Амнияти сарҳадӣ ва мубориза бо ифротгароӣ: Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо намояндаи Котиботи давлатии ИМА
Рӯзи 12 ноябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Завқӣ Завқизода бо иҷрокунандаи вазифаи муовини ҳамоҳангсози Бюрои мубориза бо терроризми Котиботи давлатии ИМА Марк Флеминг мулоқот анҷом дод.
Бино ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Вашингтон, дар ин нишаст вазъи кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳои амниятии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҷараёни гуфтугӯҳо ба самтҳои калидии зерин таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд:
- Тақвияти ҳамкориҳои муштарак дар самти мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир.
- Баррасии роҳҳои таъмини амнияти сарҳадӣ ва нигоҳдории субот дар минтақа.
- Дастгирӣ ва баланд бардоштани тавонмандии мақомоти низомию ҳифзи ҳуқуқ ва неруҳои марзбонии кишвар.
“Рӯзгор”
















