СТЕПАН БАНДЕРА ВА “БОСМАЧИҲО”-И ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Чаро дар Тоҷикистон то кунун ҷиҳати бозбинии нақши “босмачиҳо” дар таърихи асри бистуми ин кишвар иқдоме ҷиддӣ нашудааст? Ва оё феълан дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ба нақши ин ҳаракати муқовимати зидди Шӯравӣ чӣ назар доранд?
БАНДЕРА – ҚАҲРАМОНИ НИМИ УКРАИНА?
Раисиҷумҳури пешини Украина Виктор Юшенко дар моҳи январи соли 2010, ҳамагӣ чанд рӯз қабл аз тарки ин мақом ба Степан Бандера, раҳбари Созмони миллатгароёни украин дар солҳои ҷанги дуввуми ҷаҳон унвони Қаҳрамони Украинаро эъто кард. Аммо додгоҳи маъмурии Донетск дар моҳи апрел бар асоси шикояти як шаҳрванд ҳукми Юшенкоро лағв кард. Додгоҳи олии маъмурии Украина ахиран гуфт, тайи 9 моҳе ки гузашт, касе ҷиҳати бозбинии ҳукми додгоҳи Донетск муроҷиат накардааст ва ба ин далел қарори лағви унвони Қаҳрамонии Бандера ба ҳукми иҷро медарояд.
Тасмими Юшенко ҷиҳати ироаи унвони қаҳрамонӣ ба Бандера, нафаре, ки дар солҳои ҷанги дуввуми ҷаҳон ҳам алайҳи нирӯҳои Олмони фашистӣ ва ҳам зидди нирӯҳои артиши Шӯравӣ меҷангид, ва ҳамин тавр, тасмими давлати ӯ ҷиҳати ироаи имтиёзҳои ҳамсанг бо собиқадорони Ҷанги бузурги ватанӣ ба онҳое, ки дар он солҳо алайҳи артиши шӯравӣ меҷангиданд, дар ҷомиаи Украина вокунишҳои зиддунақизеро ба вуҷуд овард ва ин ҷомиаро амалан ду тақсим кард. Аммо Олексий Гаран, таҳлилгари мактаби таҳқиқоти сиёсии Академияи Киев- Могилянск мегӯяд, сӯъитафоҳумҳо дар ин замина аз таҳрифи воқеъиятҳои таърихӣ аз сӯи дастгоҳи таблиғотии Шӯравӣ бармеояд, вале набояд Степан Бандераву сарбозони дигареро, ки дар солҳои ҷанги дуввуми ҷаҳон барои истиқлоли Украина меҷангиданд, ҳамдасти фашистҳо шумурд:
“Таблиғоти шӯравӣ мегуфт, Бандера ва Созмони миллатгароёни Украина, ки Артиши муқовимати Украинаро таъсис доданд, гӯё муттаҳидини фашистҳо бошанд. Ин дуруст нест. Дар асл, Артиши муқовимати Украина дар ду ҷабҳа меҷангид – ҳам зидди Олмони фашистӣ ва ҳам зидди Шӯравӣ. Онҳо барои Украина меҷангиданд, ки зери чархи ин ду низоми худкома монда буд. Вақте ҷанги дуввуми ҷаҳон оғоз ёфт, ин мардум умед дошт, ки Олмон ба истиқлоли Украина розӣ мешавад. Вале вақте тарафдорони Бандера истиқлоли Украинаро эълон карданд, Олмони фашистӣ бисёри онҳоро ба конслагерҳо андохт ва қатли оми онҳо шурӯъ шуд. Ва нафарони Бандера ҳанӯз дар замони истилои фашистҳо ба фаъолияти чирикӣ гузаштанд.”
БОЗНАВИСИИ ТАЪРИХ
Албатта, Украинаи аҳди Юшенко дар ин кор пешдасттар буд, вале ба сурати умум, бознигарии нақш ва саҳми афрод ва гурӯҳҳое, ки дар солҳои истиқрори низоми шӯравӣ ва ҳам дар замони ҷанги дуввуми ҷаҳон алайҳи Шӯравӣ меҷангиданд, дар аксари кишварҳои шӯравии собиқ мушоҳида мешавад. Дар Русия ҳатто дар бораи адмирал Колчак, фармондеҳи нирӯҳои мухолифи артиши сурх сериали тӯлоние ба навор гирифта, онҳоеро, ки дар ҷараёни ҷанги шаҳрвандии солҳои 1918-1920 алайҳи шӯравӣ меҷангиданд, акнун қурбониёни мошини “террори сурх” ба қалам медиҳанд.
Дар аҳди шӯравӣ онҳое, ки дар қаламрави Осиёи Марказӣ алайҳи артиши сурх меҷангиданд, бо лақаби “босмачӣ” ёд шуда, дар китобҳо ва филмҳои он замон ҳам танҳо ба гунаи тӯдаҳои бесаводу ғаддор тасвир мешуданд. Киностудияҳои “Тоҷикфилм”-у “Узбакфилм”-ро ба маҳзи чунин филмҳо ҳатто “Басмачфилм” ҳам лақаб дода буданд. Аммо акнун дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ шояд танҳо дар Туркманистон таҷдиде ҷиддӣ дар мавриди арзёбии таърихи солҳои бистум ва нақши Ҷунайдхон, нафаре ки зидди артиши сурх бархост ва танҳо дар пайи таъсиси ҷумҳурии мустақили Туркманистон силоҳашро ба замин гузошт, сурат нагирифтааст. Вале раванди бознависии таърихи он даврон дар кишварҳои дигари минтақа, албатта, бо вусъат ва суръати мухталиф, вале ба ҳар сурат, алакай шурӯъ шудааст.
ҲАТТО ШОҚАЙ САФЕД ШУД
Дар Қазоқистон аз ҷумла исми шахсиятҳое, чун Алихон Буқейхон, асосгузори Алаш-Ӯрда, нахустин давлати миллии қазоқҳо дар соли 1917 ва ҳатто Мустафо Шоқай, аз нахустин раҳбарони Легиони Туркистон, ки бо мусоидати Олмони фашистӣ ташкил шуда буд, нафақат сафед шудааст, балки акнун ба шарафи онҳо анҷуманҳои илмӣ барпо кардаву мактабҳову кӯчаҳову хиёбонҳоро ба номи онҳо мегузоранд.
Султонхон Юсуф, хабарнигор ва муаррихи қазоқ, ки дар бораи Алихон Буқейхон рисолаи докторӣ ва 7 ҷилд китоб навиштааст, мегӯяд: “Ному корномаҳои онҳо ба китобҳои дарсӣ ворид шуда, дар Қазоқистон як барномаи давлатӣ бо номи “Мероси фарҳангӣ” таҳия шудааст, ки ба гирдоварӣ ва нашри осори ин собиқ “душманони халқ” машғул аст. Як кӯчаи бузург дар Алма-Ато ва чанд кӯчаи дигару мактабу ҳатто донишгоҳҳо номи Аҳмад Бойтурсун, Алихон Буқейхон аз асосгузорони Алаш-Ӯрдаро доранд. На ба ин андоза, албатта, аммо Мустафо Шоқайро ҳам пурра сафед кардаанд. Вале дар бораи Шоқай як филми дусериягӣ ҳам бардоштаанд, ки солҳои зиндагии ӯ дар Порис ва чигуна ташкил шудани Легиони Туркистон дар Олмонро қисса мекунад.”
КӮЧАИ БА НОМИ ҚӮРБОШӢ
Дар Узбакистон, ки дар аҳди Ислом Каримов раванди бознависии таърих вусъате бесобиқа гирифта, амир Темурро ҳам қаҳрамони миллӣ эълон карданду Шайбониҳоро низ, акнун ба нақши онҳое, ки дар таърихи муосир ба унвони “босмачиҳо” ёд мешаванд, низ таҷдиди назар шудааст. Ва акнун дар ин кишвар исми қаҳрамонҳои замони шӯравиро аз номи кӯчаву макотиб хатт зада, баръакс номи афроде, чун кӯри Шермат ё Ҷӯрабек-қӯрбоширо зинда мекунанд, ки намунааш ба исми ин беки собиқ номгузорӣ шудани яке аз кӯчаҳои шаҳри Китоб аст.
Гога Ҳидоятов, муаррихи узбак мегӯяд, ҳаракати муқовимати солҳои бисту сӣ алайҳи шӯравӣ наҳзате бо ҳазор ранг буд ва наметавон он даврони пуршӯрро танҳо бо ду ранги сиёҳу сафед, ки идеологияи шӯравӣ мехост, тасвир кард: “Ман дар инки ҳокимияти шаҳри Китоб кӯчаеро ба номи беки собиқ Ҷӯрабек мондааст, чизи бадеро намебинам. Раванди бознигарии гузаштаи худ раванде дуруст аст, ки ҳам дар китобҳои нави таърих, ҳам дар барномаҳои телевизион ва ҳам дар номгузории кӯчаҳо зоҳир мешавад. Албатта, набояд кӯча ё хиёбонеро ба номи Анварпошо гузошт, ки аҷнабӣ буд. Вале дар миёни қӯрбошиён афроди мухталиф буд. Барои мисол, Мадаминбек, як нафари хеле фаҳмидаву донишманд ҳам қӯрбошӣ буд. Чаро як кӯчаро ба номи Мадаминбек нагузорем? Вале номи Иброҳимбек баринҳоро ман ба ягон кӯча намедодам.”
ТАЪРИХЧАИ МУҚОВИМАТ
Ҳаракати муқовимат алайҳи артиши сурх, ки дар таърихи расмии шӯравӣ ҳамчун ҳаракати “босмачиҳо” зикр шуда, бо талаби эҳёи аморати Бухоро то солҳои сӣ давом кард, дар Бухорои шарқӣ, қаламрави Тоҷикистони кунунӣ, барҷастатар буд, то дар дигар гӯшаҳои ин аморати собиқ. Дар соли 1921 муҷоҳидин ҳатто назорати аксари қаламрави Бухорои шарқиро ба даст оварда, гарнизони артиши сурх дар Душанбе ва мақомоти рӯ ба Маскави Ҷумҳурии халқии Бухороро маҷбур карданд, то онҳоро ба ҳайси нирӯи билқувва бишиносанд.
Рӯзи 12 августи соли 1921 дар рустои Калтачанор ҳатто қарордоде имзо шуд, ки бар асоси он фармондеҳи муҷоҳидини Дарвозу Қаротегин эшони Султон раиси кумитаи инқилобӣ, ё ревкоми Дарвозу Ғарм ва Давлатмандбий, аз туркҳои Балҷувон, раиси ревкоми Кӯлоб таъйин шуданд. Ва вақте Усмон Хоҷаев, яке аз раҳбарони Ҷумҳурии халқии Бухоро алайҳи шӯравиҳо шӯриш бардошт, гарнизони Душанбе аз Иброҳимбек, фармондеҳи “босмачиҳо” дар водии Ҳисор нома гирифт, ки омода ҳаст барои саркӯб кардани “ҷадидҳо” ба артиши сурх ёрӣ расонад.
Аммо то поёни соли 1926 мизони муқовимат хеле фурӯ нишаст ва артиши сурх аксари муҷоҳидинро ба он сӯи Омӯ танг кард. Амир Олимхон ва қӯрбошиҳояш дар ғурбат дар аҳди Амонуллоҳхон, подшоҳи вақти Афғонистон, мақоми як асири ифтихориро доштанд. Вале баъди исёни Бачаи Саққо, дасти онҳо бозтар шуд ва муҳоҷирон ба нирӯе билқувва дар саҳнаи Афғонистон табдил ёфтанд.
Нодиршоҳ, шоҳи нави Афғонистон ҳатто маҷбур шуд, соли 1930 дар ивази халъи силоҳ ба фармондеҳи муҳоҷирини лақай Иброҳимбек мақоми муовини волии Мазоришарифро пешниҳод кунад. Иброҳимбек аммо халъи силоҳи сарбозонашро тавтиъае ба сӯди Русияи болшевикӣ хонда, саркашӣ кард ва наздики 10 моҳ дар паҳнои бузурге аз Маймана то Бадахшон ҷанге сар зад, ки дар таърихи он кишвар бо номи “Ҷанги лақай” ёд мешавад. Дар Наврӯзи соли 1931 Иброҳимбек билохира маҷбур шуд, дубора пой ба оби Омӯ андозад ва ба Тоҷикистон баргардад, то баъди чанд моҳи набардҳои пароканда бо артиши сурх бо дасти саисаш Юлдош Муқимов асир шуда ва бо ҷамъе аз ёронаш муддате баъд бо ҳукми трибунали ЧК дар Тошканд эъдом шавад.
- Қаблӣ
- Баъдӣ >>