10:27:02 24-уми Июни 2018 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014


Qissahoi hijrat - 2015
 
1-Ruzgor_Plast_2016.jpg
 

Тақвим

<< < Июн 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

«Аҳмад Зоҳир садои ишқасту дилтангӣ»

Китоби навбатии Султони Ҳамад дар бораи хунёгари машҳур Аҳмад Зоҳир таҳти унвони «Аҳмад Зоҳир садои ишқасту дилтангӣ» дар арафаи таҷлил аз 72-юмин зодрӯзи Аҳмад Зоҳири шаҳид омодаи чоп шуд.

ahmad-Zahir-sadoi-ishq-6598542112Ин китоб асосан маҷмӯаест иборат аз хабару лавҳа, мақолаву мусоҳибаҳо оиди рӯзгор ва осори ин овозхони нотакрори замони мо, ки муаллиф барои расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ тӯли солҳои зиёд таълиф ва таҳия намуда ба нашр расондааст. Як қисме аз мавод махсус барои ҳамин китоб навишта шудаанд ва бори аввал дар ҳамин китоб ба табъ мерасанд. Маълумоти бештареро дар бораи муҳтавои ин китоб шумо, дӯстони азиз, аз сарсухани муаллиф ба ин китоб, ки ҳоло дар ин ҷо бознашр мешавад, пайдо карда метавонед.

Ба номи Худои бахшандаи меҳрубон

Сарсухани муаллиф

Алоқамандони сарсахти садои сеҳрангези Аҳмад Зоҳири нотакрор дар Тоҷикистони азиз медонанд, ки дар бораи ин хунёгари наслҳову замонҳои форсизабонҳои ҷаҳон бандаи камтарин аз ин пеш китобҳои « Аҳмад Зоҳир султони қалбҳо» (нашри аввал соли 2005, нашри дуввум бо номи «Султони қалбҳо» ва тағйироту иловаҳо соли 2012), «Пайванди Аҳмад Зоҳир бо Мавлавӣ» (2007) ва «Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб»-ро (2012) ба табъ расондаам. Ҳангоми навиштани ин китобҳо банда аз сарчашмаҳои гуногун: аз китобҳо, маҷаллаҳо, рӯзномаҳо, аз наворҳои мухталифи видеоӣ, хусусан аз суҳбатҳои доирнамудаам бо шахсиятҳои маъруф ва ношинохтае, ки Аҳмад Зоҳирро аз наздик хуб мешинохтанд, овозхонҳо ва мутрибоне, ки бо Аҳмад Зоҳир ҳамкорӣ карданд, аз зиёрати маконҳое, ки ба гунае бо ҳаёт ва эҷодиёти Аҳмад Зоҳири шаҳид иртибот доштанд, мавод ҷамъ намудам. Бояд гуфт, ки на ҳама маводе, ки барои навиштани китобҳо гирдоварӣ шуда буданд, дар вақти таълифи ин китобҳо мавриди истифода қарор гирифтанд. Ин аз як тараф. Аз тарафи дигар маводи зиёде дар бораи Аҳмад Зоҳир баъди ба нашр расидани ин китобҳо ба дастам расид. Агар ин маводро дар навиштани мақолае истифода карда бошам ҳам, вале он мақола на ҳама вақт дастраси оммаи васеи алоқамандони садои эъҷозгари Аҳмад Зоҳир мешуд. Зеро ин мақолаҳо маъмулан дар ҳафтанома ва ё сомонае ба нашр мерасиданд, ки шояд кам муштариён ба онҳо дастрасӣ пайдо мекарданд. Азбаски ин мавод дар бораи рӯзгор ва осори Аҳмад Зоҳир маълумоти гаронбаҳое доштанд, лозим донистам, ки ҳамаи онро ҷамъоварӣ карда, дар шакли китобе дастраси хонандагони гиромӣ намоям.

Маводе, ки дар ин маҷмӯа гирд оварда шуданд, аз рӯи мазмуну муҳтаво, шаклу жанри навишташон мухталифанд. Аз ҳамин рӯ онҳоро дар ин ҷо дар панҷ боб пешкаши хонандагони азизам кардам. Дар боби аввал, ки «Хабару мақолаҳо дар бораи Аҳмад Зоҳир» ном дорад, маводеро ҷой додаам, ки ҳамагӣ дар бораи рӯзгор ва осори Аҳмад Зоҳир маълумоти тоза медиҳанд ва ё дар бораи афроде навишта шудаанд, ки рӯзгор ва осори онҳо низ бо Аҳмад Зоҳири бузург робитаи зич доранд. Масалан, мақолаҳоям дар бораи шодравон Зулфиқори Азиз, овозхони маъруфи кишвар, ки аз ҷумлаи беҳтарин овозхонҳои тоҷик буд ва таронаҳои Аҳмад Зоҳирро бо тамоми нозукиҳояш месуруд ва ё дар бораи шоири фақид равоншод Ҷамшеди Раҳимзод, ки ашъораш моломол аз васфи Аҳмад Зоҳир аст. Ӯ ҳатто китоби алоҳида дар васфи ин хунёгари бемисл- «Аҳмадзоҳирнома» навиштааст. Дар ҳамин боб мақолаҳо дар бораи Зоҳир Ҳувайдо, овозхони машҳури Афғонистон, дӯсти Аҳмад Зоҳир, Шоҳвалӣ Валии Таронасоз, яке аз оҳангсозҳои машҳури Аҳмад Зоҳир, Ришод Зоҳир, фарзанди Аҳмад Зоҳир ва боз чандин нафари дигаре, ки зиндагӣ ва осорашон ба гунае бо зиндагӣ ва осори Аҳмад Зоҳир иртибот доранд, чоп шудаанд. Ҳамчунин дар ин боб мақолаҳое низ ба нашр расидаанд, ки муаллифонашон шахсони дигаранд ва ин мақолаҳо ё бо хоҳиши банда навишта шудаанд ва ё дар онҳо зикри хайри камина дар иртибот бо навиштаҳоям дар мавзӯи Аҳмад Зоҳир рафтааст. Барои мисол метавонам аз мақолаи Манижа Давлатова аз маъруфтарин овозхони муосири тоҷик ном бигирам, ки мутаассифона, солҳост хомӯшӣ ва гӯшаи узлатро ихтиёр кардааст. Тахминан як- д у сол қабл, дар яке аз шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ банда аз ӯ хоҳиш кардам, ки чанд сухане дар бораи Аҳмад Зоҳир бигӯяд, то дар китоби навбатиам дар бораи Аҳмад Зоҳир онҳоро ҷой диҳам. Он рӯз Манижабону ваъда дод, ки чанд сухан неву мақолаи махсусе дар бораи таъсири Аҳмад Зоҳир ба рӯзгору осори ӯ ҳамчун овозхон барои китоби навбатии камина менависад. Ва Манижабону ба зудӣ ба ваъдаи худ вафо кард. Мақоларо гирифтам. Ин мақолаи хеле зебо аввалин бор дар ҳамин китоб ба нашр мерасад. Дар ҳамин боби китобам дар мақолае зикри хайри чанд мухлиси ашаддии Аҳмад Зоҳирро кардаам, ки дар тӯли умри худ бо ҳунар ва садои Аҳмад Зоҳири нотакрор ишқ меварзанд ва бо ин корашон дар таблиғи мусиқии ноб кори хайреро анҷом медиҳанд. Камина дар вақти навиштани китобу мақолаҳоям дар бораи Аҳмад Зоҳир аз иттилоот ва маводи дар даст доштаи ин алоқамандони садои Аҳмад Зоҳир хеле зиёд истифода кардаам. Боби дуввуми китоб «Мусоҳибаҳои Султони Ҳамад дар бораи Аҳмад Зоҳир» ном дорад. Дар ин боб нахуст мусоҳибаҳои банда бо шахсиятҳое ба нашр расидаанд, ки Аҳмад Зоҳирро аз наздик мешинохтанд ва бо ӯ робитаи зичи эҷодӣ ва дӯстӣ доштанд. Ба ин қабил мусоҳибаҳо суҳбатҳо бо Забиҳуллоҳи Амонёр, дӯст ва шогирди Аҳмад Зоҳир, бо Халил Роғиб, шореҳи мусиқии ТВ «Ориёно Афғонистон», Абдуллоҳи Эътимодӣ, мусиқишинос ва оҳангсоз, ки ҳарду аз мутрибони Аҳмад Зоҳир буданд, устод Ҷӯрабек Муродов, Ҳунарпешаи Мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, устод Ҷӯрабек Назрӣ, ҳунарпеша ва донишманд мумтоз, дӯсти Аҳмад Зоҳир, шоира Меҳриниссо ва дигарон дохил мешаванд.

Боби саввуми китоб «Мусоҳибаҳо бо Султони Ҳамад дар бораи Аҳмад Зоҳир» ном дорад. Дар ин боб мусоҳибаҳое ба нашр расидаанд, ки рӯзноманигорони тоҷик Хуршеди Атоуллоҳ, Валиҷон Баёнӣ, Зулолаи Нур ва дигарон бо банда оиди китобҳои дар бораи Аҳмад Зоҳир навиштаам ва умуман рӯзгор ва осори ин нобиғаи ҳунари мусиқӣ саволу ҷавоб кардаанд. Боби чорум «Таҳияи осори дигарон» ном дорад. Дар ин боб маводе ба нашр расидаанд, ки муаллифонашон асосан журналистон ва нависандагони Афғонистон ҳастанд. Ин навиштаҳо хеле ҷолибанд ва иттилои хубе дар бораи Аҳмад Зоҳир ва на танҳо дар бораи ӯ доранд. Онҳоро аз рӯзномаҳо, солномаҳо ва китобҳои ба ҳуруфи форсӣ дар Афғонистон чопшуда, инчунин аз наворҳои радио ва телевизиони ин кишвар таҳия намуда пешкаши хонандагони арҷмандам намудаам. Дар ҳамин боб бори аввал шакли комили чаҳор мусоҳибае, ки журналистони афғон бо шодравон Аҳмад Зоҳир дар вақти дар қайди ҳаёт будани ин хунёгари безавол бо ӯ доир кардаанд, бо ишора ба нашрия, муаллифи мусоҳиба, санаи нашр ба табъ мерасад. Бахши муҳими китобро боби панҷум, ки «Тақриз ва китобиёт» ном дорад, ташкил медиҳад. Дар ин боб тақризҳои ба китобу мақолаҳои дар мавзӯи Аҳмад Зоҳир навиштаи Султони Ҳамад иншонамудаи профессор, доктори илмҳои филологӣ Олим Хӯҷамуродов, Шоири Халқии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа устод Назри Яздонӣ, мунаққидони адабиётшинос, номзадҳои илми филология Раҷабалӣ Худоёрзода, Ҷамолиддин Саидзода ва ғайра, инчунин мақолаҳои тақризии Султони Ҳамад оиди китобҳои дигар муаллифон, ки дар бораи Аҳмад Зоҳир чи дар дохил ва чи дар хориҷ аз кишвар таълиф гардидаанд, ҷой дода шудаанд. Аз ин китоби нав силсиламақолаи Султони Ҳамад таҳти унвони «Аҳмад Зоҳир ва сад шоир», ки дар беш аз панҷоҳ шумораи ҳафтаномаи «Рӯзгор» солҳои 2013- 2014 ба табъ расида буд, бо ду сабаб канор мондааст. Нахуст ин ки ҳаҷми китоб намегузошт чунин коре сурат бигирад ва дуввум баъди таҳриру такмил кардани силсиламақолаи «Аҳмад Зоҳир ва сад шоир» маълум гардид, ки он худ ба як китоби чандҷилдае мубаддал шудааст. Худо агар хоста бошад, китоби «Аҳмад Зоҳир ва сад шоир», ки дар зоти худ як навъ донишномаи шеъру суруди як хунёгараст, ба тадриҷ дар чанд ҷилд ба нашр хоҳад расид.

Китоби беш аз шашсадсаҳифагии «Аҳмад Зоҳир садои ишқасту дилтангӣ»-ро аксҳои камёфту нодири Аҳмад Зоҳир, пайвандон, алоқамандон, дӯстону мутрибонаш ва муаллифони китобу мақолаҳои дар он истифодашуда боз ҳам ҷолибтар кардаанд.

Султони Ҳамад

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ


RuzgorPlast-banner 1