15:13:42 23-уми Июни 2025 сол

ҲИӮ: 10 СОЛИ ОШӮБҲО ВА ФИРОРҲО

Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) соли 1996 ҳамчун созмони берун аз ватан аз ҳисоби азҳоб ва гурӯҳҳои ғайриқонунии «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Одамийлик ва инсонпарварлик» (Қӯқанд), «Ҳизби исломии Туркистон», «Ислом Лашкарлари» («Сарбозони Ислом», Намангон), ташкилоти «Адолат уюшмаси» (Намангон) созмон ёфтааст.

 

Вақтҳои ахир расонаҳои дохилу хориҷ сари фаъолияти Ҳаракати исломии Ӯзбекистон садо баланд карданд. Ҳатто гӯшрас гардид, ки дар воқеаҳои Тавилдара, ки чанд муддат пештар дар шарқи кишвар ҷараён доштанд, ин ҳизб хеле фаъол буд. Ба гуфти коршиносон, ин ниҳод 10 сол мешавад, ки домани фаъолияти худро дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, қисмати Афғонистону Покистон ва Ирон паҳн кардааст.

 

Департаменти давлатии ИМА ва Хадамоти Бехатарии Давлатии Русия ин ҳаракатро террористӣ эълон намуда, фаъолияти он дар қаламрави бархе кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ манъ карда шудааст.

 

Сохтор ва мақсади Ҳаракат

Мувофиқи гуфти коршиносон Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИУ) соли 1996 ҳамчун созмони берун аз ватан аз ҳисоби азҳоб ва гурӯҳҳои ғайриқонунии «Ҳаракати исломии Узбекистон», «Одамийлик ва инсонпарварлик» (Қӯқанд), «Ҳизби исломии Туркистон», «Ислом Лашкарлари» («Сарбозони Ислом», Намангон), ташкилоти «Адолат уюшмаси» (Намангон) созмон ёфтааст. Сарварии онро Тоҳир Юлдошев ба зимма гирифт.

 

Мақсади асосии ин Ҳаракат ташкил намудани давлати исломӣ дар водии Фарғона ва баъдтар дар қаламрави Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва қисман минтақаи Чин, ки ӯйғурҳо зиндагӣ мекунанд, буд.

 

Таъминоти молиявиро дар аввал Ҳаракат аз ӯзбекони муқимии давлатҳои Афғонистон, Туркия, боқимонондагони амири Бухоро Саид Алимхон мегирифт. Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, вақте ки Ҳаракат ба Афғонистон фирор намуд, дар як давраи муайян кӯмаки молиявӣ аз тарафи Хадамоти ҷосусии байниташкилотии Покистон расонида мешуд.

 

Соли 1997 ба ин Ҳаракат нафарони зиёде аз тамоми манотиқи Осиёи Марказӣ гаравиданд, ки байни онҳо ӯзбекҳо, тоҷикҳо, ӯйғурҳо, казоқҳо, тоторҳо ва туркманҳо дида мешуданд. Сарвари он Тоҳир Юлдошев дар ин замон мақоми хосеро соҳиб шуд ва тарафдоронаш асосан онҳое буданд, ки аз ҳукумат таъзиқ дида буданд. Ҷавононе ки мехостанд исломро омӯзанд, низ зиёд буданд.

 

Шумораи аниқи аъзоёни ин Ҳаракат маълум нест, вале то ҷое дар давраи солҳои 1999-2000 ин рақамро ба 5000 нафар нисбат медоданд. Соли 1999 дар Тоҷикистон мувофиқи маълумоти СММ 3000 нафар гурезаи Ӯзбекистонӣ, ки байнашон занону кӯдакон низ буданд, ба қайд гирифта шуд. Ин ҷо маълум нест, ки байни онҳо чанд нафар аъзоёни ин Ҳаракат буданд.

 

ҲИӮ ва сулҳи тоҷикон

Баъди эълони мубориза алайҳи ин Ҳаракат аз тарафи Хукумати Ӯзбекистон масъулини он ба Афғонистон ва Тоҷикистон фирор намуданд. Ин давра Ҳаракат аллакай ба худ сохтори пурқувватеро гирифта буд.

