Таваллуди Паёмбар (с)
Ном: Муҳаммад (с)
Куня: Абулқосим
Номи падар: Абдуллоҳ писари Абдулмутталиб
Номи модар: Омина духтари Ваҳб
Паёмбар (с) дар дувоздаҳуми Рабиъул-аввали “Омул-фил”, ки мувофиқ бо 571-уми мелодӣ аст, дар Макка таваллуд шуд. Ин солро ба ин хотир “Омул-фил” номиданд, ки Абраҳа бо сипоҳиёни хеш, ки филҳои ҷангӣ ба ҳамроҳ дошт, тасмим ба вайрон намудани хонаи Худо (Каъба) гирифтанд, аммо Худованд ононро ба хотири чунин қасди шуме нобуд кард ва барои ҳалокат ва нобудии онон парандагоне ба номи Абобил фиристод, ки сангҳое аз “сиҷҷил” бар онон партоб мекарданд, чунонки Худованд дар сураи “Фил” мефармояд:
“Оё нашунидаӣ, ки Парвардигори ту бо филсавороне, ки қасди вайрон кардани хонаи Худо доштанд, чи карда ва чи бар сари эшон оварда аст; Магар найранги эшонро табоҳ ва ботил нагардонидааст; Ва магар паррандагонро гурӯҳ - гурӯҳ бар сари онон нафиристодааст; Он паррандагон ба сӯйи филсаворон сангҳои кӯчаке аз санггилро меандохтанд”.
Қабл аз таваллуди Паёмбар (с) падараш Абдуллоҳ ибни Абдулмутталиб, ки барои дидори таѓоҳояш Банӣ Наҷҷор берун рафта буд, даргузашт. Зеро Паёмбар (с) ҳангоме ки мутаваллид шуд, падараш дори фониро видоъ гуфта буд. Ҳангоми таваллуди Паёмбар (с) ин муждаро ба ҷаддаш Абдулмутталиб доданд. Абдулмутталиб аз шунидани ин хабар бисёр хушҳол шуд ва ӯро дар оғӯш гирифта, бо ӯ ба шукронаи ин неъмати Худовандӣ ба тавофи Каъба пардохт ва номи ӯро ба илҳоме аз ҷониби Худованд Муҳаммад гузошт. Бо вуҷуди ин ки ин ном дар миёни мардуми араб собиқа надошт, аммо Абдулмутталиб дӯст дошт, ки ӯ назди Худованд ситуда бошад, аз ин рӯ номи ӯро Муҳаммад (писандида) номид.
Супурдани Паёмбар (с) ба доя
Омина, модари Паёмбар (с) аз ҳамон нахустини рӯзи таваллуди ӯ дарёфт, ки шири кофӣ барои хӯронидани танҳо самараи издивоҷи хеш ва Абдуллоҳ надорад. Омина танҳо ҳафт рӯз ба Паёмбар (с) шир дод ва пас аз он аз ѓизо додан ва сер кардани вай нотавон монд.
Аввалин зане, ки баъд аз Омина Паёмбар (с)-ро шир дод Сувайба канизи озодшудаи Абӯлаҳаб буд, ки ҳамзамон бо Паёмбар (с) фарзандашро ба номи Масруҳ шир медод.
Баъд аз Сувайба касе, ки сарпарастии Паёмбар (с)-ро бар ӯҳда гирифт, Ҳалима духтари Абӯзуайб буд. Дар он замон расму одати араб бар ин буд, ки фарзандонашро ба хотири ин ки қавӣ ва неруманд гарданд, аз ҳавои озоду соф истифода намоянд ва зеҳнашон барои ёдгирии матолиб омода гардад, ҳамчунин ба ин хотир, ки забони фасеҳи арабиро ёд бигиранд, ба доя месупориданд. Занони бодиянишин низ ба хотири дарёфти музд ба шаҳр меомаданд, то сарпарастии кӯдакеро бар ӯҳда гиранд ва аз ин роҳ махориҷи зиндагиашонро таъмин карда тавонанд.
Абдулмутталиб ва Омина низ ба ҷустӯҷӯи ёфтани дояе баромаданд, то ба сарпарастии Паёмбар (с) уҳдадор гардад, лизо Паёмбар (с)-ро бо зане ба номи Ҳалима супурданд. Баъд аз ин, ки Ҳалима, Паёмбар (с)-ро ба унвони фарзандӣ қабул кард, баракоти Худованд дар зиндагии ӯ сарозер шуд, Ҳалима мегӯяд. “Баъд аз ин ки Паёмбар (с)-ро пазируфтам, пистонҳои шутуре, ки доштем пур аз шир шуд, дар ҳоле, ки қабл аз он аз фарат лоғари тоқат ва таҳаммули роҳ рафтанро надошт. Ҳамчунин пистонҳои худам пур аз шир гардид, ба гунае, ки ҳам Паёмбар (с) ва ҳам фарзандам сер мешуданд, аммо қабл аз он пистонҳои ман шире надошт, ки битавонад фақат фарзандамро аз гуруснагӣ наҷот диҳад”.
Ҷабраил (а) синаи Паёмбар (с)-ро мешикофад
Дар айёме, ки Паёмбар (с) ҳанӯз таҳти сарпарастии Ҳалима ба сар мебурд, моҷарои шикофта шудани синаи Паёмбар (с) рух дод.
Моҷаро аз ин қарор буд, ки Паёмбар (с) ва фарзандони Ҳалима, ки барои бозӣ ба берун рафта буданд, писари Ҳалима давон-давон назди Ҳалима омаду гуфт: “Ду марди сафедпӯш омаданд ва шиками бародари қурайшии моро шикофтанд ва акнун дастҳояшонро низ дар шиками ӯ қарор додаанд”. Ҳалима ва ҳамсараш давон-давон назди Паёмбар (с) шитофтанд ва ӯро рангпарида ёфтанд. Пас аз он моҷароро аз ӯ пурсиданд. Паёмбар (с) гуфт: “Ду марди сафедпӯш омада қалбамро шикофтанд ва чизеро аз он берун оварда гуфтанд: “Ин баҳраи шайтон аст” ва қалбамро дар ташти заррин аз оби Замзам шустушӯй доданд ва пас аз он қалбамро ба ҷойи худаш бозгардониданд”. Ин моҷаро боис шуд, то Ҳалима бар хилофи рағбату майли қалби худ Паёмбар (с)-ро ба модараш бисупорад.
Вафоти Омина - модари Паёмбар (с)
Баъд аз ин ки Ҳалима Паёмбар (с)-ро ба модараш супурд, модараш дар садад баромад, то ҳамроҳи Паёмбар (с) барои зиёрати шавҳари вафоткардааш ва ҳамчунин дидорбинии ақвому хешовандони ҷадди Паёмбар (с) - Абдулмутталиб, ки аз қабилаи Банӣ Наҷҷор буданд, ба Ясриб (Мадина) мусофират намоянд.
Дар ин сафар Абдулмутталиб - ҷадди Паёмбар (с) ва хидматгори Омина ба номи Умми Айман ӯро ҳамроҳӣ мекарданд. Баъд аз ин ки масофати ҳудуди панҷсад километрро тай намуданд, ба Ясриб расиданд ва Омина як моҳ дар он ҷо монд.
Ҳангоми бозгашт Омина дучори бемории сахте гардид ва дар ноҳияе ба номи Абвоъ, ки минтақае миёни Макка ва Мадина аст, даргузашт ва дар ҳамон ҷо ба хок супурда шуд. Дар ин ҳангом Паёмбар (с) шашсола буд.
Зиндагиномаи Паёмбар (с). Аз таваллуди Паёмбар (с) то ҳиҷрати мусулмонон ба Ҳабаша
Муаллиф: Муҳаммад Алии Холидӣ, Ҷилди 1
















