Мероси ҷовидонаи Сино: Дар Женева конфронси байналмилалии илмӣ баргузор шуд
Рӯзи 12 ноябр Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамзабон дар Қасри миллатҳои Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Женева конфронси байналмилалии илмиро таҳти унвони «Абуалӣ ибни Сино ва саҳми ӯ дар ташаккули ҷаҳонбинии нави илмӣ» баргузор намуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар ин ҳамоиши бонуфуз намояндагони корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои таҳқиқотӣ ва донишмандону муҳаққиқон ширкат варзиданд.
Дар ҷараёни нишаст масъалаҳои калидии зерин меҳвари баҳсу баррасиҳо қарор гирифтанд:
- Саҳми беназири Абуалӣ ибни Сино дар рушди илму фалсафаи ҷаҳонӣ ва нақши андешаҳои инсонмеҳваронаи ӯ дар наздиксозии тамаддунҳои Шарқу Ғарб баррасӣ шуд.
- Ба масъалаҳои ҳифз, омӯзиш, рақамикунонӣ ва муаррифии васеи осори ин мутафаккири бузург таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
- Густариши ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ ва таҳкими арзишҳои умумибашарии илму маърифат, хирадгароӣ ва ҳамдигарфаҳмии фарҳангӣ таъкид карда шуд.
“Рӯзгор”
