 

Баъди анҷом ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон (соли 1996) ҲИӮ дигар дар қаламрави кишвар истода натавонист ва ба Афғонистон фирор намуд. Ба гуфти чанде коршиносон дар ин давра Тоҳир Юлдошев аз чунин ранг гирифтани кор, сулҳ бастани мухолифин бо Ҳукумат норизо шуда, хоки Тоҷикистонро тарк намуд.

 

Ва ҳатто таъкид намуд, ки вақте ҳамагӣ то Душанбе 15 км. роҳ мондааст, чӣ зарурати сулҳ бастан буд? Дар қаламрави Афғонистон масъулини Ҳаракат тавонистанд лагерҳои ҳарбии худро созмон диҳанд. Соли 1999 дар Тошканд таркиши калон рух дод, ки Президенти кишвар Ислом Каримов дар он Юлдош Тоҳировро муттаҳам хонд ва барояш ғоибона ҳукми қатл баровард.

 

Баъди ин дар кишвари Ӯзбекистон чандин нафарони дигар дастгир шуданд, ки онҳоро ба аъзогии ҲИӮ нисбат доданд. Шӯҳрат Балиқов яке аз онҳо буд, ки декабри соли 1999 дар Душанбе дастгир шуд ва ба дасти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон супорида шуд.

 

Баъди созмон додани лагерҳои ҳарбӣ Ҳаракат фаъолияти худро пурзӯр намуд. Аз он ҷумла, солҳои 1999-2000 гурӯҳҳои хуб тайёршуда ба қаламрави Қирғизистон ва Ӯзбекистон гузаштанд. ВАО бошад соли 1999 иттилоъ дод, ки гурӯҳи калон аз шарқи Точикистон ба минтақаи ҷанубии Қирғизистон ва вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон гузашта, бо қӯшунҳои давлатӣ задухӯрд намуданд.

 

ҶудоӢ дар ҳаракат

Вақте ки Ҳаракат дур аз ватан монд ва мақсади он калонтар шуд, фаъолияти он хело суст шуд. Баъзе аъзоёнаш дар ин давра аз он фирор намуданд. Дар Афғонистон аъзоёни ҲИӮ муқобили дастаҳои амрикоӣ меҷангиданд. Моҳи ноябри соли 2001 яке аз пешвоёни Ҳаракат Ҷумъа Ҳоҷиев кушта шуд. Моҳҳои аввали амалиёти амрикоиҳо дар Афғонистон байни аъзоёни ҲИӮ норизоҳо зиёд шуданд. Қисме аз онҳо аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти Ҳаракат дилмонда шуданд.

 

Ҳамин буд, ки соли 2002 аз Ҳаракат гурӯҳи «Ҷиҳоди исломӣ» ҷудо шуд ва таркиши соли 2004 дар Ӯзбекистон рух додаро ба худ нисбат дод. (Мувофиқи иттиллоти расонаҳои хабарӣ ин гурӯҳ соли 2007 дар Вазиристони Покистон- сарҳади Афғонистон бошишгоҳ дошт. Моҳи ноябри соли 2006 ҷангиёни он кӯшиши таркиш дар Исломободро карданд).

 

Қариб 100 оилаи дигар бошад (қисми зиёдаш занону кӯдакон буданд) аз амалиётҳо даст кашида, ба Ирон фирор намуданд. Мувофиқ ба гузоришҳо онҳо, дар ин кишвар паноҳгоҳи асосӣ наёфтанд ва моҳи сентябри соли 2007 25 нафари дигараш ба Туркия рафтанд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, даъватҳои Тоҳир Юлдошев бобати пур намудани ҷангиёни ислом тариқи фитаҳои видеоӣ ва сабти овозӣ дар Ӯзбекистон дастгирӣ меёбанд.

 

ҲИӮ дар тангно

Дастаҳои амрикоӣ аъзоёни гурӯҳи ҲИӮ-ро то Вазиристони ҷанубӣ, ки минтақаи идоранашаванда маънидод мешавад, танг намуд. Дар ин ҷо онҳо бо «Ал-қоида» робитаи зич пайдо намуданд. Ин кор боиси амалиёти сахти артиши Покистон шуд, ки бо ҳар роҳ мехост давра ба давра онҳоро несту нобуд созад. Муқимиёни маҳал, ки аввал ҷангиёнро хуб қабул намуда буданд, аз чунин ранг гирифтани кор басе ошуфта шуданд.

 

Рӯзномаи “Christian Science Monitor” менависад, ки қумандони дастаҳои амрикоӣ дар Афғонистон Дэвид Барно ба рӯзноманигорон хабар дод, ки ҷангиёни Ӯзбекистонӣ дар Вазиристон барои муҳофизати “Ал-қоида” хамчун сипар хизмат мекунанд. Вақти амалиёти ҷангӣ дар кӯҳҳои Афғонистон онҳо ба нокомӣ дучор шуда, тахминан 250 нафар ба Вазиристони Ҷанубӣ меоянд ва қабилаи Аҳмадзайи Вазир ба онҳо паноҳгоҳ медиҳад. Ҷангиёни ӯзбек ҷои ҷангиёни араби Бин Лоданро мегиранд ва дар муҳорибаҳои маҳаллӣ ширкат меварзанд.

 

Тоҳир Юлдошев дар ин ҷо ба худ номи Фарух қориро гирифта, дар масҷидҳои маҳал чун шахси воломақом муаррифӣ мешавад. Мувофиқи гуфти амрикоиҳо, аъзоёни ҲИӮ бо ҳамин тариқ сегонаро ташкил медиҳанд. Ин иттифоқ дер напоид. Таъқиботи хадамоти махсуси покистонӣ ва артиш алайҳи Ҳаракат торафт сахттар мешавад.

 

Амалиёти калон бо ҷалби қувваи калон моҳи марти соли 2004 дар мавзеи Калуш гузаронида шуд. Дар ҷавоби ин аъзоёни ҲИӮ даст ба амалиётҳои террористӣ заданд. Аз соли 2004 то соли 2006 тахминан 200 нафарро ба ҳалокат расониданд, ки байнашон роҳбарони ҳукуматҳои маҳаллӣ, кормандони давлатӣ, рӯзноманигорон ва амадорон буданд. Ин ҷавобе буд бар зидди артиши Покистон.

 

Вазъияти ҷангиёни ҲИӮ соли 2006 боз бадтар шуд. Вақте ки қумондони Толибон Мавлавӣ Умар, ки ба ӯзбекҳо паноҳгоҳ дода буд, ҷояшро ба Мавлавӣ Назир дод, сару садоҳо зиёд шуданд. Ҷангиёни ӯзбек бо Мавлавӣ Умари аз қумондонӣ рондашуда як шуданд. Ин кор боиси ғазаби Мавлавӣ Назир гашт ва ӯ нақша кашид, ки онҳоро аз бозӣ берун барорад. Бидуни ин ҷангиёни Тоҳир Юлдошев акнун намехостанд, ки муқобили амрикоиҳо ҷанганд, баръакс ба онҳо бештар гузаронидани амалиётҳо дар Покистон маъқул буд.

 

Охири соли 2006 Мавлавӣ Назир ду маротиба бо қумандонҳои саҳроӣ вохӯрда, хост, ки тақдири ӯзбекҳоро ҳал намояд. Дар аввал аъзоёни гурӯҳ бо сардории Усмон Ян ризо шуданд, ки ба тобеияти ӯ дароянд. Вале марги шаҳрванди Арабистони Саудӣ Шайх Асадулло 13-уми марти соли 2006 боиси он шуд, ки байнашон боз низоъ бархезад. Ба гуфти гумоштаҳо шайхро ӯзбекҳо парронда буданд. Баъди ин ҳама дигар Тоҳир Юлдошев ҳамроҳи Толибон монда наметавонист ва маҷбур буданд ин маҳалро тарк гӯянд.

 

(идома дорад)

Шодмони КАРИМ

Назари Шумо

Security code
навсозӣ