18:36:55 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Абдулҳай Зокиров: "Баъди тамошои "Хокпайванд" ва "Баррачаи хаёлӣ" ба мо раҳмат мегӯянд"

Дар силсиласуҳбатҳое, ки "Рӯзгор" бо ҳунармандони маъруфи кишвар вазъи имрӯзи синаморо ба баҳс кашида буд, аксари эшон дар радифи коргардонҳои ҷавону баистеъдод, ки метавонанд оянда навовариҳое дар самти филмсозӣ дошта бошанд, номи Абдулҳай Зокировро ба забон меоварданд.

11 zokirov 1111Воқеан Абдулҳай Зокиров бо офаридани чанд филми бадеие амсоли "Баррачаи хаёлӣ" ва "Хокпайванд" тавониста, ки ҷустуҷуҳои эҷодияшро манзур ва диққати санъатшиносону синамогарони кишварро ба кори худ ҷалб созад. Хабарнигори "Рӯзгор" Баҳман бо Абдулҳай Зокиров, коргардони ҷавони тоҷик перомуни фаъолияташ дар чанд соли ахир ва дар маҷмуъ вазъи имрӯзи синамои кишвар мусоҳибае орост, ки онро пешорӯи Шумо мегузорем.

-Шумо қаблан чанд муддате коргардони барномаҳои "Шакл", "Нози хаёл", ва "Рисолаи таърихӣ" дар Телевизиони Сафина будед. Чӣ сабаб шуд, ки омадед ба арсаи синамо?

-Филмофарӣ дар ниҳодам дунёи рангинро мемонад ва гумон мекунам ҳар лаҳзаи тапиши дилам ба он майлон дорад. Вале ба ҳар сурат вақте ба Муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина" ба кор омадам, фаъолияти хешро аз коргардонии барномаҳое, ки Шумо дар боло зикр кардед, шуруъ намудам.

Бовар кунед, таҳияи хар барнома барои ман мисли таҳияи филмҳо буд, яъне аз сидқи дил онро омода менамудам. Ҳамчунин аксаран мо дар омодасозии барномаҳое, ки дар жанри очерк таҳия мешуданд, дар кори коргардонӣ, наворбардорӣ, рассомӣ ва ғайра падидаҳои нав меёфтем ва онҳоро баъдан дар филмҳои ҳунарии худ истифода менамудем. Аз ин нигоҳ кор ба ҳайси коргардон дар телевизион заминаи хубе бароям дар филмофарӣ буд.

-Байни коргардони як филм ва коргардони барномаