04:17:57 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Мактуби бетаҳрир: Файзи Истиқлол

Ҳар гоҳ дар бораи истиқлоли кишвар ба тафаккур мепардозем, хоҳ-нохоҳ таърихи дуру дароз ва пурфарози нишеби халқамон, ки гоҳ бо ҳушёрию бедории камназир империяҳои бузургеро бар пояи хираду инсондӯстӣ падид оварда ва бо офариниши фарҳанги наҷобатнишон (ба ёд оварем Куруши Кабир ва Исмоили Сомониро) ному нишони озодагию фарзонагиро барои ҷовидон бар ҷабини нажоди худ нақш кардаанд, ва гоҳи дигар, дар дарозои чандин сада мо бар асари ғафлати сарварони кутоҳандешу бекифоят аз авҷи шуҳрат бар хоки зиллат афтодем, аз пеши назар мегузарад.

anzura-hakimova-445455Ва бад-он маъност, ки давлатҳои мо тоҷикон дар баъзе давраҳо истиқлоли бештар доштаанд, дар баъзе дигар-истиқлоли камтар ва хирадварзии андак. Агар дар давраҳои тираву буҳронӣ бузургмардоне дар арсаи илму адаб ва сиёсат қомат афрохтанд, пеш аз ҳама ба ин сабаб будааст, ки онон ба унвони идомадиҳандагони арзишҳои волои пешиниёни худ аз истиқлоли фикрӣ бархурдор будаанд. Агар бигӯем, ки ҳама гуна пешрафту тараққӣ дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ дар гарави истиқлоли кишвар аст, муболиға накардаем. Зеро истиқлол вораста будан аз қайду банд, роҳкушои рушду шукуфоӣ ва сохтани сарнавишти худ бо дасти хештан аст.

Дар даврони Шӯравӣ мо ба сабаби пайвастанамон ба тамаддун ва мактабу маорифи навин аз ақибмондагии дерин ва музмин берун омада, бисёре аз мушкилоти худро дар соҳаи кишоварзӣ, саноат, тандурустӣ, илму фарҳанг ва ғайра ҳал кардем. Вале истиқлоли мо, ба хусус дар заминаи фарҳанги миллӣ коставу нимкола буд, то ҳадде, ки ҳаққи  ифтихор кардан ба номи номоварони илму адабамон аз мо салб шуда буд. Масалан, ном бурдан аз Абуалӣ ибни Сино ба унвони фарзанди фарзона ва донишманди бузурги халқи тоҷик сабаб шуда буд, ки нисбати “миллатгароӣ” ва тафриқаандозӣ байни халқҳои бародарро ба мо диҳанд ва моро аз чунин корҳое манъ кунанд.

Ё ҷашни Наврӯзро гирем, ки дар пайи саъю талоши чандсолаи равшанфикрони тоҷик дар Ватани худ Тоҷикистон, он ҳам дар поёни умри Шӯравӣ расмият ёфт, ҳол он ки бо гузашти андак замон дар натиҷаи талошҳои Тоҷикистон ва кишварҳои дигар ин ҷашн дар СММ ҳамчун ҷашни байналмилалӣ пазируфта шуд.

Сад ҷои шукру сипос аст, ки кишвари азизи мо Тоҷикистон инак вориди севвумин даҳаи истиқлоли худ шуда ва дар роҳи таҳқими пояҳои он гом мебардорад. Лозим ба тазаккур аст, ки доштани истиқлол ба танҳоӣ корсоз нест. Муҳим он аст, ки ҳар фарди ҷомеа бар арзиши он пай бибарад, аз имконоти он нек истифода кунад, то битавонем дар кӯтоҳтарин муддати мумкин Ватани азизамонро ба шоҳроҳи пешрафту шукуфоӣ расонем. Ва ин аз ҳар яки мо, гузашта аз дарки амиқи маънии Истиқлол, омодагӣ ва ҳиммату талоши хастагинопазир мехоҳад.

Ин суханон, бавижа дар соҳаи маориф ва таълиму тарбия сидқ мекунад. Имрӯза ватанпарасти ҳақиқӣ дар ин соҳа касест, ки бо баҳрамандӣ аз файзи истиқлол, чи дар кӯдакистону мактаб ва чи дар донишгоҳ бо камоли диққату кордонӣ донишу таҷрибаи худро ба шогирдон расонад; онҳоро дар руҳи кордӯстию ватандорӣ тарбия намояд; одоби неку ҳусни муошират омӯзад; аз ҷумла ба онҳо талқин кунад, ки ватандорӣ танҳо он нест, ки ба ҳангоми зарурат сина сипар кунӣ, балки илму адаб омӯхтан ва бар он амал кардан низ аз гӯшаҳои дигари ватандорист!

Хушбахтона, аз баракати Истиқлол дар тамоми соҳаҳои маориф, аз кӯдакистон то донишгоҳ шароити муносибе барои ин кор мавҷуд аст ва насли наврас бо истифода аз ин имконот таълиму тарбия мешавад. Нақши оила ҳам дар парвариши фикрии кӯдакон дар партави қонуну қарорҳои нав хеле афзоиш ёфта ва кумитаи волидайни кӯдакон ба ёварони мураббиёну муаллимон мубаддал шудааст, зеро омӯзгорону волидайн ҳарду хуб дарк кардаанд, ки ҳамкорию ҳамоҳангии хонавода ва кӯдакистону мактаб сифати омӯзишу парваришро боло мебарад.

Мудири ширхоргоҳ-кӯдакистони №140-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Анзура Ҳакимова

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №25, 20ноябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi