13:36:59 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ёди рӯзгори ширин

АҲМАД ЗОҲИР ВА ШЕЪРИ "ҲАМИН КОФИСТ"- И МИРЗО ТУРСУНЗОДА

БА ИФТИХОРИ 110 - СОЛАГИИ ШОИР ВА ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН

Ҳунарманди машҳури форсизабонон ва хунёгари фаромӯшнашавандаи шарқ Аҳмад Зоҳир ба ашъори бисёре аз шоирони классик ва муосири форсу тоҷик оҳанг баставу бо садои сеҳрофарини худ онҳоро сурудааст. Аз ин ҷост ки аксари ин ашъор ба қавле умри ҷовидона ёфтаву зиёда аз 40 сол боз мавриди писанди алоқамандони зиёди ҳунар ва овози ин хунёгари олами мусиқӣ дар гӯшаву канори олам қарор доранд.

mirzi zohir 2356894551Аз дигар тараф боҷуръатона метавон изҳор кард, ки аксари шуаро танҳо тавассути оҳангу садои Аҳмад Зоҳир муаррифӣ гаштаанд ва ба таври дигар гӯем мардум ба воситаи сурудаҳои Аҳмад Зоҳир аз ашъор ва шахсияти онҳо хабардор гаштаанд. Аз ин рӯ дар ин ҷода Аҳмад Зоҳирро метавон ҳамчун муаррифгари шуаро ва оҳангу сурудҳои вайро ба унвони як тазкираи зинда ба қалам дод. Аз шоирони тоҷик ин ҳунарманди зиндаёд бар ашъори устод Мирзо Турсунзода ва Абдулло Қодирӣ оҳанг баставу сурудааст, ки хеле ҷолиб аст.

Дар бораи он ки Аҳмад Зоҳир чӣ гуна ба як шеъри шоири шаҳири мо устод Мирзо Турсунзода бо унвони "Ҳамин кофист" оҳанг баставу онро сурудааст нақли аҷибест, ки онро ҳамчун иқтибос аз китоби муҳаққиқи зиндагӣ ва ҳунари ин ҳунарманди машриқзамин шодравон Султони Ҳамад барои хонандаи азиз ин ҷо меорем.

Устод Султони Ҳамад дар китоби худ "Аҳмад Зоҳир - султони қалбҳо" аз забони олим ва ҳунарманди машҳури кишвар шодравон Ҷӯрабек Назриев нақл мекунад, ки Аҳмад Зоҳир ва Ҷӯрабек Назриев моҳи феврали соли 1976 меҳмони олими шинохта Шаҳбоз Кабиров мешаванд. Вай он вақт ҳамроҳи завҷааш шоираи ширинкалом Меҳринисо дар сафари хизматӣ дар шаҳри Кобул қарор доштанд.

Ҳини сӯҳбат сухан аз шеъру шоирӣ меравад ва устод Шаҳбоз Кабиров барои бо намунаи назми тоҷик шинос кардани Аҳмад Зоҳир "Мушоира" ном китоберо, ки дар он гулчине аз ашъори шоирон бо ҳуруфи форсӣ чоп шуда буд, ба ӯ нишон медиҳад ва аз вай хоҳиш карда мешавад, ки чи тавре фолномаро мекушоянд, китобро кушояд ва ҳар шеъре, ки баромад онро ба оҳанг дарорад. Ҳамин тавр ҳам карданд ва вақте ки Аҳмад Зоҳир китобро кушод, шеъри устод Мирзо Турсунзода "Туро сад бор гуфтам, ки ғуломат ман, ҳамин кофист" баромад.

Ин шеър ба вай хуш омад ва ваъда дод, ки ҳатман онро то Соли Нав, яъне то ҷашни Наврӯз ба оҳанг медарорад. Рӯзи Наврӯзи соли 1976 суруди "Туро сад бор гуфтам, ки ғуломат ман, ҳамин кофист" нахустин бор дар байни мардум садо дод ва аз ҳамон дам то кунун яке аз сурудҳои дӯстдоштаи алоқамандони ҳунари Аҳмад Зоҳир ба шумор меравад:

Туро сад бор гуфтам, ки ғуломат ман, ҳамин кофист,

Фидои як саломат, як каломат ман, ҳамин кофист.

Навиштам, пахш кардам мӯҳр, мондам даст бегуфтор,

Ҳаётамро, мамотамро ба номат ман, ҳамин кофист.

Агарчи ибтидои ошиқон дар ишқ ҳар ранг аст,

Вале бо номи ту ман ибтидо кардам, ҳамин кофист.

Устод Мирзо Турсунзода ин сурудро дар иҷрои Аҳмад Зоҳир бори аввал ҳангоми бемориаш дар шифохонаи ҳукуматӣ аз кассетае шунидааст, ки наздиконаш барояш оварда буданд. Дар ин бора собиқ хоҳари шафқати ҳамон беморхона Насима Шодиева нақли аҷибе дорад: "Боре ба шифохонаи мо барои табобат раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, устод Мирзо Турсунзодаро оварданд. Он вақт устод маъруфтарин ва маҳбубтарин одами ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафт. Аз ин сабаб аз духтурон то фаррошон ҳама кӯшиш мекардем, ки оромишу низом дар шифохона халалдор нашавад. Рӯзи навбатдории ман буд. Ногоҳ садои мусиқӣ баланд шуд. Ҳофизи бароям номаълу ме суруд мехонд. Ҳарчанд лаҳнаш ширин буд, ба ёдам устод Мирзо Турсунзода расиданд, ки мабодо малоли хотирашон нашавад. Тез ба сӯи утоқе, ки аз он овоз меомад, давидам. Бинам, ин утоқи худи устод аст ва чанд нафаре магнитофонро баланд монда, сурудеро гӯш мекунанд.

- Биё, Насимаҷон, биё, Аҳмад Зоҳирро гӯш кун, - гуфтанд ба ман устод. Баъдтар фаҳмидам, ки яке аз шогирдони устод кассетаи овозхони маъруф Аҳмад Зоҳирро, ки дар он як шеъри устод "Туро сад бор гуфтам, ки ғуломат ман, ҳамин кофист" низ ба оҳанг дароварда шудааст, барояшон овардааст. Устод аз ин тӯҳфа хеле ҳам хурсанд шуда буданд. Он кас такрор ба такрор сурудҳои ин кассетаро гӯш мекарданд. Воқеан баъди овардани ин кассета мушоҳида кардем, ки аҳволи устод рӯз то рӯз беҳтар шудан гирифт. Ба овози ширини Аҳмад Зоҳир мо низ дил бастем. Ин овоз на танҳо шифобахши беморон буд, балки ба дарди дили табибон низ дармон мебахшид..."

Маҳмудҷони Абдулаҳад, "Тахти Қубод"

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi