ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ГУМРУКИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
16.11.2011 09:14
1460
14 ноябр таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор шуд.
ИХРОҶИ БОЗ 11 МУҲОҶИРИ ТОҶИК АЗ РУСИЯ
16.11.2011 09:13
1288
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, Русия имрӯз зоҳиран ба нишони интиқом ба ҳукми зиндони ду халабоне, ки барои ширкати русии «Ролкан» кор мекарданд, ба ихроҷи муҳоҷирони тоҷик оғоз кардааст.
НАЗАРБОЕВ ПОРЛУМОНИ ЯКҲИЗБИРО ПАРОКАНДА КАРД
16.11.2011 09:12
1461
Раисиҷумҳури Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев, палатаи поёнии порлумони кишварашро пароканда ва ба баргузории интихоботи зудрас дар 15 ва 16-уми январ даъват кард.
ОҒОЗИ КОРИ КУМИТАИ ДИФОЪ АЗ ДУ ХАЛАБОНИ ЗИНДОНИИ "ТОҶИКИСТОНӢ" ДАР РУСИЯ
15.11.2011 23:38
1235
Кумитаи ҷамъиятии дифоъ аз Владимир Садовничий ва Алексей Руденко, ду халабон ки ҳарду дар Тоҷикистон барои муддати 8,5 сол ба ҷурми қочоқ ва нақзи ҳарими ҳавоӣ маҳкум ба зиндон шудаанд, оғоз ба кор кардааст.
ҲАМЛА БА ЭРОН ҶАҲОНИ ИСЛОМРО БА ПО МЕХЕЗОНАД
14.11.2011 15:01
1325
Муовини ҲНИТ изҳор дошт, ҳамла ба Эрон аксар кишварҳои ҷаҳони Исломро дар муқобили кишварҳои Амрико ва Исроил қарор хоҳад дод. Маҳмадалӣ Ҳаит дар гуфтугӯ бо хабарнигори “Форс” дар Душанбе дар робита бо хабарҳои мавҷуд ...
ДАРГУЗАШТИ РАИСИ ҲИЗБИ ҒАЙРИРАСМИИ «ТАРАҚҚИЁТ»
14.11.2011 14:14
1256
Султон Қувватов, раиси ҳизби сабтиномнашудаи “Тараққиёт” ва яке аз чеҳраҳои мухолифи давлати Тоҷикистон бар асари сактаи қалб дар синни 60-солагӣ даргузаштааст.
БОЗДОШТИ АЪЗАМ ЗИЁЕВ, ОХИРИН МАҲБУСИ ФИРОРӢ
13.11.2011 18:44
1386
Аъзам Зиёев, охирин нафар аз 25 маҳбуси фирорӣ аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ, боздошт шудааст. Як манбаъ дар мақомоти интизомии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо мо боздошти Аъзам Зиёев, маъруф бо лақаби “Аъзами Панҷара” ва охирин ...
ТОҶИКИСТОН БАРОИ ҲАЛЛИ ҚАЗИЯИ ҲУКМИ ХАЛАБОНҲО ОМОДА АСТ
13.11.2011 18:43
1205
Тоҷикистон барои “ҳалли созанда”-и қазияи ҳукми халабонҳои рус розӣ аст ва хостори он шудааст, ки Русия аз азияти муҳоҷирони корӣ даст бардорад.
СИЛВИО БЕРЛУСКОНӢ АЗ МАҚОМАШ ИСТЕЪФО ДОД...
13.11.2011 18:40
1223
Силвио Берлусконӣ, нахуствазири Итолиё, шомгоҳи шанбе саранҷом аз мақоми худ канорагирӣ кард. Кохи раёсати ҷумҳури Итолиё таъйид кард, ки Силвио Берлусконӣ истеъфо додааст. Бо эъломи истеъфои Берлусконӣ мухолифони вай дар Рум ба ҷашну пойкӯбӣ пардохтанд.
ОБАМА ВА МЕДВЕДЕВ БАРНОМАИ ҲАСТАИИ ЭРОНРО БАРРАСӢ КАРДАНД
13.11.2011 18:39
1227
Руасои ҷумҳуриҳои ИМА ва Русия Барак Обама ва Дмитрий Медвдедв дар долонҳои нишасти АТЭС – Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Осиёву уқёнуси Ором дар шаҳри Ҳонолулу, маркази аёлати Ҳавайя, музокирот анюом доданд.
27 КУШТА БАР АСАРИ ТАРКИШ ДАР ПОЙГОҲИ НИЗОМИИ ЭРОН
12.11.2011 23:44
1400
Инфиҷор дар пойгоҳи сипоҳи посдорони инқилоби Эрон ҳаёти камаш 27 касро аз байн бурд Телевизиони давлатии Эрон аз нақли сухангӯи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон -Рамазон Шариф овардааст, ки шумораи қурбониҳои инфиҷор дар пойгоҳи низомӣ ба 27 нафар расидааст.
МИЛЛАТГАРОҲОИ РУС ДАР НАЗДИ САФОРАТИ ТОҶИКИСТОН ҶАМЪ МЕОЯНД
12.11.2011 19:22
1552
Имрӯз афроди алоҳида дар канори бинои сафорати Тоҷикистон дар Маскав бо талаби раҳоии халабони рус Владимир Садовничий пикетҳо ташкил карданд. Дар ин бора Сулаймон Рашидов, мушовири сафорати Тоҷикистон хабар дод ва афзуд ...
МУАЛЛИФИ РОМАНИ «МАСЪУДИ СИПАҲСОЛОР» 70 СОЛА ШУД
12.11.2011 19:22
1240
Дар Кӯлоб аз 70 солагии адиб ва журналисти собиқадор Сайид Раoмон ва чилсолагии фаъолияти эҷодии ӯ ҷашн гирифтанд. Чорабинӣ дар толори теотри ба номи Сайдали Вализодаи Кӯлоб доир гашта дар он адибону рӯзноманигорон аз тамоми кишвар ширкат карданд.
ДАР ШАҲРИ ТАРАЗИ ҚАЗОҚИСТОН ТАРКИШ РӮХ ДОД
12.11.2011 19:21
1331
Дар канори бинои ҳукумати шаҳри Тараз, воқеъ дар ҷануби Қазоқистон, таркиш ба вуқӯъ пайваст.
ТЕЪДОДИ ҚУРБОНИЁНИ ЗАМИНЛАРЗА БА 26 НАФАР РАСИД
12.11.2011 19:20
1444
Теъдоди қурбониёни заминларзаи се рӯзи пеш дар шарқи Туркия ба 26 нафар расид. Имрӯз наҷотбахшон аз зери харобаҳои як меҳмонсарои тахрибшудаи шаҳри Ван тани беҷони хабарнигори оҷонси “Доган”-ро берун карданд. Аз ин пеш ҷасади як ҳамкори дигари ӯ ошкор шуда буд. Ҳарду хабарнигор дар феҳристи афроди ғайбзада шомил буданд.
















