14:37:43 23-уми Феврали 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Феврал 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29      

ИДАТОН МУБОРАК, МОДАРОНИ АЗИЗ!!!

Имрӯз дар тамоми ҷаҳон рӯзи байналмиллалии занон ҷашн гирифта мешавад. Дар Ватани азизи мо низ солҳост, ки ин идро бо номи «Рӯзи модар» ҷашн мегиранд. Модар муқаддастарин офаридаи Худованд аст. Модар фариштаест дар замин.

1 ruzi-modar-muborak 2022Падар агар қиблагоҳи ҳар инсон бошад, модар такягоҳи ӯст. Модар агарчӣ худ фанопазир аст, вале бар марг музаффар аст. Зеро алорағми марг ҳаётро дар рӯйи замин бо хости Худованд ӯ идома мебахшад. Дар бораи модар сухан гуфтан ҳам осон асту ҳам мушкил. Осон барои он аст, ки ҳама бузургон васфи ӯро кардаанд. Ва метавон аз он гуфтаҳо истифода кард.

Мушкил барои он аст, ки ҳанӯз касе суханеро, ки ҳамвазни қурбу эътибори модар бошад нагуфтааст ва дар гуфтани чунин суханон бузургтарин шоирону нависандагон ва уламои ҷаҳон худро нотавон дарёфтаанд. Дар ин рӯзи муборак аз Худованди бузург талаб мекунем, ки рӯҳи модаронеро, ки аз ҷаҳон гузаштаанд, шоду ҷояшонро биҳишти адн бигардонад.

Модаронеро, ки хушбахтона, имрӯз соябони сари фарзондон ҳастанд, Парвардигори Карим дар паноҳи исмати хеш ҳифз намуда, барояшон рӯзгори хушу ободро насиб бигардонад! Худоё Худовандо, орзуҳои модарони тоҷику тоҷикистониро ҷомаи амал бипӯшон! Илоҳо, ҳаргиз дарди сару ранҷи фарзандро набинанд!

Ҳайати эҷодии сомонаи «Рӯзгор» дар ин рӯзҳои хуррами баҳорӣ тамоми модарон, хоҳарон, занони меҳрубони кишвари азизамон, дар симои онҳо занони тамоми сайёраро бо ин иди саиди баҳорӣ табрику муборак бод гуфта барояшон тамоми хушиҳои зиндагиро орзумандем.

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi