02:20:27 17-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Зебо Афардӣ: "Ман ҳамеша ба он боварам, ки Сайф зинда аст"

Номи Сайф Раҳимзоди Афардӣ ба ҳар як хонандаи тоҷик ошност. Агарчӣ Сайф умри кутоҳ дида, аммо бо осори мондагори худ амсоли "Ситораҳои сари танӯр", "Падруду пайғом", "Дурӯғи сафед", "Васвасаҳои Зикривайҳ", "Доғҳои офтоб" дар садри нависандагони навовари даҳаи ҳаштуму нуҳуми қарни гузаштаи тоҷик қарор гирифтааст. Забони Сайф, услубу тарзи нигориши Сайф як пайраҳаест хоси худи ӯ.

zebo-afardy 54784545Имсол аз зодрӯзи Сайф Раҳимзоди Афардӣ, нависандаи навовару нотакрори тоҷик 60- сол гузашт. Агар тири қотили номард амонаш медод, имрӯз нависандаи дӯстдоштаи мо ба синни мубораки шаст мерасид. Ба ҳар сурат новобаста аз оне ки Сайф Раҳимзоди Афардӣ байни мо нест, ҷашни милоди ӯҷашни насри тоҷик, ҷашни дӯстдорони адабиёти мо боқӣ монда. Хабарнигори "Рӯзгор" Баҳман дар арафаи ҷашни камолоти равоншод Сайф Раҳимзод ба хонаи устод рафт ва бо Зебо Афардӣ, ҳамсари гиромии адиб суҳбате орост, ки онро пешкаши Шумо мегардонем.

-Муаллима, маро ҳолати ҳаяҷоноваре фаро гирифта. Зеро дар он хонае қарор дорам, ки устод Сайф серхонандатарин осори адабиёти моро навишта. Эҳсосоти Шумо дар остонаи ҷашни камолоти устод чӣ гуна аст?

- Вақте, ки ба ман рӯзноманигор ё нависандае занг зада, дар бораи Сайф пурсон мешавад, ман беҳад хурсанд мешавам. Барои он ки шумо ба хотири Сайф назди ман меоед. Ман ҳамеша омодаам, ки Шуморо хуб қабул кунам. Зеро вақте хабарнигорон меоянду дар бораи Сайф пурсон мешаванд, гумон мекунам, ки Сайф зинда аст. Ҳамин ҷо аст ва ҳамин ҳоло аз дар медарояд. Ва ман боз ҳам интизораш мемонам. Ба ҳамаи хабарнигороне, ки ба хонаи Сайф меоянд, ташаккур мегӯям. Фикр мекунам, ки агар устод Сайф ҳам зинда мебуду ин қадар таваҷҷуҳро медид, боз зиёдтар менавишт.

- Гумон мекунам, рӯзҳои наздик 60-солагии устод Сайф Раҳимзоди Афардӣ бошукуҳ таҷлил мешавад. Шумо чӣ гуна омодагӣ дидаед? Оё аз Сайф осори номатбӯъе ҳам боқӣ монда? Агар ҳа, онро шояд ба нашр омода карда бошед?

- Ҳар қадаре, ки ҷашни 60-солагии Сайф наздик мешавад, ҳисси ваҳм, тарс ва албатта дар ин баробар хурсандии ман меафзояд. Ман дар ин кор масъулияти бузургеро дар дӯши худ эҳсос мекунам. Зеро ба назари ман Сайф зинда асту ин ҳамаро мебинад. Мо ба таҷлили ҷашни Сайфи азиз шурӯъ аз соли гузашта омодагӣ дорем ва бо устод Абдулҳамиди Самад, Амирхон Аҳмадхонов ва шогирди Сайф Соро Муридова осори нашрнашудаи Сайфро ба чоп омода кардем. Кӯшиш мекунем, ки то ҷашни зодрӯз, ки рӯзҳои башумор боқӣ монда, ин китоб интишор ёбад. Дар ин китоб навиштаҳои устод, ки то имрӯз нашр наёфта, ҷамъ оварда шудаанд. Шояд аз вуҷуди ин осор баъзе аз рафиқони Сайф огоҳ бошанд, аммо ба дасти хонанда бори аввал хоҳад расид.

-Китоби нави устод Сайф Раҳимзод чӣ ном дошта ва шомили чӣ чизҳои нав бошад? Дар ин китоб ҳам ҳамон услуби хоси Сайф дида мешавад ё комилан чизҳои тозаест? Ва гумон мекунам ин охирин навиштаҳои устод аст…

-На, ин охирин нест. Чандин чизҳои дигар ҳам аз Сайф боқӣ мондаанд, ки мо сари он кор карда истодаем. Устод асарро менавиштанд, танҳо порчае аз он мехонданд ва дигар дар мавриди он чизе намегуфтанд ва танҳо баъде, ки навиштанро тамом мекарданд, онро пешкаш менамуданд. Ман ҳам дар бобати ин китоб чизи бештаре гуфта наметавонам. Бигзор барои мухлисони осори устод Сайф ин туҳфаи ғайричашмдошт бошад.

-Аз даргузашти устод чандин сол гузашт ва суолам ин аст, ки масалан бе Сайф буданро ҳамсараш чӣ гуна таҳаммул мекунад ёдигар ба ин фироқ одат карда?

-Медонед, аввалан барои ман бе Сайф будан бисёр мушкил аст. Аз нигоҳи дигар ман фикр мекунам, ки ӯ ҳамеша ҳамроҳам аст. Ман дақиқае, сонияе намехоҳам, бовар кунам, ки дигар Сайф бо ман нест. Ин гуна боварро на мехоҳам ва на метавонам. Зеро берун меравам як шогирдашонро мебинам, ё нафареро дучор меоям, ки дар бораи устод сухан мегӯяд ва ман ҳис мекунам, ки Сайф зинда аст. Дар хона дар симои фарзандонам Нерӯ ва Қудрат чеҳраи Сайфро мебинам. Дирӯз аҳли оила сари миз нишаста будем. Қудрат рӯ ба рӯйи ман нишаста буд. Ӯ сараш хам ҳарф мезад ва беихтиёр дар назари ман чунин тофт, ки гӯё дар муқобилам Сайф нишаста бошад. Хулосаи гап, ман ягон дақиқа бе Сайф нестам.

-Сайфи нависанда дар адабиёти мо муваффақ аст, лекин Сайф ҳамчун падари хонавода ва ҳамчун ҳамсари Шумо оё муваффақ буд?

-Сайф дар ҳама ҷода муваффақ буд, чун ба маънии томаш шахсият буд. Ӯ худ як дунёи зебо буд.

- "Дурӯғи сафед"-и Сайф Раҳимзод яке аз беҳтарин ҳикояҳои насри нави мо аст. Дар ин асар устод Сайф зиндагии нависандаеро тасвир мекунад, ки ҳамсари кундфаҳмаш ҳеҷ гоҳ ӯро фаҳмида наметавонад. Ва он нависанда дар тардид аст, ки ба деҳа раваду ба навиштан бипардозад (чун хуб навишта метавонад), ё назди ин зан бимонад… Маъзарат барои густохӣ, аммо ба ҳар сурат пурсидан мехоҳам, ки ҳамин гуна мушкил ба сари худи Сайф ҳам боре омада буд?

- Ман вақте, ки бо Сайф шинос шудам, ҳамагӣ ҳабдаҳ сол доштам ва Сайф маро гирифту ба дунёи худаш ворид кард ва аз ман нафареро, ки барои худаш даркор буд, сохт. Ҳар чизе ки Сайф ба ман гуфт, қабул кардам ва дар ин гуна гапдароиям албатта тарбияи оилаи мо, ки як оилаи воқеан ҳам намунавӣ буд, кӯмак кард. Сайф куҷое нарав гуфт нарафтам ва аз кадом коре, ки манъ намуд, накардам.

- Ҷавоби хеле зебо. Ҳамон гуна, ки худи Сайф мегӯяд: "Мехоҳам дунёро аз сари нав бисозам…Ман ин дунёро ҳатман ба салиқаи худам наздик мекунам…" ва…

- Воқеан ҳам ҳамин тур Сайф созанда буд. Баъдан, тақрибан шаш моҳ пеш аз вафоташ рӯзе сари миз, ки ҳарду нишаста будем, гуфт, ки "Медонӣ бурди ту дар зиндагӣ чист, Зебо? Дар он ки чизе, ки ман гуфтам, "хуб" гуфтӣ…" Сайф зиндагии инсонҳои дигарро хеле мушоҳида мекард ва аз онҳо ҳаёт меомӯхт. Сайф ҳамеша мегуфт, ки "Ман хушбахтам, ки оила дорам. Ман хушбахтам, ки маро дар хона интизоранд…".

-На, манзури ман ин аст, ки баъзеҳо чун ҳикояи "Дурӯғи сафед"-ро, ки бо камоли ҳунармандӣ навишта шуда, мутолиа мекунанд, дар зеҳнашон атрофи зиндагии шахсии нигорандаи он суолҳои зиёде сар мезанад…

sayf-afardy 5656565- Ҳамин гуна фикрҳо буд. Ҳатто дар кадом маҷаллае ин ҳикояро ҳамин гуна ба қавле таҳлил карда буданд. Ман, писарам, духтарам, хуллас оилаи мо ҳама он навиштаро хондем. Фарзандонам баъди хондани он маҷалла хандиданд. Гуфтанд, ки таҳлили ӯ комилан таҳлили нодуруст аст ва аз ман пурсиданд, ки барои чӣ ин хел фаҳмида бошад. Ман гуфтам, ки Шумо худатон ҳамин чизро фаҳмидед? Гуфтанд ки бале фаҳмидем. Ман ҷавоб додам, ки барои ман аз ҳама муҳимтар фаҳмидани Шумо аст.

-Биёед, аз ин мавзуъ фаротар равем, муалллима. Шумо замоне, ки бо устод шинос шуда будед, оё медонистед, ки Сайф нависанда аст?

-Мо бо Сайф дар пахтачинӣ шинос шуда будем. Медонӣ, агар дунёи ман ба қадри андак ҳам бошад агар ба дунёи Сайф наздик намебуд, ман ба Сайф ё баръакс ӯҷониби ман майл намекард. Ман боз мегӯм, ки ман дар оилаи бисёр бофарҳанг тарбия ёфта будам, ба замми ин дар мактаби миёна бо духтари Аъзам Сидқӣ ва набераи бобои Икромӣ (манзур Ҷалол Икромӣ) дар як синф мехондем. Баъдан, бобои ман ҳам менавиштанд. Дар хонаи мо ҳам китоб бисёр буд.

Хонаи Ҷалол Икромӣ бисёр мерафтем, чун наздики хонаи мо зиндагӣ мекарданд.

-Ба ҳар сурат аз адабиёту дунёи сухан огоҳ будед…

- Ман ба Шумо як қиссаро нақл мекунам. Синфи чорум мехондам ва боре ҳамроҳи дугонаҳо ба хонаи устод Икромӣ, назди набераи он кас ҳамсинфу дугонаамон Нодира рафтем. Модари Нодира моро пешвоз гирифтанд. Холаи Саодат бухороӣ буданд ва дугонаи модаркалони ман. Даромадем ва дар хонаи онҳо нишастем. Баъди лаҳзае холаи Саодат назди мо омада гуфтанд, ки "Ҳозир, бобои Икромӣ барои хӯрдани хӯроки нисфирӯзӣ аз ҳуҷраашон мебароянд".

Мо гуфтем, ки мехоҳем, ки боборо зиёрат кунем. Иҷозат доданд. Ба назди Икромӣ даромадем. Он кас назди миз рост истода буданд. Саломалейк кардем. Бобои Икромӣ номҳои моро пурсиданд ва гуфтанд, ки асарҳои маро хондаед, мо дурӯғ ҷавоб додем, ки ҳо мехонем. Устод хандиданду гуфтанд, ки номҳои Шуморо дар асарҳоям ҷой медиҳам. Ин лаҳза ҳеҷ гоҳ аз хотири ман фаромӯш намешавад. Шумо тасаввур карда наметавонед, аммо он лаҳза барои ман, як духтараки ёздаҳсола ин муҳит, яъне хонаи эҷодкор, хонаи пури китоб хеле писанд афтода буд.

-Ин воқеаро ба устод Сайф ҳам нақл карда будед?

-Бале, ин қиссаро нақл карда будам. Боз, ду сол пеша аз даргузашти Сайф рӯзе ман дар хона дар роҳаткурсӣ нишаста будаму Сайф дар китфаш ҷома назди равзана рост меистод. Ман ба ӯ ин воқеаро нақл кардам ва гуфтам, ки "Сайф, ман ба орзуе, ки дар кӯдакӣ дар дилам буд, расидам. Ман ҳамин гуна муҳитро имрӯз дар хонаи худам мебинам". Инро шунида Сайф хандида буданд.

-Оё байни Шумову Сайф дар мавриди адабиёт, ё худ асарҳое, ки устод менавиштанд, гуфтугӯ ё баҳсе сар мезад?

-Баъзан мешуд, ки нисфи шаб мехестанд мегуфтанд, ки Зебо, агар қаҳва нӯшидан хоҳӣ, биё, агар хунук мехӯрам гӯӣ, хайр саҳар менӯшӣ.

Ман пай мебурдам, ки қаҳва танҳо баҳона аст, Сайф чизе ба ман гуфтан мехоҳанд. Мехестам ва наздашон мерафтам ва ба ман порчаҳое аз чизҳои навнавиштаашонро мехонданд.

-Муҳокима ҳам мекардед?

-Муҳокима мекардем. Соатҳо сари навиштаҳои наваш сухан мегуфтем.

-Эроди Шуморо Сайф ба навиштаҳояш қабул дошт?

-На, ӯ ягон эродро қабул намекард. Сайф менавишт, дафтарро мепӯшид ва тамом.

-Баъд баҳсҳоятон чӣ гуна мешуд? Шумо мегуфтеду ӯ хомӯш меистод?

-На ӯ ба суханҳои ман механдид ва бароям шарҳ медод, ки масалан чаро қаҳрамони асараш ин хел рафтор кард ё он хел.

-Солҳои нооромӣ руҳияи устод Сайф Раҳимзод чӣ гуна буд?

-Сайф дар он нооромиҳо руҳан бисёр азоб мекашид ва худашро комилан ба кор бахшида буд. Филми маъруфи "Ситораҳои сари танӯр"-ро ҳам дар соли 1991-ум гирифта буданд. Қоматаш хам хӯрд ва бовар мекунед ё не, то ҳамон ҳодисаҳои нангин ба анҷом нарасиданд, қоматаш рост нашуд.

-Вақте ӯро ба ҳайси Раиси кумитаи телевизион ва радио таъин карданд, ин хабарро чӣ гуна қабул карда буд?

- Сайф хислати аҷиб дошт, ки то ҳамон кор намешуд, дар борааш лаб намекушод. Ҳамон бегоҳе, ки фармони ба ин вазифа таъин шуданаш баромада буд, аз кор омад ва ба ман гуфт, ки як берун мебароем, ман гуфтам майлаш. Баъд гуфт, ки манро имрӯз раиси кумита таъин карданд. Ман хурсанд шудам. Сайф гуфт, ки хайр кор мекунам, лекин кори эҷодиям чӣ мешавад? Ман гуфтам, хайр кори эҷодиро ҳам мекунӣ ба ҳар сурат. Хайр майлаш гуфт, тамом.

-Дар замони сари вазифаи Раиси кумита будани устод дар бораи барномаҳои телевизионҳои кишвар ҳам суҳбат мекардед?

-Боре дар бораи барномаи як журналисти телевизион овозае шуда буду ман ҳам онро дар кӯча шунидам ва шаб ба Сайф гуфтам. Сайф маро сарзаниш кард, ки дар ҳаққи ҳамкори ман ҳар гапи носанҷидаро нагӯй. Ҳарчӣ ҳам набошад ӯ ҳар рӯз аз субҳ то шом бо ман дар як ҷо кор мекунад. Баъдан як бори дигар шом ҳама аҳли оила сари дастархон нишаста будем ва аз кадом маҷлисе Сайфро дар барномаи "Ахбор" дар плани пурра , аз наздик нишон доданд. Сайф худи ҳамон лаҳза ба онҳо дар тамос шуд, ки дар нашри минбаъда кадри ӯро бигиранд ва дигар ин корашонро такрор накунанд. Воқеан, ҳамон шаб дар нашри баъдии "Ахбор" дигар Сайфро нишон надоданд.

-Дар рӯзҳои охири умр ҳолати устод чӣ гуна буд?

- Ман як чизро ба Шумо мегӯям. Албатта агар умуман дар бораи ҳолати руҳии Сайф дар рӯзҳои охири ҳаёташ сухан гуфтан хоҳем, ин як суҳбати алоҳидаро тақозо дорад, барои ҳамин ман ба Шумо танҳо як лаҳзаро нақл мекунам. Сайф умуман "хайр"- гуфтанро хуш надошт. Ман ягон бор аз забони ӯ ин калимаро нашунидаам. Ҳамон рӯзи шум ман дар хона набудам. Сайф ҳар рӯз барои хӯрдани хӯроки нисфирӯзӣ ба хона меомад. Он рӯз ҳам омада буд. Духтарамон Аниса барояш дастархон мегустарад. Аниса мегӯяд, ки падарам аз хона баромадан намехост, монда шуда буд. Баъд соатҳои се ё чор аз ҷой мехезаду ду бор "Хай Анис, ман рафтам" - гуфта аз дар мебарояд. Аниса мегӯяд, ман дар ҳайрат афтидам, ки чаро падарам бо ман хайр мегӯяд…..

-Ба ҳар сурат гумон мекунам, ки қотили Сайф имрӯз ҳар ҷое ҳаст, аз ин амали ноҷавонмардонааш пушаймон аст. Зеро дарк карда, ки тираш хок хӯрда. Сайфро кушта натавониста. Сайф дар хотираи дӯстдорони адаби тоҷикӣ ҳамеша ҷовид асту пойдор. Аммо охирон суолам ин аст, ки агар қотили устод имрӯз масалан назди Шумо ояду изҳори пушаймонӣ кунад ва аз Шумо хоҳиш намояд, ки ӯро бубахшед, мебахшедаш?

- На

-Ба ҳар сурат дили зан- Модар кони меҳру шафқат аст…

-Ҳеҷ гоҳ намебахшам, хеҷ гоҳ! Зеро Сайф барои ман на танҳо ҳамсар, балки қиблаву паёмбарам буд!!!!

-Сипос барои суҳбат! Ҷашни камолоти устод бори дигар муборак!!!

Суҳбати Баҳман, «Рӯзгор»

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №25, 20ноябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi