Тоҷики гарданкашу лашкаршикан…
ЯЪҚУББЕКИ БАДАВЛАТ – ПОЯГУЗОРИ ДАВЛАТИ ҲАФТШАҲРИ КОШҒАР
«Истеъдоди баланди лашкаркашӣ, лаёқати ташкилотчигӣ, ҷасорати шахсӣ, рӯзгори хоксорона, қувваи ирода ва азми оҳанини Яъқуббек баҳри расидан ба мақсад кафолати онро медод, ки мамлакат таҳти роҳбарии ин шахси боистеъдоди фитрӣ ниҳоят аз ҷангу барбахтиҳо раҳоёфта минбаъд осуда хоҳад зист».
Генерал-губернатори Туркистон А.Н. Куротпаткин
Яке аз шахсиятҳои барҷаста, сипаҳсолори машҳур, асосгузори давлати Ҳафтшаҳр (Йетишаҳри Кошғар), қаҳрамони халқи тоҷик Яъқуббеки Бадавлат мулаққаб ба «Ғазанфар» ва «Атолиқи Ғозӣ» ба шумор меравад. Ӯ дар ҳаёти сиёсии аморати Бухоро, хонигарии Хӯқанд ва Кошғари Чин (Бухорои Хурд) дар миёнаҳои қарни нуздаҳи милодӣ нақши боризе дорад. Дар бораи рӯзгор ва корномаи Яъқуббеки Бадавлат таърихнигорон ва муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ аз нимаи дуюми асри нуздаҳи милодӣ то ба ҳол осори таҳқиқотии зиёде ба забонҳои русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, уйғурӣ, форсии тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва ғайра таълиф намудаанд. Дар байни ин донишмандон аз ҳама бештар пажӯҳишгари тоҷик шодравон Ҳасанбой Шарифов дар бораи шахсият, ҳаёт ва фаъолияти сиёсиву низомии сиёсатмадони варзида ва ходими намоёни давлатӣ хидмати шоёнеро анҷом додааст. Маҳз бо кӯшиш ва талоши ин таърихнигори нуктасанҷ ном ва корномаи Яъқуббеки Бадавлат ба мардуми тоҷик ҳаматарафа муаррифӣ гардид. Ҳасанбой Шарифов дар ин бора ду китоби илмӣ: «Яъқуббек» (Хуҷанд: Нашриёти давлатии ба номи Раҳим Ҷалил, 1994, 144 саҳ.) ва «Яъқуббеки Бадавлат» (Москва: Шуъбаи чаҳоруми нашриёти ҳарбии ФР, 496 саҳ.) ба табъ расонид. Ин навиштаи мухтасари мо дар асоси рисолаҳои мазкур сурат гирифтааст, ки пешкаши хонандагони арҷманд мегардад.
Яъқуббеки Бадавлат соли 1820 милодӣ дар шаҳраки Пискати вилояти Тошканд, дар хонаводаи тоҷик таваллуд ёфтааст. Муҳаққиқи тоининқилобии рус Веселовский дар асари худ қайд кардааст, ки падари Яъқуббек Латиф Шоҳкоса ном дошта, аз қавми сорт (аҳолии тоҷики ӯзбекзабони шаҳрҳои Осиёи Миёна) буд. Тақрибан солҳои 1810 милодӣ Латиф Шоҳкоса бо иттиҳоми ғайбату иғвогарӣ тибқи фармони хони ҳамонвақтаи Хӯқанд–Олимхон ба маҳаллаи Каппаи вилояти Андиҷон бадарға карда мешавад. Баъди чанд сол Латиф ба Пискати Тошканд бармегардад ва баъди чанде вафот мекунад. Минбаъд Яъқуби хурдсоли ятим дар тарбияи тағояш қозӣ Низомиддин мемонад. Бояд таъкид кард, ки дигар муҳаққиқони русу англис, аз ҷумла А.Н.Куропаткин, Р.Б.Ша, Г.Хейворд, Д.Ч.Боулҷер, «Советская историческая энсициклопедия» (Москва, 1978), «Большая советская энсициклопедия» (Москва, 1978) ва тамоми дигар сарчашмаҳо миллати Яъқуббекро ба таври саҳеҳ «тоҷик» номидаанд. Агар Яъқуббек дар ҳақиқат аз қавми «сорт» мебуд (ҳарчанд, ки дар асри баъзе муаллифон бо истилоҳ тоҷиконро низ ном мебурданд), кайҳо ӯзбекҳо Яъқуббеки зодаи вилояти Тошкандро қаҳрамони миллии худ эълон мекарданд. Маҳз тоҷик буданаш сабаб шудааст, ки вайро ҳатто ба «Энсиклопедияи советии ӯзбек» дохил накарданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки таърихнигор Комил-эшон дар асари худ «Таърихи Яъқубӣ» менависад, ки падари Яъқуббек–Мулло Мирмуҳаммадлатифбек ном дошта, қозӣ буд. Падари Мулло Мирмуҳаммадлатиф–Пӯлодбек ва бобояш Мирҳусайн ном доштаанд. Ҳар кадоми онҳо дар байни ҳамқавмон роҳбар ва ашхоси воломақом будаанд. Онҳо аз тоҷикони кӯҳистони Қаротегин буданд. Макони зисти Мулло Мирмуҳаммадлатифбек шаҳраки Писканти вилояти Тошканд буд. Ӯ қаблан барои таҳсили илм Бухоро рафта, пас аз хатми мадраса чанд муддат дар он ҷо мударрисӣ мекунад. Баъд ба Пискант баргашта, ин пешаро идома медиҳад. Сипас ӯро ба Хӯқанд (Қӯқанд) даъват намуда, қозии ноҳияи Каппаи вилояти Андиҷон таъйин мекунанд. Ҳукми қозӣ Мирмуҳаммадлатифбек то Ӯшу Ӯзганд низ паҳн мешуд.
Тибқи маълумоти таърихнигор Комилхон-эшон, Яъқуббек соли 1238 ҳиҷрии қамарӣ (1822–1823 милодӣ) дар шаҳри Писканти вилояти Тошканд таваллуд ёфтааст. Вақте ки падараш бо тамоми аҳли хонавода аз ноҳияи Каппаи вилояти Андиҷон ба Писканти вилояти Тошканд Яъқуббек понздаҳсола буд. Албатта, маълумоти Комил-эшон, ки тағобачаи Яъқуббек буд, муътамад ва саҳеҳ аст, аммо муҳаққиқи тоҷик шодравон Ҳасанбой Шарифзода дар таҳқиқоти худ бе ҳеҷ далелу бурҳони муътамаде падари ӯро хуҷандӣ баровардааст. Ин пажӯҳишгар ба маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ эътимод накарда, аз пеши худ фарзияро пеш рондааст, ки Мулло Мирлатиф (Латиф Шоҳкоса) гӯё падари аслии Яъқуббек набуда, падарандараш мебошад. Падари аслии ӯ муллои дуохони хуҷандӣ Исматулло буда, бо арӯси пискатияш гӯё аснои сафари Тошканд издивоҷ намудааст, вале ӯ зану кӯдакашро партофта, ба Хуҷанд бармегардад. Модари Яъқуббек ба Латиф Шоҳкоса, ки шахси кӯкнориву беобрӯ будааст, ба шавҳар мебарояд. Азбаски падарандараш қассоб буд, бинобар ин, ӯро баъзан «қассобача» ном мебурданд. Баъди чанде падарандар ва модараш вафот мекунанд ва тарбияи онҳоро тағояш Қозӣ Низомиддин ба уҳда мегирад. Шодравон Ҳасанбой Шарифов суханони худро идома дода, менависад, ки «алқисса, Яъқуббек мудом бо Хуҷанд қаробат дошт, бо ёди ин шаҳри аҷдодӣ мезист, бо хешу табор ва ёру ошноҳои хуҷандияш дар тамос буд, ба ин ҷо зуд-зуд омада мерафт. Агар ин тавр намебуд, ӯ баробари ҳокими Хуҷанд таъйин шуданаш дар байни шаҳриён обрӯйи зиёд пайдо намекард, дар андак муддат бо чандин ашхоси бонуфузи инҷойӣ сирдону ҳолдон ва қудову анда намешуд».
Акнун меоем сари ин ки падари ҳақиқии Яъқуббек кӣ буд: Мулло Мирлатифбеки қаротегинӣ ё Мулло Исматуллои хуҷандӣ? Бояд гуфт, ки аксари муҳаққиқон қайд кардаанд, ки падари аслии Яқуббек қозӣ Мирмуҳаммадлатифбеки қаротегинӣ мебошад ва шахси кӯкнориву беобрӯ ва иғвогар набуда, аз ҷумлаи фозилон ва ашрофзодагони замони худ ба шумор мерафтааст. Аз ҷумла пажӯҳишгари маъруфи англис Д.Ҷ.Боулҷер дар ин бора чунин менависад: «Падараш Мирмуҳаммад-мирзо дар мансабҳои поёнӣ кор мекард. Ин шахс аслан аз деҳаи Даҳбеди наздикии Самарқанд буда, дар давраи Мадалихон (хони Хӯқанд) барои таҳсил ва мақом ёфтан ба Хӯҷанд кӯчида омада буд, аммо дар Хуҷанд Мирмуҳаммад бо сабаҳои ба мо номаълум ба масъалаҳои динӣ неву ба масъалаҳои мулкӣ машғул мешавад. Пас аз чанде ӯро қозии ноҳияи Қурама таъйин мекунонд. Вай дар ин ҷо занеро ба никоҳи худ даровард, аз ӯ Муҳаммадориф ном писаре дид. Баъдтар, Яъқуббек ин акои падар яку модар ҷудояшро амбан (ҳоким)-и ноҳияи Сарикӯли Кошғар таъйин мекунад, вале ӯ дар ин вазифа муваффақ нагардид…
Бобоёни Яъқуббек аз Қаротегин, мавзеи ҳамҷавори Бадахшон буданд. Падараш Мирмуҳаммадлатифбек баъди Қаротегинро истило кардани ӯзбекон гурехта меояд, вале ҳеҷ кас аниқ намедонад, ки Мирмуҳаммадлатифбек дар Даҳбеди Самарқанд таваллуд ёфтааст ё дар Қаротегину Хӯқанд. Бо вуҷуди ин, падару модари Яъқуббек одамони волонасабу соҳибэҳтиром будаанд». (Ниг.: Д.Ҷ. Боулҷер. Асари мазкур, саҳ. 109. Нақли қавл аз китоби Ҳасанбой Шарифов. «Яъқуббеки Бадавлат», Москва, 2001, саҳ. 317–318).
Шодравон Ҳасанбой Шарифов бисёр кӯшидааст, ки суханони Боулеҷерро рад кунад, вале ин корро боварибахш ва асоснок анҷом дода натавонистааст. Бо вуҷуди ин, чунин хулоcа баровардааст: «Бо андешаи мо, Боулҷер Яъқуббекро бесабаб ба Даҳбеду Қаротегин нисбат намедиҳад. Даҳбед, чунонки медонем, манзили баргузида ва оромгоҳи Махдуми Аъзам–асосгузори сулолаи Хоҷагони Кошғар аст. Бо ин далел Боулҷер хостааст собит бисозад, ки қаҳрамони ӯ дар маснади Кошғар шахси тасодуфӣ не, балки аз авлоди хоҷагон аст. Асли падари ӯро қаротегинӣ хонданаш бошад, шояд аз он рӯст, ки дар қарни нуздаҳ қаротегиниҳо дар байни муаллифони аврупоӣ ба ҳайси ҷанговару бағоят ҷасур маъруф буданд, онҳоро хусусан шуҷоату далерии дар лашкаркашиҳои хони Хӯқанд (гвардияи хон аз ҳамонҳо яккачин шуда буд) ва юришҳои баҳри озодии Кошғар (1826–1830) зоҳиркардаашон номвар гардонда буд. Бинобар ин, аҷаб не, Боулҷер таъкид карданист, ки Яъқуббек аслан аз тоҷикони «тарсу»-и водӣ не, аз кӯҳистониёни далер аст». Оё бо чунин «далелҳо»-и ғайриилмӣ метавон Яъқуббекро тоҷики хуҷандӣ номид? Албатта не, зеро дар ягон сарчашмаи таърихӣ гуфта нашудааст, ки падари ӯ муллои дуохони хуҷандӣ Исматулло мебошад. Баръакс, аксари муаррихон ва муҳаққиқон таъкид кардаанд, ки Яъқуббеки Бадавлат аз тоҷикони кӯҳистонии қаротегинӣ буда, асли баромади ниёгонаш аз Даҳбеди Самарқанд аст.
Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки баъди пайвастани шоҳигарии Қаротегин ба аморати Фарғона, ки баътар номи хонигарии Хӯқандро гирифт, нуфуз тоҷикони кӯҳистон дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ин давлати паҳновар беш аз пеш меафзояд. Афсарон ва сарбозони сипоҳи яккачин ва зарбазани хонигарии Хӯқанд асосан аз мардуми Қаротегин буданд. Бисёр вазифаҳои баланд ва калидии давлати мазкурро тоҷикони қаротегинӣ дар даст доштанд. Масалан, худи марҳум Ҳасанбой Шарифов дар яке аз навиштаҳои аввалинаш дар бораи Яқуббеки Бадавлат аз ҷумла чунин таъкид намудааст: «Туркистон баъди тасарруфи хони Хӯқанд як навъ мулки авлодии тоҷикони қаротегинӣ қарор мегирад. Дур аз диёр ин мардум соҳиби мансабҳои баланди маъмурӣ ва имтиёзҳои беҳудуд гардиданд. Ҳокимони мавзеъҳои Қазоқистони Ҷанубӣ асосан аз ҷумлаи онҳо таъйин мешуданд. Бо ҷидду ҷаҳди ҳаммиллатони мо сарзамини қазоқ рӯ ба тараққӣ ва пешрафт ниҳода, савдо бо Русия тавассути корвонҳо авҷ мегирад. Воқеан, ба наздикӣ дар шаҳри Туркистон ҳуҷҷатҳои зиёде дарёфт гардиданд, ки ҳамагӣ мансуб ба давраи салтанати хонҳои Хӯқанд буда, саросар бо шеваи қаротегинии забони тоҷикӣ навишта шудаанд». (Ниг.: Ҳасанбой Шарифов. Тоҷики гарданкашу лашкаршикан, рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон», 1990, 25 ноябр).
Чуноне гуфта гузаштем, Яъқуббеки Бадавлат аз овони кӯдакӣ аз падару модараш ятим мемонад ва дар тарбияи тағояш қозӣ Низомиддин ба воя мерасад. Ӯ дар аёми ҷавонӣ дар чойхонае ба ҳайси пешхидмат ба кор медарояд, вале тағояш вайро дар назди бофандае ба шогирдӣ мемонад. Азбаски Яъқуббек ҷавони саркашу шӯх буд, ба шогирдии бофанда сар нафароварда, баъди чанд рӯз гурехта, ба хонаашон бармегардад. Ниҳоят Абдухолиқ ном ҳамсояашон, ки дар хидмати беки Қировчӣ мансаби бекларбегиро дар ихтиёр дошт, Яқуббекро ба ҳайси пешхизмат ва навкари мингбошӣ Гадойбойи парвоначӣ ба кор мегирад. Сипас мо Яқуббек ҷавонро дар хидмати Муҳаммадкарими Қашқаи парвоначӣ мебинем. Дере нагузашта Муҳаммадкарими Қашқа ҳокими Хуҷанд таъйин мегардад ва ӯ ҳамроҳ бо худ Яқуббеки ҷавонро бо худ ба шаҳри Тирози Ҷаҳон–Хуҷанди бостон меорад. Баъди чанде Муҳаммадкарими Қашқа кушта мешавад ва Яқуббек ба зодгоҳаш – Пискати вилояти Тошканд бармегардад. Баъдан ӯ шуғли сарбозиро пеша намуда, ба ҳайси ҷанговари савора ба лашкари беки Қировчӣ Нормуҳаммад парвоначӣ ба хидмат медарояд. Пас аз чанде беки мазкур хоҳари Яқуббекро ба занӣ мегирад ва риштаи хешутабории онҳо ба ҳам мепайвандад. Дар миён ҳокими Тошканд Азиз парвоначӣ аз итоати хони Хӯқанд сарпечӣ мекунад ва зидди хӯқандиён юриш оғоз менамояд, Нормуҳаммад парвоначӣ аз ноҳияи Қировчӣ ба шаҳри Тошканд лашкар кашида, бо шабохун шаҳрро ишғол мекунад. Азиз парвоначӣ асир меафтад ва ӯ чун бандӣ ба дарбори Хӯқанд фиристода мешавад. Яқуббек дар ин амалиёт фаъолона ширкат меварзад ва ба рутбаи юзбошӣ соҳиб мегардад. Аз ҳамин ҷо корномаи ҷангии ин сипаҳсолори тоҷик шурӯъ гардид. Масалан, боре қазоқҳои атрофи Тошканд исён бардошта, шаҳрро муҳосира мекунанд. Яъқуббеки Бадавлат ба зидди онҳо бебокона меҷангад. Дар ҷанге аспаш кушта шуда, худаш асир мефтад. Қазоқҳо ӯро дар қалъаи Ниёзбеки наздикии Тошканд зиндон мекунанд, вале Яқуббек илоҷе ёфта, аз зиндон мегурезад. Барои ин ҷасорату корнамоӣ ба Яъқуббек рутбаи панҷсадбошӣ (понсад) медиҳанд.
Дар пешрафти кор ва комёбиҳои ноилгардидаи Яъқуббек хизмати сипаҳсолори машҳури тоҷик Қаноатшоҳи Қаротегинӣ, ки он вақт ҳокими Тошканд ва Чимкенту Туркистон буд, хеле калон аст. Чунонки дар боло қайд карда гузаштем, лашкари асосӣ ва зарбазани хони Хӯқанд аз ҷавонмардони тоҷики қаротегинӣ, бадахшиву хатлонӣ иборат буд ва онҳо барои нангу номус мардона меҷангиданд. Худи Қаноатшоҳи Қаротегинӣ Яъқуббеки ҷавону далер ва ҳамшаҳрии худро дида, ӯро ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунад. Бо дастгирӣ ва пешбарии ӯ Яъқуббек соли 1946 аввал беки Чиноз ва сипас беки Авлиёато таъйин мегардад. Дар ин вазифаҳо низ чунон маҳорати корбарӣ ва роҳбарӣ нишон медиҳад, ки аллакай соле пас хони Хӯқанд ӯро воли (ҳоким)-и вилояти Оқмасҷид (Қизилӯрдаи ҳозира) таъйин мекунад ва ба вай рутбаи қушбегӣ медиҳад, ки дар Русияи подшоҳӣ баробари рутбаи генерал–губернатор буд. Яқуббек дар ҳамин давра соли 1847 милодӣ бо қипчоқдухтаре бо номи Зиёлик издивоҷ мекунад ва соҳиби чаҳор писар: Бекқулибек, Ҳаққулибек, Худойқулибек ва Ҳайдарбек мешавад.
Аз рӯзе, ки Яъқуббек ҳокими вилояти Оқмасҷид таъйин мешавад, масъулияти бузург–ҳифзи марзҳои шимолии Осиёи Миёнаро ба дӯш мегирад. Вай акнун худро ба амнияти тамоми минтақаи баҳри Арал масъул меҳисобад. Қӯшунҳои Русияи подшоҳӣ дар резишгоҳи рӯди Сир ҷой гирифта буданд. Соли 1847 милодӣ онҳо ба сохтани шаҳраки Раим (шаҳри Аралски ҳозира) шурӯъ мекунанд. Сохтани чунин пойгоҳ оғози амалиёти ҷангиро дар минтақаи Осиёи Миёна тезонид.
Аллакай тирамоҳи соли 1850 қалъаҳои Қӯшқурғон ва Каттақӯрғон ҳадафи ҳуҷуми аскарони Русияи подшоҳӣ қарор гирифтанд. Махсусан муҳорибаи Қӯшқӯрғон шадид сурат гирифт. Гарнизони камшумори он ба муқобили отряди 250 нафараи казакҳо ва пиёдааскарони рус то имконияти охирин меҷангад. Русҳо аз ин қалъа ҳамагӣ 5 сарбоз ва 11 нафар занону кӯдаконро мегиранд. Сокинони боқимонда диловарона ҷангида, ҳалок мешаванд. Ҳамин гуна ҷанги сахт дар қалъаи Чимқӯрғон ба амал омад . Ҳамаи ин набардҳо аз он дарак медод, ки русҳо ба наздикӣ ба истилои калонҳаҷми Осиёи Миёна даст хоҳанд зад. Яъқуббек вазъияро пай бурда, барои дифоъ чораҳои зарурӣ андешид ва чандин маротиба бо русҳо даргир шуд. Дар чанд муҳориба, аз ҷумла муҳорибаи Оқчабулоқи назди Оқмасҷид Яқуббек ғалабаи дурахшон ба даст овард. Дар ин ҷангҳо махсусан тоҷикони далери кӯҳистонӣ бо сарварии мингбошӣ Шодихоҷаи қаротегинӣ қаҳрамониҳо нишон медиҳанд. Умуман, Яъқуббеки Бадавлат дар муҳориба бо русҳо панҷ маротиба захмдор мешавад.
Дар ин давра дар хонигарии Хӯқанд кашмокашиҳо авҷ мегирад. Дар давра қипчоқҳо бо сарварии Мусулмонқул исён мебардоранд ва ҳукуматро ба даст мегиранд. Худоёрхон бо кӯмаки сипаҳсолор Қаноатшоҳи Қаротегинӣ бо қипчоқҳо мубориза мебарад. Дар рафти се маъракаи ҷангӣ Мусулмонқул сахт шикаст мехӯрад. Дар муҳорибаҳои ҷангӣ Яъқуббек бо лашкари далери худ корнамоиҳо нишон медиҳад ва ба ҳайси лашкаркаши варзида ва бомаҳорат машҳур мегардад. Дар натиҷа қипчоқҳо сахт шикаст мехӯранд ва сарвари онҳо Мусулмонқул кушта мешавад. Бо фармони Худоёрхон қипчоқҳоро қатли ом мекунанд. Дар натиҷа беш аз бист ҳазор нафари онҳо кушта мешаванд. Пас аз фурӯ нишондани исён ва фитнаи қипчоқ соли 1852 милодӣ бо фармони Худоёрхон Яъқуббек ҳокими Хуҷанд таъйин мегардад. Ӯ дар ин шаҳри бостонии тоҷикон қариб як сол сарварӣ мекунад ва ба кори ободонӣ машғул мешавад, вале дере нагузашта ба Худоёрхон хабар мерасонанд, ки Яъқуббек қасди суиқасд ба ҷони ӯро дорад. Хони Хӯқанд амр медиҳад, ки Яқуббекро ҳабс карда, ба наздаш оранд. Бо ин мақсад ба Хуҷанд Қамбар-понсадро бо дусад савора мефиристад, вале Яқуббеки ҳушёру зирак вазъияти хатарнокро пай бурда, ба Ӯротеппа ва аз он ҷо ба Бухоро фирор мекунад. Амири Бухоро Насурулло, ки ҷасорат ва маҳорати сипаҳсолории ӯро шунида буд, Яқубббекро ба хизмати худ мепазирад. Дере нагузашта вай дар юриши амири Бухоро бар зидди қабилаи кенагасҳои туркнажоди Шаҳрисабз фаъолона ширкат меварзад ва корнамоиҳо нишон медиҳад. Худоёрхон аз корнамоиҳои Яқуббеки Бадавлат дар аморати Бухоро бохабар шуда, аз кардаи худ пушаймон мешавад ва ӯро боз ба дарбори худ даъват мекунад.
Дар дарбори Хӯқанд Яъқуббек бо дастгирии сипаҳсори машҳури тоҷик ва садри аъзами ин хонигарӣ Қаноатшоҳи Қаротегинӣ бори дигар соҳиби мақому мартабаи олӣ мешавад ва дар муҳорибаҳо бо аморати Бухоро ва Русияи подшоҳӣ фаъолона ширкат меварзад. Масалан, ӯ дар рафъи ҳуҷуми якуми генерали рус Черняев ба шаҳри Тошканд (аз 2–4 октябри соли 1864 милодӣ) шуҷоат ва далерии зиёд нишон медиҳад. Муҳаққиқон мегӯянд, ки истеъдоди лашкаркашии Яъқуббек бори нахуст ба пуррагӣ маҳз дар ҳамин набард ба зуҳур омад. Қӯшунҳои рус ба шаҳри Тошканд аз самти Дарвешак (роҳи Хӯқанд) ҳамла меоранд. Дастаи зарбазани онҳо таҳти сарварии подполковник Обух бо ду рота ва чаҳор тӯп ҳаракат кард, ки ба девори шаҳр рахна зада, аз он вориди шаҳр гардад, аммо ғайричашдошт ба муқобилияти шадиди муҳофизон дучор омад. Аз болои девор тир ба монанди борон меборид. Ҳимояи самти мазкурро сипаҳсолор Олимбек ба Яқуббек супурда буданд. Ӯ мудофиаро тавре ташкил кард, ки аскарони рус аз хандақи таги девор гузашта натавониста, ноилоҷ монданд. Чун талвосаи душман аён гашт, Яъқуббек бо сарбозонаш аз деворҳо сарнишеб шуда, ба казакҳо дарвехт. Задухӯрди хунине ба амал омад, ки дар он тарафайн ба тараҳҳум умед набаста, меҷангиданд. Яъқуббек пешопеши саф сари душманро аз тан ҷудо мекард. Дар ин муҳориба подполковник Обух ба ҳалокат расид ва сарбозонаш рӯ ба гурез ниҳоданд. Вазъиятро бо қӯшуни иловагӣ худи генерал Черняв ҳам тағйир дода натавонист. Рӯйи замин аз ҷасади мурдагон пур шуда буд. Сарфармондеҳи рус маҷбур шуд, ки ҳуҷумро қатъ кунад ва ақибнишинӣ намояд. Ӯ фаҳмид, ки лашкаркашони варзидаи хӯқандӣ ба тактикаи ҷангии ӯ кайҳо сарфаҳм рафтаанд ва ин дам онҳоро шикаст додан амри муҳол аст. Дар ин муҳрибаи хунин қӯшуни Русияи подшоҳӣ 80 нафари худро талаф дод ва шумораи маҷруҳон низ хеле зиёд буд. Лашкари ғосиби Русияи подшоҳӣ аз сарбозони далери Яқуббек шикасти сахт хӯрда, ба Чимкент баргашт. Бори аввал генерал Черняв дар Осиёи Миёна бо рақибе вохӯрд, ки дар илми ҷанг дар баробари ӯ буд. Баръакс, ғалаба дилҳои сокинони Тошканд ва сарбозони далери хонигарии Хӯқандро лабрези фараҳ ва умедашонро ба оқибати хайри мубориза қавӣ гардонд. Ба шарафи зафар дар шаҳр иди бошукӯҳ барпо гашт ва якчанд рӯз давом кард. Сафармондеҳи кулли артиши хонигарии Хӯқанд Олимбек дар қатори чанд нафар сарлашкарон ҷасорати Яқуббекро алоҳида қадр намуд. Эҳтимол ҳамин истеъдоду далерии аснои муҳорибаи мазкур зоҳиркардаи ӯ Олимбекро ба хулосае меорад, ки шахси аз уҳдаи миссияи ҳарбӣ–сиёсиии Кошғар мебаромада ҳамин Яқуббеки Бадавлати тоҷик асту бас. Бинобар ин, ӯро барои озод кардани Кошғар аз зери зулми аҷнабиёни хитоӣ ба он сарзамин мефиристад.
Инак, ӯро мо ҳамроҳи лашкари далер худ дар мулки Кошғари Чин мебинем, ки он вақт он сарзаминро Бухорои Хурд меномиданд. Дар зарфи як сол Яқуббек бо лашкари начандон калони худ, ки аз ҷумлаи тоҷикони кӯҳистонии қаротегинӣ, бадахшӣ, хатлонӣ ва афғонӣ ташкил ёфта буд, лашкари хитоиёни истилогарро борҳо шикаст дода, якчанд хонигарӣ ва мулкҳои мустақил, аз қабили Ёрканд, Қошғар, Хутан, Оқсу, Учтурфон, Кӯча, Курларо ба худ тобеъ намуда, тамоми амирон ва ҳокимони Осиёи Марказӣ ва ҳамсояҳои абарқудратро ба ҳайрат гузашт. Ҷавонмардони далери тоҷик солҳои пеш низ дар муборизаи миллӣ–озодихоҳии мардуми Кошғар ба зидди истилогарони хитоӣ мардонагӣ ва ҷонбозӣ нишон дода буданд. Адиби машҳури қазоқ ва афсари артиши Русияи подшоҳӣ Чокан Валихонов аз шуҷоату далерии дар аснои ҷангҳои кошғариён бо артиши сершумори империяи Хитой (соли 1826–1630 милодӣ) зоҳиркардаи ҳаммиллатон ва ҳамдиёрони мо чунин менависад: «Тоҷикони кӯҳистон бо мардонагии фавқулода меҷангиданд. Сару либоси сиёҳу танги онҳо боиси пайдо шудани овозаҳое шуд, ки гӯё бо хитоиҳо мусалмонон нею англисҳо меҷанганд. Ҳол он ки дар ин ҷо ягон англис набуд. Хитоиҳо аз ниҳеби тоҷикон тарсида, ба қалъаи худ пинҳон шуданд ва Ҷаҳонгир зери нидоҳои шодиёнаи мардум ба Кошғар ворид гашт».
Ғалабаҳои пайдарпайи Яъқуббек ба дили мардуми истилошудаи Осиёи Миёна шуълаи умед ангехт. Бисёр касон озодшавии сарзамини худро аз ӯ нигаронӣ мекашиданд. Нафарони зиёде аз аморати Бухоро ва хонигарии Хӯқанд ба мулки Кошғар мешитофтанд ва мартабаву ҷоҳу ҷалоли баланд меёфтанд. Обрӯву эътибори Яъқуббеки Бадавлат дар Туркистони Шарқӣ низ бағоят афзуда, ба қавли таърихнигори маъруф Мӯсои Сайрамӣ “дар боби салтанату давлатдорӣ, лашкаркашиву низоми сиёсатронӣ ва тартибот гӯё амири кабир Темури Курагонии Сонӣ мегардад”.
Бешак, фарзанди барӯманди тоҷикро дур аз Ватан фатҳу нусрати азиме муяссар гашт. Яъқуббек худро сарвари давлати наве бо номи Ҳафтшаҳр эълон карда, соҳиби лақабҳои ифтихории “Бадавлат” ва “Атолиқи Ғозӣ” гардид. Ҳамин тариқ, мардумони мазлуми мусалмони Кошғар, ки беш аз сад сол зери зулми аҷнабиёни хитоӣ қарор доштанд, дар натиҷаи кӯшиш ва талоши сипаҳсолор ва ходими намоёни давлатии тоҷик соҳиби давлати мустақили худ гардиданд. “Ҳафтшаҳр” ном гирифтани давлати навбунёд аз он хотир буд, ки ба ҳайаташ шаҳрҳои Кошғар, Янгиҳисор, Хутан, Оқсу, Ёрканд, Кӯча ва Курла дохил мешуданд. Ба ақидаи муҳаққиқони маъруф, ба давлати ягонаи муттамарказ гардидани Туркистони Шарқӣ ё худ мулки Кошғар аҳамияти бузурги прогрессивӣ дошт ва барои идомаи муборизаи халқҳои кишвар барои озодӣ ва истиқлолият хеле хуб мусоидат намуд.
Бояд гуфт, ки дар даврони ҳукмронии Яъқуббеки Бадавлат забони коргузории давлатии Ҳафтшаҳр форсии тоҷикӣ ва туркии уйғурӣ буд, вале тамоми амру фармонҳои ӯ ба забони форсии тоҷикӣ навишта мешуданд. Барои мардуми тоҷик ва форсизабон тамоми шароитҳои мусоиди иҷтимоиву фарҳангӣ муҳайё буд. Худи Яъқуббек бо сафирони мамолики хориҷӣ ҳамеша бо забони модарияш–форсии тоҷикӣ суҳбат мекард. Ин хислати Яъқуббеки Бадавлатро сайёҳ ва шарқшиноси машҳури маҷор Герман Вамбери, ки ҳини сафарҳо бо ӯ шахсан вохӯрда, суҳбатҳо ороста буд, дар хотироти худ таъкид намуда, ӯро “ҳокими аз ҳама ҷасур, доно ва ояндааш дурахшон” номидааст.
Бояд гуфт, ки дар ҳақиқат, Яъқуббеки Бадавлат сипаҳсолори варзида ва лашкаркаши боистеъдод буд. Ба маҳорату қобилияти фавқулодаи ҳарбии ӯ ҳамзамононаш – сайёҳону сафирони русу англис ва ғайра баҳои баланд додаанд. Бо гуфти онҳо Яъқуббеки Бадавлат марди бебоку таҳамтан ва дар ҷанг сафдар будааст. Қобилияти аз ин болотари вай бунёди артиши нави типи аврупоӣ мебошад. Ӯ аз таҷрибаи ҷангҳои зидди Русия хуб медонист, ки бе артиши муташаккил ва хуб мусаллаҳ бо империяи Чин–давлати бузурги абарқудрат мубориза бурдан ва панҷа нарм кардан амри муҳол аст. Бо ҷидду ҷаҳд ва талоши вай артише таъсис дод, ки дар таърихи Туркистони Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ҳамто надошт. Ин лашкар аз ҷиҳати силоҳ ва сатҳи таълим дар тамоми кишварҳои ҳамонвақтаи Шарқ ҳам камназир буд. Ҳунари ҷангии онро муаллифони англис, аз ҷумла Боулҷер бисёр таърифу тавсиф кардаанд. “Рафту агар русҳо ба Кошғар ҳуҷум меоварданд,–менависад ин муҳаққиқ, – Яъқуббек бо онҳо бо тамоми қувваташ меҷангид ва мурад ҳам таслим намешуд. Миқдори лашкари мунтазаммаш чандон бисёр ҳам набошад, аз лиҳози ҷангшоямӣ ин қӯшун дар байни бисёр артишҳои Осиё дар сатҳи баланд меистод. Сарбозонаш агарчи дар лаёқати ҷанговарӣ бо сикхҳову туркҳо ва афғонҳо барбар намеомаданд, вале аз ҳампешагони бухороиву хевагӣ ва хӯқандии худ афзалияти комил доштанд. Ва ин артишро Яъқуббек бо ақлу заковати худ ташкил карда буд”.
Аз ҳама бештар Яъқуббеки Бадавлат ба мусаллаҳсозии артиш таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекард. Дар вақти ба сари ҳокимият омадани ӯ шӯришгарони уйғуру дунган ба қадри кофӣ фақат шамшеру найза доштанд. Якчанд устохонаи хурди милтиқсозӣ талаботи рӯзафзуни ба силоҳҳои оташфишондоштаи артиши сершумори давлати Ҳафтшаҳрро таъмин карда наметавист. Аз ин рӯ, Яъқуббек бо камоли хирадмандӣ ба ташкили саноати ҳарбӣ шурӯъ намуд. Ин иқдомаш дар Шарқи он вақта ҳодисаи гӯшношунид ба ҳисоб мерафт. Бо амри ӯ дар Кошғар якчанд заводи истеҳсоли борут сохта шуд, ки эҳтиёҷоти артиши Яқуббекро асосан қонеъ мекард. Дипломати рус полковник Рейнтал гувоҳӣ медиҳад, ки дар Кошғар инчунин заводи тӯпрезӣ ва заводи махсуси истеҳсоли снарядҳои сочмадор амал мекарданд. Бо кӯмаки мутахассисони англис Яъқуббек тавонист истеҳсоли гулӯлаҳои пошхӯр ва гранатаҳоро низ ба роҳ монад. Ҳамчунин ба таври фаврӣ заводи милтиқсозие бунёд намуд, ки дар он милтиқҳои чақмоқӣ ба милтиқҳои зудпаррон табдил дода мешуданд. Соли 1875 артиши Яқуббек аллакай 4 ҳазор дона чунин милтиқ дошт. Афзоиши сершумори артиш ва бо силоҳи вазнин муҷаҳҳаз гардондани он эҳтиёҷро ба кадрҳои ҳарбӣ зиёд намуд. Аз ин рӯ, бо амри Яқуббеки Бадавлат дар Кошғар нахустин омӯзишгоҳи ҳарбӣ кушода шуд, ки ба афсарони оянда мутахассисони турку англис илми ҳарб меомӯзониданд.
Аз ҳамин ҷо буд, ки Яқуббеки Бадавлат беш аз даҳ маротиба ба лашкари империяи Хитой шикаст дод ва мақому манзалати давлати худро дар арсаи байналмилалӣ то рафт баланд бардошт. Ӯ дар қатори пешрафтҳои ҳарбию иқтисодӣ ба масъалаи сиёсати берунии давлати худ диққати махсус медод. Бо давлатҳои дуру наздик, аз ҷумла Афғонистон, Бухоро, Ҳиндустон, Британия, Туркия, Русия ва ғайра робитаҳои дипломатӣ барқарор намуд. Аммо комёбиҳои Яқуббеки тоҷикро давлатҳои абарқудрати Русияи подшоҳӣ ва Хитой чашми дидан надоштанд ва бо ҳар роҳу восита мехостанд, ки давлати ташкилкардаи ӯро аз байн бибаранд. Онҳо бо роҳи ҳарбӣ ва ҷанг ин нияти худро анҷом дода натавонистанд, бинобар ин, бо роҳи суиқасд сипаҳсолори далери тоҷикро ба шаҳодат расониданд. Пас аз дувоздаҳ соли ҳукмронӣ, дар санаи 1 майи соли 1877 милодӣ, Яқуббеки Бадавлат аз тарафи хоинон ноҷавонмардона кушта шуд ва бар асари кашомакашии дохилӣ ва таҷовузи ҳарбии империяи Хитой давлати таъсисдода ӯ – Ҳафтшаҳр аз байн бурда шуд. Писартағои Яъқуббек–Комилхон-эшон дар асари худ “Таърихи Яъқубӣ” дар ин бора чунин маълумот додааст:
“Ниёзбек, ҳокими Хутан, нисбати Яъқуббек дар дил кинаи азим мепарварид. Ӯ барои куштани Бадавлат бо баъзе муқаррабони ӯ забон як карда, ба шаҳри Курла омад ва ба хӯроки Яқуббек заҳр андохт. Шоми ҳамон рӯз Бадавлат мирзои худро барои гуноҳе дарра мезанад, ки якбора дар ҷояш ғалтид. Ниёзбек, ки ин дам дар ҳамон ҷо ҳозир буд, зуд ӯро ҳамроҳи ду нафар бардошта, ба хонаи дарун даровард...”. Таърихнигори маъруф Мӯсои Сайрамӣ дар ин бора чунин менависад: “Оташи ғазаби Атолиқи Ғозӣ (яъне Яъқуббек) фағона мезад. Қазоро рӯзе Камолиддин-мирзоро барои ким-кадом гуноҳе калтаккорӣ фармуданд. Ясавулон ӯро муддаои табъ заданд, вале хумори ҷаноби олӣ нашикаст. Худашон қамчин ба даст гирифтанд. Як маҳал аз задан хаста шуда, чойи хунук талабиданд. Маҳраме чой овард. Пиёларо бозабр бардоштанд, аммо вай чойи хунук неву шарбати аҷал будааст. Якбора амсоли чароғпояе аз пой ғалтиданд, аъзои баданашон каб-кабуд гашт...
Баъзеҳо мегӯянд, ки вақте Атолиқи Ғозӣ (Яъқуббек) чойро ба даст гирифтанд, бо нури фаросат заҳрогин будани онро дарк карданд, пеш аз он ки бинӯшанд, муддате дар даст нигоҳ дошта, се маротиба “Ё Расуллоҳ!” гуфтанд ва хилофи одати ҳарвақтаашон се маротиба қулт кашида неву баякборагӣ нӯшиданд. Кадом тариқае ки набошад, аҷалашон расида будааст ва аҷали мавъуд, ки расид, дар назди он чи подшоҳи олимақому чи гадои залил баробар аст...”.
Имрӯз ҳам пажӯҳишгарон бар он ақидаанд, ки ба ҷони Яъқуббеки Бадавлат суиқасд сурат гирифта буд. Аз ҷумла донишманди уйғур Аблат Хоҷев соли 1979 баъди таҳқиқоти тӯлонӣ ба хулосе омад, ки Яъқуббеки Бадавлат на аз сактаи майна, балки аз заҳре ҳалок гардида буд, ки ба ӯ ҷосуси хитоиҳо Ниёз–ҳокими Хутан хӯронда буд. Ишораи Мӯсои Сайрамӣ “тамоми аъзои бадани Яъқуббек каб-кабуд шуд”, аз он шаҳодат медиҳад, ки ӯро ноҷавонмардона заҳр дода буданд. Ватанфурӯши нобакор–Ниёз ва шарикони ӯ Яъқуббеки Бадавлатро дар лаҳзае куштанд, ки тақдири давлати таъсисдода ва ба истиқлолрасидаи ин ҷавонмарди бузурги тоҷик дар сари мӯй истода буд. Марги ногаҳонии Яъқуббеки ботадбир дили лашкарро шикаст, минбаъд мамлакати бесарвармонда ба вартаи харҷу марҷ афтода, кашмокашӣ ва низоъҳои дохилӣ онро ба нестӣ расониданд ва мардумони сарзамини Кошғари бостониро империяи абарқудрати Чин бори дигар асиру зердасти худ гардонид.
Албатта, дар сарчашмаҳои таърихӣ дар бораи ин шахсияти маъруфи сиёсӣ ва ходими давлатӣ фикру андешаҳои гуногун гуфта шудаанд ва баъзе муаллифон ӯро ғаразнок сиёҳ намудаанд, вале муҳаққиқи маъруфи англис Д.Боулҷер мушти обдоре ба даҳони бадхоҳони Яъқуббек мезанад: “Яъқуббеки Бадавлат дар Осиёи Марказӣ давлати осоиштаву пуриқтидор барпо карда, ба он беш аз 12 сол ҳукмронӣ намуд. Агарчи дар сиёсати беруниаш баъзе камбудиҳо содир шуда бошад ҳам, дар сиёсати дохилӣ давлати ташкилкардаи ӯ адолатпарвар буд. Яъқуббек дар ҷабҳаи ҳарбӣ ва лашкаркашӣ хеле корҳои шоёни таҳсинро анҷом дод... Вай шахси нотарсу далер буд. Оқилона ҳукм меронд, дар ҳунари маъмурӣ ва идоракунӣ аз ҳамзамононаш хеле боло меистод. Ӯ дар назди худ вазифа гузошта буд, ки дар Осиё ҳомии ислом мешавад ва тамоми фикру зикри худро ба ҳамин мақсад нигаронда буд. Бар хилофи амирони Бухорову Афғонистон, ки барои зиёд кардани сарват дину имони худро ба савдо мезананд, Яқуббек ҳеҷ гоҳ, ҳатто хорӣ кашад ҳам, дини исломро намефурӯхт. Ӯ чунин мавқеъро на фақат барои ҳифзи манфиатҳои аҳли Кошғар, балки барои дифои манфиатҳои тамоми мусалмонон пеш гирифта буд”.
Дар бораи мақому манзалати ин сипаҳсолор ва ходими намоёни давлатӣ муҳаққиқи варзидаи тоҷик шодравон Ҳасанбой Шарифов барҳақ чунин фармудааст: “Яъқуббеки Бадавлат дар сарзамини Туркистони Шарқӣ нақши бунёдгари тамаддунро бозид. Онро аз оғӯши бозмондагӣ ва фаромӯшӣ раҳо карда, ба шоҳроҳи тараққиёту пешрафт баровард. Ба шарофати Яъқуббек халқҳои ин кишвар ба пояҳои баланди худшиносӣ ва давлати ягонаи миллӣ соҳиб шуданд. Чунин бунёдкориҳоро шахсе ба амал бароварда метавонист, ки воқеан закӣ, хирадманд, ба авзои замон нағз сарфаҳм мерафтагӣ, ба худ ва қувваи созандаи халқ бовар дошта бошад. Мавсуф тамоми ин сифатҳоро доро буд.
Ба замми сипаҳсолорӣ вай сиёсатмадори варзида ва дипломати беҳамто буд. Алқисса, заҳмате, ки ин фарзанди тоҷик барои бунёду таҷаддуд ва бақои давлати Ҳафтшаҳри Кошғар кашид, аз ақл берун аст. Ҳеҷ кас он дам гумон надошт, ки рӯзе дар Туркистони Шарқӣ барин хилваткада чунин давлати паҳновару пуриқтидор арзи вуҷуд менамояд. Баробари навозиши райияти уйғураш Яъқуббеки Бадавлат ягон лаҳза аз хотир намебаровард, ки худ тоҷик аст. Дар сиришташ худшиносии амиқ маъво гирифта буд. Аз ҳамин рӯ, дур аз Ватан, дар хоки бегона, дар сарзамине, ки тоҷикони зиёд надошт, ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дод, давлати ташкилкардаашро ба тоҷикӣ “Ҳафтшаҳр” номгузорӣ кард.
Ҷидду ҷаҳд ва ҷонбозиҳое, ки Яъқуббеки Бадавлат баҳри озодӣ ва истиқлолияти халқҳои Туркистони Шарқӣ ба харҷ додааст, аз талоши Шомили доғистонӣ барин марди ғаюр ҳаргиз кам нест. Аз ин рӯ месазад, ки мо номи ин лашкаркаши далер, роҳбари ҳаракати азими халқиро дар радифи номҳои Муқаннаъ, Темурмалик, Маҳмуди Торобӣ, Қаноатшоҳ, Восеъ ба забон орем.
Ҳамаи ин ба мо, ҳаммиллатонаш ҳақ медиҳад, ки бо ӯ ифтихор дошта бошем. Бовар ҳаст, ки зиндагиномаи ин марди шерафкану далер барои наслҳои гуногуни ҳалқи тоҷик чун чароғи раҳнамо хизмат хоҳад кард”.
Қиёмиддин Сатторӣ, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон