10:51:07 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Тоҷики гарданкаши лашкаршикан... - II

 СИПАҲСОЛОР ҚАНОАТШОҲИ ТОҶИК

«Туркистон баъди тасарруфи Хӯқанд як навъ мулки авлодии тоҷикони қаротегинӣ қарор мегирад. Дур аз диёр ин мардум соҳиби мансабҳои баланди маъмурӣ ва имтиёзҳои беҳудуд гардиданд. Ҳокимони мавзеъҳои Қазоқистони Ҷанубӣ асосан аз ҷумлаи онҳо таъйин мешуданд. Бо ҷидду ҷаҳди ҳаммиллатони мо сарзамини қазоқ рӯ ба тараққӣ ва пешрафт ниҳода, савдо бо Русия тавассути корвонҳо авҷ мегирад. Воқеан, ба наздикӣ дар шаҳри Туркистон ҳуҷҷатҳои зиёде дарёфт гардиданд, ки ҳамагӣ мансуб ба давраи салтанати хонҳои Хӯқанд буда, саросар бо шеваи қаротегинии забони тоҷикӣ навишта шудаанд».

Ҳасанбой Шарифов. Тоҷики гарданкашу лашкаршикан, рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон», 25 ноябри соли 1990.  

samarkand3Таърих дар ҳар давру замон дар бистари худ мардонеро мепарварад, ки таърихро шакл медиҳанд ва онҳо аз қаламрави ҷуғрофии худ по фаротар ниҳода, бо кору пайкори хуш ба хонаводаи башарӣ тааллуқ мегиранд. Онҳо аз авроқи таърих ва хотироти наслҳо ба сурати афсона ва устура ёд мешаванд.

Оре, инсонҳое ҳастанд, ки дар раванди шаклгирии ҳодисаҳои бузурги таърихӣ нақши азиме аз худ мегузоранд ва ҷойгоҳи онҳо дар фароз ва нишеби таърих ҳамеша боқӣ мемонанд. Яке аз чунин мардони майдони сиёсату набард дар Осиёи Марказӣ Қаноатшоҳи Қаротегинӣ мебошад, ки мутаассифона, корномаи ӯ ба кунҷи фаромӯшӣ супорида шудааст ва аксари мардуми тоҷик дар бораи ин фарзанди фарзонаи хеш хабаре надоранд.   

Нависандаи Мардумии Тоҷикистон шодравон Шодон Ҳаниф дар бораи сипаҳсолор ва сиёсатмадори тоҷик, шоҳи Қаротегин ва сарвазири хонигарии Хӯқанд – Қаноатшоҳи Қаротегинӣ дар китоби худ «Рӯзгори родмард» (Душанбе, Деваштич, 2005) маълумоти пурарзиш додааст. Тибқи навиштаи ӯ ибтидои қарни нуздаҳи милодӣ Қаноатшоҳ, сипаҳсолори таҳамтан, ки яке аз чеҳраҳои дурухшони миллати тоҷик ба шумор меравад, аз дараҷаи сарбози қаторӣ то ба сатҳи сипаҳсолории давлати Хӯқанд (аморати Фарғона) сабзида ба камол мерасад ва солиёни зиёд ҳокими Тошканду Чимкент ва шоҳи Қаротегин буд. Қаҳрамонӣ ва корнамоиҳои ин сарлашкари машҳури халқи тоҷик дар набардҳои мусаллаҳона ва ҷангҳои ҳонигарии Хӯқанд алайҳи лашкари аморати Бухоро, бодиянишинони қипчоқу қароқалпоқ, қазоқу ӯзбак ва артиши рус чунон рангоранг ва созанда мебошад, ки ҳанӯз мардуми мо аз онҳо огоҳ ва бохабар нестанд.

Бале, Қаноатшоҳ дар замони фотеҳи номдору машҳур буд. Ӯ беҳтар аз дигар сарлашкарон дар муқобили ишғолгарони Русияи подшоҳӣ, ки мехостанд, ки диёри Мовароуннаҳрро ба тасарруфи худ дароварда, қасди ба обҳои гарми уқёнуси ҷанубӣ баромадан доштанд, муқовимати сахт нишон додааст. Ба ин хотир, Қаноатшоҳ дар замони худ ба қавли пажӯҳишгарони ватаниву хориҷӣ барҷастатарин ва нерумандтарин сипаҳсолори замони худ эътироф шуда буд ва ҳанӯз аз рӯзгор ва кишваркушоии ин лашкаркаши ҳамосаофарини тоҷик камтар иттилоъ дорем.

Аз китоби «Таърихи Шоҳрухия» (муаллифаш Мулло Ниёз) бармеояд, ки хонҳои охирини аморати Фарғона (хонигарии Хӯқанд)  ба садоқат ва диловариҳои Қаноатшоҳи Қаротегинӣ ҳусни таваҷҷуҳ ва итминони комил дошта, ӯро ба унвони як чеҳраи мумтоз, шахсияти фавқулодда ва сарлашкари ҷасур эътироф мекарданд. Дар ин китоб омадааст, ки Қаноатшоҳи Атолиқ се сифати мумтози худро ҳамеша ҳифз мекард: яке шуҷоат, дигаре хунсардиву таҳаммул ва сеюмӣ, ҳунари размороиву мубориза, ки ин сифатҳо дар байни сарлашкарҳои он давра камтар мушоҳида мешавад. Вай пеш аз сар шудани амалиёти ҷангии худ аз теъдод, лавозимоти ҷангӣ ва рӯҳияи размандагии душманони худ огаҳӣ ёфта, амалиётро аз атроф шурӯъ мекард. Аввал ба ҷойҳои заифи душман зарба мезад ва оҳиста-оҳиста ба тарафи маркази он ҳамла меовард ва ҳар бор онро ба муҳосира гирифта, зарбаҳои ғайричашмдор ворид менамуд, ки ин як омили пирӯзмандӣ ва ғалабаҳои ӯ буд. Бо ин роҳ вай қадам ба қадам ба душманони худ дастболо мегардид.

2-qanpatshoh 454587

Таърих гувоҳ аст, ки Қаротегин то замони салтанати хони Хӯқанд Мадалӣ (Муҳаммадалӣ, солҳои 1822 – 1842 милодӣ) шоҳигарии мустақил буд. Соли 1834 милодӣ ба хони Хӯқанд хабаре мерасад, ки писарони хони аз тахт маҳрумшудаи Хӯқанд – Олимхон бо номҳои Иброҳимбек ва Муродбек, ки онҳоро амири Фарғона Умархон аз салтанат ронда буд, ба Қаротегин рафта, паноҳ бурдаанд ва ният доранд, ки қувва ҷамъ карда, Хӯқандро ба даст оранд ва соҳиби тоҷу тахти падарашон шаванд. Аз ин нияти онҳо хавф бурда, хони Хӯқанд Мадалӣ (Муҳаммадалихон) ба Қаротегин бо сарварии Машариф Атолиқ лашкар фиристод, то онҳоро саркӯб намояд. Ҷанг дар мавзеи Сарипули наздикии ноҳияи Ғарм (алҳол ноҳияи Рашт) ба амал омад ва сипоҳи қаротегиниҳову дарвозиҳо шикаст мехӯрад. Аз он вақт пас Қаротегину Дарвоз ба тобеияти аморати Фарғона медароянд ва хонҳои Хӯқанд аз ин сарзаминҳо барои лашкари худ сарбоз мегиранд.

Қаноатшоҳ, ки ҷавони далеру шуҷоъ буд, дар аввал чун сарбоз ба лашкари хони Хӯқанд ҷалб шуда буд, дар ҷангҳо қаҳрамониҳо нишон дода, ба дараҷаи сарлашкарӣ мерасад. Вай аз ҷумлаи тоҷикони кӯҳистон дастаҳои зарбазан ва зудамал ташкил карда, аз туфангу тӯп, шамшер ва дигар лавозимоти ҷангӣ моҳирона истифода бурда, қалъаҳои душманро фатҳ мекард.

Муҳаммадсафари қаротегинӣ дар аввали навкариаш ёвари ҳамдиёраш Қаноатшоҳ буд. Баъд аз он, ки ӯ аз гузаштани чанд санҷиши низомӣ ва ҷангҳо Қаноатшоҳ ӯро аввал юзбошӣ (фармондеҳи сад сарбоз) таъйин мекунад ва амалу истифодаи чанд тӯпро ба ихтиёри ӯ мегузорад. Ин дастаҳои махсуси низомии Қаноатшоҳ комилан аз тоҷикони кӯҳистон: қаротегинҳо, вахёчиҳо, дарвозиҳо, кӯлобиҳо ва бадахшиҳо фароҳам омада буданд. Бо ин лашкари худ Қаноатшоҳ дар замони салтанати Олимхону Мадалихон қаламрави аморати Фарғонаро васеъ намуд. Дар ин давра ӯ шаҳрҳои Тошканд, Хуҷанд ва Ӯротеппаро фатҳ карда, қабилаҳои қазоқу қипчоқро низ ба ин хонигарӣ тобеъ намуд.

Қаноатшоҳ марде буд баландқомат, ҳузарб, чусту чолок, бо дасту бозувони қавӣ, тоссар, бо чашмони мешӣ, тезбин, сабур ва бурдбор. Вай чун сарлашкар дар шабохунзанӣ, муҳосира кардан ва ғофилгирии душман беназир буд. Азбаски дар ҷасорат ва танзим додани амалиёти ҷангӣ дар байни лашкар эътибор дошт, дар лаҳзаҳои душвортарин ва ҳассотарини набард ягон сарбози ӯ аз ҷабҳа пушт намегардонид. Бо дастури сипаҳсолори худ сарбозонаш бе тарсу бим ва таконе нахӯрда, рӯ ба рӯйи душман истода меҷангиданд, зафар меёфтанд ва гоҳе ҷонбозиҳо намуда, ҷоми шаҳодат менӯшиданд. Онҳо бо ин пайкорашон дар бинои дорулсалтанати Хӯқанд доди мардонагӣ ва диловариро нишон медоданд.          

Дар аҳди салтанати худ Умархон (солҳои 1810 – 1822 милодӣ) дар ҳама лашкаркашиҳояш сипаҳсолор Қаноатшоҳи Қаротегиниро бо худ мебурд ва зафарёб мегардид. Ӯ бо созмондиҳиву лашкаркашии Қаноатшоҳ ба тарафи шимол юришҳо карда, сарзамини Туркистон ва масоҳати паҳновари даштҳои Қазоқистонро аз баҳри Арал то Ҳафтрӯд ишғол намуд. Пас аз Умархон писар ва вориси ӯ Муҳаммадалӣ (Мадалихон) ин ҷавони далери кӯҳистониро ба лашкари худ ҷалб намуда, амнияти хонигарии худро мустаҳкам гардонид ва ҳар бор бо лашкари худ ба аморати Бухоро ва дигар кишварҳои ҳамҷавори худ таҳдид мекард. Пас аз сипарӣ шудани салтанати Норбӯтахон ба сари тахт Олимхон меояд, ки ӯ низ ба мардуми тоҷики кӯҳистонӣ хушбин буд ва назари нек дошт. Вай як ду нафар давлатхоҳе (хайрхоҳ, некхоҳ) аз мардуми бадахшӣ, дарвозӣ, қаротегинӣ, ҳисориву кӯлобӣ дошт.

Муаллифи китоби «Таърихи Шоҳрухия» менигорад, ки аксари шабҳо бо ҳам нишаста, бо онҳо сӯҳбат медошт. Як шабе аз рӯйи шафқат ва мусофирпарварӣ илтифоти бағоят хоқонии худро дар бораи онҳо арзонӣ дошта, ба тариқи рафиқ маслиҳати соҳибқиронӣ дар миёни онҳо ниҳод. Онҳо бо тариқи бандагӣ изҳор доштанд, ки «Ҷаҳонпаноҳо, ин мардуми туркия бадгиру бадтадбир ҳастанд ва ба тадбири бадгӯйӣ мехоҳанд мо, мусофиронро аз илтифоти ғарибнавозиат дур андозанд ва маҳҷур гардонанд». Хони солимдил бо суханони нарм ва бо такаллуфҳои гарм суханро бад-ин ҷо қарор дод, ки ҳар бадгӯй сухан аз хатои ин мусофирон ба саъми ҳумоюнӣ расонад, гузашт нанамояд. Сониян, тоҷикон ба саъми хон расониданд: «Ҷаҳонпаноҳо, мебояд, ки аскарияро ду тоифа аз тоҷикия тартиб диҳем ва пеши ҷангҳо нусрату пирӯзӣ ба даст орем. Қаротегинӣ ва вахёчиро як гурӯҳ намоем, дарвозӣ, бадахшӣ, кӯлобӣ, ҳисорӣ, рӯшонӣ ва шуғнониро як гурӯҳ созем. Ин ду гурӯҳро дар муҳосираи қалъа аз ду ҷониб равона созем. Онҳо аз барои талоши нанг ва номус ба якдигар тан ва ҷонҳои худро дар роҳи хидмати ту нисор созанд. Ин ҳама ноуҳдабароии мо аст, ки муттафиқӣ ва бовариро аз даст дода, оқибат ба сарзаниши якдигар ҷуръат кардаем…».

Хони суханшунав маслиҳат карда, ба бадахшиён амр намуд, ки ҷамоаи дарвозӣ, бадахшӣ, шуғнӣ ва рӯшониро дар ҳар ҷо ва дар ҳар маконе, ки бошанд, ҷамъ намоянд ва ба қаротегиниён мефармояд, ки шумо мардуми вахёчӣ ва қаротегиниро ҷамъ оваред. Дар андак рӯз аз мардуми қаротегинӣ ва вахёчӣ се ҳазору ҳафтсад тоҷик ҷамъ гардид, вале аз мардуми дарвозӣ, бадахшӣ, шуғнонӣ ва рӯшонӣ ба панҷсад адад расид. Ин дастаи тоҷикияро аз назари ҳумоюнӣ даргузарониданд, мукаммал бо силоҳу яроқ мусаллаҳ намуда, ба ҳамаи онҳо сарулибос ва асп доданд.

Дарвозиён ва бадахшиён ба ҷаноби ҳумоюнӣ арз намуданд, ки ҷаҳонпаноҳо, аз ин мардум дар ин диёрҳо бештар аз панҷсад кас наёфтем. Умед дорем, ки агар марҳамати беғоят ва мукаррамати бениҳояти худро арзонӣ дошта, агар фармоянд, хоҳ рӯшонӣ, хоҳ шуғнӣ, хоҳ ғундӣ ва хоҳ эронӣ ва аз ҳар тоифае, ки хоҳ банда ва хоҳ озод ва дар ҳар кошоне, ки бошад, кашида оварда, дар дорулимора ҷамъ созем…

Қаноатшоҳи Қаротегинӣ бо амри хон ба ҳамаи сарбозони тоҷик машқи ҷангӣ дода, ба набарди шабохунзанӣ, алалхусус қалъагирӣ, туфангандозӣ, шамшерзанӣ ва тӯппаронӣ омода намуд. Баъди як соли машқҳои низомӣ Олимхон ба болои Ӯротеппа лашкар кашид. Ӯ бо ҳашамати фохира ва лашкари бисёр дохили шаҳри Хуҷанд шуд ва ғайрҳо (ғайри тоҷикон) аз роҳи шикоят ба якдигар мегуфтанд, ки ин чӣ беқоидагист, ки амир пеш гирифтааст? Аз дасти ин тоҷикони саргардон ва ҷувозкаши бекор ва бенишон чӣ кор хоҳад омад? Воқеагӯёни баду нек хабари ин суханонро ба гӯши хоқонӣ (яъне хони Хӯқанд) мерасонанд. Хони далер аз шунидани ин суханони бадгӯён ва ҳаромнамакон дарошуфта, дарҳол аз сари ғазаб рокиби маркаб (ба асп савор шуда) ва аз Хӯқанд баромада, ташрифи нузул ба мавзеи Оқсу менамояд. Ҳама саркардаҳо, амсоли Ирисқулбек ва Муъминбек ва ҷамъи нозимонаш аз суханҳои мазамматомези хон ба тарсу ваҳм афтоданд. Аввал Ирисқулбек дар хидмати амир роҳ ёфта, бо ду дасти адаб иброз дошт, ки зафарпаноҳо, аз рӯйи давлатхоҳӣ ва ҷонсупорӣ умед дорам, ки сардории тоҷикон ва бекбачаҳоро ба ин ғулом марҳамат намуда, вогузор намоянд, то ин ки фардо ба болои душман мутасаддии ин хизмат гардида, ҷонбозӣ намоям.

Амири фархундарӯй бо чарбзабонӣ гуфт: «Эй тағоӣ, ин тоҷикони ҷувозкаш аз уҳдаи чӣ мебароянд, ки шумо мутасаддии ин хидмат мекардед? Ва дигар ин ки падар ва мураббии ин мусофирони бепову бесар моем. Ғайр аз мо касе мутаккое (такягоҳе) надоранд ва ғайр аз фармони мо ба фармони касе намедароянд ва маро шинохтаанд ва ба хидмати кори дигарон сар фуруд нанамоянд».

Оқибат Ирисқулбек ноумед гардида, аз хидмати амир бо хиҷолатмандӣ мураххас гардид ва ҳар кадом саркардаҳо як-як даромада, лашкари тоҷиконро талаб намуда, умеди хидмат мекарданд. Хони пурфаросат ҷавобе, ки ба Ирисқулбек дода буд, медод. Оқибат ҳама саркардаҳо ноумед гардида, як-як аз хидмати амир баромаданд…

Дар ин вақт Олимхон бо лашкари зудамали Қаноатшоҳ, ки аз ҳисоби тоҷикони кӯҳистонӣ ташкил ёфта буд, бисёр музофоти атрофи аморати Фарғонаро ба тасарруфи худ даровард ва ба ишғол кардани вилояти Тошканд азм кард. Ин ғалабаҳо ба туфайли Қаноатшоҳи Қаротегинӣ, ки вай яке аз ботадбиртарин сарлашкари хонигарӣ буд ва бо диловарӣ ва хислатҳои фитриаш фарқ мекард, ба даст омад.

Чун лашкари овозадори Қаноатшоҳ ба остонаи Тошканд расид, аз тарсу бими сипоҳи ӯ тошкандиён ба воҳима ва ларза афтоданд ва дар тараддуди дафни молҳо ва гӯр кардани молу мулкашон шуданд. Аз тарс ва ваҳми бисёр мардумро маҷоли роҳ рафтан ва сухан гуфтан намонд. Муаллифи китоби мазкур дар ин бора менависад: «Ҳама беҳис гардида, сарриштаи корҳоро гум карда, ҳайрон ва саргардон монданд. Аз як ҷониб гуруснагӣ ҳамаро ба танг оварда буд, ки хуни саллоҳхонаҳоро (қассобхонаҳоро) намеёфтанд, ки бихӯранд». Аз ин вазъият истифода бурда, Қаноатшоҳ субҳи фардо тӯпҳоро оташ сар дода, тоҷикон ва бекбачаҳоро ба фатҳи Тошканд дастур дод. Дар ин ҳол амир ва Қаноатшоҳ ба сари ҷабҳаи тоҷикон омада, хабари расидани худро ба ҳамаи ҷабҳаҳои саркардаҳо мерасонанд ва онҳоро рӯҳбаланд мегардонанд ва дар андак вақт Тошканд таслим мешавад.

Баъди фатҳи Тошканд бо дастури хони Хӯқанд Қаноатшоҳи Қаротегинӣ ҷониби Чимкент ҳамла оварда, қалъаи онро муҳосира мекунад. Пас аз ишғоли Чимкент Қаноатшоҳ ба сарҳади сарзамини Туркистон ва Авлиёато лашкар кашида, Дашти Қипчоқро ба даст меорад ва он биёбони васеъи Қазоқияро ба тасарруфи худ медарорад.

4-qanpatshoh 454587

Дар айёме, ки хон лашкарашро ба дашти Қипчоқ фиристода буд, Ирисқулбек ва Муъминбек (тағоҳои хон) маслиҳат карда, пеши Умархон (вай он вақт аз салтанат дур шуда буд), омада мегӯянд, ки вақт ғанимат аст, ҳама қӯшун, алалхусус Қаноатшоҳ дар мавзеи Дашти Қипчоқ зери барф монда, ба балои сардӣ ва соиқа (раъду барқ) гирифтор шуда, ба аҳволи худ дармондааст. Мебояд, ки бо мардуми вилояти Хӯқанд иттифоқ гардида, ҳама аз як гиребон сар барорем ва туро бар маснади аморат бинишонем.

Ин васваса дар дили бародари Олимхон–Умархон таъсир мекунад ва дар нисфи шаб Олимхонро ғофил намуда, бо ҳазор одами мукаммал ва мусаллаҳ аз Тошканд баромада, роҳи Хӯқандро пеш мегирад ва то расида омадани лашкари Қаноатшоҳ дубора бар маснади хонӣ менишинад. Баъд аз салтанати Умархон, Мадалихон, Азизхон, Худоёрхон, Маллахон ба сари қудрат меоянд. Дар замони ба ҳайси ҳоким дар Тошканд хидмат кардани Маллахон (пас аз вазифаи ҳокимӣ барканор намудани Даврон–бародари Қаноатшоҳ) мардуми қипчоқи таркнажод ба Тошканд ҳуҷум намуда, Оқсаройро мегиранд. Аз ин вазъият истифода бурда, соли 1852 милодӣ лашкари русҳо бо ду тӯп аз самти Оренбург ба қалъаи Оқмасҷид (Қизилурдаи ҳозира), ки мулки Хӯқанд буд, ҳуҷум мекунад. Амири Фарғона дарҳол саркардаҳои худро бо аркони давлат ҷамъ оварда, бо маслиҳати онҳо волии Андиҷон, ки дар он вақт Олимбек ном қирғиз буд, мефармояд, ки бо ҳафт понсадбошӣ лашкар кашида, бо қӯшуни Қурама ба ҷанги русҳо равад. Қаноатшоҳ низ лашкари Тошкандро гирд оварда, дар муддати се рӯз ба Чимкент мерасад ва пас аз каме истодан ба шаҳри Авлиёато дохил мегардад. Дар он ҷо асбобу анҷом ва озуқаи лашкарашро мукаммал намуда, боз шаш рӯзи дигар роҳ тай карда, ба лаби дарё мерасад. Дар он ҷо ба ихтиёри яке аз саркардаҳои ғаюри худ–Шодмонхӯҷаи Вахёчӣ ҳафт ҳазор сарбоз дода, амр мекунад, ки ба мавзеи Бикак рафта, ба лашкари русҳо ҳамла орад.

Баъд аз се рӯз Олимбеки қирғиз бо дувоздаҳ ҳазор сарбоз расида меояд. Дар ин ҳол аз Шодмонхӯҷаи Вахёчӣ хабар мерасад, ки бо русҳо муқобилият намуда, ба ҷанг пайвастааст. Қаноатшоҳ баъд аз шунидани ин хабар ба ёрии ӯ расида, лашкари русҳоро иҳота менамояд. Дар ҳамин ҳол Олимбеки қирғиз ва Қаноатшоҳи тоҷик ба якдигар даъвои сардорӣ ва лашкардорӣ намуда, мухолифат ва душманӣ оғоз менамоянд. Олимбек аз рӯйи хусумат лашкари Андиҷон ва қирғизияро гирифта, худро ба канор мекашад ва ҷангро бо русҳо ҳаволаи Қаноатшоҳ намуда, домани нангу мардонагиро аз даст медиҳад. Қаноатшоҳ лашкари Тошканд ва Қурамаро муттаҳид намуда, шабохун зада, ба ҷанг медарояд. Ба қавли муаллифи асари «Таърихи Шоҳрухия»: «Ҳамчунон оташ дар гирифт, ки гӯё барқи осмон ва жолаву борони тир дар ин биёбон аз ҷониби русҳо ба ҷониби аҳли ислом рехт. Дар ин набарди хунин сарбозони пурдил худро дар он саҳрои бешаи оташ зада, бархе аз онҳо шарбати шаҳодат чашиданд». Муаллиф ин китоб бо ифтихор таъкид мекунад, ки қӯшуни сартия ва тоҷикия бо фармондеҳии Қаноатшоҳи Қаротегинӣ таконе нахӯрда, ҳарбро давом медиҳанд ва аз вақти чошт то охири вақти пешин ба ҷанг мепайванданд. Оқибат гурӯҳи сарбозони русҳо ба танг омада, худро ба болои адирҳои кӯҳдоман гирифта, 72 нафарро талаф медиҳанд. Дар он ҷо низ ноором ва беқарор гардида, роҳи гурезро пеш мегиранд, аммо ҳанӯз бо фармони Қаноатшоҳ лашкари аморати Фарғона дар ҳолати ҷанг буд. Сипоҳиёни Қаноатшоҳ русҳоро то қарибии қалъаи Аштак таъқиб мекунанд ва пас мегарданд. Ҳамин тавр, Қаноатшоҳи далер дар ин ҷанг ба русҳо ғалабаи намоён ба даст меоварад.

Лашкари Қаноатшоҳ бармегардад ва Маллахонро дар айни бозгашт аз Ӯротеппа аз ҷанги манғития дар Хӯқанд дида, мулозимати хидматгорӣ ва лавозимаи фармонбардорӣ адо менамоянд. Пас аз бозгашти Қаноатшоҳ аз сустии Маллахони тундмизоҷу айёш дар андак фурсат соли 1853 милодӣ генерал–губернатори Оренбург В.А.Петровский бо отряди дуҳазорнафара, 12 тӯп ва панҷ тӯпи кӯтаҳмил ба Оқмасҷид бори дигар ҳуҷум менамояд. Он вақт Оқмасҷидро, ки нуқтаи муҳимми стратегӣ ба ҳисоб мерафт, ҳамагӣ 250 нафар сарбозони хӯқандӣ муҳофизат мекарданд. Пас аз тарафи лашкари рус забт шудани қалъа он ба қалъаи ҳарбии Петровский табдил дода шуд. Империяи Русия шаҳри Туркистонро ҳам ба тасарруфи худ дароварда, ба зудӣ дар соҳилҳои рӯди Сир панҷ истеҳкоми нави ҳарбӣ бунёд мекунад. Аз тарафи хони Хӯқанд борҳо кӯшиши баргардонидани ин мавзеъҳои ишғолшуда карда шуд, вале ҳамаи онҳо бебарор анҷомиданд.

Солҳои 1850–1854 милодӣ қисми дигари лашкари рус аз ҷониби шарқ (аз тарафи Семипалатинск) ҳаракат карда, дашти паҳновари қазоқро ишғол намуданд ва соли 1854 милодӣ шаҳри Верний (Алмаатои имрӯза)-ро асос гузоштанд. Баъдан хони Хӯқанд–Маллахон ҷиҳати аз хатари русҳо эмин доштани Тошканд дастаҳои тоҷикияро ба он ҷо мефиристад. Пас аз рафтани Қаноатшоҳ баъзе аз умарои дарбор, ба монанди Олимбеку Ҳайдари қирғиз ва Худойназари турк сӯйиқасд ба ҷони Маллахон намуда, ӯро ба қатл мерасонанд. Сипас онҳо ва дигар умарои дарбор набераи Шералихон – Шоҳмуродхони понздаҳсоларо ба маснади аморати Фарғона менишонанд. Аз ин ҳодиса Қаноатшоҳи Қаротегинӣ огоҳ гардида, мехоҳад, ки Худоёрхонро, ки дар Дижак (Ҷиззах) истиқомат мекард, оварда, хони Тошканд гардонад ва ҳама ҷонибдорон ва саркардагони лашкар ба ин иқдом розӣ мешаванд ва ӯро ба маснади аморат таклиф мекунанд. Худоёрхон розӣ мешавад ва ба Тошканд назди Қаноатшоҳ меояд. Мулло Солеҳбеки Охунд, ки яке аз обрӯмандтарин шахсони вилояти Тошканд буд, бо аъёну ашрофи ин шаҳр ҳама ба истиқболи Худоёрхон мебароянд ва ӯро ботантана ба шаҳр ворид месозанд. Баъдан бо иттифоқи уламо, умаро, фузало ва машоихи вилояти Тошканд ва бо маслиҳати Қаноатшоҳ ӯро ба маснади хонӣ бардошта, ба тахти ҳукмронӣ менишонанд. Пас аз ба охир расидани зиёфат Худоёрхон бо либоси зарҳал қадду қомати Қаноатшоҳро ороста, бо марҳамати хоқонӣ сарфароз мегардонад.

Сипас, Қаноатшоҳ ба ишғоли Хӯқанд рафта, Шоҳмуродхонро, ки ба сари қудрат омада буд, шикаст медиҳад ва пойтахти аморатро ишғол мекунад ва Худоёрхонро ба он ҷо даъват мекунад. Худоёрхон омада, дар маснади хонӣ қарор мегирад ва обрӯву нуфузи Қаноатшоҳи Қаротегинӣ ва тоҷикони кӯҳистонӣ дар қаламрави аморати Фарғона беш аз пеш зиёд мегардад. Аз ҳисоби тоҷикони кӯҳистонӣ чандин нафар соҳиби мансабҳои олии давлатӣ, аз ҷумла ҳокиму волӣ мегарданд.

Қайд кардан лозим аст, ки лашкари тоҷикони кӯҳистонӣ на танҳо дар хонигарии Хӯқанд, балки дар мулки Кошғар низ корнамоиҳои бемислу монанд нишон дода, машҳури ҷаҳон гардида буданд. Таърихнигори варзидаи тоҷик Ҳасанбой Шарифов дар бораи сипаҳсолори дигари тоҷик, поягузори давлати Ҳафтшаҳри Қошғар, ҳамсангар ва ҳамшаҳрии Қаноатшоҳи Қаротегинӣ – Яъқуббеки Бадавлат сухан ронда, аз ҷумла чунин менависад: «…дар қарни нуздаҳи милодӣ қаротегиниҳо дар байни муаллифони аврупоӣ ба ҳайси қавми ҷанговару бағоят ҷасур маъруф буданд, онҳоро хусусан шуҷоату далерии дар лашкаркашиҳои хони Хӯқанд (гвардияи хон аз ҳамонҳо яккачин шуда буд) ва юришҳои баҳри озодии Кошғар (солҳои 1826–1830 милодӣ) зоҳиркардаашон номвар гардонида буд. (Ниг. Ҳасанбой Шарифов. Яъқуббеки Бадавлат. Шуъбаи чаҳоруми Нашриёти ҳарбиии Федератсияи Русия, Москва: - 2001, саҳ. 319). 

Баъдан хони Хӯқанд–Худоёрхон Қаноатшоҳро бо ҳадяҳои бисёр ба хидмати амири Бухоро мефиристад, аммо амир Насруллоҳи Манғит соли 1280 ҳиҷрии қамарӣ Қаноатшоҳро ноҷавонмардона ба шаҳодат мерасонад.

Ин ҷо мо ҳаёт ва фаъолияти сипаҳсолори машҳури халқи тоҷик Қаноатшоҳи Қаротегиниро, ки дусад сол пеш аз Аҳмадшоҳи Масъуд дар лашкаркашӣ ва сиёсатмадорӣ шуҳрат ёфта буд, ба таври мухтасар овардем. Ривоят мекунанд, ки зодгоҳи аслии ӯ деҳаи Паткинамо ва модараш аз деҳаи Кочони ноҳияи Ғарм (алҳол ноҳияи Рашт) будааст, вале аксар сарчашмаҳои таърихӣ қайд мекунанд, ки Қаноатшоҳ аз деҳаи Самсолиқи ноҳияи Пунбачӣ (алҳол ноҳияи Нуробод) мебошад ва бо корномаи худ дар таърихи халқи тоҷик ва минтақаи Осиёи Марказӣ нақши бузург гузоштааст. Имрӯз авлоди Қаноатшоҳ дар Раштонзамину Истаравшан, Самарқанду Фарғона, Кошғару Бухоро зиндагӣ ба сар мебаранд.

Хуб мешуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ин сипаҳсолори номдори тоҷик ордени Қаноатшоҳро (бо се дараҷа) таъсис дода, афсароне, ки дар роҳи Ватан ҷоннисорӣ мекунанд, бо ин нишони ифтихорӣ сарфароз менамуданд.

Таҳия ва такмили Қиёмиддин Сатторӣ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi