03:36:20 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ёди рӯзгори ширин

Аҳмад Зоҳир ҳафтодсола шуд

Аҳмад Зоҳир имрӯз 70-сола шуд. Ва ҳеҷ гуфтан намехоҳам, ки аз маргаш дуруст ҳамин рӯз 37-сол гузашт. На, охир ӯ барои ман ва садҳо, ҳазорҳо чун мани шефтаи садои малакутиаш намурдааст. Зеро тӯли ин 37 сол рӯзе набуд, ки ӯ бо мо роз нагуфта бошад. Рӯзе набуд, ки моро бо таронаҳои ҷонфизояш, бо сурудаҳои волояш ба зиндагиву корҳои хайр раҳнамоӣ накарда бошад, дар ғаму андуҳ, шодиву нишоти мо шарик нашуда набошад.

ahmad zahir 3265215445

Бале, ӯ зиндааст ва зиндатар аз онҳоест, ки чун «хори биёбон»анд, ки умри дароз дидаву на танҳо дар по, балки бар дилу дидаҳо низ мехаланд. Тӯли ин муддат симои Аҳмад Зоҳир пайваста дар дидаҳову садояш пайваста дар қалбҳо буду ҳасту мемонад. Аҳмад Зоҳир дар зиндагонияш коре кард ва аз худ осоре гузошт, ки асрҳо камбуди ӯро эҳсос нахоҳем кард. Қарнҳову ҳазорсолаҳо шефтагони садояш ӯро бо худ хоҳанд дошт. Зеро осори аз худ боқимондаи ӯ шоҳкориҳои ҷовидонаанд.

Шабеҳи гулҳои ҳамеша зиндаву хушрангу бӯянд. Фарқ танҳо дар ин ҷост, ки гулҳои зинда наметавонанд ҳамеша муаттар боқӣ бимонанд. Вале таронаҳои Аҳмад Зоҳир таровату накҳати худро садсолаҳо бо худ нигоҳ хоҳад дошт. Бале, Аҳмад Зоҳир намурдааст. Худи ӯ суруда буд: Мард намирад ба марг, марг аз ӯ ном ҷуст, Ном чу ҷовид шуд, мурданаш осон куҷост? Вале бо вуҷуди ин гоҳо вақте таронаҳои зебову гуворои дар синни 60-70 солагӣ эҷоднамудаи ҳамтоёни ҳамсинну солаш овозхонҳои маъруфи Афғонистон Аҳмад Валид, Аҳмад Мурид, Аҳмад Валӣ, Аҳмад Наимро мешунавам «ашкҳои ман ҳамчун қатраҳои борон» барои таронаҳои ногуфтаи Аҳмад Зоҳир равон мешаванд. Ҳамон замон эҳсос мекунам, ки Аҳмад Зоҳир дигар «ҳумои гулшани қудсу тазарви боғи фирдавсаст, на мурғи ин гулистон аст». Худои бузург руҳашро аз мо шоду хонаи охираташро обод дошта бошад! Омин!

Дӯстони азиз, Аҳмад Зоҳир беҳтарин мубаллиғи забони форсӣ-дарӣ-тоҷикӣ дар қаламрави форсӣ буду ҳасту мемонад. Аҳмад Зоҳир аз аввалин хонандаҳои омотур буд, ки ғазалиёти Ҷалолиддини Балхиро суруда буд. Имрӯз сари осори ин устураи адабиётамон баҳсу мунозираҳое ҷараён доранд. Аҳмад Зоҳир чун марди дурбине замоне моро аз ин хусус ҳушдор дода буд: «Зи ҳамроҳон ҷудоӣ маслиҳат нест» гуфта буд. Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, Анҷумани дӯстии Тоҷикистон-Афғонистон дар якҷоягӣ бо шуъбаи фарҳанги ноҳияи Ҳисор зери унвони «Зи ҳамроҳон ҷудоӣ маслиҳат нест» ба ифтихори 70-умин солгарди зодрӯзи Аҳмад Зоҳир барномаи консертиеро таҳия намуда истодааст, ки онро рӯзи 19-уми июни соли 2016 соати 14 дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор ройгон ба маърази тамошо хоҳад гузошт. Хоҳишмандон метавонанд дар ин консерт ҳузур дошта бошанд. Ва аммо мо барои худ ва онҳое, ки дар ин шабакаи иҷтимоӣ пешниҳоди моро қабул доранд, ин ҳафтаро ҳафтаи Аҳмад Зоҳир эълон мекунем ва талош мекунем, ки тӯли ин ҳафта бештар аз ӯ ва осори омӯзандаи ӯ ҳарф бизанем.

Аз саҳифаи фейсбукии Султон Ҳамад



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi