23:37:25 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Таҳмина дар «Сафина»-и орзу сӯйи соҳили мақсуд шино мекунад

Таҳминаи Тоҷиддин  31-уми январи соли 1987 дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Соли 2004 литсейи ноҳияи А. Ҷомӣ ва соли 2009 бо тахассуси журналисти байналхалқӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз  соли сеюми таҳсил дар донишгоҳ  дар «Телевизиони Сафина» фаъолият дорад. Муаллиф ва барандаи барномаҳои «Мароми рӯзгор», «Роҳнамои зиндагӣ», «Инсон ва ҳуқуқ», «Башорат», «Зиндагӣ» ва «Фарзия» аст. 

000.takhmina-45455Таҳминаи  Тоҷиддин  барои фаъолияти шоистааш дар соҳаи телевизион бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст. Ҳар ҳафта чун аз кору ташвишҳояш фориғ мешуд, телефонӣ ба модараш тамос мегирифту мегуфт, ки ба деҳа меояд. Дили модар лабрези фараҳу шодӣ ва табассум дар лабонаш гул мекарду назди дарвоза меомад, менишаст ва чашм ба роҳ интизор мемонд.

Ӯ сӯйи деҳа гӯё парвоз мекард.  Чун деҳаро беҳад дӯст медошт. Деҳа парвозгаҳи орзуҳои кӯдакияш буда ва ширинтарин лаҳзаҳои кӯдакиву наврасияшро дар канораш паси сар карда.   

Вақте аз сари кӯча намудор мешуд, модараш ба пешвоз сӯяш мешитофту ашки чашмонашро пок карда, ӯро ба оғӯш мекашид. Чӣ манзараи дилпазирест лаҳзаи дидори модару духтар. Ҳарду гуё аз дидори ҳамдигар сер намешуданд. Модар бо эҳтиром духтарашро рӯйи кати ҳавлӣ менишонду паҳлуяш менишаст ва аҳволпурсӣ мекард. Аз кору бораш, зиндагияш, саломатияш.

Духтар одат карда буд, ки ба ҳама пурсишҳои модараш табассум дар лаб «ҳамааш хуб очаҷон» мегуфту тамом. Аммо дили модарро ором кардан ҳам кори саҳл нест. «-Чӣ лозим ба ту ин қадар ташвишу даводав? Ҳамсолони ту ҳамаашон соҳиби хонаву дар…». Мақсади модарро мефаҳмид духтар.  Ва гапро ба дигар тараф мекашид. Чун хислату хӯи модарашро хуб балад буд.

«-Очаҷон, дирӯз бегаҳ аз кор баромада, ба хона мерафтам, ки як ҷавонмарди тақрибан чилсола омада салом дод. Саломашро алейк гирифтам, аммо нашинохтам. Мард ҳам инро пай бурду бо садои пасту сари хам ба сухан оғоз кард.

-Шумо Таҳмина, аз «Телевизони Сафина»?

 Фикр кардам бинандаи барномаҳои шабакаи мосту маро шинохта ва саломам медиҳад. Ба рӯяш табассум кардаму роҳамро идома доданӣ шудам, ки маро як лаҳзаи дигар нигоҳ дошт.

-Хоҳарҷон, Шумо зиндагии маро комилан тағйир додед. Ман ба Шумо ташаккур мегӯям.

Ҳайрон мешавам, ки чӣ гуна ман зиндагии ин ҷавонмардро тағйир дода бошам… Ин суханро худ ба худ мегӯям, аммо мард гӯё андешаҳои маро мехонад, ки бо сари хам суханашро идома медиҳад:

-  Ташаккур ба Шумо. Баъди барномаи Шумо ман модарамро дубора аз хонаи пиронсолон овардам ба хона…

1.takhmina-45455Мард инро мегӯяду дигар аз нигоҳ кардан ба чашми ман мешармад ва бо сари хам аз наздам дур мешавад. Гиряам меояд. Худоё! Агар барномаи ман нафареро аз роҳи хато баргардонда бошад, агар дар дили фарзанде аз суханҳои ман дубора чашмаи меҳри модар ба ҷӯш омада бошад, агар…

Аз шодӣ сарам ба осмон месояд, оча! Шумо дар мавриди ҳамсолони ман мегӯед, аммо маънии зиндагӣ танҳо бо хӯрдану хоб ва хонаву дар доштан хулоса намешавад-ку! Худатон ба ман мегуфтед, ки ба як нафар кӯмак расонидан беҳтарин хислати инсонист, очаҷон!»

Ашк косаи чашмони модарро пур мекунад… Дубора духтарашро ба оғӯш мекашаду мегӯяд, «Ташаккур ба ту духтарам. Ман аз доштани ту ифтихор мекунам…»

Модар барои густардани дастархон аз ҷой мехезад, аммо ӯ ҳеҷ қабул карда наметавонад, ки модараш барои ӯ ташвиш бикашад. Модарашро хоҳиш мекунад, ки «Шумо шинед, ман мекунам, очаҷон. Ҳар ҳафта як бор ба дидорбиниятон меоям, монед аққалан ҳамин як рӯз бароятон кори кӯчаке карда бошам».

Модар ашки шодиро аз чашмонаш пок мекунаду бо меҳр ба духтараш, ба духтари оқилаву нозанинаш менигарад. Хуршед чун нони пухтае аз танури осмон канда шуда, паси уфуқҳо меғалтад…

Аз орзуҳои кӯдакӣ то иқдомҳои ҷавонӣ

Шоми деҳа чӣ қадар дилнишин. Осмони ситоразор, шир-шири оби ҷӯйбори саҳни ҳавлӣ, садои гову гӯсфандон, паррандаҳо нағмаҳои аҷибеанд, ки ҳамеша асаби духтаракро оромиш мебахшанд. Ҳавои форам, насими шомгоҳӣ тани ӯро бӯса мезанад. Духтараки пазмони боду ҳавои деҳа аз ин ҳама ҳаловатеро дар қалби худ пай бурда, беихтиёр ба дарёи хотирот ғӯтта мезанад…

Ӯ соли 2004-ум литсейи бачагони болаёкати  ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлонро бомуваффақият хатм кард. Замони мактабхонӣ бо ҳидоят ва роҳнамоии бевоситаи  волидайн ва устодони азизаш Саъдулло Бекназаров,  Мирзо Бобоев, Садаф Бердиева ва Аҳадқул Абдуназаров борҳо дар озмунҳои ноҳиявию вилоятӣ иштирок  ва ғолиб гардида буд. Устодони литсей ҳама ӯро дӯст медоштанду эҳтиромаш мекарданд, чун дар симои ӯ ояндаи дурахшонеро медиданд.  

Таҳмина аз хурдӣ дар дил орзуи журналист шуданро дошт, мехост аз дарду мушкилоти мардум бигӯяд, барои Ватани азизаш хизмате дошта бошад. Имрӯз шукрона аз Парвардигор мекунад, ки ин орзуяш амалӣ шудаву дар ин рох гомхои устувор мениҳад.

Таваҷҷуҳи Президент- мӯҷиби амалишавии орзуҳо

2.takhmina-45455Таҳмина ҳамеша орзу дошт, ки таҳсилашро дар Донишгоҳи миллии Точикистон, дар факултаи рӯзноманигорӣ идома бидиҳад. Аммо барои як духтараки деҳотӣ амалӣ гардонидани ин орзу кори саҳл набуд. Вале чун тақдир худ мехост Таҳминаро ба ҷодаҳои фарохтаре бароварад, воқеаро фароҳам овард ва ин мӯҷиби омадани Таҳмина ба Душанбешаҳр гардид. Ин лаҳзаҳоро ҳамешаву ҳар дам Таҳмина ба хотир меоварад.

 Бистуякуми июли соли 2004-ум буд.  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сафари корӣ дошт. Дар ин ноҳияи зебоманзар мардум Президенти кишварро бо самимияту  шодмонӣ истиқбол гирифтанд. Он солҳо Рӯзи забонро дар таърихи 22-юми июл  таҷлил мекарданд.  Мактаббачагони ноҳия барои ташрифи Сарвари давлат барномае омода карда буданд, ки иборат аз  шеъру суруду рақс. Дар ин маҳфил ману ҳамсинфам Фирӯз Исломов баранда будем.  Баъди оғоз кардани барномаи идона Президенти мамлакат ӯро назди худ хонда, ҳамроҳаш  суҳбат кард.

Барномаи онҳо барои 30-дақиқа тарҳрезӣ шуда буд ва баъди анҷоми барномаи фарҳангӣ Сарвари давлат  дар ҷараёни суханронияш ба ёрдамчии худ ва шахсони масъул супориш дод, ки ин духтарак – яъне Таҳмина бояд  бе имтиҳон сазовори номи донишҷӯйи Донишгоҳи миллии Точикистон, ихтисоси журналисти байналхалкӣ гардад. Шояд Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳам дар симои ӯ ояндаи дурахшонеро дида ё пай бурда буд. Ва Таҳминаи Тоҷиддин шукргузор аз тақдиру иқдоми хайрхоҳонаи раисиҷумҳур ба Душанбе омад. Солҳои донишҷӯӣ зеботарин лаҳзаҳои умри ӯ буданд. Чун духтараки фаъол дар як муддати кутоҳ байни ҳамсабақон соҳиби эҳтирому нуфуз гардид.

Бо «Сафина» барои фатҳи қуллаи мурод

Аз соли сеюми таҳсил ба «Телевизиони Сафина» ба кор омад. Дар ин боргоҳ ҳам аз рӯзҳои нахуст ҳама ин духтараки хоксору фаъол ва дар кор  худ мумтозро дӯст дошта буданд. Яке аз пайи дигар барномаҳояш ба эфир мебаромаданд, аз тарафи журналистону бинандагон баҳои баланд мегирифтанд ва ин дили Таҳминаро гармтар мекард, то сӯйи қуллаи мурод гомҳои устувортар гузорад. Донишгоҳи миллиро соли 2009-ум  бо баҳои  аъло хатм  намуд ва баъди ин домани фаъолияти журналистияшро сахттар дошт.  Тӯли ин чанд соле, ки Таҳмина дар «Сафина» кор мекунад, барномаҳои «Ахтари адаб», «Роҳнамои зиндагӣ», Мароми рӯзгор», «Зиндагӣ», «Фарзия», «Башорат» ва «Инсон ва ҳуқуқ»-ро омода ва пешниҳоди тамошобинон гардонида.

«Фарзия»- барномае аз мушкилоти мардум

3.takhmina-45455Таҳминаро баъди таҳияи чанд барномаи «Фарзия»  мардум бештар дӯсташ доштанд.  Ин барнома  яке аз барномаҳои ҷолибтарини телевизионҳои кишвар аст, чун хусусияти таҳлилӣ-тадқиқотӣ дошта, дар он мавзуъҳои ҷолиб чун камбудиву нуқсонҳои дар ҳимояи рисолаҳои илмӣҷойдошта, масоили шабгардиву одоти бади кӯдакон, чаро китоб ҳасту китоб намехонанд, сабабҳои садамаҳои нақлиётӣ ва ғайра   аз ҷониби олимону муҳаққиқон ва масъулин матраҳ шудаанд.

Бинандаро он чиз ба ваҷд меовард, ки Таҳмина вақти барнома чун масъулин аз камбудҳо мегуфтанд чӣ гуна ба ваҷд меомад, чӣ гуна бо эҳсосот сухан мезад. Гӯё чашмонаш аз мардум илтиҷо мекарданд, ки «Чӣ лозим ин корҳои ношоиста?»

Таҳмина дар ин барнома кӯшиш мекард, то дарди дили мардумро бигӯяд, роҳҳои ҳалли мушкилоти онҳоро биҷӯяд… Ин буд, ки ба мавзуъҳое даст мезад, ки барои телевизионҳои кишвар ғайрмаъмулӣ буданд, мисли оқибати никоҳи бармаҳал, вазъи санитарӣ-эпидемиологии бозорҳои пойтахт, сабабҳои даст ба ришва задани кормандони давлатӣ, рӯ ба фохишагӣ овардани духтарону занон ва…

Рӯйи олам дидан одам дидан аст

Таҳмина ба он бовар аст, ки оянда дар ҷодаи рӯзноманигорӣ фаъолиятҳои густардатаре хоҳад дошт. Чун давоми чанд соли охир  ҳамчун журналист  ба Қазокистон, Кореаи Ҷанубӣ, Ҷумҳурии мардумии Чин, Туркия, Британия, Фаронса ва шаҳрҳои муқаддаси   Арабистони Саъудӣ  сафарҳо доштаву таҷрубаи зиёде андӯхтааст. Шояд ҳамаи инро ба назар гирифта,  ӯро чанде қабл Сармуҳаррири идораи барномаҳои фархангии Телевизиони «Сафина» таъин  карданд. Таҳмина худ ба худ мегӯяд, ки «барои дастгири ва гамхорихои падарона ба директори Муассисаи давлатии ТВ «Сафина» мухтарам Лутфулло Давлатов миннатдори баён менамоям.  Кӯшиш мекунам, ки ба боварии эшон сазовор бошам».

Таҳмина аспу аспсавориро хеле зиёд дӯст медорад ва мегӯяд дар симои асп беҳтарин дӯсти инсонро мебинад. Таҳмина рӯйи асп шаҳзодаеро мемонад, ки савори аспи сафедаш ба шаҳри дури дурр, ба сӯйи хонаи мақсуд гом бардошта… 

Дасти дуои модар

Модару духтар рӯйи кат сари дастархон нишаста. Таҳмина дурудароз ба осмони ситоразор чашм дӯхта. Тамошои ситораҳоро дӯст медорад. Чун онҳо орзуҳои қалби ӯро мемонанд. Маҷзубанду поку мубарро ва ҳамеша инсонро таҳрик медиҳанд, ки ба пеш қадам бизанад…

 Модар ба меҳр сӯйи духтараш менигарад. Таҳмина чашм аз осмон наканда, сӯйи модар мегӯяд. «Очаҷон, ман дар дил як маром дорам, он ҳам на молу давлат, на ҷоҳу ҷалол, на зару зевар, балки  ҳамчун зани сиёсатшинос дар пешрафт ва нумуи Точикистони сохибистиклол саҳм гузоштан. Дуо кунед, то ба мақсадам бирасам оча!»

 Модар  аз шодӣ курта-курта гушт мегирад ва даст ба дуо мебардорад…

Дуои модаре, ки ин гуна духтареро тарбия карда, ҳеҷ гоҳ байни замину осмон муаллақ намемонад…

Баҳман, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi