20:23:51 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АЗ "А" ТО "Я"-И ИҶЛОСИЯИ 16 ДАР ГУФТУГӮ БО ИСКАНДАРОВ

Гуфтугӯ бо Акбаршоҳ Искандаров, раиси пешини Шӯрои олӣ ва собиқ иҷрокунандаи вазифаи раисиҷумҳури Тоҷикистон, роҷеъ ба як таҳаввулот, ки 20 соли пеш ҷараён гирифт ва ба сарнавишти ояндаи Тоҷикистон таъсир гузошт. 20 соли пеш Акбаршоҳ Искандаров ягона намояндаи қонунии ҳукумат, ки зимоми давлатро дар даст дошт.

/images/stories/2012/11/04_akbarsho-iskandarov-2012.jpg-Чанд рӯзи дигар таҷлил аз 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ, ки дар Хуҷанд баргузор шуда буд, сурат мегирад. Ҳоло бисёриҳо онро сарнавиштсоз мехонанд. Чун бо имзои Шумо даъвати ин иҷлосия сурат гирифт, онро чӣ тавр арзёбӣ мекунед?

-Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳуқуқӣ то кунун арзёбӣ карда нашудааст ва дар ҷомеа на ҳама бар ин назаранд, ки он тақдирсоз аст ва ҳар кас ба тарзи худ ва ба манфиати худ баҳо медиҳад. Вазъият тавре буд, ки ҳокимият умуман фалаҷ шуда буд. Сохторҳои қудратии мо ба қисмҳо тақсим шуда буданд. Яъне, ҳеҷ коре карда намешуд.

Масъала тавре гузошта шуда буд, ки ё ҳукумати марказӣ ба яке аз ин гурӯҳҳо ҳамроҳ шуда дигар гурӯҳро саркӯб кунад ё ин ки ҳукумати марказӣ як қудрате пайдо кунад, ки ҳарду гурӯҳро аз байн бубарад. Ин ду варианте буд, ки боиси куштори мардум ва ҷанг мешуд. Барои ҳамин, раёсати онвақтаи Шӯрои олӣ тасмим гирифт, як иҷлосия барпо ва масъалаҳои мубрами рӯз, яъне авзои сиёсии кишвар баррасӣ шавад.

Дувум масъалае, ки моро водор месохт ин иҷлосия доир шавад, масъалаи аз вазифа рафтани собиқ раисиҷумҳури Тоҷикистон шодравон Раҳмон Набиев буд. Ба ҳамагон маълум буд, ки Набиев таҳти чӣ шароите истеъфои худро эълон намуда аз вазифа рафта буданд. Барои ҳамин, ин масъала бояд дар иҷлосия баррасӣ ва ба он баҳои ҳуқуқӣ дода мешуд, ки оё ӯ рафтааст ва ё инки алъон низ раисиҷумҳурист. Бархе ақида доранд, ки иҷлосияи Шӯрои олӣ таҳти таъсири касе баргузор гардид.

-Бале, воқеан чунин назарҳо мавҷуд аст, ки баргузории иҷлосияи мазкур таҳти таъсиру фишори нерӯҳое сурат гирифтааст. Чун Шумо он вақт раиси Шӯрои олӣ ва иҷрокунандаи вазифаи раисиҷумҳури Тоҷикистон будед, ин ҳарфҳоро чӣ тавр шарҳ медиҳед?

-Ақидаи ман, ҳаммаслакони ман ва нафароне, ки он вақт узви раёсати Шӯрои олӣ буданд, ин аст, ки далели асосии баргузории ин иҷлосия вазъияти сиёсии онрӯзаи мамлакат буд. Ин андешаҳо, ки касе моро маҷбур карда бошад, ки ҳатмӣ бояд ҷаласа баргузор намоед, нодуруст аст. Албатта, пеш аз ин иҷлосия нишасте бо ширкати сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Алматӣ доир шуда буд. Онҷо пешниҳоди Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон буд, ки мегуфт масъалаҳои дохилии худро як маротиба баррасӣ мекардед ва қароре қабул менамудед, ки аз вазъияти мавҷуда баромада шавад.

Дар газетаи "Самак" чашмам ба матлабе афтод, ки гӯиё баргузории ин иҷлосия аз талабҳои Кенҷаев будааст ва гӯиё мо вақти вохӯрӣ бо ӯ қарор қабул кардаем, ки иҷлосия баргузор мегардад. Ман бо тамоми масъулият гуфта метавонам, ки ин гапҳо тамоман нодуруст аст. Аввал ин ки Кенҷаев ба Душанбе бо қувва ворид шуда буд ва ба воситаи қувва мехост, боз ба сари ҳокимият ояд. Аз ин хотир, вақте мо бо мусоидати дигарҳо бо ӯ вохӯрдем, масъалае, ки ӯ пешниҳод кард, ин буд, ки баргашта ба ҷойи худ, яъне ба вазифаи раиси Шӯрои олӣ ояд.

Ман гуфтам, Шумо ҳуқуқшиносед ва худро ҳуқуқдон меҳисобед, мо Шуморо чи тавр раиси Шӯрои олӣ мемонем. Ин вазифа, ки интихобист ва депутатҳои Шӯрои олӣ метавонанд ин масъаларо муҳокима карда ва аз тариқи овоздиҳӣ раисро муайян мекунанд. Ҳоло ки Шумо бо одамони зиёди мусаллаҳ вориди Душанбе шудед, ки нафарони зиёд кушта шуд, чӣ тавр дар ин шароит сессия баргузор карда Шуморо раис интихоб мекунем. Ман бо Кенҷаев ягон мухолифат надоштам ва ин масъаларо ҳам бо ӯ бидуни кадом эҳсосот муҳокима кардем.

Гуфт, ман ҳамаро ҷамъ мекунам (депутатҳоро), Шумо кор карда натавонистед, ман бояд раис шавам ва кор кунам. Вале ҳеҷ касро ҳам ҷамъ карда наметавонист. Аз ин ҷост, ки мо кадом маслиҳате ва қарордоде, ки иҷлосия баргузор шавад, бо ӯ надоштем ва танҳо сӯҳбате ҳам ки бо ӯ анҷом додем, ҳамин буд. Мо, раёсати Шӯрои олӣ, бо тамоми нерӯҳои сиёсии онвақта  барои баргузории ин иҷлосия сӯҳбатҳо анҷом дода будем. Чун он вақт дигар раисиҷумҳур фаъолият намекард ва ба ҷуз аз Шӯрои олӣ аудиторияи дигар, ки мебоист ин масъала муҳокима шавад, набуд.

-Бархеҳо бар ин назаранд, ки Акбаршоҳ Искандаров, қудратро бо ду дасти адаб бурду супорид. Шумо аз қабл огоҳ будед, ки аз вазифа барканор мекунанд ва ё ин як тасмими ногаҳонӣ буд?

-Мо ин масъаларо дар маҷлиси якҷояи раёсати Шӯрои олӣ ва аъзои раёсати Девони вазирони кишвар пеш аз рафтан ба Хуҷанд муҳокима кардем. Тамоми роҳбарияти ҷумҳурӣ дар ин маҷлис ҳузур дошт. Дар ин ҷаласа мо як муроҷиатнома қабул кардем. Ғайр аз ин, муроҷиатнома мо ҳамаамон аризаи истеъфоро навиштем.

Аз раиси Шӯрои олӣ сар карда то раёсати Девони вазирон, хуллас, ҳамаи роҳбарият ба истеъфо меравад. Мақсади асосии мо чӣ буд? Ҳоло ҷанги шаҳрвандии моро ҳар кас ҳар хел баҳо медиҳад, аммо асоси он курсӣ буд. Мо, роҳбарияти онвақта, ҳамин курсиҳоро холӣ карда мехостем, одамони нав интихоб шаванд ва танҳо мехостем як бори дигар ҷамъ шуда пеши ҳамин ҷангро бигирем.

-Вале баъди Иҷлосияи 16 ҷанг қатъ нашуд, балки авҷи бештар гирифт. Фикр мекунед, чаро?

-Мо дар инҷо дар фикру андешаи ором кардани вазъ ва пешгирӣ кардани ҷанг будем. Ман аз як чиз бисёр нороҳат шудам. Аксарияти он мардуме, ки мо он вақт  ҳамроҳашон кор мекардему сӯҳбат мекарданд, фақат дар бораи беҳбуди вазъияти Тоҷикистон ҳарф мезаданд, фақат дар бораи бас кардану пешгирӣ намудани ҷанг сухан мерафт. Мо барои баргузорӣ ва барои дуруст тайёр кардани асноду масъалаҳои иҷлосияи Шӯрои олӣ як комиссияи босалоҳият ташкил кардем.

Фикр доштам, бояд як коре кунем, ки ин охирон ҷаласае бошад, ки масъалаи ҷанг ва пешгирӣ кардани ҷангро муҳокима намояд. Зеро он бисёр идома пайдо кард. Ҳама мефаҳмиданд, ки оқибати он чӣ мешавад. Вақте мо ба Хуҷанд рафтем ва вазъиятро камтар омӯхтем, бисёр ҳайрон шудам, ки ҳамин мардуме, ки ҳамроҳи ман буданд, мардуме, ки фақат ба манфиати сулҳу салоҳ гап мезаданд, ҳама чизро мондему фақат ба курситақсимкунӣ сар кардем.

Ман дар ҳамон давра ҳам гуфта будам, ки ин курсиҳо аз ҷумла рафтан ва ё нарафтани раиси Шӯрои олӣ фақат дар дасти депутатҳо аст. Кадом вақте хоҳанд метавонанд раиси Шӯрои олиро бозхонд кунанд, зеро ин мақоми президент нест, ки дар ихтиёри мардум бошад. Дигар масъала, чи хеле гуфтам, бояд дар иҷлосия баҳои ҳуқуқӣ дода мешуд ба рафтани Раҳмон Набиев. Вақте ба Хуҷанд рафтем, саддарсад дарк кардам, ки скрипкаи аввал дар дасти Тоҷикистон набуд.

-Ба назари Шумо дирижёри асосии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ кӣ буд?

-Дар ин маврид чӣ бояд бигӯям. Ҳаминро гуфтаниам, ки дар он вазъияти ногуворе, ки дар он давра буд, ду давлате, ки манфиатдори сулҳу салоҳи мо буданд, пеш аз ҳама ҳамсояи мо Узбакистон буд ва давлати бузурги Русия. Вақте ман рафтам, ба ман таъкид карданд, кас фиристоданд ва шартҳое гузоштанд ва гуфтанд, агар ин шартҳоро қабул кунед, Шумо ягона соҳибмансабе ҳастед, ки аз рӯи қонун интихоб шудаед ва метавонед дар оянда низ кор кунед, лекин ин шартҳоро бояд қабул кунед.

Ман дар ҳамон давра барояшон гуфтам, ки ин шартҳоеро, ки пеш гузоштаед маънои аз сари нав ҷангро идома додан аст. Ман ба ин шартҳои Шумо розӣ шуда наметавонам. Мақсади ман ба инҷо омадан пешгирӣ кардан аз ҷанг аст. Гуфтанд, ки Шумо дигар дар инҷо кор намекунед ва ман дар он давра, бовар кунед, ҳаматарафа ин масъаларо намедонистам. Баъдтар дар матбуот хондам, ки касоне рафта дар Термез вохӯриҳо доштаанд, чи гапу ҳарфҳо будааст. Ман ин чизҳои пасипардагиро намедонистам.

Дар он давра ҳам намедонистам ва ҳоло ҳам инҳоро донистан намехоҳам. Лекин мо пешакӣ истеъфоямонро эълон карда будем бо шумули Девони вазирони Тоҷикистон, аммо рафтуомадҳо будаст, аз он ҷумла Абдумалик Абдуллоҷонов низ ҷандин маротиба рафтаву сӯҳбатҳову маслиҳатҳо карда будааст. Нигаронии ман аз он буд, ки депутатҳои мӯҳтарами мо, албатта, як қисме аз онҳо низ бо онҳо ҳамроҳ будаанд.

Дар Хуҷанд то баргузории иҷлосия як маҷлиси пасипардагие доир шуда будаасту дар онҷо қароре қабул шуда будааст, ки бояд каси дигар раисиҷумҳур шавад ва ҳамин шароитро иҷро намояд, аз ҷумла масъалаи ворид шудани қувваҳо аз Узбакистон ҳал шавад. Он давра фаҳмидем, ки ин масоил бо Русия низ ҳамоҳанг шуда будааст. Мутаассифона, он мақсаде, ки мо доштем иҷлосяи Шӯрои олӣ ба он ноил нашуд. Гузашта аз он дар ҳамон ҷаласае, ки дар Хуҷанд доир шуд, то иҷлосия маслиҳат шуда буд, ки шодравон Раҳмон Набиев ба вазифа барқарор карда нашавад ва аз мардуми Хуҷанд ба ин ҳукумат шомил нашаванд.

-Дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Хуҷанд  саҳифаи норӯшан ҳоло бисёр аст. Яке аз онҳо барои чанд муддат нопадид шудани С.Кенҷаев буд. Шумо огоҳ будед, ки ӯ куҷо рафт ё куҷо бурданд?

-Он вақт ҳар хел сӯҳбатҳо дар ин бора шунида мешуд. Аммо чун Кенҷаев барои ман кадом як фигураи калидӣ набуд, ростӣ намедонистам ва нафаҳмида будам, ки дар куҷост. Баъдтар худаш изҳор кард, ки гӯиё ӯро ба Тошканд бурда бошанд. Дигар ин ҳамаро аз матбуот фаҳмидам."

-Аммо чаро чун Фронти халқӣ, ки бо даъво ва шиори барқарории ҳокимияти конститутсионӣ ба мубориза бархост Раҳмон Набиевро дар Иҷлосияи Хуҷанд ба мақом барқарор накард. Ин таъсири куҷо буд?

-Фикр мекунам, пеш аз ҳама таъсири хориҷӣ буд.

-Номзадии Эмомалӣ Раҳмон дафъатан дар иҷлосия пешниҳод шуд ва ё пешопеш маълум буд, ки рӯи ӯ ҳисоб шудааст?

-Ман дарак дорам, онҳое, ки дар Хуҷанд он ҷаласаро доир карданд, якчанд номзадро пешниҳод карданд ва ҳамоҳанг намуданд. Вале ростӣ дар ин бора фикр ҳам намекардам ва вақти фикр кардан ҳам надоштам.

-Яъне, ба ҳар сурат интизор надоштед, ки дар ин иҷлосия Шуморо барканор мекунанд?

-Чӣ хел интизор надоштам? Ҳол онки мо дар инҷо истеъфои худро эълон дошта будем. Фикри мо он вақт дар бораи оромии ҷумҳурӣ ва пешгирӣ аз ҷанг ва низ масъалаи тақдири президенти интихобшуда буд, ки чи мешавад. Ман, бовар кунед, ҳатто аз он даврае, ки Акбар Мирзоев, сарвазир ба истеъфо рафтанд, ҳамон давра рафтанӣ будам.

Лекин маро Акбар Мирзоев нагузошт ва гуфт, ки агар Шумо ҳам равед, вазъият боз нооромтар мешавад, бояд истед ва кор кунед. Он давра ҳеҷ кас дар бораи вазифа фикр намекард. Вале ман ҳама вақт интизори ҳар навъ тағйир ёфтани авзоъ будам. Барои онки ман дигарҳо барин аз қафои курсӣ намегаштам.

Дар куҷое буд маро интихоб карданд, таъин намуданд ва ман рафтаму кор кардам. Агар масъала ранги дигар ҳам мегирифт, худам истеъфои худро эълон мекардам. Лекин ман дар онҷо аз он нороҳат шудам, ки гӯиё дар Тоҷикистон дигар масъала нест ва ҳама дар фикри тақсимоти курсӣ шуданд. Вале ман худам рафтанӣ будам ва интизори аз вазифа рафтанро ҳам доштам.

-Агар шароити бист соли пеш ҳоло буд, Шумо боз дар ҳамон мавқеи худ меистодед ва ё тасмими дигар мегирифтед?

-Аз Худои мутаол таманно ва илтиҷо мекунам, ки дигар он шароит такрор нашавад. Аммо ман имрӯз низ дар ин фикрам, ки ягона роҳе, ки буд мо онро тай кардем ва ин роҳ ҳамон роҳ буд. Боз ҳам иҷлосияро даъват ва масъалаҳоро муҳокима мекардем. Дигар хел қарор қабул намекардам. Ягона роҳ ҳамин буд ва мутмаинам, ки мо дуруст қарор қабул карда будем.

Абдуқаюми Қаюмзод, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi