Саҳми Шерзот Абдуллозода дар ташаккули илми диншиносӣ дар Тоҷикистон
(Ба истиқболи 80- солагии устод Шерзот Абдуллозода)
Дар таърихи илму маорифи миллати тоҷик дар ҳама давру замонҳо шахсиятҳое зуҳур кардаанд, ки бо мероси гаронарзиши худ ифтихору эътибори наслҳои баъдина мебошанд. Осори онҳо сарчашмаи ғановати маънавӣ, манбаи ҷаҳоншиносию ҷаҳонфаҳмии мардуми соҳибзавқ буда, дар рушди ҷаҳонбинии афроди ҷомеа нақши азим бозидаанд.
Яке аз ин чунин олимони муътабари даврони Шуравӣ ва имрӯзаи соҳибистиқлолии кишварамон диншиносии маъруф устод Шерзот Абдулло мебошанд. Мавсуф тамоми умри бобаракати худро сарфи илму маърифат, ба хусус диншиносии илмӣ намуда, дар ин соҳа асарҳои мондагор таълиф кардаанд. Устод Шерзод барҳақ дар Тоҷикистон асосгузори диншиносии илмӣ шинохта мешавад. Ёдовар шудан аз рӯи инсоф аст, ки дар ташаккули илми диншиносӣ ва мавзуоти мухталифи маърифати исломӣ дар кишвари мо олимону донишмандони зиёде, аз ҷумла М. Диноршоев, А. Муҳаммадхоҷаев, Н. Одилов, К. Олимов, Х. Додихудоев, С. Раҳимов, М. Ҳазратқулов, А.Шоихтиёров, С.Аҳмад, Н.Қамар, Р.Назаров, С.Нуриддин, К. Бекзода, И. Зиёзода, А. Мирзоев ва дигарон саҳми арзанда гузоштаанд. Барои аҳли маърифат маълуму равшан аст, ки поягузории як фанн ба сифати илми алоҳида кори мушкилу сангин мебошад. Хизмати барҷастаи устод аз он иборат аст, ки бо талошу заҳматҳои зиёд бо неру ва хиради тавонои худ, новобаста аз фазои маҳдуд ва танги сонсур (сензура)-и атеизми Шуравӣ тавонист динро ҳамчун шакли маънавиёт, мактаби ибодат, аъмол, эътиқод, покизагии ахлоқӣ ва дар умум як рукни тамаддун ва фарҳанги инсонӣ муаррифӣ созад ва заминаҳои илмии омӯзиши таърихи адён ва диншиносии муқоисавиро ба миён орад. Устод дар натиҷаи ҷустуҷӯ ва ковишҳои зиёди илмӣ, омӯзиши сарчашмаҳои муътабар, мутолиаи бардавоми осори олимону донишмандони маъруф, ташхису таҳлили илмию мантиқӣ аз диди таърихию фарҳангӣ, фалсафию ахлоқӣ, иҷтимоию сиёсӣ бо натиҷагирию хулосаба- рориҳои арзишманду рӯзмарра дар ҳар яке аз таълифоташ ҳам дар шакли китоби алоҳида ва ҳам дар мақолаҳои илмӣ масъалаҳои мухталифи илми диншиносиро мавриди омӯзиш ва таҳлилу баррасӣ қарор дода, пешкаши умум сохтаанд, то ин ки ҷомеаи кишвар ҷаҳонбинии солиму дуруст, дур аз таассуби мазҳабию динӣ ва ифротгароӣ дошта бошанд. Худи ӯ дар сарсухани китоби “Асосҳои диншиносӣ” дар ин бора чунини мегӯяд: “Ҳадафи ниҳоии диншинсосӣ додани маълумоти илмӣ оид ба адён, пажӯҳишиҳо ҷиҳати дарёфти арзишҳои умумбашарӣ ва исботи ваҳдати маънавии инсоният дар баробари касрати шакливу ақидавии адён аст. Диншиносӣ аз кадом ҷиҳате нангарем, як илми алоҳида ва мукаммал аст ва омӯхтани он барои шинохти дин ба ҳар як равшанфикр, зиёӣ, сиёсатмадор ва алалхусус онҳое, ки ба улуми инсонӣ сару кор доранд, сарфи назар аз эътиқод доштан ё надоштан бо дин зарур аст. Ҳар фарде, ки мехоҳад таърихи фарҳанг, адабиёт, забон, санъат, мусиқӣ, ҳуқуқ ва тарзи зиндагонии миллати худро омӯзад ва қудрати фаҳмиши дурусти онҳоро дошта бошад, бояд диди ҷомеаи худро хуб донад ва барои ин аз диншиносии илмӣ огаҳӣ доштан зарур аст.
Ниҳоят диншиносӣ фаннест, ки омӯхтани он шахсро аз доираи танги тасаввуроти мазҳабии ин ё он дин берун кашида, барои дохил ба олами нопайдоканори маънавиёти адёни гуногун омода месозад. Илми диншиносӣ инсонро аз фурӯ рафтан ба таасуби мазҳабӣ, хурофотпарастӣ, ҷаҳолат ва ифротгароии динӣ боздошта, барои рушди маънавию фарҳангӣ ва вусъати ҷаҳонбинии ӯ мусоидат хоҳад кард”.
Фаъолияти илмии Абдулозодда аз таълифи асарҳои зерин иборат аст: “Исломи муосир дар арсаи сиёсат ва идеология” (Д, 1990), “Маорифпарварӣ ва озодфикрӣ. (Афкори динию фалсафӣ ва ислоҳотхоҳии Аҳмади Дониш)”, (Д, 1994), “Ҳунари роҳбарӣ ва суннатҳои давлатдорӣ” (Д, 1995), “Муқаддима ба исломшиносӣ” (Д, 1998), “Асосҳои диншиносӣ”. Китоби дарсӣ (Д, 2001), “Фалсафаи одамият: масъалаи инсон дар адён ва гуманизми қуръонӣ” (Д, 2003),“Муқаддимаи фалсафа” (Д, 2004), “Маърифати ислом (Исломшиносӣ)”, (Д, 2015), “Таърихи Қуръон” (Д, 2015) ва ғ.
Ду китоби ӯ: “Исломи муосир дар арсаи сиёсат ва идеология”, “Маорифпарварӣ ва озодфикрӣ. (Афкори динию фалсафӣ ва ислоҳотхоҳии Аҳмади Дониш)” аз тарафи муҳаққиқон ва соҳибназарон ба таври густурда мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифта, аҳаммият ва арзиши онҳо дар илми муосир бо далелу бурҳони қавӣ ба исбот расидааст. Алалхусус, китоби дуюм, ки таҳлилу баррасии афкори динию фалсафӣ ва ислоҳотхоҳии Аҳмади Донишро фаро мегирад, таълифоти беназире дар шинохти мероси маънавии ин алломаи замон маҳсуб мешавад.
Нигорандаи ин сатрҳо ба қадри тавон ва ҳавсала назари шогидонаи мухтасари худро доир ба китобҳои дарсии таълифнамудаи устод, ки арзиши хоссаро дар таълиму тадриси донишҷӯён доро мебошанд, иброз медорад.
Нахуст бояд гуфт, ки ин осори гаронарзиши Абдуллозода дар қатори китоби дарсӣ будан, аҳаммияти вижаро барои тамоми қишрҳои ҷомеа дар роҳи маърифати таълимоти адён доранд. Қисматҳои ба ислом бахшидаи он барои мардуми мусулмони кишварамон раҳнамои беминнате мебошанд. Яъне ин таълифот барои ҳар як инсони соҳибназару соҳибхирад аз ҷиҳати илмӣ ҳамчун сарчашмаи муҳимми ташаккулу такомули маърифати динӣ ва ҷаҳонбинию ақидаи солим, фурӯ нарафтан дар ҷаҳолату таассуб хизмат менамоянд.
“Асосҳои диншиносӣ” китоби пурмуҳтавои муаллиф мебошад, ки нахуст соли 2001 дар нашриёти “Дониш” дар ҳаҷми 444 саҳифа ва баъдан соли 2014 дар нашриёти “Ирфон дар ҳаҷми 515 саҳифа зери таҳрири устоди зиндаёд, академик М. Диноршоев ба нашр расидааст. Ин асар яке аз таълифоти бунёдӣ ҷиҳати диншиносии илмӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки аз ду бахши калон: “Таърихи адён” ва “Фалсафаи дин” иборат аст. Қисмати аввали асар, аслан, таърихи пайдоиш ва таҳаввулу такомули динҳоро шарҳу тавзеҳи муфассал медиҳад. Дар оғоз муҳаққиқи фарохназар меоварад, ки танҳо дар ду асри охир (Х1Х-ХХ) пешрафти як қатор соҳаҳои илм ва бозёфтҳои илмӣ имкони ҷавоби илмӣ додан ба саволҳи пайдоиши динҳоро фароҳам овард. Аз ҷумла, пешрафту тараққиёти илмҳои бостоншиносӣ (археология), мардумшиносӣ (этнография), инсоншиносӣ (антропология), забоншиносии таърихӣ ва асотиршиносӣ (мифология) барои таҳқиқу муайян намудани ҷараёни пайдоиши нахустин эътиқод ва парастишҳои одамони ибтидоӣ маълумотҳои муфиду фаровон доданд.
Вобаста ба табақабандии илмии адён: динҳои ибтидоӣ, миллӣ-давлатӣ ва динҳои ҷаҳонӣ устод дар бораи таърихи пайдоиш, асоси таълимот ва парастишҳои динии нахустэътиқод ё динҳои ибтидоии одамон: фетишизм, тотемизм, магия ва анимизм, динҳои мисриён, бобулиён, юнониён, румиён қадим ва динҳои миллӣ-давлатӣ, яъне динҳои ҳиндуориёӣ (Ҳиндустон-ҳиндуя,ҷайния, сикхизм, буддоия; Эрони бостон-меҳрпарастӣ, зарвония, зардуштия, моновия ва маздакия) ба тафсил маълумот додаанд. Дар қисмати динҳои ҳиндуориёӣ дар хусуси таълимоти динию фалсафӣ ва ахлоқии ду ҷараёни маъруфи ин адён –буддоия (таҳаввулоти он то ба сатҳи дини ҷаҳонӣ) ва зардуштия шарҳу тавзеҳи доманадор ва пурмуҳтавое нигошта шудааст. Ҳамчунин дар ин қисмат раванди пайдоиш ва махсусиятҳои таълимоти динҳои Чини қадим: даосизм ва конфутсиягароӣ ва Ҷопон синтоизм (шинтоизм) шарҳу тафсир ёфтаанд.
Ин бахши китоб ба таҳқиқи таҳаввулоти тафаккури диншиносӣ ё динпарастии одамони дунёи қадим, яъне чигунагии тасаввуротҳо ва нахустин эътиқоди мардум ба ашёву предметҳо, ҳодисаҳои табиӣ, гуногунрангии ибодату аъмоли динӣ, бисёрхудоӣ ва ғ. бахшида шудааст.
Ин ҷо дар тақвияти гуфтаҳои худ аз таърихи афкори фалсафӣ дар иртибот ба шарҳу тавзеҳи масоили зикршуда мехоҳам мисоле биёрам. Бо вуҷуди бисёрхудо будани юнониёни қадим, Фалес (625-547 то милод) файласуфи номдори мактаби Милет тавҳидгаро буд. Ӯ обро асоси пайдоиши олам медонад ва ҳанӯз дар он даврон хусусиятҳои қаҳрабо (магнит)-ро кашф мекунад. Ҳамчунин астрономияро омӯхта, тақвими сол (365 рӯз, ҳар моҳ 30 рӯз)-ро тартиб медиҳад, Қутби Шимолро муайян мекунад, теоремаҳои геометриро исбот менамояд ва хусусиятҳои гирифтани моҳтобу офтоб (хусуфу кусуф)-ро ҳанӯз панҷ ҳазор сол пешгӯӣ мекунад. Барои мавзуи мо ин суханон Фалес аҷибу ғарибанд:
қадимтарин мавҷуди ҳастӣ Худост, он аз касе зода нашудааст;
олам аз ҳама чиз зеботар аст, зеро он офаридаи Худост;
ҳакимтар аз ҳама вақт аст, зеро батадриҷ ҳамаро ифшо менамояд;
аз ҳама мушкил шинохти худ ва аз ҳама осон дигаронро маслиҳат додан аст...
Бахши калони ин қисмати китобро шарҳу тавзеҳи махсусиятҳои динҳои сомӣ-яҳудия, насроният ва ислом ташкил медиҳад. Муаллиф ба таври хеле васеъ дар бораи таърихи пайдоиш, асосгузорон, китобҳои муқаддаси ин адён, таълимоти динию фалсафӣ, ахлоқӣ, маросимҳо, қонуну қавоид, расму ойин, ибодату аъмоли онҳо маълумоти густурда медиҳад. Масалан, дар баррасии яҳудия дар бораи зиндагонӣ ва рисолати ҳазрати Мӯсо, Бани Исроил, Таврот ва асли таълимоти яҳудия, Панҷкитобаи Мӯсо, маросимҳои яҳудия, дар қисмати насрония дар бораи шахсияти Исо, китоби муқаддаси насрониён- “Инҷил” (Библия) бо қисматҳояш: Аҳди қадим ва Аҳди Ҷадид, асоси таълимоти масеҳият, шинохти Худо аз назари масеҳият (таслис, иқнум), таълимоти ин дин дар мавриди инсон, таълимоташ дар бораи калисо, таълимоти ахлоқии масеҳият, таҳаввулот ва ихтилофотҳои мазҳабӣ дар ин дин, равияҳои асосии масеҳият: католикӣ, православӣ ва протестантӣ ва махсусияти таълимоти онҳо, маросимҳо ва раҳбонияти масеҳӣ, фалсафаи масеҳӣ (схоластика) маълумоти фаровон дода шудааст.
Таъкид зарур аст, устод ба ҳайси муҳаққиқи ислом ё исломшинос дар китоби номбаршуда таҳқиқоти пурарзиш ва ҷавобгӯи ниёзҳои имрӯзаи шинохти исломро ба хонандагон пешкаш кардааст, ки шоистаи таҳсин ва тақдир аст. Ин фасли китоб бо унвони “Дини ислом” аз аз 6 (шаш) боби калонҳаҷм иборат буда, 37 зермавзуи ба ислом мутаалиқро шарҳу тавзеҳи илмию мантиқӣ медиҳад. Ба андешаи мо ҳар ки мехоҳад дар бораи ислом маълумот ва ё шинохти мухтасар, вале амиқу дақиқ дошта бошад, ин бахши китоби устод барояш ҳамчун сарчашмаи муътамаду боварибашхи ҳосил кардани донишу маърифат дар хусуси дини мубини ислом хизмат мерасонад. Ба таври умум, ёдовар мешавем, ки дар ин бахши китоб дар бораи мавзуоте чун Арабистон қабл аз ислом, пайдоиш ва густариши дини ислом, шаҳри Макка ҳамчун гавҳораи ислом, зиндагиномаи Паёмбари ислом, ҳазрати Муҳамад(с), футуҳоти араб ва густариши ислом, истилои Осиёи марказӣ, сарчашмаҳои асосии ислом: Қуръон (улуми қуръонӣ: илми қироат, тафсир ва таъвил) ва суннат (ҳадисҳо), асоси таълимоти ислом (усули дин ва ақоид), тавҳид, нубувват, имомат, маъод, сохтори шариати ислом: ибодат, муомилот, ҳудуд ва аҳкоми султонӣ (имомат ва хилофат), ибодат ва маросимҳои исломӣ (тавҳид, намоз, руза, ҳаҷ ва закот ва ғ.), илми фиқҳ, калом, тасаввуфи исломӣ, мазҳабҳои равияҳои суннӣ ва шиа, ихтилофҳои мазҳабӣ, ҷараёнҳои мазҳабию сиёсӣ дар замони нав ва исломи муосир ва ғ. сухан рафтааст. Бамаврид аст, бигӯем, ки дар бораи баъзе мавзуъҳои тафсиру ташреҳшуда метавон мақолоти алоҳида навишт ва яқин аст ин мухтасар фарогири чунин матлаб шуда наметавонад.
Моҳият ва мазмуни ҳар як мавзуъоти номбаршуда аз тарафи муаллиф аз ҷиҳати илмӣ бисёр содда, фаҳмо ва хотирмон шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки боиси баҳрабардории ҳар як шахси солимфикр ва ҳар як мусалмони солимақида шуда метавонанд. Бо боварии том метавон гуфт, ки навиштаҳои ва хулосабарории устод дар хусуси фарҳанг ва арзишҳои исломӣ аз як тараф ҳамчун китоби дарсию таълимӣ барои донишҷӯён сарчашмаи муҳимми бунёд ва ташаккули ҷаҳонбинию андешаи солим, аз тарафи дигар барои маърифати комили эътиқоди динии ҷомеаи мусалмони мо дар роҳи ваҳдату иттиҳод, ҳамбастагию ҳамдигарфаҳмӣ ва суботу амнияти миллӣ кумак ва мусоидат менамоянд.
Зимнан таъкид кардан шоиста аст, ки пажуҳишҳои арзишманди Абдуллозода дар бораи Ислом нахуст дар китобашон: “Муқаддимаи исломшиносӣ” (Душанбе, 1998) ва баъдан дар таълифоти пурмуҳтавояш “Маърифати ислом” (Исломшиносӣ).-Душанбе, 2015.-493 саҳифа низ нигошта шудаанд. Агар китоби аввал мухтасари исломшиносӣ бошад, китоби дуюм таълифоти беназир ва мондагоре дар ин самт ба ҳисоб меравад. Бинобар ин мо аз шарҳу тавзеҳи муҳтаво ва мазмуни онҳо бо ҳамин гуфтаҳои боло аз китоби “Асосҳои диншиносӣ” иктифо мекунем ва ба ҳар як завқманди мавзуоти ислом тавсия медиҳем, ки ба ин сарчашмаҳои нодири маърифат муроҷиат намоянд.
Шерзот Абдуллозода ба ҳайси як донишманди асили ин соҳа дар китоби худ дар бораи динҳои ғарисуннатӣ низ, аз қабили созмонҳои мазҳабии навмасеҳият, шайтонпарастон (сатанизм), дини баҳоия, ҷамъияти байналхалқии шуури Кришна, “Калисои иттиҳод”- Сан Мян Мун, дини саентология (дониши дониш) маълумоти зарурӣ додааст.
Қисмати дуюми ин таълифоти устод “Фалсафаи дин” унвон дорад, ки дар шароити кунунӣ як навгонӣ ва навҷӯӣ дар шинохти моҳияту мазмуни дин буда, масоили назарии диншиносиро аз даврони қадим то ба имрӯз дар ҳудуди 5 фасл фаро мегирад. Фасли якум дар ҳаҷми 3 боб ба шарҳу тавзеҳи чунин мавзуъҳо: “Омӯзиши дин дар дунёи қадим ва асрҳои миёна”, “Омӯзиши дин дар давраи Нав”, “Ташаккули диншиносӣ ҳамчун илм” бахшида шудааст. Фасли дуюм: “Фалсафаи бунёдии дин” ном дошта, таърифҳои мухталифи онро ба мисли динию мазҳабӣ, фалсафию илмӣ, сотсиологӣ, биологӣ, психологӣ ва этнологӣ равшан месозад, решаҳо (фитрӣ, маърифатӣ, иҷтимоӣ, психологӣ, ахлоқӣ) ва ангезаҳои диниро, табақабандии динҳо, сохтор ва хусусияти шуури диниро бо шарҳу баёни илмӣ муайяну мушаххас месозад.
Фасли сеюми ин китоби арзишманд бо унвони “Фалсафаи усули ақоиди адён” аз 5 боб: “Сарчашмаҳои ақоиди динӣ”, “Фалсафаи худошиносӣ”, “Назарияҳои исботи ҳастии Худо”, “Фалсафа нубувват”, “Ҳаёти пас аз марг (маъод)” иборат аст. Аз номи мавзуот маълум аст, ки онҳо чӣ гуна баҳси мураккаби илмию мантиқӣ, фалсафию динӣ ва илоҳиётшиносӣ мебошанд. Мусаллам аст, ки сарчашмаҳои ақоиди динии мардуми олам гуногун буда, ҳам дар таърихи афкори фалсафию фарҳангӣ ва ҳам динию илоҳиётшиносӣ фалсафаи худошиносӣ, назарияҳои исботи ҳастии Худо, фалсафаи нубувват ва ҳаёти пас аз марг (маъод) пурбаҳстарин ва печидатарин мавзуи ақоид ва эътимоди динӣ маҳсуб мешавад. Шарҳу тавзеҳи ҳар яке аз мавзуот аз назари ратсионалӣ (ақлгароӣ) дар такя бо назариёти олимону мутафаккирони забардаст аз дониши мукаммал, хиради тавоно ва дарки мантиқии ҳикмати баёни андешаҳои ноби устод дарак медиҳанд. Ба гунаи мисол дар тафсири мавзуи дуюм мегӯянд: “Фалсафаи худошиносӣ пеш аз ҳама баррасии фалсафаи тамоми донишҳои инсонӣ (чӣ динӣ-илоҳӣ ва чӣ фалсафӣ) дар бораи Худост, яъне баррасӣ дар чӣ гунагии тасаввуроти Худо дар динҳои гуногун ва таҳаввулоти тадриҷии он, мундариҷаи баҳсҳои мазҳабию илоҳиётӣ ва фалсафию илмӣ дар атрофи он ва ниҳоят кӯшиши дарёфти заминаи ваҳдату умумияти адён дар худошиносӣ мебошад”. Ҳамчунин метавон гуфт, ки тавзеҳи мухтасар ва донишафзое дар бораи мавзуи маъод дода шудааст.
Фасли чоруми ин таълифоти Абдуллозода бо номи “Фалсафаи иҷтимоии дин” ба баррасии мавзуи вазифаҳои иҷтимоии дин, дин ва сиёсат, озодии виҷдон, дин ва фарҳанг, дин ва ахлоқ бахшида шудааст ва худ ба худ аз рузмаррагӣ ва арзишмандии моҳияти мавзуъҳои интихобшуда дарак медиҳанд.
Ва ниҳоят фасли панҷуми китоб “Ҷаҳонбинии динӣ дар партави ҷаҳонбинии илмию фалсафӣ” аз ду боб: “Таносуби ҷаҳонбинии динию асотирӣ ва илмию фалсафӣ” ва “Дин дар партави афкори озодфикрӣ” иборат аст. Ба назари мо таърифҳои гуногуне, ки муаллиф дар бораи мафҳуми ҷаҳонбинӣ барои дарки моҳияти мавзуъ дар оғози матлаб овардааст, аз таърифҳои маъмулии якрангу якнавои бисёр таълифоти фалсафӣ ба куллӣ фарқ доранд.
Устод ёдовар мешавад, ки ҷаҳонбинӣ дар фалсафа ва афкори иҷтимоии муосир дорои таърифу тафсирҳои зиёде мебошад. Бисёре аз муҳаққиқон ин мафҳумро полудаи нуқтаи назарҳо, афкор ва ақоиди фард ё мардум-ҷомиа куллан, нисбат ба олами воқеӣ, мақоми инсон дар табиат, бархи дигаре, онро ҳамчун маҷмуи усулҳо (принсипҳо), нуқтаи назарҳо ва эътиқодҳое, ки самти фаъолияти одамони алоҳида ё ҷамъиятро муайян мекунанд, таъриф кардаанд.
Баъдан меоварад, ки ҷаҳонбинӣ инъикоси ойинагунаи олам, муҳити атроф нест, балки шинохти ҷаҳон аз ин ё он мавқеи ғоявӣ ва ниёзҳои амалист. Ҷаҳонбинӣ шинохти боарзиши ҷаҳон, олами табиат, мақоми инсон ва нақши иҷтимоию сиёсии ӯ аз дидгоҳи фард ва ниёзҳои моддиву маънавии гурӯҳҳо ва ё умуман, инсоният дар олам аст. Ҷаҳонбиниро инчунин шакли олии инъикоси олами айнӣ (объективӣ) ва идроки зеҳнӣ (субъективӣ) –и он номидан мумкин аст.
Дар мавзуи дуюми ин фасл назари муаллиф нисбат ба мафҳуми “озодфикрӣ” ба чунин мазмун таъбиру тафсир шудааст: “Озодфикрӣ ҳамчун истилоҳ аз назари маънии аслии калима бидуни тавзеҳ низ равшан аст. Яъне ба маънии тафаккури озод аз ҳаргуна қайду банди мактабӣ, мазҳабӣ, сиёсӣ, синфӣ ва ғайра доштан. Вале озодфикрӣ дар ин матн (яъне матни китоб.-М.Б.) ҳамчун як истилоҳи соҳаи таърихи фалсафа ва дин ифодакунандаи ақоиду афкорест, ки дорои ормонҳои волои маънавию мазҳабӣ ва ҳадафҳои пешқадами иҷтимоию сиёсӣ буда, дар масъалаҳои зиёде мухолиф ба ҷаҳонбинии динию фалсафии ҳоким, алалхусус оштинопазир бо таассубҳо ва инҳирофоти динию мазҳабӣ будааст”.
Таъкид кардан лозим аст, ки бисёре аз андешаҳои баёнкардаи устод дар ин қисмати мавзуъ имрӯз ҳам дар мубориза ба муқобили ҷаҳолату таассуби мазҳабӣ, ифротгароӣ ва дигар падидаҳои нангини динӣ дорои арзиши назарӣ ва амалӣ мебошанд. Муҳаққиқи дақиқназар давраҳои ташаккули ҷараёни озодфикриро аз замонҳои қадим ба тафсил баён карда, номҳои зиёди симоҳои барҷастаи онро аз Шарқу Ғарб ҳамчун шинохти муқаддимавӣ зикр месозад. Овардани чанд намунае аз шаклҳои озодфикрӣ дар мисоли шаккокия, пантеизм (ваҳдати вуҷуд), таътил (деизм), хирадгароӣ ва ғ. қиммати гуфторҳои муаллифро меафзояд. Ёдовар шудан шоиста аст, ки китоби “Асосҳои диншиносӣ” бо ҳамроҳи китоби дигараш “Фалсафаи одамият” лауреати мукофоти олии АИҶТ (ҳоло АМИТ) ба номи академик М.Осимӣ гардидааст.
