04:52:45 07-уми Сентябри 2026 сол
ДАР ТАЗОҲУРОТИ ДАРЪОИ СУРИЯ 3 НАФАР КУШТА ШУДААСТ 01.04.2011 22:38 2036
Дар Сурия ҳазорон нафар аз аҳолии шаҳри Даръо ва атрофи он рӯзи ҷумъа дар ин шаҳр раҳпаймӣ анҷом доданд. Ин шаҳр ҳоло ба маркази тазоҳуроти эътирозӣ табдил ёфтааст.
ДАР МАЗОРИ ШАРИФИ АФҒОНИСТОН 7 ХОРИҶӢ КУШТА ШУДААНД 01.04.2011 22:36 1994
Мақомоти расмии Афғонистон ва сухангӯи СММ мегӯянд, дар ҳамлае ба намояндагии ин созмон дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон 7 корманди хориҷии СММ кушта шудаанд.
НИРУҲОИ ТУРКИЯ БО ШӮРИШИЁНИ КУРД ЗАДУХУРД КАРДАНД 01.04.2011 22:34 1808
Мақомоти Туркия мегӯянд, рӯзи ҷумъа нируҳои ин кишвар дар наздикии марз бо Сурия бо шӯришиёни курд вориди даргирӣ шудаанд.
САФАРИ САФИРОНИ ИМА ВА БРИТОНИЁ БА ВОДИИ РАШТ 01.04.2011 15:51 2135
Сафири ИМА Кен Гросс ва Сафири Бритониё Тревор Мур аз 28 то 30 март ба Ғарм ва водии Рашт ташриф оварданд то минтақаро беҳтар омӯзанд ва роҳҳои вусъат додани ҳамкориҳоро пайдо намоянд. Рӯзи якуми боздиди худ аз Рашт сафирон бо раиси ноҳия Саидумрон Абдураҳмонов ...
ЭЪЛОМИ АСОМИИ НОМЗАДҲОИ ИНТИХОБОТИ МИЁНДАВРАӢ 01.04.2011 14:54 1970
Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон асомии панҷ номзад ба интихоботи миёндавраии порлумониро, ки моҳи май баргузор хоҳад шуд, эълом кард. Ба гуфтаи масъулони ин ниҳод, се нафар аз ин афрод намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва ду нафар номзадҳои инфиродӣ будаанд.
ШУРӮИ ДОДГОҲИ МАҲБУСОНИ ФИРОРӢ 31.03.2011 11:36 2530
Ҳайъати низомии Додгоҳи олии Тоҷикистон ба баррасии парвандаи маҳбусони фирорӣ, ки дубора боздошт шудаанд, оғоз кард. Дар ин бора ба радиои "Озодӣ" як манбаъ аз Додгоҳи олии Тоҷикистон хабар дод. Ба қавли ин манбаъ, ҳоло дар курсии ҷавобгарӣ 11 маҳбуси ...
СОНЕҲАҲО ДАР РӮЗҲОИ НАВРӮЗӢ 13 КУШТА ДОД 31.03.2011 11:23 2504
Дар рӯзҳои таҷлил аз Наврӯз дар Тоҷикистон 24 садами утумубилӣ рух дод ва бар асари ин ҳаводис 13 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Бар асоси иттилоъи бахши пулиси роҳи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар сонеҳаҳо, ки аз 18 то 23 уми моҳи март дар роҳҳои ин кишвар ....
ДАВЛАТИ СУРИЯ ИСТЕЪФО КАРД 30.03.2011 11:26 2244
Ба дунболи беш аз як ҳафтаи нооромӣ телевизиюни давлатии Сурия эълом карда, ки давлати ин кишвар истеъфо дода ва Башор Асад низ ин истеъфоро пазируфтааст.
КОҲИШИ МӮҲЛАТИ ҲАБСИ ФАРЗАНДОНИ МИРЗО ЗИЁЕВ 29.03.2011 15:26 2343
Додгоҳи таҷдиди назар мӯҳлати ҷазои Муҳаммадризо ва Саидмуҳаммад Зиёевҳоро ба муддати 15-солӣ кам кард. Санавбар Холова, узви ҳайати Додгоҳи таҷдиди назари Додгоҳи олии Тоҷикистон, дар сӯҳбат ба радиои "Озодӣ" хабари мазкурро тасдиқ кард.
Ҳ. ЗАРИФӢ ДАР ШӮРОИ ПОРЛАМОНИИ САҲА СУХАНРОНӢ МЕКУНАД 29.03.2011 15:24 2408
Қарор аст Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе дар Вена дар Шӯрои порламонии САҲА суханронӣ кунад.
ДАР ДУШАНБЕ МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ БАРРАСӢ МЕШАВАД 29.03.2011 15:23 2508
Тибқи хабари “Ховар”, 29, 30-юми март дар шаҳри Душанбе коршиносон аз Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Туркманистон тарҳеро зери номи “Таҳаққуқи стратегияи зидди террористии СММ дар Осиёи Марказӣ” баррасӣ мекунанд.
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА КОРҲОИ КИШОВАРЗӢ 29.03.2011 13:30 2352
Бахши вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон афроди мустаъид ба кори ин вилоятро барои ширкат дар корҳои кишоварзӣ даъват кардааст.
НОМЗАДИИ АМИРҚУЛ АЗИМОВ БА ВАКИЛИИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН 28.03.2011 12:24 2325
Дабири Шӯрои Амнияти Тоҷикистон дар интихоботи миёндавраии ҳавзаи Сино сабқат мекунад. Усмон Солеҳ, масъули шӯъбаи иттилооти ҲХДТ, гуфт, вакилони конфронси 27-уми ҲХДТ дар ноҳияи Сино аз номзадии ҷаноби Азимов пуштибонӣ намудаанд.
БАРГУЗОРИИ ҶАШНИ ҶАҲОНИИ НАВРӮЗ ДАР ТЕҲРОН 28.03.2011 11:55 2245
Дувумин "ҷашни ҷаҳонии Наврӯз" бо ҳузури Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон ва бархе аз сарони кишварҳои минтақа дар маҷмуъаи Саъдободи Теҳрон оғоз ба кор кард. Ин маросим дорои бахшҳои мухталифе фарҳангӣ ва ҳунарӣ аз кишварҳое назири Тоҷикистон, Афғонистон, Ироқ ва Арманистон аст.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН РАФТ 27.03.2011 15:19 2203
Пас аз зӯҳри рӯзи 26-уми март раисҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар Наврӯзи байналмилалӣ ба Эрон рафт. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар дода ва гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафараш ба вилояти Суғд, аз Хуҷанд ба Эрон парвоз кардааст.