02:25:03 22-уми Октябри 2026 сол
Мавсума Муинӣ бо роҳбари ҳайати Подшоҳии Баҳрайн Аҳмад Алсаллум вохӯрӣ намуд 25.09.2026 00:38 159
Дирӯз муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо роҳбари ҳайати Подшоҳии Баҳрайн Аҳмад Алсаллум вохӯрӣ намуд.
Низомиёни Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии 13-уми Сяншани Пекин иштирок намуданд 23.09.2026 20:59 215
Аз 15 то 17 сентябр дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти унвони «Эҷоди ҳамфикрӣ барои субот ва пешбурди идоракунии амният ба таври муштарак» Форуми байналмилалии 13–уми Сяншани Пекин баргузор гардид.
Намояндагони баландпояи Бонки ҷаҳонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд 23.09.2026 02:38 288
21 сентябр дар доираи иҷлосияи 81-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк ба намояндагони баландпояи Бонки ҷаҳонӣ мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.
Дар Екатеринбург 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд 23.09.2026 02:34 275
Дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии расмӣ баргузор гардид.
Барқияи табрикӣ ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин 23.09.2026 02:28 102
22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд 20.09.2026 12:41 211
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Душанбе — қалби Тоҷикистон» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд.
Дар Анқара ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид 20.09.2026 12:39 221
Дар шаҳри Анқара бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид.
Дар Женева 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифт 20.09.2026 12:32 196
Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифт.
Иштирок дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея 17.09.2026 00:22 272
16 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сеул дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея иштирок ва суханронӣ намуданд.
Тоҷикистон ва Британия ҳамкориро дар бахши ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд 17.09.2026 00:18 280
Масъалаҳои омӯзиш ва такмили ихтисоси наҷотдиҳандагон, омода намудани омӯзгорони миллӣ, баргузории машқҳои муштарак, таҷҳизонидани гурӯҳҳои ҷустуҷӯию наҷотдиҳӣ ва мутобиқ намудани фаъолияти онҳо ба стандартҳои байналмилалӣ ...
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлия ва корҳои ҳуқуқии Салтанати Умон мулоқот намуд 17.09.2026 00:16 284
16 сентябр дар шаҳри Маскат мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода бо Вазири адлия ва корҳои ҳуқуқии Салтанати Умон доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Саид Ас-Саидӣ баргузор гардид.
Имзои шартномаи ҳамкории роҳи оҳани Тоҷикистон ва Корея дар Сеул 15.09.2026 20:42 351
Дар Сеул байни Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва Корпоратсияи роҳи оҳани Корея (KORAIL) Шартномаи дахлдори ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Муаррифии технологияҳои рақамии Тоҷикистон дар Корея 15.09.2026 20:40 349
Дар Сеул ҷаласаи нахустини вазирони рақамии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар қолаби «C5+1» таҳти унвони «Ояндаи ҳамкории Корея ва Осиёи Марказӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ, илм ва технология» баргузор гардид, ки дар он директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо иштирок намуд.
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пахта бо маром идома дорад 15.09.2026 20:38 320
Кишоварзони мамлакат то 14 сентябри соли равон 39 ҳазору 190 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд. Барои ҷамъоварии пахта наздики 70 ҳазор нафар чинакчиён ба кор сафарбар гардидаанд.
Тоҷикистону Чин робитаҳои байнипарламентиро густариш медиҳанд 15.09.2026 20:35 683
Имрӯз муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Гиёзода бо ҳайати Кумитаи кишоварзӣ ва корҳои деҳоти Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин вохӯрӣ намуд.

sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854