Абдуллозода ба ҳайси олиму донишманди улуми фалсафӣ, яъне файласуф низ мақолаҳои зиёд навишта, китоби дарсие бо унвони “Муқаддимаи фалсафа” таълиф намудааст. Ин асари ӯ зери таҳрири устоди зиндаёд, академик Мӯсо Диноршоев соли 2004 дар нашриёти “Дониш” дар ҳаҷми 261 саҳифа ба нашр расидааст. Дар пешгуфтори он муаллиф таъкид менамояд, ки дар навишти китоб ба хотири ҳифзи сарвати гаронбаҳои гузаштаи миллиамон ва пайванди маънавӣ бо афкору осори фалсафии гузаштагони худ: Абунасри Форобӣ, Шайхурраис Абӯали ибни Сино, Ҳаким Носири Хусрав, Насириддини Тӯсӣ, Имом Муҳаммад Ғаззолӣ ва даҳҳо дигар олимону донишманди барҷастаи фарҳангу тамаддуни оламшумули исломӣ аз истилоҳоти маъмули фалсафии худамон, бо нишондоди муродифҳои байналмилалӣ ё ғарбии он истифода кардем. Чуноне ки аз мундариҷаи китоб бармеояд он аз пешгуфтор ва се қисмат: “Пайдоиш ва сайри таърихии фалсафа”, “Фалсафаи назарӣ” ва “Ҳастии таърихӣ” иборат аст. Дар қисмати аввал, ки аз 7 боб иборат аст, пайдоиш ва ташаккули равия ва мактабҳои фалсафӣ дар Ҳиндустон, Эрон, Чин, Юнони бостон, фалсафа дар асрҳои миёна, фалсафаи давраи нави Аврупо ва фалсафаи асрҳои Х1Х- ХХ, дар қисмати дуюм масоили ҳастишиносӣ, фалсафаи табиат, ҳастишиносии инсон ва дар қисмати сеюм масоили фалсафаи иҷтимоӣ, яъне мафҳуми ҷамъият, сохтор, ҷамъият ва таркибии иҷтимоии он, ҳамчунин мавзуи фалсафаи таърих аз назари муаллиф шарҳу тавзеҳ ёфтаанд.
Дар қисмати охири китоб барномаи таълимии фалсафа, рӯйхати адабиёт ва луғатнома тартиб дода шудааст. Тафовути ин таълифот аз дигар китобҳои дарсӣ оид ба фалсафа дар он аст, ки дар таркиби аксари мавзуот ба таври иловагӣ барои ташаккули савияи дониши донишҷӯён матнҳои намунавӣ аз осори динию фалсафӣ ( ҳикмати Буддо, Зардушт, Конфутсий), асарҳои файласуфони шарқию ғарбӣ, аз ҷумла аз Арасту, Ибни Сино, Насириддуни Тӯсӣ, Декарт, Имануил Кант, Муҳаммад Ғаззолӣ оварда шудааст. Дар маҷмуъ ин таълифот барои ташаккули дониш ва ҷаҳонбинии муқаддимавии фалсафии донишҷӯён ва завқмандони илми фалсафа кумак ва мусоидат менамояд ва истифодаи он аз аҳаммият холӣ нест.
Яке аз таълифоти арзишманди Абдуллозода китоби “Фалсафаи одамият” мебошад, ки соли 2003 тавассути нашриёти “Дониш” дар ҳаҷми 160 саҳифа ба табъ расидааст. Мавзуи асосии китоб масъалаи инсон ва гуманизм дар адён, бахусус гуманизми Қуръон аст. Устод бо як ҳикмати хос раванди ташаккули назариёти инсонгароиро дар динҳо аз назари фалсафӣ ба риштаи таҳқиқ кашидааст. Муҳимтарин ҷанбаи илмии андешаҳои муаллиф аз он иборат аст, ки инсонгароӣ (гуманизм)-ро на падидаи даврони Эҳёи Ғарб, балки маҳсули тафаккури шарқиёни аҳди бостон қаламдод менамояд. Аз ҷиҳати илмию мантиқӣ низ ин фарзия ҳақиқати таърих аст. Зеро нахустин андеша ва афкори динию фалсафӣ дар Шарқи бостон ҷанбаи ахлоқӣ доштанд ва мақому манзалати инсониро ифода мекарданд, дар ҳоле ки дар Ғарб (Юнони қадим) масоили содда ва умдаи кайҳоншиносиро таҷассум намудаанд. Барои исботи ин назария таълимоти инсонгароии Конфутсий бо номи “жен” , дар Чини қадим, мақом ва манзалати инсон дар Авесто, ҳикмати мактабҳои динию фалсафии Ҳинди бостон мисол шуда метавонад.
Чуноне ки дар муаррифнома (аннотатсия)-и асар омадааст, мавзуи меҳварии он таҳқиқи илмию диншиносии фалсафӣ доир ба масъалаи инсон ва гуманизм (одамият) дар динҳо, алалхусус ислом аст, яъне муаллиф масъалаи инсонро дар адён аз зовияи гуманизми фалсафӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқӣ бо усули муқоисавию татбиқӣ арзёбӣ намуда, дар партави он мақоми баланди гуманизми қуръониро бо истифода аз таҳқиқоти дигар ва диди фалсафии худ баррасӣ кардааст. Арзишмандии ин таҳқиқот нахуст дар он зоҳир мегардад, ки дар саҳифоти аввал барои фаҳму дарки фалсафии мафҳуми гуманизм якчанд таърифи он, аз ҷумла рӯҳияи мафкуравию маънавии инсоният, таълимоти фалсафию ахлоқӣ, ҳаракати иҷтимоию сиёсӣ, маънавию фикрӣ ва ҳатто динӣ дода шудааст.
Муаллиф таҷассуми бузургӣ ва каромати инсон, яъне таъкиди назарияи гуманизмро ҳанӯз дар китоби Авесто ва баъдан дар Қуръон хеле равшану возеҳ маънидод менамояд. Бетардид мавзуи инсонгароӣ, инсонпарварӣ, инсондӯстӣ ё одамият аз мавзуоти меҳварии ҳам китоби муқаддаси Авесто ва ҳам Қуръони карим аст. Албатта, дар китоби “Фалсафаи одамият” муаллиф дар баррасии моҳияти гуманизм ба таҳлилу баррасии масъалаҳои муҳимми ҳаёту зиндагии инсон, аз қабили арзиши инсон ва ҳаёти ӯ, ташаккули ахлоқ ва рафтори нек ҳамчун низоми ҷомеаи солим, нақши дониш ва маърифат дар зиндагии фард ва ҷомеа, эҳсоси масъулият дар кору фаъолият ва муносибат бо афроди ҷомеа, такмили хирад ва маърифат, риояи адолат, виҷдон, некӣ, меҳрубонӣ ва эҳтиром ба дигарон ва ғ. пардохтааст, ки шарҳу тавзеҳи муфассалро талаб менамоянд. Дар китоби мазкур хеле муфассал гуманизми фалсафии Қуръон, аз ҷумла фалсафаи офариниш, ҳадаф аз офариниш, ҷойгоҳи инсон дар ҷаҳонбинии қуръонӣ, мақоми зотию сифотии зан дар Қуръон ва мавзуоти гуаминизми иҷтимоии Қуръон: масъалаи озодии инсон ва ҳуқуқи башар, баробарии инсонҳо дар назди Худо, адли илоҳӣ ва адлолати иҷтимоӣ озодии фикр, виҷдону мазҳаб ташреҳу тавзеҳ ёфтаанд.
Китоби дигари Абдуллозода “Фалсафаи Қуръон” (Душанбе: Маориф, 2021.-504 саҳифа) аз таълифоти беназир дар масоили шинохти ҳикмати қуръонӣ мебошад. Аз муҳтавои он бармеояд, ки он ҷилди 4-уми осори ӯ буда, аз ду китоб иборат аст. Китоби аввал аз 4 боб: “Таносуби Қуръон ва ҳикмат (фалсафа), “Фалсафаи ҳаёт дар Қуръон”, “Фалсафаи шинохт ва анвои маърифат дар Қуръон”, “Худошиносии фалсафии Қуръон” таркиб ёфтааст. Дар ин бобҳо мавзуоти мураккаби фалсафии шинохти ҳикмати қуръонӣ ба мисли калидвожаҳои фалсафӣ дар Қуръон, ҷойгоҳи ҳикмат-фалсафа дар Қуръон, Оё фалсафаи Қуръон вуҷуд дорад?, Қуръон ва фалсафи ҳаёт, фалсафаи рӯҳ ва нафс, фалсафаи маъод, фалсафаи нур, маърифати ҳиссӣ ва ақлӣ, ҷойгоҳи тафаккур дар Қуръон, бархурди ваҳйгароёну ақлгароёни исломӣ, шинохти мантиқӣ дар Қуръон, илоҳиёти ақлонии Қуръон, истидлол ва бурҳони ягонагии Худо, таъвили баъзе оёт аз мавқеи илми муосир мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Худ хонандаи азиз қазоват намо, ки таҳлилу баррасии ин мавзуот чигуна ва дар кадом ҳадд тасаллути комилро ба ин донишу маърифати қуръонӣ талаб менамоянд.
Китоби дуюми ин осор ҳамон “Фалсафаи одамият” аст, ки ба ин таълифот замима шудааст ва мо дар фавқ дар бораи он маълумоти кофӣ додем. Нуктаи бебаҳси ин навишта он аст, ки тамоми таълифоти Абдуллозода зери назар, таҳрир ва ҳидояту раҳнамоии олиму донишманди барҷастаи миллӣ, яке аз бунёдгузорони фалсафаи муосири тоҷик, устоди зиндаёд, академик Мӯсо Диноршоев нигошта шудаанд, ки бевосита аз пайванди маънавии онҳо дарак медиҳад. Ба ибораи дигар Абдуллозода яке аз шогирдон ва тарбиятдидагони мактаби бузурги илмии ин устоди забардаст ва ин ҷеҳраи ҷаҳоншумули миллӣ мебошад.
