«АЗ ТАЪРИХИ МУРОФИАИ СУДИИ НЮРНБЕРГ» - II
БА МУНОСИБАТИ 76 СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ҶБВ-1941-1945 БАХШИДА МЕШАВАД.
Ҷаласаро И.Т. Никитченко пӯшида эълон намуда, изҳор дошт, ки санади айбдоркунӣ ҷиноятҳои «Г.В.Геринг, Р.Гесс, И.Риббентроп, Кейтел, Р.Лей, В.Кейтел, Э.Калтенбруннер, А.Розенберг, Г.Франк, В.Фрик, Ю.Штрейхер, В.Функ, Г.Шахта, Г.Круппа,К.Дентиса, Э..Редер, Б.Шираха, Ф.Заукел, А.Йодл, М.Борман, Ф.Папен, А.Зейсс-Икварт,А.Шпеер, К.Нейрат Г.Фриче» -ро дар алоҳидагӣ дар бар мегирад ва ҳамчунин аъзои гурӯҳҳое, ки ба ин ҷинояткории мудҳиш вобастагӣ доштанд аз ҷумла: аъзои ҳукумат, роҳбарони ҳизби миллӣ- сосиалистӣ, отрядҳои муҳофизавии ин ҳизб чун «СС» , гурӯҳҳои хадамоти бехатарӣ «СД», пулиси давлатии махфии ҷазодиҳии «Гестапо»,отрядҳои штурумкунандаи СА, ситод ва роҳбарои қувваҳои мусаллаҳро низ фарогир ҳастанд.
Асосҳои ҳуқуқии Трибунали ҳарбии байналмилалӣ дар эъломияи 3 кишвар: СССР, ИМА ва Британияи Кабир оид ба ҷавобгарии гитлерчиён барои ваҳшигарӣ дар қисматҳои хоки СССР, Полша, Чехославакия, Югославия, Юнон, Дания, Голландия, Люксембург, Фаронса, Италия ва ғайраҳо, ки санаи 2.11. соли 1943 дар Маскав интишор ёфта буд. Дар он нишон дода шуда буд, ки масъалаи ҷинояткорони асосии ҳарбӣ, ҷиноятҳое, ки бо марзи алоҳидаи ҷуғрофӣ тааллуқдор нестанд, бояд тибқи қарори якҷояи кишварҳои иттифоқчӣ қабул карда шавад. Дар асоси ин эъломия дар Лондон комиссия оид ба коркарди масъалаҳои ба ҷавобгарӣ кашидани сарварони ҷинояткорони ҳарбӣ созмон ёфт.
Комиссия аз намояндагони 4 давлат: СССР(муовини раиси Суди олии СССР, генерал майори адлия И.Т.Никитченко ва аъзо-корреспонденти АФ-и СССР , профессори ҳуқуқи ҷиноятӣ А.Н.Трайнин), ИМА(аъзои Суди олии федералӣ Р.Х.Ҷексон), Британияи Кабир(Прокурори генералӣ Д.М.Файф), Фаронса (аъзои Суди кассатсионӣ Р.Фалкао ва профессори ҳуқуқи байналмилалӣ Гро) иборат буд.
Ҷаласаи намояндагони 4 кишвари абарқудрат аз 25.06. то 8.08 соли 1945 давом ёфта, дар қабули қарорҳо нисбати ҷавобгарии командаи гитлерчиён андешаи ҳамаи иштирокчиён ягона буд.
Натиҷаи фаъолияти якуниммоҳаи кории онҳо ин қабули Созишнома ва қисмати ҷудонашаванда он «Оинномаи трибунали ҳарбии байналмилалӣ» гашт. Ин ҳуҷҷат вазъи ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва функсияи трибунал ва ваколатҳои онро оиди суд намудан ва ба ҷазо кашидани ашхоси ба муқобили сулҳ ҷиноятҳоро тайёру содирнамуда, ҷиноятҳои ҳарбӣ ва ҷиноятҳои ба муқобили башарият содирнамударо ба танзим медаровард.Дар ин Оиннома ба сифати низоми меъёрии асосӣ оварда шуда буд, ки Трибунали байналмилалии ҳарбӣ барои гузарнидани мурофиаи судии адолатнок ва ҷазодиҳии саркардагони ҷинояткориҳои ҳарбии кишварҳои истилогар таъсис дода мешавад.Ба ин Созишнома ҳамчунин 19 кишвари чабрдида(тибки дигар сарчашмаҳо 23 кишвар) ҳамроҳ гаштанд.
