05:20:26 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ИЗДИВОҶҲОИ БО ЧАШМИ БАСТА: НАХУСТИН ДИДОР ДАР ҲИҶЛАИ АРӮСӢ

Санам исми мустаъори занест, ки мегӯяд қабл аз издивоҷ ҳамсарашро аслан надида буд. Ба ӯ танҳо аксеро, ки гуфта мешуд шавҳари ояндааш аст, нишон дода буданд. Ҳангоме ки Санам бори нахуст чеҳраи воқеъии шавҳарашро дар зери ҳиҷлаи арӯсӣ дид, сурати ҳамсараш ба аксе, ки ба ӯ нишон дода буданд, монанд набудааст. Вай мегӯяд: "Замоне ки падару модари ҳамсарам ба хостгории ман омаданд, ба мо акси дигар ҷавонро нишон доданд. Ман ҳатто то ҳол намедонам, ки ин ҷавон кӣ буд."

/images/stories/2012/05/06_wedding-6.5.2012.jpgАфзун бар ин, ин зани ҷавон мегӯяд, ки дар рӯзҳои нахусти зиндагии заношӯйӣ вай эҳсос карда, ки ҳамсараш бемории равонӣ низ доштааст. Баъд аз муддате волидони Санам низ аз ин воқеъа хабардор шуда ва духтари худро дубора ба хонаи худ мебаранд. Санам акнун дар манзили волидонаш хонанишиниро ихтиёр кардааст. Вай мегӯяд орзу дорад шуғле пайдо кунад, ки барои рӯзгори хонавода судовар бошад.

"Хостгорӣ бо акс"

Санам аз хонаводае камбизоъат аст ва дар як рустои кӯҳтисонӣ ба сар мебарад. Волидонаш ба умеди беҳбуди вазъи зиндагияш ба издивоҷи ӯ бо як домоди шаҳрӣ розӣ шуда ва танҳо ба дидани аксаш қаноъат кардаанд. Ин зани ҷавон аз мушкиле, ки аз ғайри иродааш ба он гирифтор шуд, наҷот ёфтааст.

Вале бисёре аз духтарони ҷавон дар Тоҷикистон, ки сарнавиште мисли Санам доранд, тан ба тақдир медиҳанд. Мумкин аст бархе аз чунин духтарон хушбахт шаванд, вале иддаи дигар, агарчи худро бадбахт эҳсос мекунанд, вале аз бими расвоии худ ва волидон ба зиндагии заношӯйӣ бо шавҳаре, ки "бо чашми баста" бо ӯ издивоҷ кардаанд, идома медиҳанд.

Мудофеъони ҳуқуқи башар аз баргузории ончи "издивоҷҳои иҷбории" занону духтарон дар Тоҷикистон мехонанд, ҳамвора ибрози нигаронӣ мекунанд. Аммо гуфта мешавад, ки чунин навъи издивоҷҳо на ин ки камтар нашуда, балки рӯ ба афзоиш аст.

Дар бораи издивоҷҳои иҷборӣ ва аз ҷумла мавориде, ки дар он арӯсон домодҳоро танҳо дар маросими арӯсӣ мебинанд, ҳеч оморе дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Ҳеч таҳқиқоте низ дар ин замина аз сӯйи созмонҳои ғайридавлатӣ ва марокизи ҷомеъашиносӣ сурат нагирифтааст. Аммо бисёриҳо мегӯянд, ки пайваста шоҳиди чунин издивоҷҳое мешаванд.

Валентина, як зани рустабори сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, ки дар маҳаллаи 33-и шаҳри Душанбе шоҳиди чунин издивоҷе дар ҳамсоягияшон будааст. Вай мегӯяд: "Арӯсе, ки ба хонаи ҳамсояи мо оварда буданд, аз деҳа буд ва танҳо акси домодро дида буд. Вале домод гирифтори бемории фалаҷ буд. Духтари бечора домодро дар рӯзи маросим дид."

Валентина мегӯяд, ки ба поянда будани чунин издивоҷҳое бовар надорад.

"Истодагии домод"

Издивоҷҳои ба истилоҳ "бо чашмони баста" ё бидуни дидани номзадонашон танҳо дар миёни мардуми одӣ роиҷ нест. Зоҳиран бархе аз афроди таҳсилкарда ва фарҳангӣ низ гаҳгоҳе бо чунин сарнавишт рӯбарӯ мешавнад.

Гулрухсор Сафӣ, шоъири саршинос, мегӯяд: "Ман шоҳиди он будам, ки яке аз адибонро низ бо нишон додани акс мехостанд фиреб диҳанд, яъне акси як хоҳари зеборо ба домодшаванда нишон медиҳанд ва дар маросими арӯсӣ хоҳари бузурги ӯро пешниҳод карданд. Вале домод истодаӣ кард ва ҳамон хоҳареро ба никоҳаш даровард, ки дар акс дида буд."

Ин маврид, ки талош шудааст домодеро "фиреб диҳанд", аҷиб ба назар мерасад, вале мусаллам аст, ки дар чунин вазъияте истодагӣ ё муқовамат аз духтарони арӯсшаванда баъид аст. Агар арӯсе эътироз кунад, боз ҳам касе ба додаш нахоҳад расид.

Хонуми Сафӣ, ки дар бораи масоили занон достонҳои зиёде дорад, мегӯяд, ки дар ҷаҳони муъосир низ бисёре аз миллатҳо барои издивоҷҳои фарзандонашон аз акс истифода мекунанд. Вай афзуд: "Дар замони мо теъдоди духтарон дар муқоиса бо мардон дар Тоҷикистон бештар аст. Ва мутаассифона, бархе авқот шоҳиди он мешавӣ, ки духтари ҷавонеро марди бузургсоле зан мекунад."

Ҷомеъашиносон мегӯянд издивоҷҳои иҷборӣ ё издвоҷҳое, ки бештар бо тасмими волидони духтару писар баргузор мешаванд, дар Тоҷикистон ба таври густарда роиҷ аст.

"Махлуқи дараҷаи дувум"

Дар қарни тавсеъаи фанновариҳои иртибототӣ ва наздик шудани инсонҳо ба ҳам, издивоҷҳои бидуни дидор ва мулоқоти қаблии номзадҳо барои бисёр касон амре ғайриодӣ ба назар мерасад.

Марям Давлатова, коршиноси умури иҷтимоъӣ ва раиси созмони ғайридавлатии мавсум ба "Маркази сиёсати гендерӣ (ҷинсиятӣ)" дар Тоҷикистон мегӯяд, ки решаи ин гуна издивоҷҳоро бояд дар нуфузи суннатҳои роиҷ ҷустуҷӯ кард.

Хонуми Давлатова афзуд: "Мо дар Тоҷикистон дар асри пешрафта ҳанӯз гирифтори мушкилоти қадимӣ ҳастем. Дар ҷомеъаи мо клишеҳое (стереотип) аз қуруни пешин ба ҷо мондаанд. Ва фаъъолияти расонаҳо ва созмонҳои ғайридавлатӣ барои мубориза бо он нокофӣ аст."

Вай бо ишора ба бархе қолабҳои фикрии роиҷ дар ҷомеъаи Тоҷикистон гуфт: "Фарзи мисол, дар ҷомеъаи мо бисёриҳо, бавижа мардҳо, мегӯянд, ки барои духтарон таҳсилот чи лозим аст? Ва ё зан махлуқи дувумдараҷа буда ва барои вай донистани ҳуқуқаш муҳим нест, ки дарди сар эҷод мекунад. Ва ҳамаи ин боъиси паст шудани сатҳи занон ва духтарон мешавад."

Хонуми Давлатова мӯътақид аст бисёре аз духтароне, ки аз издивоҷҳои "бо акс" фиреб мехӯранд, духтарони таҳсилнадида будаанд. Вале гуфта мешавад шумори ҷавонписароне ҳам, ки бо дидани акси қашанги духтаре фирефтаи ҷамоли ӯ шуда ва сипас, дар шаби арӯсӣ дар паҳлӯи хеш чеҳраи дигареро мебинанд, кам нестанд.

"Бими пирдухтар шудан"

Коршиносон мегӯянд, ки танҳо роҳ барои боло бурдани огоҳии занону духтарон дар Тоҷикистон тавсеъаи омӯзишу парвариш аст. Аммо бисёре аз хонаводаҳои рустоӣ имкони таъмини ҳазинаи таҳсилии духтаронашонро надоранд ва тарҷеҳ медиҳанд "писаронашонро хононанд."

Аз ин рӯ, ба гуфтаи ҷомеъашиносон, бисёре аз волидон аз хонаводаҳои фақир водор мешаванд, ки бо издивоҷи духтаронашон бо нахустин хостгор мувофиқат кунанд, зеро аз "пирдухтар шудан" ва "дар хона мондани" онҳо бим доранд.

Давлати Тоҷикистон дар солҳои ахир имтиёзҳоеро барои таҳсили духтарон аз манотиқи дуруфтода дар донишгоҳҳо муқаррар карда, вале гуфта мешавад, ки аз ин имтиёзҳо на ҳамаи духтарони рустоии алоқаманди таҳсил, бавижа аз хонаводаҳои камбизоъат, бархурдор ҳастанд.

Шикофи табақотӣ дар Тоҷикистон, бавижа байни хонаводаҳои доро ва нодор, рустоӣ ва шаҳрӣ, дар ҳоли густариш аст. Дар ҳоле ки издивоҷҳои бидуни мулоқоти қаблии номзадҳо бавижа дар манотиқи рустоӣ зиёд аст, шумори духтарону писароне ҳам, ки бо истифода аз фанновариҳои иртиботии мудерн, назири интернет ва телефуни ҳамроҳ, ба васли ҳам мерасанд, низ кам нест.

Васоили иртиботии ҷадид ҳатто имкони ба ҳам омадани ҷавонписарону ҷавондухтарони тоҷик бо атбоъи хориҷиро, бавижа дар шаҳрҳо, низ фароҳам кардааст. Каримдод ва Таҳмина аз ҷумлаи афроде ҳастанд, ки мегӯянд дӯстияшон аз интернет шурӯъ шудааст.

Домодҳои муҳоҷир

Каримдод дар Конодо ба сар мебурд ва Таҳмина донишҷӯйе дар Душанбе буд. Сипас, дӯстӣ ва гуфтугӯҳои интернетии онҳо ба ишқ анҷомид ва баъди муддате онҳо дар Душанбе маросими арӯсӣ доир карданд.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки ошноӣ ва издивоҷҳои интернетӣ ба далели муҳоҷирати садҳо ҳазор нафар аз ҷавонони тоҷик ба Русия ва кишварҳои дигар имрӯз ба амре маъмулӣ табдил шудааст. Аммо дар баробари издивоҷҳои интернетӣ, муҳоҷират издивоҷҳои "бо чашми баста"-ро низ афзоиш додааст.

Дар мавориди зиёде, волидони афроде, ки ба муҳоҷират рафтаанд, худашон барои фарзандашон арӯс пайдо мекунанд. Онҳо акси писарашонро ба аруси оянда ва ҳамин тавр акси ӯро ба писарашон нишон медиҳанд ва то омадани писар аз муҳоҷират расми хостгориро анҷом медиҳанд.

Сипас, волидон мунтазир мемонанд, ки фарзандашон барои ҷашни арӯсӣ сармояи заруриро ҷамъоварӣ карда ва барои як ҳафта ё як моҳ ба Тоҷикистон оянд. Пас аз ҷашни арӯсӣ бисёре аз ҷавонони муҳоҷир дубора барои моҳҳо, ва гоҳе солҳо, арӯси худро мегузоранду ба муҳоҷират мераванд...
Заринаи Хушвақт, Би-би-сӣ, Душанбе



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi