02:26:14 22-уми Октябри 2026 сол
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд 13.09.2026 01:43 304
11 сентябр дар шаҳри Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи ҷаласаи прокурорҳои генералии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Қазоқистон Берик Асилов мулоқот намуд.
Дар Берлин 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд 13.09.2026 01:40 290
Дар шаҳри Берлин 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бошукуҳ таҷлил намуданд. Дар чорабинии идона намояндагони мақомоти давлатии Олмон, вакилони Бундестаг, аъзои корпуси дипломатии муқими Берлин, доираҳои иқтисодию фарҳангӣ, намояндагони расонаҳо ва ҳамватанони муқими Олмон иштирок намуданд.
Сафири Тоҷикистон бо Вазири ҷавонон ва варзиши Миср мулоқот намуд 13.09.2026 01:36 303
Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Миср Парвиз Мирзозода бо Вазири ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Арабии Миср Ҷавҳар Набил мулоқот намуд.
Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Минск таҷлил карда шуд 13.09.2026 01:33 293
11 сентябр дар шаҳри Минск ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Беларус чорабинии расмӣ баргузор гардид.
Аз 11 то 13 сентябр дар Душанбе ва Хатлон ҳавои чангу ғубор дар назар аст 10.09.2026 22:34 290
Аз 11 то 13 сентябр дар як қатор шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон зиёдшавии ифлосшавии ҳавои атмосферӣ пешгӯӣ мешавад. Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки ин ҳолат ба сабаби ворид шудани хокбориш (чангу ғубор) аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ва ҷанубу шарқӣ ба амал меояд.
Олимони Ҳиндустон бо мероси таърихии Тоҷикистон шинос шуданд 10.09.2026 22:32 201
Олимони Ҳиндустон таҳти роҳбарии профессор Рамакант Двидевӣ (роҳбари Маркази таҳқиқоти кишварҳои ИДМ-и Институти MERI ва директори Бунёди Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ) бо сафари омӯзишӣ ба Тоҷикистон омаданд. Меҳмонон дар доираи ин сафар аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд.
Ҳамкории ҳизбӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақвият меёбад 06.09.2026 19:14 367
Имрӯз дар шаҳри Тошканд мулоқоти ҳайатҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳаракати тадбиркорон ва коршиносон — Ҳизби Либералӣ-Демократии Узбекистон баргузор гардид.
«Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030» баррасӣ гардид 04.09.2026 01:03 425
Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ масъалаи татбиқи амалии «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Файзалӣ Идизода сокинони Сангворро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ даъват намуд 04.09.2026 00:58 373
26 август Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар Ҷамоати деҳоти Заршӯёни ноҳияи Сангвор бо интихобкунандагон вохӯрӣ намуд.
Барномаи кишварии ЮНИСЕФ барои Тоҷикистон барои солҳои 2027-2030 қабул шуд 03.09.2026 12:19 384
2 сентябр дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк ҷаласаи дуюми доимии Шурои иҷроияи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) баргузор гардид, ки дар он «Барномаи кишварии ЮНИСЕФ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027–2030» қабул гардид.
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд 03.09.2026 12:16 397
2 сентябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои нави маъмурии Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.
Мулоқот бо Владимир Путин: баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия 02.09.2026 01:07 407
1 сентябр дар шаҳри Бишкек дар ҳошияи ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ҳамчунин, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.
Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ 02.09.2026 01:02 620
Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ, ки дар ҳошияи ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Бишкек баргузор гардид, масоили густариши минбаъдаи ҳамкории амалӣ ва эътимодбахши ду кишвар баррасӣ шуд.
Песков аз меҳварҳои суҳбати Путин ва Пизишкиён дар Бишкек гуфт 01.09.2026 01:43 349
Дмитрий Песков, котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия изҳор дошт, киПрезидентҳои Русия ва Эрон Владимир Путин ва Масъуд Пизишкиён дар ҷараёни музокироти пешорӯ дар Бишкек вазъи кунунии минтақаи Халиҷи Форс ва инчунин масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ хоҳанд кард.
Мулоқот бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш 31.08.2026 20:20 501
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дар шаҳри Бишкек бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуданд.

sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854