Дар қатори китобҳои зикршуда, устод мақолаҳои зиёди илмии калонҳаҷм низ навиштаанд, ки бешакк қимат ва арзиши бебаҳо доранд. Масалан, яке аз ин мақолот низ бо ҳаммуаллифии академик М. Диноршоев “Ҷаҳоншумулият ва миллият (ё оид ба таносуби ҷаҳоншумулият ва худшиносии миллӣ) унвон дорад ва дар Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, силсилаи фалсафа ва ҳуқуқ, соли 2001, №1-4 саҳифаҳои 3-13 нашр шудааст. Муаллифон дар навиштаи худ мафҳуми ҷаҳонгароӣ ё ҷаҳонишавӣ (таъбири М. Шакурӣ) ба русӣ-“глобализатция”,-ро ба шакли ҷаҳоншумулият истифода кардаанд. Онҳо масъалаи ҷаҳоншумулӣ ва муносибати онро ба миллат, фарҳанг ва худшиносии миллӣ таҳлил кардаанд. Манфиат ва хатарҳои ин равандро нишон дода, таъкид менамоянд, ки миллат набояд худро аз ҷаҳон ҷудо кунад, вале ҳамзамон бояд забон ва фарҳанг ва таърихи худро ҳифз намояд. Дар мақола дар қатори таҳлилу баррасии масъалаҳои мухталифи раванди ҷаҳоншумулӣ ташаббус ва дурбинии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бобат, яъне ҳалли масъалаҳои сатҳи глобалӣ, аз ҷумла, масъалаи оби нӯшокӣ, омӯзиши сабаби гармшавии сайёра, обшавии пиряхҳо, масъалаи баҳри Арал, ҳалли ҷанги Афғонистон, мубориза ба маводи мухаддир, экстремизму терорризми байналмилалӣ ва ғ. хеле васеъ шарҳу тавзеҳ ёфтааст. Як нуктаи ҷолибе, ки дар мақола дар он даврон баён шудааст ва имрӯзҳо Сарвари Давлат ба он таваҷҷуҳи хосса зоҳир сохтанд, ин омӯзиши хатти ниёгон мебошад. Муаллифон таъкид менамоянд, ки таълими ҳатмии хатти ниёгон ҳадди аққал дар ихтисосҳои гуманитарии донишгоҳҳо роҳи моро ба дастёбӣ ба сарвати беинтиҳо ва бебаҳои гузаштаи худ ва мероси маънавию фарҳанги миллатҳои ҳамзабонамон, ҳамдину ҳамфарҳангамон мекушояд.
Хулосагирӣ аз навиштаи мазкур ин аст, ки мероси таълифнамудаи устод Шерзот Абдуллзода асарҳои бунёдӣ дар соҳаи диншиносии илмӣ ба ҳисоб мераванд. Китобҳои навшитаи ӯ бешакку шубҳа ҷиҳати маърифати воқеии махсусияти таълимоти адён сарчашмаи муътамади илмӣ ба ҳисоб рафта, дар ташаккули ҷаҳонбинии солими дур аз таассубу ифрот ва лағшишҳои маънавии ғайривоқеиӣ ва номатлуби донишҷуён ва афроди ҷомеа мусодат менамоянд. Асарҳояш дар бораи ислом ва маърифати ислом, сарчашмаҳои хатии он: Қуръон ва суннат, масоили мазҳабӣ ва ғ. аз лиҳози илмию мантиқӣ созгор ба мафкураи исломияти ҷомеаи мо, ба хусус таълимоти Имоми Аъзам ва фалсафаи исмоилия буда, барои ваҳдати динии ҷомеаи мусалмони кишвар ва дар асоси он фарҳанги солими умумимиллӣ хидмат менамоянд.
Абдуллозода ба ҳайси роҳбари корҳои илмии унвонҷӯёни зиёд дар омода кардани кадрҳои соҳа саҳми намоён дорад. Ҳамчун устод ва омӯзгор низ дар таълиму тарбияи даҳҳо шогирдон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва макотибу олӣ, техникуму коллеҷҳо ҳиссаи арзанда гузоштааст. Абдуллозода ҳамчун олим, донишманд, роҳбари хирадманд ва инсони равшанзамир имрӯзҳо соҳиби обру ва эътибори хосса мебошад. Устод дар ҷодаи илм корҳои мондагореро анҷом додаанд, шоистаи тақдир ҳастанд. Ҳамзамон ба ҳайси мудири Шуъбаи таъриху фалсафаи дини Пажуҳишгоҳи фалсафаи АИ тайи солҳи 1992-2009, муовини Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2009-2014 кору фаъолияти пурсамаре намуданд.
Муаллифи ин навиштаҳо аз он ифтихор дорад, ки тарбиятдида ва парвардаи мактаби бузурги таълиму тарбиявӣ ва эҷодии олимони маъруфи соҳаи фалсафа:М.Диноршоев, А.Муҳаммадхоҷаев, К.Олимов, М. Музафаррӣ, Ш.Абдуллозада ва дигарон буда, ҳаққи шогирдии онҳоро дорад.
Дар ин рӯзҳои мубораки ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатӣ Устоди гиромиқадр, аниқтараш 26 сентябр ба синни мубораки 80 қадам мегузоранд. Қадрдонӣ ва қадршиносии устод дар сатҳи лозима кори хайру савоб аст. Аз ин рӯ бо камоли ифтихор ва самимияти беандоза ӯро ба ин санаи фархунда таҳният ва муборакбод гуфта, барояш саломатии бардавом, хушҳолӣ ва хушрӯзии доимӣ таманно дорем. Тани сиҳату дили беғам ва осудагии рӯзгорашонро аз даргоҳи Илоҳӣ орзумандем. Умедворем, ки устод боз солҳои зиёде бо неру ва қувваи тоза бо таълифи асару мақолоти арзишманд дар роҳи истиқлолияти фикрии ҷомеа ва боло бурдани маърифат ва маънавиёти фарҳанги ҷомеаи соҳибистиқлоли мо хидмат менамояд.
Мирзоҳусайни Бадалипур, номзади илмҳои фалсафа, дотсенти кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафи иҷтимоии факултети фалсафаи ДМТ
