Созишнома ва Оинномаи трибунал дар асоси Конвесияи байналмилалии Гаага(1907) ва Конференсияи Женева (1929) ва дигар конвенсия ва муоҳидаҳо қабул карда шуда буд.
Оинномаи трибунал муайян намуд, ки ҳаракатҳои зерин ва ё яке аз онҳо ҷиноят ҳисобида шуда , ба тобеъи юридикии трибунал дохил ва ба тарзи фардӣ мавриди муҳокима қарор хоҳанд гирифт:
1.Ҷиноятҳо дар муқобили сулҳ аз ҷумла:нақшабандӣ, тайёрӣ,ба ҷанг кашидан ва ё бурдани ҷанги истилогарона бо вайрон намудани меъёрҳои муйяннамудаи шартномаҳои байналмилалӣ, созишномаҳо ва ё мувофиқа ва ё иштирок дар нақшаи умумӣ ва ё забоняккунӣ барои иҷрои яке аз ин амалҳои ишораёфта.
2.Ҷиноятҳои ҳарбӣ, азҷумла:вайрон намудани қонун ва анъанаи ҷанг. Ба ин қонуншиканӣ амалҳои куштор, шиканҷадиҳӣ ва ё ба ғуломӣ бурдан шаҳрвандони мулкии марзи истилогашта, куштори ба гаравгирифташудагон, ғорати амволи ҷамъятӣ ва ё хусусӣ,оташ задани хонаҳои истиқматӣ, вайрон намудани шаҳру деҳаҳо, истифодаи амалиётҳои нолозиму тархибкоронаи ҳарбӣ ва дигар ҷиноятҳо.
3.Ҷиноятҳо ба муқобили башарият азҷумла: куштор, қатли ом, ба худ тобеъкунии одамон ,бадарға ва дигар амалҳои зӯроварӣ дар муқобили шаҳрвандони мулкӣ то ҷанг ва ё баъди ҷанг ва ё таъқибикунӣ бар асари моҳияти сиёсӣ, нажодӣ ва ё характери динию мазҳабӣ дошта, бо мақсади содирнамоии ҷиноят ва ё бо сабабҳои дигар ба тобеъияти юридикиии трибунал новобаста аз масъалаи проблемаҳои дохилӣ буданашон дохил мегаштанд.
Чи тавре, ки дар боло гуфта гузаштем, санаи 18-уми октябри соли 1945 дар ҷалласаи берлинии ташкилии Трибунали байналмилалии ҳарбӣ хулосаҳои айбдоркунӣ қабул карда шуда буданд.Инак санаи 20-уми ноябри соли 1945 айбдоркунандагони шӯравӣ ҳамрохи ҳамтоёни амрикоӣ, англису фаронсавии худ ба толори Қасри адлияи шаҳри Нюрнберг ташриф оварданд , то аз номи халқҳо, аз номи миллионҳо қурбониёни Олмони фашистӣ ва миллитаристӣ (ҳарбикунонидашуда)ба судшавандаҳо ҳисоботи пурра ва одилонаи аъмоли нангини онҳоро пешниҳод намоянд!Ин мурофиа то моҳи октябри соли 1946 давом кард.
Нюрберг бе асос ҷойи гузаронидани мурофиаи судӣ барои қабули қарор нисбати саркардагони фашистии ҷинояткорони ҳарбӣ интихоб нагашта буд. Беш аз 970 сол ин шаҳри қадимаи сарзамини Бавария , собиқ қароргоҳи шоҳони Бавария вуҷуд дорад. Дар муддати садсолаҳои зиёд он ҳамчун шабеҳаи истилогаронаи сиёсати «Империяи муқаддаси Рим» маҳсуб меёфт.Ин шаҳрро махсусан Фридрих Барбарос , ки тамоми умр хаёлҳои пучи ҳукмрони ҷаҳон гаштанро дар андешааш мепарварид бисёр қадр мекард!
Васвосии хунхор Гитлер бошад бо тамоми ҳаракату рафтораш мехост ки ба ин «худо»-и худ Барбарос монанд бошад(беҳуда нақшаи ҳуҷуми ӯ ба СССР «Барбарос» ном надошт-шарҳи Варқаи Зайниддин).Фюрер низ мехост ки ҳукмрони ҷаҳон гардад.Дар Нюрнберг гитлерчиён қонунҳои нажодпарастонаи худро ба нашр расониданд, ки баъдан бо номи «қонунҳои нюрнбергӣ» маъруф гашта буданд. Беҳуда Адолф Гитлер намегуфт: «Шаҳри бовафо ва дӯстдоштаи ман»!
Дар инҷо ҷалласаҳои ҳизби фашистӣ ва ҳамоишҳои нажопарастонаи онҳо бо иштироки садҳо ҳазор фашистон , ки мақсади ҳукмрони олам гаштанро доштанд доир мегаштанд.Маҳз бо ҳамин сабаби таърихӣ мурофиаи судии мардуми олам дар муқобили фашистони ҷинояткор дар ҳамин шаҳр доир гашт ва он бо иборае натиҷаи хулосаи ҷанги 2-юми ҷаҳон низ гашт ва мантиқан онҷо доир намудани мурофиаи судии байналмилалӣ дуруст низ буд!
Мурофиаи судӣ то моҳи апрели 1946 давом кард. Дар рафти мурофиаи судӣ 403 ҷаласаи судӣ доир гашта, тамоми судшавандаҳо ба истиснои Гесс ва Фрик нишодод доданд.Ҳамчунин 113 нафар шоҳид пурсида шуда, 143 нишондоди хаттӣ ва бештар аз 5 ҳазор ҳуҷҷатҳо ҳамчун далелҳои шайъӣ баррасӣ гаштанд.Ба ғайр аз ин вобаста ба ташкилотҳои ҷинояткорона 101 шоҳид пурсида шуда, 1809 нишондоди хаттии шоҳидон баррасӣ ва 6 ҳисобот оиди мундариҷаи 196 ҳазор нишондодҳои хаттӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Ҳангоми мурофиа бештар аз 30 ҳазор нусхаҳои аккосигашта ва тасдиқгаштаи ҳуҷҷатҳо тайёр карда шуда, ҷамъан бештар аз 50 миллион саҳифаи маводҳои чопгаштаро ташкил намуданд!
Матни русии пайнавишти мурофиа бо дарназардошти ҳукми трибунал 39 ҷилд, 20228 саҳифаро дарбар гирифта буд.Бештар аз 200 тонна коғаз 27 ҳазор метр плёнкаҳои овоздор ва 7 ҳазор фотопластика тайёр карда шуда буд.Ба Нюрнберг суратгири шахсии Гитлер, Гофман ва бештар аз 25 ҳазор акс оварда шуда, Аз ин миқдор 1800 адади онро чун далели исботкунии ҷинояти фашистон пешниҳод намуданд.Бояд гуфт ки миллионҳо метр кадрҳои кинофилмҳо тамошо ва як қисми ин филмҳо чун далели исботкунӣ дар ин мурофиа истифода гаштанд.Ҳамчунин дар ихтиёри намондагони Трибунали ҳарбии байналмилалӣ китобхона, ки дар он матбуоти даврӣ, китобҳои аз ҷониби фашистон нашр гашта ва бойгонии вазорати корҳои хориҷӣ, бойгонии саркардаҳои ҳарбии Олмони фашистӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо қарор доштанд, ки ҳангоми исботкунии ҷиноятҳои фашистону ташкилотҳои фашистии онҳо аз ин далелҳо чун ҳуҷҷатҳои исботкунӣ босамар истифода бурда шуд.
Фаъолияти ҷинояткоронаи Гитлеру ҳамтоёнаш дар рафти мурофиаи байналмиалалӣ бо далелҳои раднашаванда исботи худро ёфт. Сана 31.08.1946 ба ҳар як судшаванда сухани охирон дода шуд. Дар сӯҳбатҳои ғайрирасмии трибунал ҳуқуқшиносони амрикоию англисӣ мегуфтанд , ки сухани охирон чи лозим ҳаст? Ин иниститути мурофиавӣ дар ҳуқуқи англо-саксонӣ мавҷуд нест, лекин бо таклифи намояндаи СССР он ба Оинномаи Трибунали байналмилалии ҳарбӣ ворид карда шуд.
Геринг(фашисти №2 баъди Гитлер) ҳангоми сухани охирон бо ҳар баҳона нисбати қисме аз айбдоркунандагон шикоят овард, аммо далели исботкуние нисбати иддаои хеш пеш оварда натавонист. Ҳамчунин ӯ рӯирост дурӯғ гуфта, аз ҷавобгарӣ худро канора гирифтанӣ шуда, иброз медошт,ки ӯ бар зиддӣ ба таври оммавӣ қатл намудани одамон буда, ҷангро намехостаст. Дар хусуси ҷиноятҳои вазнин, ки «пинҳонӣ» иҷро мегаштанд чизеро намедонистааст(тассаввур кунед, ки одами №2 - и Рейх чизеро дар ин хусус намедонистааст?!-шарҳи Варқаи Зайниддин).
Гесс бошад зимни сухани охирон аз худ одами номукаллаф ва гирифтори бемории рӯҳиро тарошиданӣ мешуд.(сарнавишти ин шахси дӯстдоштаи фюрер басо аҷиб аст ва шояд дар оянда дар борааш барои хонандагони тоҷик мақолае омода кунам-шарҳи Варқаи Зайниддин).
Риббентроп решаи чунин бадбахии ба вуҷуд омадаро дар Шартномаи Версал дида, гуноҳро ба болои масъулони сиёсати хориҷӣ зада ,изҳор доштааст, ки масъули сиёсати хориҷӣ дигарон ҳастанд ва худро сафед карданӣ мешудааст.
Кейтел ҳангоми сухани охирон аз кардааш худро пушаймон ҳисобида, ҳамчунин аз фармони додааш оиди қиркунии одамон изҳори «бехабарӣ» намудааст.
Калтенбруннер ҳаракатҳои ҷинояткоронаи худро дар он медид, ки қарзи фарзандияшро дар назди ватан «нафаҳмида», ӯро Гимлер ва дигарон «фиреб» додаанд.
Розенберг қасам мехӯрд, ки виҷдони ӯ тоза асту андешае ҳатто надошт, ки славянҳо ва яҳудиёнро ҷисман нест кунанд.Ӯ ҳатто мехостааст ки чунин «ҷинояткоронро тибқи созишномаи байналмилалӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашанд».
Франк худро бегуноҳ тарошида, тамоми ҷиноятҳоро ба гардани Адолф Гитлер бор мекард.
Ба гуфти Фрик ӯ тамоман гуноҳе надошта, чун ватандӯсти ҳақиқӣ баромад кардааст.
Штрейхер низ тамоми ҷиноятҳоро ба гардани Гитлер зада худро бегуноҳ метарошид.
Функ изҳор дошт,ки оиди ин ҷиноятҳои даҳшатнок , ки қисман ӯро ҳамроҳ кардаанд чизеро намедонад ва ин амалаш вайро маҷбур мекунад, ки каме «сурх» шавад.Дар ин корҳо ӯро Гимлер фиреб ва ҳамроҳ намуда будааст.
Тибқи сухани охири Шахт маълум мешавад, ки ӯ ба таври ифротӣ муқобили ин ҷанг буда, дар ягон амали ҷиноякорона иштирок надоштааст.
Денитс худро ҳамчун сарвари давлате, ки дар назди миллати олмонӣ масъул буд ва дар асоси виҷдонаш амал мекард муаррифӣ кард.
Редер қисман худро гунаҳгор шуморид, лекин на дар назди мурофиаи судӣ, ки аз тарафи одамон бурда мешавад балки дар назди худо.
Ширах қоил шуд, ки ҷавононро барои Адолф Гитлер тайёр мекард,ки масуф миллионҳо одамонро кушт , вале тайёр аст, ки танҳо дар назди худо ва виҷдони худ ҷавоб диҳад.
Заукел бо садои аламовар гуфт,ки далелҳои ғайриинсонии дар мурофиаи судӣ рӯи об омада, қалби вайро ба дард овардааст ва бо гардани хело паст сари худро назди рӯҳи қурбониён фуруд меоварад.Ӯ дар қалби худ ҳама вақт маллоҳ, шахси тақводор ва оилаи хуб дошта боқӣ мемонад.
Йдол сухани охирини худашро барои сафед намудани роҳбарони олимақоми ҳарбӣ ва ҳамчунин худаш ба кор бурдан хост.
Папен бошад худро дар ҷинояткори гунаҳгор намешуморид ва гуён «дараке» надоштааст.
Зейсс-Инкварт андешаи хуберо қоил гашт: «Олмон вобаста ба манфиатҳои худ набояд хоҳони ҷанг бошад , бояд ба он чиз назар кунад, ки ягон кас ба дасташ яроқ надиҳад.Миллатҳои дигар низ ҷангро намехоҳанд».
Идома дорад...
Варқаи Зайниддин, Ёвари калони прокурори вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 1, корманди фахрии Прокуратураи ҶТ, аълочии матбуот ва фарҳанги Тоҷикистон.