20:13:45 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Иттиҳодияи занони Тоҷикистон дар Иркутск таъсис ёфт

Бо ташаббуси Шӯрои ҷамъияти илмӣ-фарҳангии ба номи "Соотечественник"-и тоҷикони вилояти Иркутски Федератсияи Руссия ва як идда занони фаъоли тоҷикистоние, ки муддати солҳои гуногун дар ин вилоят кору зиндагонӣ доранд, Анҷумани Иттиҳоди занони Тоҷикистони муқими вилояти Иркутски ФР дар толори маҷлисгоҳи Палатаи Ҷамъиятии (Общественная Палата) вилояти Иркутск таъсис ёфт.

1-irkutsk 121212Яке аз вазифаҳо ва мақсадҳои асосии таъсис додани ин Иттиҳодия муттаҳид намудани занони точикистоние (новобаста аз миллаташон), ки дар ин вилоят солҳои сол кору зиндагонӣ доранд, мебошад. Пеш аз гузаронидани ин Анҷуман гуруҳи занони фаъол (гуруҳи ташкилӣ) як қатор чорабиниҳоро ба сомон расониданд.

Хаминро бояд қайд намуд, ки дар байни ин гуруҳи занони фаъол шахсони касбу корҳои гуногун буда, аксарияташон маълумоти олии пурра ва миёнаи махсус дошта, яке табиб, дигаре омӯзгор, муҳандис, ҳуқуқшинос ва ғайраю ғайраҳо мебошанд. Онҳо дар мадди аввал корро аз вохӯрию гуфтушунидҳо бо занон ташкил намуданд. Натичаи ин вохӯриҳо буд, ки дар як муддати кутоҳ чорабинӣ оиди пешвоз гирифтани ҷашни Наврӯзро ташкил намуда, гузарониданд.

Дар муддати чанд моҳ, гуруҳи корӣ бо як катор ташкилотхои давлатию чамъиятии вилоят, аз он чумла бо роҳбарони Саридораи кор бо ташкилотҳои ҷамъиятҳои миллӣ-фарҳангии Маъмурияти Губернатори вилоят, Шурой занони вилоят, Шурой минтақавии занони вилоят ба номи "Ангара", Палатаи Ҷамъиятии вилояти Иркутск, Саридораи хадамоти муҳоҷирати Федератсияи Руссия дар вилояти Иркутск, Идораи кор бо ташкилотҳои ҷамъиятии милли-фархангии шаҳри Иркутск ва гайрахо вохӯрихои гуногун судманд ташкил карда гузарониданд.

2-irkutsk 121212Натиҷаи судманди ин вохӯриҳо буд, ки дар рӯзи ташкил намудан ва гузаронидани Анҷуман роҳбарон ва намояндагони ин ташкилотхои дар боло омада иштирок намуда, бо баромаду табрикоташон барои дар кори ҳамкорӣ намудан фикру ақидаҳояшонро иброз намуданд. Анҷуман лоиҳаи пешакӣ тайёр намудаи Низомномаи Иттиҳоди занони точикистонӣ "Бону"-ро мухокимаронӣ намуда, баъди дохил намудани таъғйироту иловаҳо ба тарафдориаш овоз доданд.

Баъди қабули Низомнома, номзадҳо ба хайати Шӯрои Иттиҳод пешкаш карда шуда, онҳоро низ муҳокимаронӣ намуда, баъд бо як овоз кабул намуданд. Анҷуман раис ва ҷонишинони ӯро низ тасдиқ намуд. Дар кори анҷуман занони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, махсусан онҳое, ки миллаташон точик мебошанд, низ иштирок ва баромад намуданд.

Занони ӯзбекистонӣ низ таклифу хоҳиш намуданд, ки онҳоро низ ба ҳайати Иттиҳод шомил намоянд. Хохиши онҳо аз тарафи вакилон ҷонибдорӣ карда шуд. Аз тарафи кумитаи ташкилӣ баъди анҷуман барои вакилон ва меҳмонон зиёфат ва консерт дода шуд.

Ҳаминро бояд қайд намуд, ки дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ (дар тамоми қаламрави Руссия) занони тоҷикистонии дар вилояти Иркутск буда, аввалин шуда барои занон чунин Иттиходияро ташкил намуданд.

3-irkutsk 121212Мақсад ва ҳадаф аз ташкил додани ин Иттиҳодия, пеш аз ҳама ҳимояи  ҳуқуқҳои ҳаматарафаи занони тоҷикистонӣ дар ин вилоят мебошад. Гап дар сари он меравад, ки дар шаҳру вилоятҳои минтақаҳои гуногуни Федератсия Руссия, аз он ҷумла дар вилояти Иркутск низ чандин ҷамъиятҳои гуногуни миллӣ-фарҳангӣ фаъолият доранд. Аммо мутаасифона, фаъолияти ин ҷамъиятҳо асосан ба ҳаёти мардон сару кор доранд.

Аз руйи тахминҳои мо, дар вилояти Иркутск аз шумораи умумии шаҳрвандони Тоҷикистон, 10-15 дар садро занон ташкил медиҳанд, ки қариб ҳамаи ин занон дар кору бор ба мушкилотҳои гуногун дучор мешаванд. Аз ҳамин сабаб яке аз ҳадафҳои асосии таъсиси додани ин Иттиҳодия муттаҳид намудани занон  ва ҳимояи ҳуқуқҳои мебошад.

Дар назар аст, ки Иттиҳодия бо ташкилотҳои гуногуни занони Ҷумхурии Тоҷикистон ва дигар ташкилоту муассисаҳои давлатию ҷамъиятии Тоҷикистон, хусусан хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумхурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бошад.

Раиси ҷамъияти тоҷикон дар вилояти, Иркутск Муриват Маликшоев

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №20, 11 июни соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi