Мулоқоти кории сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Русия дар Москав
13.11.2026 12:04
117
12 ноябр дар Маскав Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд.
Омори нигаронкунанда дар роҳҳои кишвар: Қоидавайронкунӣ 7,1% афзуда, боиси 500 садамаи марговар ва вазнин гардид
13.11.2026 11:55
128
Дар нуҳ моҳи соли 2026 (январ — сентябр) мизони вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,1 фоиз афзоиш ёфтааст. Тибқи маълумоти оморӣ, дар ин муддат дар кишвар 500 ҳодисаи вайронкунии қоидаҳои ҳаракат, ки оқибат бо бардоштани ҷароҳати вазнин ва марги одамон анҷомидаанд, ба ....
Таҳкими марзҳо ва масъулияти муштарак: Соли 2027 раёсати СААД ба Тоҷикистон мегузарад
13.11.2026 11:53
123
Соли 2027 раёсат дар Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ аз Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад. Дар ин бора рӯзи 11 ноябр дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СПАД дар шаҳри Москав эълон карда шуд.
Душанбе ва Масқат роҳҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоративу сармоягузориро баррасӣ карданд
13.11.2026 11:51
107
Рӯзи 12 ноябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон Анвар ибни Ҳилол Ал-Ҷобирӣ мулоқот анҷом дод.
Душанбе ва Минск робитаҳои байнипарлумониро густариш медиҳанд: Мулоқоти Файзалӣ Идизода бо Сафири Беларус
13.11.2026 11:48
123
Рӯзи 11 ноябр Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон Александр Худолеев мулоқот анҷом дод.
Аз рақамикунонӣ то зеҳни сунъӣ: Марҳилаи нави шарикии Тоҷикистону Қазоқистон
11.11.2026 14:36
129
Дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон, байни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон ва Вазорати зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамии Қазоқистон ...
Маҷлиси намояндагон қонун «Дар бораи сиёсати аграрӣ» ва тағйирот ба як қатор кодексҳоро баррасӣ кард
11.11.2026 14:33
135
Имрӯз, 11 ноябр, таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Амнияти дастҷамъӣ дар ҷаҳони бисёрқутбӣ: Суханронии Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Москва
11.11.2026 14:26
120
Рӯзи 10 ноябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинии муҳим Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок намуда, дар нишасти умумии он таҳти унвони «Амнияти дастҷамъӣ дар ҷаҳони бисёрқутбӣ» суханронӣ кард.
Мулоқот бо Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикела
09.11.2026 23:57
137
9 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд.
Тоҷикистон ва Малайзия уфуқҳои нави шарикии иқтисодиву сиёсиро баррасӣ карданд
09.11.2026 23:55
163
Дар шаҳри Путраҷаяи Малайзия мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия (дар сатҳи муовини вазир) Тан Сри Амран Муҳаммад Зин баргузор гардид.
Муқовимат ба таҳдидҳои муосир: Юсуф Раҳмон дар нишасти котибони Шуроҳои амнияти ИДМ дар Москва ширкат кард
09.11.2026 23:53
229
Рӯзи 9 ноябр дар шаҳри Москва вохӯрии 14-уми котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид. Дар ин нишасти муҳим Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуд.
Душанбе ва Остона ҳамкориҳои ҳуқуқиро таҳким мебахшанд: Муборизаи муштарак бо коррупсия ва ҷинояткорӣ
09.11.2026 23:51
239
Рӯзи 7 ноябр дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон, Ёддошти тафоҳум оид ба шарикӣ ва ҳамкорӣ байни Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Қазоқистон ба имзо расид.
Пирӯзии фарҳангии ҳунармандони тоҷик дар Москва: «Достони Сиёвуш» соҳиби таҳсини баланд гардид
09.11.2026 23:49
243
Рӯзи 8 ноябр ҳунармандони Театри давлатии Академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар шаҳри Москва намоиши таърихии «Достони Сиёвуш»-ро ба саҳна гузоштанд. Ин рӯйдоди муҳимми фарҳангӣ бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва дар ҳамкорӣ бо театри мазкур, дар толори маъруфи «Мастерская – 12»-и коргардони шинохта Никита Михалков ....
Вазири тандурустӣ дар конгресси «Тандурустии миллӣ-2026» дар Москва баромад кард
06.11.2026 17:21
257
Рӯзҳои 2-3 ноябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия конгресси 5-уми миллии соҳаи тиб таҳти унвони «Тандурустии миллӣ-2026» баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши байналмилалӣ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иштирок ва суханронӣ намуд.
Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар Сафорати Тоҷикистон дар Москва
06.11.2026 17:19
255
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин маҳфили ҷашнӣ ҳайати кормандони намояндагии дипломатӣ, намояндагони вазорату идораҳои кишвар дар Русия ва донишҷӯёну ҷавонони тоҷик ширкат варзиданд.
















