ФАРМОНДЕҲ АҲМАДШОҲИ МАСЪУД АЗ НИГОҲИ ГЕНЕРАЛҲОИ РУС - 1
Аҳмадшоҳи Масъуд аз ҷумлаи нодиртарин симо ва шахсиятҳои фаромӯшнашавандаи таърихи башарият аст, ки ҳанӯз ҳангоми дар қайди ҳаёт буданаш шӯҳрати ӯ ба суръати бузурге дар ақсои олам паҳн гаштааст. Ӯ дар ин мӯҳлати умри чун барқ кӯтаҳи худ тавонист дар осмони таърихи муосири дунё як гӯшаи торики онро дурахшон бисозад. Вале дар муқоиса бо барқ, ки равшании он лаҳзае беш нест, Аҳмадшоҳи қаҳрамон чун нуре аз дуриҳои дур ба ояндаҳо низ қарнҳо шӯълапошӣ хоҳад кард.
Дар асри 20 ва аввали асри 21 аз ҷумлаи сиёсатмадорону низомиёни дунё Аҳмадшоҳи Масъуд ягона шахсиятест, ки дар зарфи анқариб 20 соли охир ҷомеаи байналмиллалиро маҷбур сохт, ки дар бораи ӯ пайваста бо эҳтироми баланд ва ҳусни таваҷҷӯҳи бепоён ҳамчун аз симое ном бибаранд, ки ҳамеша дар талоши озодӣ, истиқлолияти Ватан ва ҳуқуқи инсон дар пайкор будааст. Дар ин робита дӯстону роҳбарону алоқамандонаш чи сифатҳоеро барояш муносиб надонистаанд! Яке ӯро «Шери Панҷшер» меномид, дигаре «Уқоби Ҳиндукушаш» мегуфт. Саввумӣ ӯро болотар аз Наполеон тавсиф мекард. Ҳамин тариқ ӯ барои виетнамиҳое, ки таърихи Афғонистонро варақ мезаданд, Хошимини Афғонистон буд. Хизматҳои Аҳмадшоҳро барои Афғонистон югославиҳо дар радифи хизматҳои маршал Броз Тито ба Югославӣ меҳисобанд. Фаронсавиҳо то ба ҳол мегӯянд, ки Масъуд чуноне, ки женрол Де Голл барои Фаронса заҳмат кашид, барои Афғонистон ӯ бештар ҷоннисорӣ кардааст.
Дар бораи Аҳмадшоҳи Масъуд ҳанӯз аз солҳои аввали таҳоҷуми артиши Шӯравӣ ба Афғонистон расонаҳои хабарии олам ба навиштан оғоз карданд. Қариб ҳама ӯро қаҳрамони набардҳои муҷоҳиддин алайҳи аҷнабиён медонистанд. Вале дар ин байн танҳо матбуоти ҳукумати вақти Афғонистон, расонаҳои хабарии Иттиҳоди Шӯравӣ ӯро ба ҳайси ёғӣ, бондит ва роҳзан ба хонандагони худ муаррифӣ карданӣ мешуданд. Вале боз ҳам аз ҳамон навиштаҳо на танҳо коршиносони низомӣ ва таҳлилгарони сиёсӣ, балки хонандаҳои оддӣ ҳам аҳёнан дарк мекарданд, ки сухан дар бораи на ёғӣ, на роҳзан, на саркаш, балки фармондеҳе меравад, ки артиши муназзаме доштаву аз истиқлолияту озодии кишвари худ ҷавонмардона дифоъ мекунад.
Дар муддати даҳ соле, ки артиши Шӯравӣ дар хоки муқаддаси Афғонистон пайваста мекӯшид то бар тамоми қаламрави ин кишвар тасаллут пайдо кунад, дар Иттиҳоди Шӯравӣ, ки Тоҷикистон яке аз ҷумҳуриҳои он ба ҳисоб мерафт, на танҳо дар бораи Аҳмадшоҳи Масъуди бузург, балки дар бораи ҷанги Афғонистон кӯшиш ба харҷ медоданд, ки камтар чизе бигӯянд. Вале бо гузашти айём кишварҳо низ ба мисли иқлимҳо тағйир мехӯрдаанд. Баҳори бозсозии Горбачев яхҳои сукути ҳаёти сиёсиву низомии замони Брежневро об намуд. Сиёсати ошкорбаёнӣ қулфҳои даҳони сиёсатмадорону низомиёнро, ки гуфтаниҳои зиёде доштанд, низ боз кушод. Мавзӯи ҷанг дар Афғонистон яке аз мавзӯъҳои рӯзмарраи замони Горбачев гардид. Зеро акнун на танҳо давлатмардону сиёсатмадорон дарк карда будаанд, ки вуруди артиши Шӯравӣ ба Афғонистон хатои бузурги сиёсиву низомии роҳбарияти вақти кишвар буд, балки фармондеҳони баландпояи ширкаткунанда дар ҷанги Афғонистон, ки масъулияти бечуну чаро иҷроиши фармонҳоро доштанд, акнун дастҷамъӣ аз идомаи ҷанг дар Афғонистон изҳори норизоят мекарданд. Ғалабаро дар ҷанги Афғонистон ғайриимкон медонистанд. Билохира роҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ тадриҷан ба дарки он расид, ки қабл аз он ки артишашон ба пуррагӣ дар ҳудуди Афғонистон торумор гардад, онро аз қаламрави ин давлат обрӯмандона (агар чунин гуфтан мумкин бошад) берун, ба кишвари худ бикашанд. Чунин ҳам карданд. Вале таҳқиқоту ҷӯстуҷӯҳо дар бораи пайдо кардани сабабҳои шикасти артиши Шӯравӣ дар Афғонистон аз ҳар вақта дида густурдатар гардид ва вусъати бештар гирифт. Аз журналистони оддӣ шурӯъ карда, то сиёсатмадорони варзидаву низомиёни олирутба дар ин самт асарҳои зиёди хурду бузург навиштаанд. Қариб аксари онҳо аз далериву ҷасорати миллати ҷасури афғон, ки дар ин ҷанг аз худ матонату шаҳомат нишон дода буд, суханҳои баланд гуфтаанд. Аз ҷумла ёдовар шудаанд, ки ҷасорати муҷоҳиддини афғон, ба хусус фармондеҳони он албатта яке аз сабабҳои асосии шикасти урдуи Шӯравӣ дар Афғонистон буд. Дар ин робита аксари нависандагони асарҳои хурду калонҳаҷм ҳамеша аз Аҳмадшоҳи Масъуди бузург ҳамчун аз симболи муборизаи мардуми Афғонистон барои истиқлолият, озодӣ ва якпорчагии ватани хеш ёд кардаанд. Чаҳорчӯбаи ин мақола ба мо имкон намедиҳад, ки ҳамаи он навиштаҳоро ба риштаи таҳлил бигирем ва чеҳраи тасвиршудаи Аҳмадшоҳ Масъудро дар он асарҳо ба хонандагони арҷманд баён созем. Бинобар ин мо дар ин навиштаҳои худ танҳо ба асарҳои се женроли дар гузашта хеле машҳури собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки ҳоло дар қайди ҳаётанд ва ба Федератсиюни Русия хизматгузор ҳастанд, иктифо менамоем. Инҳо женролҳои машҳури рус Борис Громов, Александр Ляховский ва Маҳмуд Гареев мебошанд, ки дар тӯли ҷанги Иттиҳоди Шӯравӣ алайҳи Афғонистон симматҳои муҳимеро дар артиши Сурх доштаанд. Масалан, женрол – полковник Борис Громов муддати панҷуним сол дар Афғонистон дар мансабҳои гуногуни хеле баландпоя ифои вазифа намудааст. Маҳз таҳти фармондеҳии Борис Громов маъракаи ба нақшагирӣ ва ихроҷи нерӯҳои низомии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки маъмулан дар матбуоти он замон бо номи Артиши 40 – ум машҳур буд, сурат гирифтааст. Женрол Борис Громов китоби худро, ки «Қитъаоти маҳдуд» номгузорӣ кардааст, соли 1994 бо истифода аз асноди дар бойгонии Раиси Ҷумҳури Русия мавҷуда навиштааст. Нахустин бор аз мадорику асноде истифода шудааст, ки ба бисёр саҳифаҳои торики таърихи ҷанги Афғонистон рушанӣ меандозанд. Женрол Борис Громов баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ низ яке аз шахсиятҳои барҷастаи низомии Русия ба ҳисоб мерафт. Чанд муддат муовини аввали вазири дифоъи кишвар низ буд. Феълан дар яке аз вилоятҳои муҳими Русия вилояти Москва ба ҳайси волии он ифои вазифа менамояд. Женрол ва муаллифи дигаре, ки дар атрофи китоби ӯ баҳс хоҳем кард, Александр Ляховский мебошад. Александр Ляховский муддати тӯлонӣ дар Ситоди умумии нерӯҳои низомии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хидмат кардааст. Дар марҳилаи ниҳоии ҳузури нерӯҳои низомии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон ӯ ёвари фармондеҳи гурӯҳи оперативии Вазорати Дифоъи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Афғонистон женроли артиш В.И.Варенников будааст. Женрол В.Варенников дар он замон дар Афғонистон мушовири низомии Фармондеҳи кулли нерӯҳои низомии кишвар Наҷибуллоҳ ба ҳисоб мерафт. Бинобар ин женрол Александр Ляховский низ тавонистааст бо истифода аз асноди махфӣ ва тамоман махфӣ китобе нависад, ки мақбули доираи васеи хонандагони сершумори дохиливу хориҷӣ бигардад.
Маҳмуд Аҳмадович Гареев бошад аз ҷумлаи он женролҳоест, ки тақрибан 60 – сол муқаддам ба ҳайси сарбози оддӣ алайҳи Олмони фашистӣ, ки ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамла оварда буд, ҷангидааст. «Мавсими Афғон», (ӯ китобашро чунин номгузорӣ кардааст) чи тавре, ки мебинем, барои женроли 80 – сола нахустин мавсими ҷанг набудааст. Дар тӯли умраш ӯ борҳо дар нуқтаҳои доғи олам аз таҷрибаи ҷангии хеш ба нафъи кишвараш истифода бурдааст. Дар даврони ҷанги Иттиҳоди Шӯравӣ бо Афғонистон чандин маротиба ба ин кишвар омадааст. Вале ҳама ӯро ба ҳайси женроле мешиносанд, ки бархилофи чашмдошт ба Афғонистон дар рӯзҳое меояд, ки охирин сарбози Шӯравӣ онро тарк мегуфт. Ӯ ба ин кишвари ҷангзада 7 – уми феврали соли 1989 ба ҳайси фармондеҳи гурӯҳи оперативии артиши Шӯравӣ дар назди Раиси Ҷумҳури Афғонистон, фармондеҳи олии нерӯҳои низомии ин кишвар доктор Наҷибуллоҳ меояд. Ва имрӯз баъзе аз коршиносони низомии Шӯравӣ бар онанд, ки яке аз сабабҳои дертар суқут кардани давлати Наҷибуллоҳ ба дасти муҷоҳиддин ин маҳз дар он буд, ки Наҷибуллоҳ Маҳмуд Гареев барин женроли соҳибтаҷрибаеро ба ҳайси мушовир дошт. Намедонам ин гуфтаҳо то кадом андозае ба ҳақиқат наздиканд, вале Маҳмуд Гареев, ки бо вуҷуди кӯҳансолӣ баъдҳо масъулияти сарварии Академияи низомии Русияро ба дӯш дошт, дар китоби худ бо тафсил дар бораи шикасту рехтҳои ҷанги Афғонистон иттилои муфассале додааст. Аз ҷумла, ӯ низ чун женролҳои қаблан номашон зикршуда фаромӯш накардааст, ки аз Аҳмадшоҳи Масъуди кабир ҳамчун аз бузургтарин ва шуҷоътарин фармондеҳи муҷоҳиддин ёдовар шавад.
(давом дорад)
Султони Ҳамад
журналисти мустақил