19:26:19 02-уми Июни 2025 сол

Сайре дар «Осорхонаи Аҳмад Зоҳир»

Шаш сол муқаддам Ғаниҷон Мӯминов, яке аз алоқамандони  сарсахти садои Аҳмад Зоҳир, дар деҳаи Амоншайхии дараи Ромит, дар ҳавлиаш ҳуҷраеро барои ашёе ихтисос дод, ки ҳамагӣ дар иртибот бо ин  нобиғаи олами  мусиқӣ буданд. Яъне аксҳои ӯ, диску кассетаҳои таронаҳояш, китобу мақолаҳо дар борааш ва боз чизҳои дигар.

ahmadzahir 32356565

Ин ҳуҷраро  шартан «Осорхонаи Аҳмад Зоҳир» ном гузошт. Банда ҳамон  хабарашро ҳамон вақт   дар расонаҳо нашр кардаму  видеоклиперо дар бораи ин осорхона таҳия намуда  ба сайти Ютуб гузоштам. Онро ҳазорҳо нафар тамошо карданд. Телевизиони «Ориёно»-и Афғонистон дар як барномаи худ онро пурра намоиш дод.  Се сол пеш боз як бори дигар аз ин хона музей дидан кардем. Суҳбатеро низ бо худи Ғаниҷон дар бораи ин осорхона  ҳамон вақт  анҷом додем.

 Нури дидаам Ҷаҳонгири Султон ин суҳбатро дар шакли се видеоклип таҳти номҳои «Кош будам лола то ҷӯянд дар саҳро маро», «Аз барои ғами ман синаи дунё танг аст» ва «Вафо агар зи кас бинам…»  барои нашр омода кард.  Аммо мутаассифона, бо сабабҳои гуногун ин суҳбатро  то имрӯз мунташир насохта  будем.   Албатта дар ин се соле, ки аз ин суҳбат гузаштааст,  дар музей тағйироту дигаргуниҳое ба амал омадаанд. Вале чандон зиёд не. Имрӯз ба ифтихори 70-солагии зодрӯзи ин хунёгари бузург, ки 14-уми июн таҷлил мегардад, ин суҳбатро дар ҳамин сайти «Рӯзгор» дар се бахш пешкаши алоқамандони садои Аҳмад Зоҳири нотакрор мекунем.

ahmadzahir 3232323

Шумо агар мехоҳед бифаҳмед, ки Ғаниҷон созмон додани  музейро аз чӣ оғоз карда буд, кадом сози мусиқиеро, ки панҷаҳои Аҳмад Зоҳир ба тугмаҳои он расидаанд, дар музеяш нигоҳ медорад ва он чӣ гуна ба дасти ӯ расидааст, ба чӣ  хотир ҳайкалчаи асперо дар ин осорхона нигоҳ медорад ва умуман агар мехоҳед  сайри маҷозие дар ин музей дошта бошед,  ҳатман ҳар се бахши ин суҳбатро тамошо кунед. Пушаймон нахоҳед шуд.

Бо эҳтиром сардабири сомонаи «Рӯзгор», Султони Ҳамад

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854