ҲИӮ: 10 СОЛИ ОШӮБҲО ВА ФИРОРҲО
7-уми окятбри соли 2007 сардори полиси Афғонистон дар минтақаи Пактика Набиҷон Мулохаёл изҳорот дод, ки дар натиҷаи бомбаборони тайёраҳои амрикоӣ дар қисмати шарқии Афғонистон 16 нафар аъзоёни ҲИӮ кушта шуданд, ки байнашон Тоҳир Юлдошев низ ҳаст.
Чор гурӮҳ
Дар натиҷаи таъқибот ва кашмакашиҳои дохилӣ соли 2006 Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон ба чор гурӯҳ тақсим шуд.
1. ГурӮҳи Тоҳир Юлдошев
Моҳи октябри соли 2007 ин гурӯҳ дар Вазиристони ҷанубӣ, байни сарҳади Афғонистону Покистон ҷой гирифта буд. Гурӯҳ аз ҳисоби ихтиёриён пур мешуд, ки бархе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ омада буданд. Танҳо бо дастгирии роҳбарони қабилаҳои маҳаллӣ Тоҳир Юлдошев тавонист, ки ҷон ба саломат барад. Шумораи гурӯҳ аниқ маълум набуд, вале ҳамяроқони собиқ онро ба 200 нафар нисбат медоданд.
2.ГурӮҳи «Ҷиҳоди исломӢ»
Соли 2002 ташкил ёфт. Гурӯҳ баъди он ташкил ёфт, ки Яҳё (номи асосиаш Наҷмиддин Камолиддинович Ҷонов), миллаташ ӯзбек ва ҷонишини ӯ Мансур Соҳайл бо лақаби Абӯ Хузайфа, миллаташ ӯзбек аз Тоҳир Юлдошев ҷудо шуданд. Бархе аз аъзоёни ин ҳаракат Тоҳир Юлдошевро дар надоштани амалиётҳои ҷасурона дар маҳали Ӯзбекистон гунаҳкор медонистанд. Хадамоти махсуси покистонӣ бошанд, онро аз ҲИӮ дида бо «Ал-қоида» наздиктар медиданд. Ҷои муқимии ин гурӯҳ Вазиристони шарқӣ ба ҳисоб мерафт.
3. Фирориҳо
Нафароне ки ба Эрон, Покистон ва дигар кишварҳо фирор карда буданд, аз ҳама зиёд буданд. Қисми зиёди онҳо, қариб 100 нафар аз фаъолияти сиёсӣ ва ҳарбӣ даст кашиданд. Сабаби асосии аз гурӯҳ ҷудо шудани худро дар сиёсати нодурусти Тоҳир Юлдошев медиданд. Ба гуфти онҳо, роҳбари ҳаракат ба ҷои мубориза бо режими И.Каримов ҷавононро барои мубориза ба тарафдории толибон мефиристод.
Натиҷаи ин ҳамин шуд, ки бисёриҳо мехостанд аз ӯ ҷудо шаванд. Бидуни Ирон ҷангиёни ин гурӯҳ дар Покистон ва Туркия иқомат доранд. Ба гуфти ҳамяроқони собиқ лагери Тоҳир Юлдошевро тарк намудан осон набуд, метавонист ин ҷудоӣ ба марг анҷомад. Соли 2006 дар Пешовар автобусе тарконида шуд, ки 17 нафар ҷангиёни фирорӣ мусофири он буданд. Коршиносон инро ҳамчун қасдгирии Юлдошев маънидод намуданд. Ҳамагӣ 300 нафар бо оилаҳои худ ба Пешовар омаданд.
4.Бозгаштагони Ӯзбекистон
Гурӯҳи чорум онҳое ба ҳисоб мерафтанд, ки ба хона -Ӯзбекистон баргашта буданд. Чанд сол пеш мақомоти роҳбарии Ӯзбекистон эълон намуда буд, ки онҳое ба ватан бармегарданд, аз ҳама гуна таъқибот озод мегарданд ва бахшида мешаванд. Вале бисёре аз онҳо ба зиндонҳо афтиданд. Қисми дигар ба Қирғизистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Туркманистон рафтанд.
Марги Тоҳир Юлдошев
7-уми окятбри соли 2007 сардори полиси Афғонистон дар минтақаи Пактико Набиҷон Мулохаёл изҳорот дод, ки дар натиҷаи бомбаборони тайёраҳои амрикоӣ дар қисмати шарқии Афғонистон 16 нафар аъзоёни ҲИӮ кушта шуданд, ки байнашон Тоҳир Юлдошев низ ҳаст. Баъди ин изҳорот аз тарафи мақомоти расмии Афғонистон ва коалитсияи қувваҳои мусаллаҳ на расман тасдиқ гардид ва на рад карда шуд. Ба ҳар ҳол, тақдири аъзоёни гурӯҳ хело ташвишовар ба назар мерасид. Роҳи онҳо ба ватан бурида буд ва дар минтақаи толибон зиндагӣ кашмакашҳои худро дошт.
Ба гуфти сардори барномаи Осиёи марказии «Мемориал», коршинос дар соҳаи ҳаракати исломӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ В. Пономарёв ҲИӮ дигар пешрафте надорад. Ба гуфти «Фергана. ru» бошад имрӯз ҳам тарафдорон ва ҳаводорони ҲИӮ кам нашудааст. Бидуни ин бӯҳронҳои ҷойдошта мардумро ба ташвиш оварда, ҳарчи бештар ба сӯи дин мекашад.
Суханрониҳои Тоҳир Юлдошев
Солҳои 2000 -ум дар Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон сабтҳои видеоии Тоҳир Юлдошев (ду қисм) ва филмҳои ташвиқотӣ пайдо шуданд. Бидуни ин сабтҳои хурди аудиоӣ тариқи файл ба сомонаҳои рӯзноманигорон паҳн шуданд. Баромади «баланд»-и ӯ ба панҷсолагии теракти 11-уми сентябр бахшида шуд, ки сарварони кишварҳои Осиёи Марказиро ба марг ба хотири танг намудани доираи ислом маҳкум менамуд. Юлдлшев ба забони ӯзбекӣ ҳарф мезад. Бо мурури замон мубориза алайҳи Каримов ба ҷиҳоди бузург табдил меёфт.
Дар сабти видеоии худ ӯ таъкид мекард, ки ҲИӮ агар пештар муқобили режими Ислом Каримов мубориза мебурд, акнун муборизаи ӯ муқобили душманони ислом дар тамоми ҷаҳон аст. Бо гуфти ӯ «имрӯз ҳамаи еврейҳо, христианҳо ва динҳои дигар муттаҳид шуда, муқобили ислом роҳпаймоии салибиро сар кардаанд». Ва ё боз: «Имрӯз ҷаҳонро чанд миллион еврей дар симои Амрико идора карда истодаанд. Вале шуморо бовар мекунонам, ки ИМА умри дароз надорад. Ҳеҷ кас боварӣ надошт, ки империяи сурхҳо фано мешавад, Худо ин корро кард.
Амрикоро низ ин интизор аст ва ин рӯз хело наздик аст. «Ҳизб-ул-таҳрир»-ро, ки хадамоти махсуси Ӯзбекистон пайрави ҲИӮ медонистанд, мавриди танқиди шадид қарор медиҳад. Мавқеи пасти онро дар бораи ҷиҳод нишон дода, мегӯяд, ки Ғарб ин ташкилотро барои аз дарун нест намудани Ҳаракати исломӣ махсус созмон додааст. Усом бини Лодин, Хаттаб, Басаев ва дигар сарварони террористро Юлдошев «бародарон» ва «ҷисми ягона» мехонад.
Террактҳои ҲИӮ
ҲИӮ дар таркишҳое, ки 16-уми феврали соли 1999 дар Тошканд рух доданд айбдор карда мешуд. Таркишҳо дар бинои ВКД, Шӯрои вазирон, кинотетри «Нодирабегим», Бонки миллии содиротӣ ва инчунин хонаи шахсе, ки моддаҳои тарканда он ҷо нигоҳ дошта мешуданд, яке паси дигаре ба миён омад. 16 нафар ҳалок ва 128 нафар захмӣ гардиданд. 28-уми июн Суди олии кишвар шаш нафарро ба ҳукми қатл маҳкум намуд. Ҳамагӣ 120 нафар, ки ба шаш гурӯҳи 6-20 нафара тақсим мешуданд, маҳкум гардиданд.
Солҳои 1999 -2000 гурӯҳҳои хуб тайёршуда ба хоки Қирғизистон ва Ӯзбекистон дохил шуданд. Моҳи августи соли 1999 гурӯҳҳои ҲИӮ аз минтақаи шарқи Тоҷикистон ба Қирғизистон гузаштанд. Тобистони соли 2000 чунин гурӯҳҳо аз сари нав ба ҷануби Қирғизистон, минтақаи Сурхондарёи Ӯзбекистон даромада, бо қушӯнҳои давлатӣ задухӯрд намуданд.
ҲИӮ дар Русия
Соли 2008 раиси Кумитаи зидди террори Русия Николай Патрушев хабар дод, ки ҲИӮ мехоҳад фаъолияти худро дар Русия ба роҳ монад. Таи ду соли ахир дар вилоятҳои Тюмен ва Челябинск сохторҳои қудратӣ фаъолияти ин ҳаракатро ошкор намуданд ва 80 нафар аъзои он дастгир шуданд.
Мувофиқи гуфти ӯ, соли 2007 болоравии ҷиноятҳои экстремистӣ нисбати соли 2006 дар вилоятҳои Свердловск, Тюмен ва Чалябинск бештар ба назар расиданд. «Танҳо сари вақт дастрас намудани хабар дар рафти интихоботи вакилони Думаи давлатӣ ва Президенти Русия ба мо имкон дод, ки пеши роҳи амалиётҳои ҷиноятӣ гирифта шаванд», -гуфт ӯ.
Ва дар охир
Мувофиқи гуфти коршиносон, бо шиддат гирифтани амалиёти зидди Толибон дар Покистон гурӯҳи калони аъзои Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ба шимоли Афғонистон ва аз он ҷо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ кӯч бастаанд. Коршинос Аҳмад Рашид мегӯяд, дар ин бора ақидаҳои гуногун вуҷуд доранд ва вазъи феълии аъзои ин созмонро дақиқан шарҳ додан мушкил аст:
«Онҳо ба гурӯҳакҳои зиёде байни худ ҷудо шудаанд. Бархе аз ин гурӯҳҳо ба зархарид табдил ёфтанд ва онҳоро фармондеҳони толиби покистонӣ аз як сӯ ва фармондеҳони толиби афғон аз сӯи дигар «ёрии дӯстона» мекунанд, ки дар натиҷа онҳо гоҳо бар зидди ҳамдигар низ меҷанганд. Ҳашт сол аст, ки ин раванд идома дорад ва дар ин байн мо хеле рӯйдодҳоро дидем. Лек набояд фаромӯш намуд, ки бисёре аз ин рӯйдодҳо аз чашми ғайр пинҳонанд, зеро фаъолияти гурӯҳ махфист. Ва раҳбарияти он низ, масалан, рӯшан нест.»
Ҳарчанд Тоҳир Юлдош раҳбари ин ҳаракат шумурда мешавад, ВАО-и Покистон менависад, ки нуфузи гурӯҳҳои дигар бар ин созмон ва ҳузури тоҷикон, туркманҳо ва дигар мардумони Осиёи Марказӣ дар он зиёд шудааст. Ба гуфти Аҳмад Рашид, ҳаракат маротибае талош намуд, ки худро ба Ҳаракати исломии Туркистон табдил диҳад, вале ҳоло гурӯҳҳои нав дар ин кор садди роҳ мегарданд. Онҳо фарогирии бештар дошта, бо дигар гурӯҳҳо равобити хубтаре ба вуҷуд овардаанд.
Ба гуфти ӯ, дубора сар бардоштани ин гурӯҳҳо дар Осиёи Марказӣ хуб ба назар мерасад. Дар ин замина онҳо вазъи бади иқтисодиро дар Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба ҳисоб гирифта, аз фақру бекории рӯзафзун ва коҳиши пулфиристии муҳоҷирон мехоҳанд истифода кунанд.
Талоши бозгашти онҳо ба Осиёи Марказӣ ахиран рӯ ба афзоиш дорад. Ба чандин ҳамлае, ки соли соли ҷорӣ дар ӯбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон рух дод, Ҳаракати Исломии ӯзбакистон айбдор мешавад. Ҳамла ба посгоҳ ва шӯъбаи корҳои дохилӣ дар Ӯзбекистон, даргириҳо дар Ҷалолободи Қирғизистон ва рӯйдодҳои шарқи Тоҷикистонро коршиносон силсилаҳои як занҷир маънидод менамоянд.
Лек бояд гуфт, ки дар баробари чунин таҳдидҳо ҳукуматҳои се кишвар тақрибан ҳеҷ гуна ҳамкорие бо ҳам надоранд. Коршинос Ҷон Маклод мегӯяд: «Ба фикрам, агар дар водии Фарғона зуҳури ситезаҷӯии исломӣ ҳақиқат дошта бошад, мақомоти тоҷик, қирғиз ва ӯзбак дар ҷабҳаи амният ҳар кадом асосан ба таври худ амал хоҳад кард». Ин то кадом дараҷа ба ҳақиқат наздикӣ дорад, вақт нишон медиҳад.
Шодмони КАРИМ