11:04:09 09-уми Майи 2025 сол

“СОЗИШНОМАИ БЕЛОВЕЖ- СОЗИШИ ОЗОДӢ БУД Ё ТАВОФУҚИ ХИЁНАТОМЕЗ”

Имрӯз 20-умин солгарди имзои созишномаи Беловежи Белорус аст, ки ба мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ поён бахшид. Ҳарчанд аз соли 1990-ум то соли 1991 бархе аз 15 кишвари ин иттиҳодия истиқлоли хеш аз ин иттиҳодро эълом карда буданд, вале имзои ин созишнома расманӣ фурӯпошии Шӯравиро эълом кард.

/images/stories/2011/12/09_communistlenin_91211.jpg8 декабри соли 1991 Борис Ельцин, Леонид Кравчук ва Станислав Шушкевич, раисони ҷумҳуриҳои Русися, Укройн ва Белорус дар мавзеъи бо номи “Беловежская пуша” дар Белорус, созишномаеро ба имзо расонидаанд, ки тибқи он "СССР чун ниҳоди байналмилалии ҳуқуқӣ ва ҷуғрофиёӣ мавҷудияти воқеъии худро хотима дод.”

Бисёреҳо, ба вижа мунтақидони системи сусиёлистӣ он замон аз имзои ин созишнома хушнуд буданд ва фурӯпошии Шӯравиро чун аз ҳам пош хӯрдани як “зиндони бузурги ҷаҳонӣ” арзёбӣ карданд. Аммо ин созишнома дар авоили соҳои 1990 ва имрӯз низ мухолифоне доштааст. Раҳбари ҳизби куммунисти Тоҷикистон ин созишномаро як “тавофуқи хойинона” хонд.

Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби куммунисти Тоҷикистон

/images/stories/2011/12/09_shodishabdolov_91211.jpg“Ин созишнмаи хойинонае буд, ки аз сӯйи Борис Елсин ва як гурӯҳи майхурон ба имзо расид, ки мардумони кишварҳои ин иттиҳодияро ба бадбахтиҳои мухталифе гирифтор кард. Аз фурӯпошии Шӯравӣ кишварҳо ва марудмони он суде надидаанд ва танҳо як гурӯҳи хурде, ки ман онҳоро метавонам “буржуйҳо” номам, фоидаи хубе ба даст оварданд.

Ин тойифа дар ҳамаи кишварҳои собиқи Шӯравӣ ба сар мебаранд ва то ҳол бо истифода аз вазъи бади иҷтимоъии аксари марум ба ҷамъоварии сармоя барои худ ва пайвандонашон машғуланд.

Беш аз 70 дар сади мардумони оддии кишварҳои Шӯравӣ дар назарпурсии соли 1991 барои нигаҳ доштани ин иттиҳод раъй дода буданд. Зеро системи сусиёлистӣ ба суди мардум кор мекард. Ман ба он боварам, ки дар даҳ солаи оянда дар ҷаҳон таҳавуллоти ҷадиде сурат мегирад ва бисёре аз кишварҳо, ки дигар бо модели Урупоӣ ва Омрикоӣ зистан намехоҳанд системи давлатдории сусиёлистиро интихоб хоҳанд кард.

Бубинед, бархе аз кишварҳои ҷаҳон, ки аз системи сусиёлист даст накашидаанд, аз ҷумла Чин тавонистанд бӯҳрони ҷаҳонии молиро ба осонӣ пушти сар кунанд. Вале кишварҳои Урупо ва Омрико аз ин бӯҳрон хисороти ҷиддие дидаанд.”

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон

/images/stories/2011/12/09_muhiddinkabiri_91211.jpg“Бояд гуфт, ки пошхӯрии иттиҳоди Шӯравӣ ба кишварҳои собиқи он истиқлолиятро дод. Аммо мардуми ин кишварҳо ҳамон тавре, ки дар даврони Шӯравӣ аз аксари озодиҳои шахсӣ маҳрум буданд, ҳамон тавр маҳрум боқӣ мондаанд. Пас мо ҳамон вазъиятеро дорем, ки кишварҳои мутақил аз Шӯравӣ аз Русия ба вуҷуд омаданд, вале миллатҳои мустақил аз тафаккури Шӯравӣ ва дорои ҳуввияти миллӣ, фарҳангӣ ва диннии худ ҳануз ташакулл наёфтаанд.

Алббата ин воқеъият ба ҳама кишварҳои собиқ Шӯравӣ таъаллуқ надорад, масалан дар кишварҳои Болтик ва бархе аз кишварҳои Қафқоз ин раванд ба шакли дигар сурат гирифт ва метавон гуфт, ки мардумони бархе аз ин мамолик ба як ҳуввияти миллии нисбӣ расидаанд.

Вале дар Осиёи Марказӣ мутаъассифона мо ин мушкилро ҳануз ҳам дорем. Ба назари ман агар агар созишнома дар ҳолати ислоҳшудани Шӯравӣ имзо мешуд ва кишварҳо дар асоси як созишномаи наве вориди он мешуданд, ин иттиҳодия то даҳ соли дигар идома меёфт то ин ки миллатҳои мухталифи Шӯравӣ як марҳаллаи нимдемукротиро дар ҳайъати ин иттиҳод тай мекарданд, он гоҳ метавонистем бигӯем, ки пас аз пошхӯрии он ин кишварҳо ба як озодии нисби миллӣ мерасиданд.

Вале ҳоло ин миллатҳо аз диктотурии як ҳизб, дар замони Шӯравӣ берун шуданд ва дар диктотурӣ ва ё дар хонигарии шахсиятҳо ё гурӯҳҳои алоҳида афтоданд, ки аз вазъи пешин чандон фарқ намекунад. Ҳатто дар солҳҳои ахир, як ё ду сол қабл аз фурӯпошии Шӯравӣ мардумони ин иттиҳодия озодиҳои бештар доштанд, аз оне, ки ҳоло дар кишварҳои Осиёи Миёна дорад.”

Махфират Хидирова, бахши ҲХДТ дар порлумон

/images/stories/2011/12/09_makhfiratkhidirova-91211.jpg“Қабл аз ҳама фурӯпошии Шӯравӣ ва ба вижа имзои созишномаи Беловеж ду бахши ба ҳам мухолифи ҷаҳонро ба бахшҳои ҷудогона, яъне бисёрқутба ҷудо кард. Ҳамчунин барои тамоми кишварҳо истиқлолро дод, ки мардумон онро дер боз мунтазир буданд. Ба вижа кишварҳое, ки дар ин иттиҳод танҳо аз захираҳои табии онҳо истифода мешуд.

Вале бо азҳампошии ин иттиҳодия вобастагиҳои иқтисодии кишварҳои он низ аз ҳам гусехта шуд ва бисёре аз кишварҳо ва сокинони онро дучори душвориҳои иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ кард. Ҳамчунин бархе аз кишварҳои ин иттиҳодия дучори низоъҳои дохилӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд.

Аз таҷрибаи Тоҷикистон мо медонем, ки аз рӯзҳои аввали фурӯпошии Шӯравӣ то ҳол мо як марҳалаи ҷиддиро тай кардем, аммо муҳимтар аз ҳама барои мардуми мо баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ таҳкими пояҳои истиқлолият буд ва имрӯз хушбахтона қабл аз ҳама сулҳу субот, як оромие, ки нишондиҳандаи асосии рушди сиёсии ҷомеъа ба шумор меравад, мардуми мо онро доранд ва мо чун субекти мустақил дар ҷаҳон баромад мекунем ва моро ҳамчун давлати мустақил дар ҷаҳон мешиносанд, ки фахри бузурге барои ҳамаи мо аст.”

Масъуд Собиров, раҳбари Ҳизби демукроти Тоҷикистон

/images/stories/2011/12/09_sobirov_91211.jpg“Фурӯпошии Шӯравӣ ба мардум чизе надод ва баръакс ҳамаи дороии мардумро рабуд. Аслан дар мисоли Тоҷикистон барҳамхӯрдани ин иттиҳодия бар зарари кишварамон шуд. 20 соли истиқлолияте, ки бо фурӯпошии Шӯравӣ ба Тоҷикистон тақдим шуд, ба мардуми мо ба ҷуз аз ғаму ғусса ва дард дигар чизе надод. Яъне Тоҷикистон дар зарфи 20 сол давлати Тоҷикистон натавонист дар бахши сиёсӣ истиқлолияти воқеъии хешро ба даст орад.

Ва дар ин солҳо иқтисоди ин кишвар ба сифр расид, давлат низ натавонист амнияти иқтисодиро таъмин кунад ва дар кишварамон танҳо талаву тороҷкунӣ буд. Ва кишварҳои дигари ин иттиҳодия низ ба ҷуз аз кишварҳои Болтик дар вазъи мушобеҳе қарор доранд. Фақат барои Русия фурӯпошии Шӯравӣ судовар буд, зеро ин кишвар дар даврони Шӯравӣ ва ба вижа баъд аз пош хӯрдани он кишварҳои дигари ин иттиҳодияро ғорат карданд.”

Саид, як сокини Душанбе

“Ман то ҳол аз даврони Шӯравӣ чун аз замони хеле ободу ором ёд мекунам ва фирк мекунам, ки фурӯпошии Шӯравӣ ҳарчанд хуб аст, вале зиндагии мардум баъд аз он бадтар шуд. Мисол ман дар мактаби давраи Шӯравӣ бепул таҳсил мекардам, вале ҳоло барои фарзандонамон ҳар моҳе аз даҳ сомонӣ зиёд маблағ пардохт мекунем. Дар даврони Шӯравӣ мо аз ояндаи худ тарс надоштем ва медонистаем, ки оромона зиндагӣ хоҳем кард. Вале ҳоло намедонам, ки фардои ман чи мешавад?”

Баҳодур, як ҷавон аз ҷумлаи сокинони Душанбе

“Ман давроин Шӯравиро ёд надорам. Ҳамагӣ ду сола будам, ки ин иттиҳод пош хӯрд. Қаблан ҳамаи фаъолиятҳои кишварҳои Шӯравӣ аз Маскав идора мешуд. Аммо он ки давлати мо акнун ба фармони Маскав кору фаъолият намекунад хуб аст. Ман озодиямро дӯст медорам. Он ки мардуми мо дар Русия муҳоҷир аст, ин муваққатӣ аст ва сокинони худи Русия низ дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба корҳои мавсимӣ машғуланд.”

BBC

Назари Шумо

Security code
навсозӣ