АДАМИШИН: "УЗБАКИСТОН МЕХОСТ, РАҲМОНОВ БАРКАНОР ШАВАД"
Гуфтугӯ бо Анатолий Адамишин, муовини аввали вазири умури хориҷии Русия дар даврони ҷанги дохилии Тоҷикистон.
Дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон Русия яке аз миёнаравҳои асосӣ ва кафилони сулҳи Тоҷикистон ба шумор мерафт. Дар айни замон бисёриҳо Русияро бо пуштибонии яке аз тарафҳои низоъ, яъне ҳукумати зери раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, муттаҳам мекарданд ва нерӯҳои Русия, ки дар Тоҷикистон мустақар буданд, аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳайси нерӯҳои ҳомии сулҳ эътироф нашуданд.
Дар остонаи ҷашни мусолиҳаи миллии миёни тоҷикон сӯҳбате доштем бо Анатолий Адамишин, собиқ муовини аввали вазири умури хориҷии Русия ва шахсе, ки дар таҳияи музокироти сулҳи миёни тоҷикон ва аслан хатми низои шаҳрвандии Тоҷикистон нақши муҳим бозидааст.
-Анатолий Леонидович, дар иртибот бо муқовимати миёни тоҷикон Шумо аз Кремл чӣ дастур гирифта будед ва аз он рӯзҳо чӣ дар ёдатон мондааст?
-Ҳадафи асосии мо кумак дар ҳалли низоъ буд. Кумак мебоист тавре бошад, ки масъулияти оштӣ бар дӯши худи тоҷикон бошад. Дар худи Русия низ мушкилӣ зиёд буд. Баъзеҳо чунин фикр мекарданд, ки Тоҷикистон ҷомадони бидуни даста аст: Қаппиданаш душвор, вале дили кас намешавад, ки онро канор гузорад. Дигарон мегуфтанд, ки дар худи Русия мардум гурусна асту чаро мо бояд фикри Тоҷикистонро дар сар дошта бошем. Ин гурӯҳ талаб дошт, ки Русия аз Тоҷикистон берун шавад. Аммо дар он ҳолат на низоъ ҳал мешуд ва на кадом таъйиноте маънӣ дошт.
-Дар ибтидои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон Маскаву Тошканд аз як мавқеъ ҳимоят мекарданду ба назар мерасид, ки сухани Тошканд муҳимтар аст...
-Аз эҳтимол дур нест, ки Каримов (президенти Узбакистон) ин масъаларо мустақиман бо Елтсин баррасӣ карда бошад. Зеро президенти онвақтаи Русия дар умури Тоҷикистон ва аслан умури Осиёи Марказӣ ба машваратҳои Каримов такя мекард. Воқеан, дар ин давра барои аввалин бор на намояндаи Ленинобод, балки намояндаи Кӯлоб дар Тоҷикистон ба сари қудрат омад, ки то он замон ҳеҷ гоҳ рӯй надода буд.
Ба фикрам, сабаб ин буд, ки худи Узбакистон номзади муносибе дар байни намояндагони Ленинобод пайдо накард ва ба хулоса омад, ки нафареро аз миёни кӯлобиҳо ёфта, бо дасти ӯ вазъиятро ором кунад ва баъд аз ин ӯро мебоист бо номзади дигаре табдил кунанд. Такрор мекунам, ин фарзияи шахсии ман аст. Ман ин масъаларо бо бисёриҳо матраҳ карда будам ва онҳо мегуфтанд, номзади ягонаи муносиб, ки ба тақозои, ба истилоҳ, кланҳои мухталиф ҷавобгӯ бошад, дар миёни хуҷандиҳо ёфт нашуд.
Сониян, Раҳмонов бо фармондеҳони шадиде, ки аз ӯ пушибонӣ мекарданд, ҳамчун номзади муносиб барои таъмини назму суботи Тоҷикистон ба назар мерасид. Шоҳидон мегӯянд, Раҳмонов савори танки Узбакистон вориди шаҳри Душанбе шудааст. Вале интизории бисёриҳо амалӣ нашуд, зеро хилофи ваъдаи оштии миллӣ, ки дар Иҷлосияи шӯрои Олӣ иброз шуда буд, ҳукумати нав дар Душанбе садои мухолифонро нашунид. Тарафи ғолиб бо мухолифон музокирот накард ва аз ин рӯ, низоъ амиқтар шуд.
-Бале, ба эҳтимоли зиёд ҳалли низоъ ба воситаи нерӯ аз тарафи Тошканд матраҳ шуда буд ва Узбакистон шояд мехост, низои Тоҷикистон тавассути силоҳ шавад ва дар Тоҷикистон як раҳбари зери нуфуз дошта бошад. Аммо баъд аз як муддати кӯтоҳ маълум шуд, ки Тошканд аз раҳбари нави Тоҷикистон ҳам қаноатманд несту шояд дар пайи барканор кардани ӯ бошад?
-Вақте, моҳи феврали соли 1994, ба Тошканд рафта будем, мо тавонистем Каримовро мутмаин кунем, ки мусолиҳаи миллӣ хеле зарур аст ва ҳамчунон мо ӯро мутмаин кардем, ки ҳозир Раҳмонов номзади беҳтарин барои пешбурди раванди сулҳ мебошад ва кӯшишҳои барканор намудани Раҳмоновро бояд хотима бахшид. Наметавонам гӯям, ки ин мавқеи расмии Узбакистон буд, вале ба ҳар ҳол як бахши бузурги мақомдорони узбак нақша доштанд, ки Раҳмоновро барканор кунанд, зеро ба ақидаи онҳо ӯ барномаҳои дар Хуҷанд тарҳрезишударо иҷро накард.
-Дар миёни пажӯҳишгарон ва хабарнигорон ақидае зиёд ба гӯш мерасад, ки Русия ба ҳар ду ҷониби низоъ силоҳ тақдим мекарду аслан то як марҳилаи муайян тарафдори он буд, ки низоъ дар Тоҷикистон амиқтар шавад, то татбиқи принсипи “ихтилоф андоз ва сарварӣ кун!” осонтар шавад...
-Ҳукумати Русия ҳеҷ гоҳ ба ягон тарафи алоҳида силоҳ надодааст. Мо фақат бо ҳукумат дар Душанбе сару кор доштем. Ҳукуматро дивизияи 201-уми нерӯҳои Русия ва марзбонони Русия мустақар дар Тоҷикистон ҳимоят мекард. Суол ин аст, ки оё силоҳи Русия ба дасти гурӯҳҳои даргир мерасид ё не?
Ҷавоб ҳам ин аст, ки бале, мерасид: Аввалан, баъзе афсарони дивизияи 201-ум силоҳро мефурӯхтанд ва баъд масалан, мегуфтанд, ки мошини зиреҳпӯш ва ё танкамонро дуздиданд. Дар воқеъ, ин амал бо мувофиқати баъзе афсарони дивизияи Русия иҷро мешуд. Баъзе афсарон ин корро бар ивази пул мекарданду дигаронашон, ки аслан тоҷик буданд, ки ҳадафҳои худро пиёда менамуданд.
Искандари Хоҷа Мирзода, «Озодӣ»