10:27:44 20-уми Ноябри 2026 сол

Саёҳат дар таърихи Ҷоми ҷаҳони футбол: Аз Уругвай-1930 то Амрикои Шимолӣ-2026

Мухлисони азиз! Мо дар тӯли чандин моҳ якҷоя сафари бузургро тай кардем аз аввалин Чемпионати ҷаҳонӣ дар Уругвай то охирин мусобиқа дар се кишвари Амрикои Шимолӣ. Ин мақола ҷамъбасти тамоми он чизест, ки дар 96 соли таърихи Ҷоми ҷаҳонӣ рух додааст.

5 jomi jahoni futbol 447878547887

Уругвай-1930

Ҳама чиз аз соли 1930 оғоз ёфт, вақте ки 13 даста дар Уругвай ҷамъ омаданд. Ин кишвар на танҳо садсолагии истиқлолияти худро ҷашн мегирифт, балки дастаи миллиаш дар ду Олимпиадаи охир қаҳрамон шуда буд. Дар финал, Уругвай Аргентинаро бо ҳисоби 4:2 шикаст дод ва аввалин қаҳрамони ҷаҳон гардид. Ин мусобиқа бо низои тӯб дар финал дар нимаи аввал бо тӯби Аргентина, дар нимаи дуюм бо тӯби Уругвай дар ёд монд.

Солҳои пеш аз ҷанг: 1934 ва 1938

Чемпионати дуюм соли 1934 дар Итолиё баргузор шуд ва аввалин бор марҳилаи интихобӣ ҷорӣ гардид. Итолиё дар финал Чехословакияро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Соли 1938 дар Фаронса, Итолиё бори дуюм пай дар пай қаҳрамон шуд ва Витторио Поццо ягона мураббие гардид, ки ду маротиба пай дар пай Ҷомро ба даст овардааст. Ин охирин Чемпионат пеш аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ буд.

Бозгашт пас аз ҷанг: 1950

Пас аз 12 сол, Ҷом ба Бразилия баргашт. Ин Чемпионат бо фармати ғайриоддӣ гурӯҳи ниҳоии чордастагӣ ба ҷои плей-офф гузашт. Дар бозии ҳалкунанда, Уругвай дар варзишгоҳи «Маракана» дар назди 200 ҳазор тамошобин Бразилияро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Ин бозӣ бо номи «Мараканасо» дар таърих монд ва ба фоҷиаи миллии Бразилия табдил ёфт.

Мӯъҷизаи Берн: 1954

Дар Швейтсария, Венгрияи пурқувват, ки чаҳор сол бозиро набохта буд, дар финал аз Олмони Ғарбӣ бо ҳисоби 3:2 шикаст хӯрд. Ин ҳодиса бо номи «Мӯъҷизаи Берн» машҳур шуд. Ин Чемпионат бо 140 гол дар 26 бозӣ рекорди то имрӯз нигоҳдошташуда дар ёд монд.

Таваллуди афсона: 1958

Дар Шветсия, Бразилия бори аввал қаҳрамон шуд ва ҷаҳон бо ситораи 17-солае шинос шуд, ки номаш Пеле буд. Ӯ дар финал ду гол зад ва то имрӯз ҷавонтарин қаҳрамони ҷаҳон боқӣ мондааст. Ҷуст Фонтейн аз Фаронса бо 13 гол рекорди то имрӯз шикастанашударо гузошт.

Ҳимоя ва инқилоб: 1962 ва 1966

Дар Чили-1962, Бразилия бо вуҷуди маҷрӯҳии Пеле, бо роҳбарии Гарринча бори дуюм пай дар пай қаҳрамон шуд. Соли 1966 дар Англия, англисҳо дар хонаи худ қаҳрамон шуданд ва Ҷефф Хёрст дар финал хет-трик кард ягона хет-трик дар таърихи финалҳо.

Ҷовидонагарӣ: 1970

Дар Мексика, Бразилия бо дастаи афсонавии Пеле, Жаирзиньо, Ривелино ва Тостон бори сеюм қаҳрамон шуд ва Ҷоми Жюл Риме-ро барои ҳамеша нигоҳ дошт. Жаирзиньо дар ҳар 6 бозии Бразилия гол зад ин рекорд то имрӯз такрор нашудааст.

Тотал футбол ва ғалаба дар хона: 1974 ва 1978

Дар Олмони Ғарбӣ-1974, Нидерланд бо «Тотал Футбол»-и инқилобии худ ҷаҳонро ба ҳайрат овард, аммо дар финал аз Олмон шикаст хӯрд. Соли 1978 дар Аргентина, мизбонон бори аввал қаҳрамон шуданд Марио Кемпес ситораи мусобиқа гардид. Ин Чемпионат бо баҳси бозии «6:0» бар Перу дар ёд монд.

Италияи мағлубнашаванда: 1982

Дар Испания, Италия пас аз се мусовӣ дар марҳилаи гурӯҳӣ тавонист Бразилияи пурқувватро шикаста, ба финал расад ва Олмони Ғарбиро бо ҳисоби 3:1 мағлуб карда, бори сеюм қаҳрамон шавад. Паоло Росси бо 6 гол беҳтарин бозигар ва бомбардор гардид.

Афсонаи Марадона: 1986

Дар Мексика, Диего Марадона ду голи таърихӣ бар Англия зад «Дасти Худо» ва «Голи аср» ва Аргентинаро бори дуюм қаҳрамон кард. Ин Чемпионат бешубҳа «Чемпионати Марадона» ном гирифт.

Тобистони сеҳрноки Италия: 1990

Дар Италия, Олмони Ғарбӣ дар финал Аргентинаро бо голи пеналтии Андреас Бреме шикаст дод ва бори сеюм қаҳрамон шуд. Франц Беккенбауэр ҳамчун бозигар ва ҳамчун мураббӣ қаҳрамон гардид. Ин Чемпионат бо камголтарин нишондиҳанда (2,21 гол дар як бозӣ) дар таърих монд.

Бразилия дар нишони чаҳорум: 1994

Дар ИМА, финал байни Бразилия ва Италия ягона финали таърих буд, ки дар вақти асосӣ ва иловагӣ бегол анҷом ёфт. Бразилия дар силсилаи пеналтӣ пирӯз шуд ва бори чаҳорум қаҳрамон гардид. Роберто Баҷо пеналтиро аз даст дод ва ин лаҳза ба яке аз драмавӣтарин лаҳзаҳои таърих табдил ёфт.

Таваллуди Зидан: 1998

Дар Фаронса, мизбонон бори аввал қаҳрамон шуданд. Зинедин Зидан дар финал бар Бразилия ду голи сарӣ зад ва ба афсонаи футболи ҷаҳон табдил ёфт. Ин аввалин Чемпионат бо иштироки 32 даста буд.

Шокҳои Осиё: 2002

Дар Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ, Бразилия бори панҷум қаҳрамон шуд. Роналдо дар финал ду гол ба Олмон зад. Аммо ин Чемпионат бо шокҳои бузург дар ёд монд: Фаронса дар марҳилаи гурӯҳӣ хориҷ шуд, Кореяи Ҷанубӣ ба нимфинал расид ва Туркия ҷои сеюмро гирифт.

Италия дар нишони чаҳорум: 2006

Дар Олмон, Италия бори чаҳорум қаҳрамон шуд. Аммо финал бо лаҳзаи талхи Зинедин Зидан дар ёд монд ӯ дар охирин бозии касбии худ бо сари худ ба Марко Матерасси зада, аз майдон ронда шуд.

Аввалин тоҷгузории Испания: 2010

Дар Африқои Ҷанубӣ аввалин Чемпионат дар қитъаи Африқо Испания бори аввал қаҳрамон шуд. Андрес Иниеста дар дақиқаи 116-ум голи ҳалкунандаро ба Нидерланд зад. Ин Чемпионат бо садои вувузелаҳо ва шокҳои зиёд дар ёд монд.

Фоҷиаи Бразилия: 2014

Дар Бразилия, Олмон дар нимфинал мизбононро бо ҳисоби 7:1 шикаст дод бузургтарин шикасти таърихи Бразилия. Дар финал, Марио Гётсе голи ягонаро ба Аргентина зад ва Олмон бори чаҳорум қаҳрамон шуд.

Пирӯзии дуввуми Фаронса: 2018

Дар Русия, Фаронса бори дуюм қаҳрамон шуд. Килиан Мбаппеи 19-сола ба ситораи нави ҷаҳон табдил ёфт. Ин Чемпионат бо шоки Олмон дар марҳилаи гурӯҳӣ ва пирӯзии Хорватия то финал дар ёд монд.

Ҷоми Месси: 2022

Дар Қатар аввалин Чемпионат дар Шарқи Наздик ва аввалин Чемпионати зимистонӣ Аргентина бори сеюм қаҳрамон шуд. Финал байни Аргентина ва Фаронса яке аз беҳтарин финалҳои таърих буд: 3:3 дар вақти иловагӣ, ду голи Месси, хет-трики Мбаппе ва пирӯзии Аргентина дар силсилаи пеналтӣ. Лионел Месси ниҳоят ба орзуи деринаи худ расид.

Формати нав: 2026

Дар ИМА, Канада ва Мексика аввалин Чемпионат бо иштироки 48 даста ва 104 бозӣ Испания бори дуюм қаҳрамон шуд. Ферран Торрес дар вақти иловагии финал бар Аргентина голи ягонаро зад. Килиан Мбаппе бо 10 гол Бутсаи тилоиро ба даст овард ва бо 22 голи худ дар тамоми Чемпионатҳои ҷаҳон ҳамчун беҳтарин бомбардори таърих шинохта шуд. Ин Чемпионат бо баҳсҳои зиёди VAR ва шикояти дастаҳо, аз ҷумла Миср, дар ёд монд.

Ҷамъбасти ниҳоӣ

№

Сол

Мизбон

Қаҳрамон

1

1930

Уругвай

Уругвай

2

1934

Итолиё

Итолиё

3

1938

Фаронса

Итолиё

4

1950

Бразилия

Уругвай

5

1954

Швейтсария

Олмони Ғарбӣ

6

1958

Шветсия

Бразилия

7

1962

Чили

Бразилия

8

1966

Англия

Англия

9

1970

Мексика

Бразилия

10

1974

Олмони Ғарбӣ

Олмони Ғарбӣ

11

1978

Аргентина

Аргентина

12

1982

Испания

Итолиё

13

1986

Мексика

Аргентина

14

1990

Итолиё

Олмони Ғарбӣ

15

1994

ИМА

Бразилия

16

1998

Фаронса

Фаронса

17

2002

Ҷопон/Корея

Бразилия

18

2006

Олмон

Итолиё

19

2010

Африқои Ҷанубӣ

Испания

20

2014

Бразилия

Олмон

21

2018

Русия

Фаронса

22

2022

Қатар

Аргентина

23

2026

ИМА/Канада/Мексика

Испания

...

Ҷой

Даста

Шумораи Ҷом

Солҳо

1

Бразилия

5

1958, 1962, 1970, 1994, 2002

2

Олмон

4

1954, 1974, 1990, 2014

3

Итолиё

4

1934, 1938, 1982, 2006

4

Аргентина

3

1978, 1986, 2022

5

Фаронса

2

1998, 2018

6

Уругвай

2

1930, 1950

7

Испания

2

2010, 2026

8

Англия

1

1966

Аз Уругвай-1930 то Амрикои Шимолӣ-2026, Ҷоми ҷаҳонӣ 96 сол таърих, ҳазорон гол, садҳо афсона ва миллионҳо эҳсосотро дар бар мегирад. Ин мусобиқа на танҳо варзиш, балки оинаи ҷаҳон аст дар он ҷангҳо, сулҳҳо, инқилобҳо ва орзуҳои наслҳои гуногун инъикос ёфтаанд. Ва ҳар чор сол, ҷаҳон боз якҷоя мешавад, то бинад, ки кӣ тоҷро ба сар мегузорад.

То Чемпионати нав!

 “Рӯзгор”

Назари Шумо

Security code
навсозӣ