12:36:47 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 26
27 28 29 30      

Ёди рӯзгори ширин

Мард намирад ба марг, марг аз ӯ номҷӯст...

Ба истиқболи 68-уми солгарди зодрӯзи Аҳмад Зоҳир

Саломи самимонаи худро ба сармуассиси ҳафтаномаи фарҳангии "Рӯзгор" Султони Ҳамад ва тамоми кормандони ин коргоҳ мерасонам. Аввалан устод ва тамоми алоқамандони мусиқии нобро бо фарорасии 68-умин солгарди зодрӯзи хунёгари бузурги Машриқзамин, талқинкунандаи забони ноби дарӣ-тоҷикӣ, ҳунарманди дидаву дилҳо Аҳмад Зоҳири маҳбуб, ки воқеъан номи неку ҳунари волояшро садсолаҳо ба мерос мондаст, табрик мегӯям.

ahmad zahir5 125457845Чунон, ки худаш мегӯяд:

Мард намирад ба марг, марг аз ӯ номҷӯст,

Ном чу ҷовид шуд, мурданаш осон куҷост.

Мехостам чанд суханеро дар бораи Аҳмад Зоҳир рӯи саҳифа биёрам.

Воқеъан ӯ ҳунармандест беҳамто. Дар зиндагии фаъолонаи худ  ба оташи ранҷу меҳнат гудохта шуд ва оҳангҳои дилнишину таъсирбарангезеро дар майдони фаъолияти ҳунарияш ба намоиш гузошт. Ӯ тавонист инқилоби бузургеро дар фарҳанги мусиқӣ ба вуҷуд  оварад ва мусиқии шарқу ғарбро ба ҳам бипайвандад. Фаровардҳои ҳунарияш муваффақиятҳои фаровонеро ба бор овардаанд, меоваранд ва хоҳанд овард. Бузурге гуфтааст:

«Ҳар он чӣ аён аст, пас ҳоҷат ба баён нест».

Яке аз ҳаводорони ин ҳунарманди бемисл нависанда,пажӯҳишгари зиндагиномаи Аҳмад Зоҳир, журналисти шинохта Султони Ҳамад мебошад, ки ба фикри банда дар печутоби зиндагияш Аҳмад Зоҳир нақши бузургеро бозидааства дуюм инсоне, ки ман мешинохтам, ин шоири ҷавону умедбахш (равонаш шод бод) Ҷамшеди Раҳимзод буд, ки илҳоми шеърнависиро дар қалбаш Аҳмад Зоҳир ба вуҷуд овардаст.

,,Аҳмад Зоҳир на танҳо ҳунарманде буд, хушсадо, балки марде буд ошиқ, дарвеш, хушсалиқаву хушлибос, марде буд меҳрабону хушқалб, он чӣ, ки ҳам дар ҷайб дошт ба фақиру фуқарро медод, марде буд ватанпараст, чунончи яке аз дустҳо барояш гуфта буд:

,,Вазъият дар кишвар хароб аст. Шабона хонаам биё, ман аз Афғонистон хориҷат мекунам. Аммо Аҳмад Зоҳир қабул накард ва дар ҷавоб гуфт:Ман ба ҳеҷҷо намеравам ва дар ҳамин ҷо мондагор хоҳам монд,-мегӯяд хонум Фурӯзон, духтари яке аз дӯстони Аҳмад Зоҳир дар як сӯҳбати телевизионие, ки ба муносибати 67-умин солгарди зодрӯзи ин ҳунарманди худодод барномарезӣ шуда буд.

Аҳмад Зоҳир бемуболиға ватанашро дӯст медошт. Ӯ муборизи роҳи озодӣ буд ва мегӯяд:

Ту будам кардӣ аз нобудиву бо меҳр парвардӣ,

Фидои номи ту буду набудам, Майҳан, ай Майҳан.

Ва боз мегӯяд:

Ба ҳар маҷлис, ба ҳар зиндон, ба ҳар шодӣ, ба ҳар мотам,

Ба  ҳар ҳолат, ки будам, бо ту будам, Майҳан, ай Майҳан.

Оре, Аҳмад Зоҳир ватанашро тарк накард ва зиёдтар аз ин ӯ худ ба муқобили душманони кишвараш  бо сурудаҳояш мубориза мебурд ва ҳамватанонашро ба мубориза даъват менамуд:

Ай ҳамватан, ай нерӯи боландаи ҷовид,

Хуш бош, ки боз ахтари  омоли ту тобид.

Ай ранҷбар, ай кори ту созандаи даврон,

Даврон зи туву қудрати ҷовиди ту болид.

Ба ғайр аз ин ӯ ба муқобили зулму  беадолатие, ки табақаи бойи кишвараш ба мардуми оддӣ раво медид, сахт интиқод мегирифт.Чуноне, ки мехонад:

Аҷаб сабре Худо дорад, агар ман ҷои ӯ будам,

Ҳамон як лаҳзае , ки зулмро медидам аз махлуқи бевиҷдон,

Ҷаҳонро бо ҳама зебоиву зиштӣ,

Ба  рӯи якдигар вайрона мекардам.

Ки медидам яке урёну ларзон,    

Дигаре пӯшидааст сад ҷомаи рангин,  

Замину осмонро вожгун мастона мекардам.

Аҷаб сабре Худо дорад.

Аҷаб сабре Худо дорад...

Дар охир мехостам тамоми мухлисони Аҳмад Зоҳирро бо фарорасии 68-умин солгарди зодрӯзи ин хунёгари бузург боз як бори дигар табрик гӯям ва барояшон рӯзгори хушу осуда орзу намоям. Бигузор таронаҳои Аҳмад Зоҳири шаҳид мову шуморо ба зиндагӣ дилгарму ба роҳи росту накӯкорӣ ҳидоят намоянд.

Додихудо Гулмирзоев, корманди Тоҷикаэронавигатсия

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №20, 11 июни соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi