20:42:49 23-уми Июни 2025 сол

ИСРОИЛ МЕХОСТ ДУШАНБЕРО ИШҒОЛ КУНАД

Шарҳи як амалиёти махфии хадамоти махсуси

Исроил дар Душанбе дар соли 1992

17 сол пеш, моҳи октябри соли 1992, Исроил ба амалӣ кардани яке аз махфитарин ва калонҳаҷмтарин амалиёти худ дар ҳудуди Иттиҳоди Шӯравии навакак парокандашуда шурӯъ намуд. Ба пойтахти Тоҷикистон, ки онро алангаи ҷанг фаро гирифта буд, фиристодагони Бюрои ҳукуматии «Натив»-и Исроил ва Ожонсии «Сохнут»-и яҳудиҳо пинҳонӣ дохил шудаанд. «Моҳи октябри соли 1992 ба ман гуфтанд, ки ба Душанбе парвоз мекунам.

 

Тӯли як моҳи охир дар ин ҷой вазъият хеле тезутунд шуда буд. Рӯзи сеюми сафар ман аз садои ҷанг бедор шудам. Дар берун ҷанг идома дошт, ки ҳачман ба задухӯрди байни ду полк монанд буд. Аз назди тирезаҳои меҳмонсаро тирҳо парвоз мекарданд ва дар даҳлез танҳо гаваккашон ҳаракат кардан мумкин буду халос»,- нақл кард дар мусоҳибааш бо рӯзномаи «Вести» мутахассиси «Сохнут» оид ба «нуқоти даргир»-и фазои пасошӯравӣ Лев Шеголев.

 

Мақсади ин миссия аз берун кардани ҳазорҳо яҳудии боқимонда дар ин ҷумҳурии ҷангзада иборат буд. Ин вазифаи хеле душвор ба ҳисоб мерафт. Аввалан, ашхоси мулкӣ наметавонистанд дар дохили мамлакат озодона ҳаракат кунанд, зеро он аз ҷониби гурӯҳҳои сершумори мусаллаҳ тақсим шуда буд. Баробари ин аз охири моҳи август вазъият якбора тезутунд шуд. Ҳатто дар пойтахт ҷангҳои сахти кӯчагӣ идома доштанд.

 

Бо яҳудиҳое, ки дар мавқеъҳои гуногуни Душанбе ва берун аз он зиндагӣ мекарданд, иртибот вуҷуд надошт. Вазъият барои Исроил боз аз он ҷиҳат душвор буд, ки дар Тоҷикистон эмиссарҳои гурӯҳҳои афғонӣ ва хадамоти махсуси эронӣ амал мекарданд ва онҳо исломиҳои маҳаллиро дастгирӣ менамуданд. Баробари ин исроилиҳо дар ин ҷумҳурии дурдасти Иттиҳоди Шӯравии собиқ алоқаҳои лозима надоштанд. Бидуни ифраструктураи дахлдор дар ин ҷо баргузор намудани чунин як амалиёт амалан ғайриимкон буд.

 

Умеди ягонаи ҳам «Натив» ва ҳам «Сохнут» ба активисти яҳудии Душанбе Михаил Кимёгаров бо бародаронаш буд, ки бо сохторҳои гуногун ва аҳзоби сиёсӣ иртиботи васеъ дошт. Мисли тамоми фиристодагони исроилӣ ба Тоҷикистони ҳамонвақта вай ҳам намехоҳад, ки иштирокашро дар он ҳодисаҳо овоза кунад. Танҳо баъди сипарӣ шудани 17 сол вай бори аввал ба портали «IZRus» перомуни амалиёти махфие бо тафсил нақл кард, ки дар натиҷаи он қариб 6000 яҳудӣ тавонистанд аз вазъияти хатарнок раҳо ёбанд ва ба Исроил баргарданд.

 

Вориси тоҷирон ва раввинҳо

Михаил Кимёгаров соли 1954 дар Душанбе, дар хонаводаи маъруф ва обрӯманд таваллуд шудааст. Бобои падарии ӯ Ато Кимёгаров дар Самарқанд тоҷири машҳур ва гумоштаи соҳибкори калони олмонӣ Вагофф дар Туркистони Русия будааст. «Дар бораи бовиҷдон будани бобоям ривоятҳо нақл мекарданд, - мегӯяд Михаил – Вай ҳеҷ вақт намедуздид, пора намегирифт ва одами хеле худотарс буд. Вақте ки Вагофф дар оғози асри 20 ба Самарқанд омад, ҳайрон шуд, ки яке аз ёварони асосии ӯ дар хонаи хеле хоксорона зиндагӣ мекунад. Олмонӣ заҳмати софдилонаи бобоямро қадр кард ва аз ҳисоби худ барои вай хонаи калони барҳаво сохт, ки то ҳол ба оилаи мо тааллуқ дорад».

 

«Писари калонии Або Бен-Сион (Борис) яке аз асосгузорони «Тоҷикфилм», гашт. Писари хурдиаш Ҷалман директори мактаб ва депутати вилояти Самарқанд буд. Падари Михаил- Меир солҳои Ҷанги ҷаҳонии дуюм ордени «Парчами сурх» гирифт. «Падарам мехост бо пайроҳаи падараш равад, вале фаҳмид, ки дар замони шӯравӣ касбашро бояд дигар кунад ва вай аз соҳибкор ба дӯзандаи универсалӣ табдил ёфт. Падарам дар 19-солагиаш хонадор шуд ва модарам он вақт ҳамагӣ 14 сол дошт. Вай шаш писару ду духтар таваллуд кард ва соли 2006 дар синни 90-солагӣ аз олам гузашт».

 

Бобои модарии Михаил Йона Аронов кандакор ва раввини (муллои яҳудӣ) машҳур буд. Ходимони номии дини яҳудӣ аз саросари Осиёи Миёна дар оғози асри гузашта тез-тез ба зиёрати ӯ меомаданд. «Вай ятим буд, вале бо кӯмаки яҳудиҳои сарватманд соҳиби дониши динӣ гардид. Йона «Талмуд»-ро омӯхт, забонҳои бисёрро медонист, лекин соли 1937 ӯро ба Сибир бадарға карданд ва вай дар ҳамон ҷой вафот кард».

 

Кимёгаровҳо солҳои 30-юм ба Душанбе омаданд. Аксарияти мардҳои ин хонавода бо оғози Ҷанги ҷаҳонии дуюм ба ҷабҳа рафтанд, се амаки Михаил-Пинқос, Некемия ва Шломо-Арйе аз ҷанг барнагаштанд.

 

Таърихшиноси тоҷик

Михаил Кимёгаров оғози солҳои 60-ум, вақте ки акси сиёҳу сафеди хешовандони дар Исроил маскунашро дид, ба таърих мароқ пайдо намуд. «Ман фаҳмидам, ки солҳои 30-юм як қисми аҳли оилаи мо аз сарҳади Афғонистон гузашта, ба Фаластин рафтаанд. Дар дилам маҳз ҳамон вақт ба Исроил, таърихи хонаводаи худ, сарвазири пешинаи Эҳуд Олмерт, яҳудиҳо ва халқҳои Осиёи Марказӣ мароқ сар зад», - мегуфт ӯ.

 

Соли 1971 вай ба факултаи таърихи донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе дохил шуда, баъди чаҳор сол онро бо баҳои аъло хатм кард ва мутахассиси таърихи Осиёи Марказӣ шуд. Таҳсил дар мактаби олӣ солҳои хизмат ҳам ба ӯ кӯмак кард. Кимёгаров дар ҳайати қисми ҳарбии сипари зиддиҳавоӣ хизмат анҷом дод. Фармондеҳӣ хизмати хуби ӯро қадр намуда, ба шӯъбаи сиёсии қисм гузаронд.

 

Кимёгаров соли 1977 ба Душанбе баргаша, таҳсилро идома дод ва баъди се сол аспирантураро бо баҳои аъло хатм кард. Вай соли 1983 муаллим ва декани факултаи такмили ихтисоси директорҳои мактабҳои Тоҷикистон таъин гардид ва то соли 1993, то ҳиҷрат ба Исроил дар ҳамин ҷой кор кард.

 

Михаил соли 1983 ба фаъолияти ҷамъиятӣ шурӯъ кард ва бо рафиқонаш маркази фарҳангии «Ҳоварим»-ро («Дӯстон») ташкил намуд. «Солҳои бозсозӣ имконият пайдо шуд, ки ошкоро ба анъанаҳои бобоёнамон рӯ оварем, шабнишиниҳои фарҳангӣ ташкил намоем, ки дар онҳо иудаизмро меомӯхтем»,-нақл мекунад ӯ.

 

"Баробари оғози бозсозӣ дар Тоҷикистон исломи бунёдгаро сар бардошта, таблиоти зиддишӯравӣ ва зиддирусӣ шурӯъ гардид. Дар ҷумҳурӣ нооромӣ сар шуд. Аз Душанбе ҳар қадаре, ки дуртар мерафтӣ, вазъият ҳамон қадар бадтару бадтар мешуд. Хун беист мерехт- бо ҳаяҷон ба хотир меорад Кимёгаров. Соли 1990 бетартибиҳои ҷиддӣ шурӯъ шуданд ва баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ҷанги дохилӣ сар зад. Аҳзоб ва ноҳияҳо муқобили ҳамдигар сангар гирифтаанд, гурӯҳҳои зиёди мафиозӣ пайдо шуданд. Мамлакатро харҷумарҷ фаро гирифт, ҷанги бародаркушӣ оғоз гардид ва нишонаҳои антисемитизми (яҳудибадбинӣ) қариб фаромӯшшуда пайдо гардиданд".

 

Бо сардори Конгресси яҳудиҳои АвруОсиё Александр Машкевич Кимёгаров соли 1989 бо дипломатҳои исроилии муқими Маскав дар иртибот шуд. Вай ба онҳо дар бораи вазъияти ҷумҳурӣ муфассал нақл кард ва огоҳ намуд, ки вақтҳои наздик куштори яҳудиҳо ҳам оғоз шуданаш мумкин аст. Лекин роҳбарияти «Сохнут» аз фиристодани одамони худ ба Тоҷикистон метарсид.

 

«Ман онҳоро гунаҳкор намекунам-вазъият аз таҳти назорат мебаромад ва ба ҳаёти онҳо хатар таҳдид мекард,-мегӯяд Кимёгаров- Ман ду соли дароз исроилиҳоро розӣ кунондан хостам, ки бо Тоҷикистон машғул шаванд. Бо онҳо зиёда аз даҳ вохӯрӣ анҷом додам ва ниҳоят соли 1991 фиристодагони нахустини исроилиҳо дар Душанбе пайдо шуданд. Инҳо намояндагони сохтори иктишофии (разведка) ҳамон вақт ҳоло махфии «Натив» Мики Левин ва Ариэл Капланд буданд».

 

Кимёгаров ба рафиқонаш Давид Наматиев ва Моша Сазанаев, ки дар Душанбе шиносҳои зиёд доштанд, муроҷиат кард ва онҳо барои қабули фиристодагони «Натив» кӯмак расониданд. Онҳоро бо ҷойи зист таъмин карданд, бо намояндагони фурудгоҳ, шӯъбаи раводид ва бақайдгирӣ, бозрасии гумрукӣ ва ашхоси дигари бонуфуз вохӯриҳо ташкил намуданд. Маҳз ҳамон вақт «Натив» нақшаи тахлияи яҳудиҳоро аз Тоҷикистон ба Исроил тартиб дод.

 

«Яке аз проблемаҳои асосӣ аз он иборат буд, ки аз Душанбе ба Исроил хатсайри ҳавоии мустақим вуҷуд надошт,- мегӯяд Михаил- Одамҳо маҷбур буданд, ки аввал ба Маскав раванд, баъдтар ба Тошканд мерафтанд. Ин сафарҳо хеле хатарнок буданд: қатораҳоро нигоҳ медоштанд, одамонро ғорат мекарданд, баъзан ба номусашон таҷовуз мекарданд ва мекуштанд. Ҷониби Исроил пешниҳод кард, ки парвозҳо аз тариқи Омск ташкил карда шаванд, вале ин ҳам ба мо кӯмак накард. Хатсайри мустақими Душанбе-Тел-Авив лозим буд. Маҳз ҳамин бора ман бо сафири исроил дар Маскав, ки соли 1992 ба назми мо омада буд, сӯҳбат кардам».

 

Ниҳоят Кимёгаров тавонист намояндагони ҳокимияти исроилиро мӯътақид созад ва соли 1992, дар айни ҷӯшу хурӯши ҷанги дохилӣ ҳавопаймои нахустин аз Душанбе ба Тел-Авив парвоз кард. Вале вазъияти яҳудиҳои боқимонда хеле бад шуд-шаҳр ва атрофи онро мавҷи антисемитизм ва таблиғоти шадиди зиддиисроилӣ фаро гирифт. «Экстремистҳо мегуфтанд, ки ҳавопаймоҳои исроилӣ амволи Тоҷикистонро берун мебаранд, кишварро ғорат мекунанд. Кор кардан боз ҳам душвортар шуд, ба берун баромадани одамон, аз ҷумла яҳудиҳо хатарнок гардид».

 

Солҳои 1992-1993 аз фурудгоҳи Душанбе ба Исроил зиёд аз 20 ҳавопаймо парвоз кард. «Ба росту чап пора тақсим кардан лозим меомад,-ба хотир меорад Михаил. Мо ба ходимони гумрук, ба сарбозҳои Русия, ба роҳзанҳо ришва медодем. Аз соати 8-и шаб вақти коммендантӣ оғоз мешуд, лекин моро лозим буд, ки ҳаракат кунем ва барои ин пул медодем. Илоҷи дигар набуд…»

 

Охирҳои соли 1992, ба қавли Кимёгаров, вазъият боз ҳам вазнинтар гардид. «Ҷангҳои кӯчагӣ идома доштанд. Дар меҳмонсаройи собиқи КМ, ки ҳоло «Авасто» ном дорад, ду фиристодаи Исроил- Ариэл Каплан ва Лев Шеголев амалан дар муҳосира монда буданд. Моро лозим меомад, ки ба онҳо пинҳонӣ нон барем,-эшон хеле лоғар шуда буданд ва мефаҳмиданд, ки чораҳои қатъӣ андешидан лозим аст. Маҳз ҳамон вақт нақшаи амалиёти таъҷилии берун овардани яҳудиҳо бо иштироки артиш ва хадамоти махсуси исроилӣ тавлид гардид – монанд ба амалиёти «Мошё», ки соли 1980 дар Эфиопия баргузор шуда буд».

 

Тибқи ин нақша бояд яҳудиҳо дар меҳмонсароӣ ва синагоги (ибодатгоҳи яҳудиҳо) калони воқеъ дар наздикии он ҷамъ мешуданд. «Бояд садҳо нафар сарбози таъиноти махсус ба Душанбе меомаданд ва яҳудиҳоро то ба фурудгоҳ мерасонданд, ки онҳоро дар он ҷой бояд ҳавопаймоҳои мусофирбар интизор мешуданд. Лекин маҳз ҳамон вақт, баъди ҷанги хунини навбатӣ дар пойтахт вазъият оромтар шуд ва ба чунин як амалиёт эҳтиёҷ намонд».

 

Размандагон ва ҳамсояи Ӯзбек

Вале ба худи Кимёгаров хатари марговар таҳдид мекард-вай бо исроилиҳо дар бобати берун овардани яҳудиҳо ҳамкорӣ карда, ба чашм намоён шуд ва моҳи марти соли 1993 ба хонаи ӯ силоҳбадастон зада даромаданд. Худи Михаил ҳамон вақт дар манзили бародараш зиндагӣ мекард ва аз ҳодисаи рӯйдода ба ӯ ҳамсоязан хабар дод. Хушбахтона, ним сол пеш аз ин вай зану фарзандонашро ба Исроил гусел карда буд ва аз ҳамин сабаб дар хона ҳеҷ кас набуд. Кимёгаров фаҳмид, ки дигар дар Душанбе монда мумкин нест. Ӯ дар хонаи ҳамсояи ӯзбекаш пинҳон шуда, ходимони гумрук ва сарбозонро фиреб дода, бо ҳавопаймои навбатӣ ба Исроил парвоз кард. «Ман 25-уми март таваллуд шудаам ва маҳз дар ҳамин рӯз, баъди гузшати 39 сол бо мӯъҷизае наҷот ёфта, ба замини муқаддас парвоз кардам».

 

Бародарони ӯ Йосиф (Юрий) ва Яков кори ӯро идома доданд ва то соли 1994 ба муҳоҷирати яҳудиҳо кӯмак расониданд. Бо вуҷуди он ки дар солҳои нооромӣ ба Кимёгаров бародаронаш, фиристодагони «Сохнут» ва «Натив», хамчунин дӯстони сершумораш кӯмак карданд, маҳз хизмати ӯ дар наҷот додани яҳудиҳои Тоҷикистон калон мебошад. Соли 1993 раиси ҳамонвақтаи «Сохнут» Симха Динитс расман эълон кард, ки бе Михаил Кимёгаров наҷот додани ҷамъияти бисёрҳазорнафараи яҳудиҳо қариб номумкин буд.

 

Худи вай бошад хоксорӣ мекунад. «Ба ман фиристодагони бисёри «Сохнут» ва «Натив», ки ҳаёти худро зери хатар гузошта буданд, кӯмак карданд. Инҳо Захар Ардан, Авиноам Идан, Ханан Ахитов, Алекс Катс, Ариэл Каткан, Эли Итехаки, Лев Шеголев, Бентси Йошуа, Барух Гур, Бинямин Бен-Давид, Тсивика Кантор мебошанд. Якҷоя мо тавонистем яҳудиҳои Тоҷикистонро наҷот диҳем ва ба Исроил расонем».

 

Муаллими донишгоҳи Хайфа Авиноан Идан, шӯравишиноси машҳур, ҳамон вақт дар доираи ҳамкорӣ бо «Натив» дар Душанбе кор мекард. «Михаил дар байни ҷамъяти яҳудиҳо шахси бонуфузтарин буд, - нақл кард вай ба портали «IZ Rus». – Вай шиносҳои зиёд дошт ва бидуни шубҳа ба берун овардани яҳудиҳо кӯмаки аз ҳама зиёд кардааст. Вай шахсиятест бо дили бузург ва шахсан ба бисёр одамҳо кӯмак кардааст. Аз ин рӯ аксарияти он 5000-6000 яҳудии Тоҷикистон, ки сиҳату саломат ба Исроил баргаштанд, бояд аз ӯ миннатдор бошанд».

 

Александр Голденштейн, Izrus.com

Тарҷума аз ҳафтаномаи «Дунё»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