13:47:31 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Занон дар фикри "инқилоб" дар порлумони Тоҷикистон

Ҳузури 57 зан ба унвони номзад дар корзори интихоботии Тоҷикистон, фазои интихоботи аксаран мардсолори ин кишварро ранги дигар бахшидааст.

zanoni-faol_89564545.jpgДар интихоботи қарибулвуқӯи парлумонии Тоҷикистон 288 номзад аз 8 ҳизби сиёсӣ ва, ҳамин тавр, тариқи худпешбарӣ ширкат доранд, ки 57 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки шумораи номзадҳои зан дар интитхоботи қаблии порлумонӣ ба маротиб камтар буд. Зиёд шудани шумораи онҳо метавонад, нишонаи афзоиши фаъолияти занон дар ҷомеа ё ноқаноатмандии онҳо аз умури давлатӣ бошад.

Заррагул Мирасанова, номзад аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, дар сӯҳбат ба мо гуфт, бо назардошти он ки дар порлумонҳои қаблӣ бештар аз 80 дарсад мардҳо вакил буданд, бештар қонунҳое қабул шудаанд, ки ба ормонҳои зани тоҷик посухгӯ нестанд. Мирасанова мегӯяд, ӯ бо ҳадафе ба сабқати интихоботӣ ворид шудааст, ки битавонад фазои мардсолор ва мардандешонаи онро бишканад.

“Бубинед, мо ҳамеша баробарии гендерӣ мегӯем, вале дар амал онро риоя намекунем. Қонунҳои мо ҳам аксар на ҳама паҳлӯҳои зиндагии зани тоҷикро инъикос кардаанд, зеро вақти қабули онҳо овози занона намерасид. Мо бо ворид шудан ба парлумон мехоҳем, ин фазоро тағйир диҳем, то мақоми зан дар ҷомеа дар амал боло шавад, на ин ки дар сухан,”- мегӯяд Зарагул Мирасанова.

Ба ақидаи бархе аз интихобкунандагон "тағйири фазо"-и порлумони Тоҷикистон ба як инқилоби зеҳнӣ баробар хоҳад буд. Аксар занони номзад дар интихоботи порлумонии 1 март аз аҳзоби мухталиф, аз байн бурдани ҳама гуна табъиз алайҳи занҳо, коҳиши мавориди худдории духтарон аз таҳсил ва афзоиши занҳои мансабдор дар вазорату идораҳои давлатӣ, дифоъ аз ҳуқуқи занон, ба хусус бонувону духтарони рустоиро аз масоили меҳварии барномаҳои худ қарор додаанд.

Зӯҳро Мирзоева, номзад аз Ҳизби демократи Тоҷикистон ҳуқуқшинос аст ва мегӯяд, новобаста аз ҷинси мардум бештар қонунҳоеро тарғиб хоҳад кард, ки ҳуқуқ ба зиндагии шоистаи мардумро таъмин кунанд: “Маоши шаҳрвандон хело паст аст, вале арзиши молу маҳсулот хело гарон. Мо ҳатто имконӣ харидорӣ кардани меваву сабзавоти ватаниро надорем. Мехоҳам қонуне бошад, ки ҳамин чиз танзим шавад. Дар ягон бозор ё мағоза нарху наво танзим намешавад.”

Ин довталаби курсии порлумон мегӯяд, барои решакан кардани ришвахорӣ дар Тоҷикистон бояд маоши кормандон бештар бошад, махсусан маоши онҳое, ки дар ниҳодҳои қудратӣ кор мекунанд

Зарафо Раҳмонӣ, номзад аз ҲНИТ аз рӯйхати умумиҳизбӣ, дар сӯҳбат ба мо гуфт, агарчӣ дар барномаи пеш аз интихоботии ҳизбияшон бештар сари масоили иқтисоду сиёсат, муҳоҷират ва иҷтимоӣ таваҷҷӯҳ кардааст, аммо вай чун зан, барои бонувон барномаи вижае низ дорад.

“Барномаи хосе, ки барои занҳо сохтем, пешниҳод намудем, ин аст, ки бо динситезӣ занонро аз ҳаққи кору таҳсил манъ накунанд. Бо ифротгароии дунявӣ ва фармонҳову дастурҳои худсарона ҳуқуқи онҳоро поймол накунанд. Чизи дигаре, ки мо дар барномаи худ ҷой додаем, манъи тамоми зӯроварӣ, сӯистифодаву эҷоди тарс болои занон ва ҳифзи унсурҳои оила аст”- гуфт Зарафо Раҳмонӣ.

Агарчӣ занҳои номзад ба вакилӣ дар порлумон иддао доранд, ки дар сурати пирӯзӣ аз ҳаққи занҳо бештар дифоъ ва шумори занҳоро дар саҳнаи сиёсии тоҷик бештар бештар хоҳанд кард, аммо таҳлилгарон ин ингуна барномаҳоро амалинашаванда медонанд. Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари масоили сиёсӣ мегӯяд, амали шудани барномаҳои номзадҳои зан аз раиси ояндаи порлумон бастагӣ дорад, на аз занҳои депутат.

Ҷаноби Муллоҷонов мегӯяд: “Он чизе, ки занҳои номзад мегӯянд, вобастагӣ аз он дорад, ки курсиҳои парлумони оянда ба кӣ насиб мешавад. Агар дар парлумони оянда воқеан номзадҳои фаъол интихоб шаванд, эҳтимол гуфтаҳои занҳои номзад амалӣ гардад. Дар парлумонҳои пештара низ занҳо он қадар кам набуданд, аммо онҳо фаъол набуданд.”

Ба андешаи ин таҳлилгари тоҷик, татбиқи барномаҳои довталабон, агар интихоб шаванд, ба таҷрибаву дониши онҳо низ бастагӣ дорад. Агар онҳо таҷрибаи кор дар ин соҳаҳо надошта бошанд, гумон намеравад, ки дар порлумон коре аз дасташон барбиёяд. Аммо занҳои номзад мегӯянд, онҳо ба тавони худ эътимод доранд. Фирӯза Шарифӣ, номзад аз ҳизби хақӣ-демократӣ мегӯяд, бо назардошти ширкати фаъолонаи занҳои довталаб дар маъракаи интихоботӣ, метавон пешгӯӣ кард, ки дар рақобат барои курсиҳо, онҳо бештар аз мардҳо муваффақ буданд.

Дар интихоботи Маҷлиси намояндагон, ки қарор аст 1-уми марти соли ҷорӣ баргузор гардад, 288 номзад аз 8 ҳизби сиёсӣ ва ҳамин тавр тариқи худпешбари ширкат доранд, ки 57 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Дар интихоботи парлумонии соли 2010 аз 150 номзад, 22 нафарашон занон буданд.

Ҷойгоҳи занон дар ҳукумати Тоҷикистон низ то ҳол бориз нест. Аз мақомҳои баланд танҳо вазифаи ноиби нахуствазир ба намояндаи занон тааллуқ дорад ва 22 курсии вазирӣ танҳо як ҷойро ба занон додаанд. Занҳо танҳо ду кумитаи ҳукумати кишвар ва 9 курсиро дар порлумон дарёфт кардаанд. Аммо Тоҷикистон то кунун ягон сафир-зан надорад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi