ҷоришаванда бинобар бехатарии хивагиҳо ба Арал равона шуда буд, аммо бо кандани дарғот (садд) ба маҷрои аввала гардондан мумкин аст ва агар зарур ояд дар ин кор туркманҳо ҳам ба русҳо ёрӣ медиҳанд".

Хоҷа Нафас ва сафири ҳамонвақтаи Хива дар Русия Ашурбек пешниҳод карданд, ки дар минтақаи резишгоҳи қаблии дарёи Ому қалъа ва бандари тиҷоратӣ созанд ва дарёро ба маҷрои аввалааш баргардонанд ва ҳамин тариқ роҳи тиҷоратиро бо Ҳиндустон барқарор кунанд. Пётри I имконияти барқароркунии роҳи обиро ба Ҳиндустон ба ҷидду ҷаҳд пазируфт ва аз 14 феврали соли 1716 барои зарурати бандаргоҳи дарёи Ому дар резишгоҳи қаблӣ фармонро ба имзо расонид. Аз маълумотномаи роҳбари сохтмон (баъдан сардори ганизон) полковник фон-дер-Виден бармеояд, ки татбиқи иродаи шоҳ бо душвориҳои зиёде вобастагӣ дошт. Аз ҷумла, чӣ тавре ки худи ин офитсер қайд мекунад, қалъа "дар он ҷое, ки на ҳезум дошту на ҷангал ва на оби нӯшокӣ, дар регзори пошхӯранда" сохта шуда буд.

29 моҳи майи соли 1714 Пётри I фармонро дар бораи бо асбобу анҷом таъмин намудани экспедитсияи Хива ба тасвиб расонид. Роҳбари ии "ташаббуси бузург" поручики горд Александр Бекович-Черкасский таъин гардида буд. Ин княз (ҳоким) аслан аз Кабардин буд ва барои мусулмонҳо Искандарбек ном дошт, аммо баъди ба хизмати русӣ дохил шудан, мазҳаби насронии шарқиро қабул намуда буд (падархонди таъмидиаш худи Пётри I ба шумор мерафт).

Князигиҳои Бекович-Черкассҳот барои Русия аз охири асри XVI хизмат кардаанд. Аз авлоди онҳо чандин сарлашкарҳои шинохта будаанд, ки ҳам дар ҷангҳои Қофқозу Туркия ва ҳам дар ҳудуди ҳарбии кишвар фаъолона иштирок кардаанд. Соли 1707 Пётри I Бекович-Черкасскийро "барои омӯзиши корҳои илмӣ, махсусан илми баҳрнавардӣ" ба Аврпупои ҳарбӣ барои ду сол ба сафари хидматӣ фиристода буд. Чӣ тавре ки маълум аст, аз ҳамаи онҳое, ки аз "сафархидматии хориҷӣ" бармегаштанд, худи Пётри I имтиҳон мегирифт. Пётри I аз натиҷаи имтиҳон ва донишҳои дар хориҷа ҳосил кардаи Бекович-Черкасский бисёр қонеъ буд, зеро ӯро аз миёни дигарон интихоб кард ва аз он ба баъд номи ин шахс дар ҳамаи муассисаҳои он замона, хусусан дар қисмати Шарқ абадӣ сабт гардид.

Соли 1714 А.Бекович-Черкасский аз ҷониби Пётр "барои ҷустуҷӯи маъдан дар резишгоҳи дарё ба баҳри Хазар" ба сафари хидматӣ фиристода шуд. Аз он ба баъд ҳаёти ӯ то вопасин лаҳзаҳои фоҷиабори маргаш бо Осиёи Миёна алоқаманд буд.

Дар охири моҳи октябри соли 1714 флоти иборат аз 33 киштӣ бо 1900 нафар бо ҳамроҳии афсарон ва 33 тӯп аз Астрахан ба соҳилҳои осиёимиёнагии баҳри Хазар ба роҳ баромад. Бо фармони ҳоким даҳ офитсери баҳрӣ "барои нақшагирӣ" иштирок доштанд. Баъд аз тавсифи соҳили шарқии Мангишлак ва ченкунии чуқрӣ, флот ба халиҷи "Кара-Богаз-Гол" (Мағоки сиёҳ) наздик шуд. Туркманҳои лотсман барои ҳамроҳшавӣ ба он эътироз карданд ва худи княз ба сари чамбари киштӣ нишаст, ки боз ду киштии дигар аз паси ӯ равона шуданд. Таҳти роҳбарии ӯ ба экспедитсия муяссар гашт, ки аввалин маротиба дар таърих хати соҳилиро ба таври инструменталӣ аксбардорӣ кунад ва дар ин халиҷи сирнок (бинобар ақидаи туркманҳо гӯё дилхоҳ баҳрнавардро ба коми марг мекашидааст) панҷ лангаргоҳро муайян созад.

Баъд аз ба анҷом расонидани аксбардорӣ дар тӯли қариб 3000 чақрим (3180 км) флот боз ба Астрахан баргашт. Дар натиҷаи шиноварӣ аввалин нуқтаи дақиқи "харитаи киштиронӣ"-и баҳри Хазар муайян гардид, ки ин қадами калоне дар роҳи омӯзиши Осиёи Миёна буд. Дар вақти сафари Пётри I моҳи майи соли 1717 ба Париж, яке аз ин харита ба Академияи шоҳигарии илмҳои табиатшиносии Фаронса тақдим карда шуд, ки ин тӯҳфа бо камоли мамнуният қабул карда шуда, худи ҳамон замон ӯ ба сифати узви ифтихории Академияи Париж эътироф карда шуд.

Охируламр, баҳори соли 1717 аз Астрахан қад-қади соҳили баҳри Хазар ва баъдан тавассути нимҷазираи Мангишлак корвони сафорат, ки дар ҳайаташ ба ғайр аз худи сафир даҳҳо нафар ашрофзодагон, 35 нафар тоҷирон аз Астрахан ва Қазон, ки аксарашон аслияти тоторӣ ва қалмиқӣ доштанд ва чандин тарҷумонҳо бо амволи тақрибан 5000 рубли тиллоӣ, ки он замон маблағи ниҳоят калон ҳисоб мешуд, барои тиҷорат ба Ҳиндустон раҳсипор гаштанд.

Инчунин сафоратро дастаи мушоияти ҳарбии бузурге иборат аз 2500  нафар казакҳо ва афсарон, муҳандисони ҳарбии сохмон ва баҳрнавардӣ, ки самти роҳро бо дарёи Ому муайян мекарданд, ҳамроҳӣ мекард. Дар ҳайати дастаи посбонони сафорат ҳатто полки драгунӣ (афсарони хориҷии артиши Русияи подшоҳӣ), ки моҳи июни соли 1709 дар муҳорибаи назди Полтава аз ҳисоби шведҳо асир афтода буданд, шомил буданд.

Қабл аз ҳаштрӯза роҳ то Хива Бекович-Черкасский ба пойтахти хонигарии Хива ашрофзодаеро бо насаби Керейтов бо ҳамроҳии сад нафар казак фиристода, дар бораи сафари сафири Русия огоҳ намуд. Аксуламали "раият" нодуруст буд, зеро хон Шерғозӣ фиристодаро ҳабс кард ва босаросемагӣ қӯшунашро ҷамъ кард. Бекович-Черкасский, ки аз чизе огоҳӣ надошт, роҳи худро давом дод, вале дар масофаи 120 чақрим аз Хива, дар наздикии маҳаллаи Карагач, ки бино бар ривоёт дар он ҷо дор?оте маҷрои қадимии дарёи Омуро обанбор месохт, ба сафорат артиши 24 000 нафараи хивагиҳо ҳамла карданд. Корвон ба тӯдаи издиҳом даромада, бо аробаи болопӯше худро муҳофизат мекард. Ҷанг бо "раият" бинобар маълумоти гуногун аз 2 то 5 шабонарӯз давом кард.

Хивагиҳо диданд, ки бо сафорат зӯроварӣ намешавад, ба "музокира" пардохтанд, ки гӯё ҳамла аз ҷониби гурӯҳҳои хурде бидуни иҷозати хон сар задааст. Хони Хива ваъда кард, ки ба касе ғазаб надорад ва пешниҳод кард, ки аъзои сафоратро ба минтақаҳои мухталифи дохилӣ ва атрофи Хива ҷойгир созаду худи сафирро бо надимонаш дар маркази шаҳр ҷой диҳад. Бекович-Черкасский, ки амрномаи сулҳомез дошт, ин таклифро пазируфт.

Рӯзи дигар, дар вақти пазироии хон, сафир ва ду нафар шахсони мушоиаткунандаи ашрофзода дар пеши чашми ҳокими Хива пора-пора карда шуданд. Андак баъдтар аксари иштироккунандагони сафоратро ҳамин гуна сарнавишт амалӣ гардид.

Бо овезон кардани каллаи ду нафар коргарони сафорат дар дарвозаи шаҳр барои тамошои умум, хон аз "ғалабаи бузург"-и худ лофзаниҳо мекард ва сари аз тан ҷудокардаи худи сафирро ба Бухоро фиристод. Аммо амири Бухоро, ки тоҷирони ӯ бо Русия тиҷорати доимӣ ва собиқадоре дрштанд, хиради сиёсӣ зоҳир карда, фиристодагони хони Хиваро натанҳо қабул накард, балки аз роҳ бозпас гардонда, пеш кард ва эълон дошт, ки: "ӯ одамхӯр нест, ки чунин "тӯҳфа"-ро қабул кунад ва бо чунин ваҳшонияти ?айриинсонӣ хоҳиши омезишшавӣ ҳам надорад".

Ҳамин тариқ, аввалин кӯшиши бузурги ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодии Русия бо кишварҳои осиёимиёнагӣ дар роҳи "гардиши маҷрои дарё" бо гардиши фалак фоҷиаангез ба нокомӣ анҷом пазируфт. Ҳарчанд натиҷаи он барои дипломатияи Русия манфӣ буд, бо сабабҳои "ахлоқи аблаҳонаи хон", "саҳву камбудиҳои сафир" ва "вазъияти ногувори замон" дар бораи дайни раияти русигии Хива дар Петербург зуд фаромӯш карданд. ғояи инкишофи муносибатҳои тарафайн беэътибор дониста нашуд, балки зарурати он баръакс инкишофи бештаре ёфт.

"Охирон лаҳза"-и сиёсати осиёимиёнагии аввалин императори рус боиси "васиятнома"-и ӯ бо ҳамнабарди худ дар вақти сафари Форсиаш дар солҳои 1722-1723 дар бораи ба амал татбиқ намудани он бо минтақаи ёдшуда гардид. Дархости ӯ дар бораи ба раияти русиягӣ пазируфтани қирғиз-кайсакҳо (қазоқҳо), ки дар биёбонҳои байни Русия ва Осиёи Миёна бодиянишинӣ доштанд ва "калиду дарвозаи роҳ ба Ҳиндустон" маҳсуб мегардиданд, тааллуқ дошт. Муҳимияти ин нақшаҳоро бо тамом дарк ва эътироф карда, татбиқи онро худи Пётри I, мутаассифона надид, зеро соли 1725 риштаи ҳаёташ канда гардид.

Виктор ДУБОВИТСКИЙ, доктори илми таърих, Душанбе, Тоҷикистон

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №21, 25 июни соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi