20:17:52 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Шоҳи озодагон ва сулҳофар - 1

(Соате чанд дар оромгоҳи Куруши Кабир)

Бурҳон Салмонов, рӯзноманигор

Куруши Кабир аз дудмони сулолаи Ҳахоманишиҳо  буда, 2500 сол қабл дар сарзамини хеле паҳновар- аз домони имрӯзаи Эрон то Юнону Мисри қадим, Ҳабашистону Ҳиндустон ва Суғду Бохтар имперотурии муқтадиреро таъсис дод. Пеш аз вай, се подшоҳ аз тоифаи Ҳахоманиш: Чиш Пиш, Куруши дуюм ва Камбуҷия дар Эйлом ( шаҳри кадими порсҳо) ҳукмат доштаанд.

kurushi-kabir 04201303Дар Ғарб ӯро бо номи Сирус ном мебаранд. Мондагории номи Куруш дар таърих ва шуҳрати ҷаҳонии вай аз он аст, ки ӯ миёни шоҳаншоҳони  ҷаҳон нахустин шахсест ба сарнавишт, ҳуқуқу озодиҳои инсон ба зиндагии  шоиста, ҷилавгирӣ аз зулму ситам, бардагӣ ва табъизи нажодӣ рӯ роварда, озодии инсонро дар "Маншур"-и хеш (Эъломияи ҳуқуқи башар)  эълом медорад.

Куруши Кабир ба ҳайси шоҳи одилу раиятпарвар  бо кору пайкори башардӯстона тавонист миёни миллатҳою нажодҳо ва қавму қабоили қариб нисфи олам маҳбубияти  хосе пайдо намояд. Ӯро дар замони ҳукмронӣ ва баъди марг форсҳо-падар, юнониён-сарвару қонунгузор ва яҳудиён-мамсӯҳи парвардигор, яъне ҳамсӯҳбати Худованд меномиданду медонистанд.

ОРОМГОҲИ КУРУШ ДАР КУҶОСТ?

Куруши Кабир. Аксаран бо ин ном ошно ҳастанд; ин ҳамон  ҷаҳонкушоест, ки  барои вусъати имперотуриаш замоне ба сарзамини имрӯзаи Осиёи Миёна ҳам  лашкар кашид буд. Дар соли 142 пеш аз милод бо Томирис-маликаи массагетҳо (қавмҳои ибтидоии тоҷикон) дар набард шуда, ба қавле дар Суғди имрӯза аз шамшери массагетҳои озодманиш ба ҳалокат мерасад.

Ҳахоманишиҳо Курушро мутобиқи васияташ ба зодгоҳаш-шаҳри Посоргорд интиқол медиҳанд ва  дар ин минтақа мақбараашро бунёд мекунанд. Оё Посоргорд бо ин ном ҳанӯз боқӣ мондааст ва он дар кадом минтақаи собиқ имперотурии Ҳахоманишҳо ҷойгир буд? Дар Тоҷикистон аксар муаррихон ба ин назаранд, ки гӯри  Куруши Кабир боқӣ намонда ва агар мавҷуд бошад ҳам ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтааст. Хушбахтона, мақбараи ӯ барҷост ва дар ҳамон Посоргорди куҳан аз газанди рӯзгор он қадар осебе надидааст. 

Соли гузашта, ҳангоми сафар ба остони Форси Ҷумҳурии исломии Эрон бо шахси фарҳангӣ Саидмуҳаммади Абӯсаидӣ оид ба замони Ҳахоманишиҳо, нақши Куруши Кабир дар таъсиси имперотурии Ҳахоманишиҳо сӯҳбати тӯлонӣ доштем. Зимни сӯҳбат оғои Абӯсаидӣ аз мавҷудияти мақбараи Куруши Кабир ёдовар шуд ва гуфт, ки он дар масофаи 15 километрии шаҳри Хуррамӣ ва маҷмааи Тахти Ҷамшед ҷойгир буда, мавриди таваҷҷуҳи гардишгарони дохилӣ ва хориҷӣ қарор дорад.

Ба ростӣ, ман бовар надоштам, ки гӯри Куруши Кабир бо гузашти беш аз се ҳазор сол боқӣ монда бошад. "Шунидан кай бувад монади дидан" гуфтаанд. Аз шаҳри Шероз роҳ сӯйи Посоргорди қадим пеш гирифтем. Он дар масофаи 70 километрӣ, миёни Шероз ва шаҳри  Хуррамӣ воқеъ гардида, мавзеи хушобуҳавоест. Посоргорд ҳанӯз ҳам бо ҳамон номи қадимиаш вирди забони эрониҳост. Ҳангоми вуруд ба Посоргорд чашмамон ба лавҳаи "Посоргорд- маркази мероси фарҳанги ҷаҳонӣ" афтод.

Он шабоҳати шаҳри бузургро надорад, балки ба истилоҳи имрӯз, шаҳраки ободонеро мемонад ва мардумонаш асосан кишоварзанд. Оромгоҳи  Куруши Кабир дар саргаҳи дашти Мурғоб воқеъ буда, он дашти васеъ, хурраму гулпӯшест, ки масоҳаташ аз ҳазор гектар беш асту кам не ва он имрӯз бо номи "Маҷмааи Куруши Кабир" ёд мешавад. Маҷмаа оромгоҳи Куруши Кабир аз Корвонсарои Музаффарӣ, Кохи Ихтисосӣ, Боғи Шоҳӣ, Кӯшк, Кохи Бори Ом, Пул, Кохи Дарвоза, Бурҷи Сангӣ ва Тахти Тал иборат буда, аз ҳамдигар дар масофаҳои хеле ҳам дур ҷойгиранд.

Бо гузашти қарнҳо обидаҳои таърихӣ дар шакли вайрона боқӣ монда, аз вазъи кунунӣ бардошт мегардад, ки ба таъмиру тармими ин осори таърихӣ таваҷҷуҳ камтар сурат гирифтааст. Бо вуҷуди ин, ҳамасола ба маҷмааи Куруши Кабир  ҳудуди ним миллиён  сайёҳони ватанӣ ва хориҷӣ ташриф меоранд.

ДУДМОНИ КУРУШИ КАБИР

Доир ба дудмони Куруши Кабир муаррихони ғарбӣ ва иронӣ китобҳои зиёдеро такя ба навиштаҳои падари таърих-Ҳеродод ба нашр расондаанд. Аз пажӯҳишҳо бармеояд, ки дар ҳазораи пеш милод қабилае, ки хешро "ориёниён" меномиданд, аз ҷануби Русияи куҳан ба сарзамини Эрони имрӯза кӯч баста, ба гурӯҳҳои мухталиф тақсим мешаванд. Гурӯҳи якум-Модҳо дар қисмати кӯҳҳои Зогурс мустақар шуда, ҳукумати худро бо номи Акботон ( Ҳамадон) таъсис медиҳанд.

Гурӯҳи дуюм-Порсҳо дар ҷануби ин сарзамин, дар минтақаи Аншон ҷой мегиранд. Қавми  Порсҳо дар соли 612 пеш аз милод қавми Эйломоро шикаст дода, яке аз амирони онҳо бо номи Ҳахоманиш ба кӯчнишинӣ хотима мебахшад ва бо номи Ҳахоманиш сулолаи подшоҳиеро таъсис медиҳад. Барои он ки дӯстӣ ва  ҳифзи оромӣ таъмин гардад, подшоҳи Мидҳо духтарашро ба яке аз подшоҳони  қабилаи Форс ба занӣ дода ва аз ин издивоҷ Куруши Кабир ба дунё меояд. Дар шарёни ӯ ду хун ҷӯш мезад. Муаррихон ба ин қавланд, ки шояд яке аз нишонаҳои башардӯстии Куруши Кабир аз он бошад, ки модараш аз қабилаи Модҳо ва падараш аз Порсиҳо (форсҳо) будааст.

Ин боис гаштааст, ки Куруши Кабир баробари ба қудрат расидан тамоми қабилаҳои ориёниён- Модҳо, Балхиён,Хоразмиён,Суғдиён, Ҳиротиён ва Портиёнро, ки бо як забону лаҳҷаҳои мухталиф ҳарф мезаданд, дар кишваркушоӣ ва таъсиси имперотурии Ҳахоманишиҳо муттафиқу муттаҳид намояд. Ҳахоманишиҳо, ба қавле, беш аз 200 сол ҳукумат намудаанд. Куруши Кабир дар набардҳо ва ҷаҳонкушоӣ ду ҳадафро пиёда кардааст.

Якум- дар Мағриб тасарруфи халиҷи Босфор, ки тамоми роҳҳои тиҷоратии имперотурӣ аз он мегузашт, дуюм- тасарруфи Осиёи Хурд, шикасти Либиё, ки дар он ҷо юнониҳо пойгоҳи обӣ доштанд, сеюм-юриш ба Шарқ, расидан ба соҳилҳои Ҷайҳуну Сайҳун, ба қавли Куруши Кабир "Эрони хориҷӣ", ки душмани имперотурии Ҳахоманишиҳо маҳсуб меёфтанд.

Ба қавли Ҳеродод, подшоҳи Ҳахоманишиҳо - Куруши Кабир дар сарзамини имрӯзаи Осиёи Миёна, дар набарди хунин бо қабилаи Массагетҳо аз дасти малика Томирис ба қатл расидааст. Лашкариён ҷисми беҷони Курушро аз Сайҳуну Ҷайҳун гузаронда, ба Посоргорд- маркази имперотурӣ оварда ва ӯ дар ин ҷо дафн мегардад. Муаррихон ба ин назаранд, ки гӯё Куруши Кабир маргашро пешгӯйи ва ҳам интизор будааст.

Бинобар он, дар Посоргорд пеш аз марг мақбараи сангине (аз санги мармар) бино карда, васият доштааст, ки ӯро дар ин ҷойи хушобу ҳавои дашти Мурғоб гӯронанд. Вале, Ҳеродод овардааст, ки ин мақбараи сангини хеле содаро устоҳои Ҳахоманишӣ баъди марги Куруши Кабир бино кардаанд. Масоҳати умумии мақбара 565 метри мураббаъ ва иртиқои он аз 11 метр иборат аст. Мақбара аз сангҳои сафеди мармар иборат буда, ҷиҳати пайвасти сангҳо оҳану сурб истифода шудааст. 

Оромгоҳ дорои ҳафт девори сангӣ асту аз нигоҳи меъморӣ онро ба ду қисмат ҷудо кардаанд. Қисмати аввал- деворҳо ва қисми дуюм- дахами Куруши Кабир, ки болои пойдевор барҷост. Оромгоҳи Куруши Кабир хусусиёти мақбарасозии эйломии қадимро дошта, ба хусус дахма ба шакли каппа бино ёфтаю дар худ суннати меъмории муҳоҷирони ориёиро таҷассум намудааст.

(Идома дорад) 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi