21:44:56 08-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»

Гӯянд, маро чу зод модар,

Пистон ба даҳон гирифтан омӯхт.

Шабҳо бари гоҳвораи ман

Бедор нишасту хуфтан омӯхт.

Агар ба таърихчаи иди занон дар замони нав назар андӯзем хоҳем дид,ки Рӯзи байналхалқии занон дар аввал, Рӯзи мубориза бар зидди беҳуқуқии занон буд. Он на иди бонувон, балки ҷашни занони инқилобгар ном дошт. Санаи 8-уми марти соли 1857 дар Ню-Йорк коргарзанони фабрикаҳои пойафзол ва дӯзандагӣ гирдиҳамоӣ карданд.

1 idi-modat 2022Онҳо даъвои кӯтоҳ кардани рӯзи корӣ, беҳтар кардани шароити меҳнат ва маоши ба мардон баробарро талаб карданд. Он солҳо занон дар як шабонарӯз то 16 соат меҳнат мекарданд, вале музди ночиз мегирифтанд. Таърихи ҷашнгирии Иди занон бо номи сотлиалист Клара Сеткин алоқаманд буда, гурӯҳи инқилобии худро, ки аз занон иборат буд, барои мубориза бар зидди, истисморгарон ташкил карда буд. Аз соли 1975 Созмони Милали Муттаҳид, санаи 8-уми мартро чун Рӯзи байналхалқии занон эълон намуд.                   

   Дар оилаҳои шаҳрвандон ба модарону занон тӯҳфаҳо супорида мешаванд.Рӯзи 8-уми мартро ҳамчун санади эҳтиром ба ҳамон ҷашнвораи миллии ниёгони шарафманди мо “Рӯзи Модар” эълон намуданд. Хотиррасон бояд намуд,ки агар ба чунин сарчашмаи эътимоднок чун «Осор-ул Бақоия»-и Абӯрайҳони Берунӣ назар афканем хоҳем дид,ки дар замонҳои қадим аҷододони мо ба зан-модар ҳамчун рамзу нигоҳдорандаи чакдони оташ дар хона арҷи зиёде мегузоштаанд. Тибқи сарчашмаи мазкур ва дигар осори ниёгонамон маълум мешавад, ки вобаста ба арҷ гузоштан ба зан дар аввали моҳи март, дар даромади Наврӯзи бузург мардуми моро ҷашне будааст бо номи «Муждагирон» ва дар ин рӯз мардон ба занону бонувон, модарону хоҳарон тӯхфаҳо тақдим мекардаанд.

Инҷо низ ниёишу фалсафаи баланде вобаста ба арҷ гузоштан ба зани тоҷик аз қадимулаём ба назар мерасад. Ҳоло дар дар низоми сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон низ беҳтарин анъана ва суннатҳои фарҳанги қадимаи миллии мо мавриди татбиқ қарор гирифта, мақоми бонувон бар асоси ситоишномаҳои донишварону соҳибназарон дар ҷойгоҳи хоссае қарор гирифтааст.

Ин амр моро бар он бовар менамояд, ки мо ворисони аҷдоди шарафманди хеш имрӯз ба сӯи воқеият, бахшидани андешаҳои фарзонагони миллат бо ҳидояти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдом намуда, роҳи пуршараферо дар тақдири мақоми зан ва модар чун ҳадяи беҳтарини офаридгор дар қаламрави таърих тай намуда истодаем.

Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии Зан-Модар вобаста аст. Зани тоҷик, ки намунаи олитарини зан-модар аст, дар доираи модарсолорӣ аз аввал то имрӯз боқӣ мондааст.

Занону модарони азизро бо ин иди зебои омад- омади фасли баҳори нозанин ва ҷашни Наврӯз, табрик намуда, ин абёти хело зебои устод Мирзо Турсунзодаро пеш меоварам:

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо,

Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо.

Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон,

Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.

Гар намедидем мо аз кӯдакӣ оғуши гарм,

Аз муҳаббат бехабар, ноком мемондем мо.

Гар ба чашми мо намедӯшид модар шири хеш,

Кӯри модарзод дар айём мемондем мо.

Гар намеомӯхтем аз зан раҳу расми адаб,

Бадгуҳар, бадзот, бадфарҷом мемондем мо.

Зан агар оташ намешуд, хонаи мо сард буд,

Бе чароғи равшане дар шом мемондем мо.

Гар каломи аввалин аз зан намеомӯхтем,

Лаб фурӯ баста ба ҳам чун лом мемондем мо.

Оташи зан буд, ки мо сӯхтему сохтем,

В-арна чун санги сари ахром мемондем мо!

Идатон муборак модарону бонувони азиз!

Ҳамеша сарбаланд,саодатманд ва фархунда бошед. Омин!

Ёрдамчии калони прокурори вилоят оиди таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги қонунгузорӣ ва кор бо матбуот, мушовири адлияи дараҷаи 1: Зайниддинов В.Д.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi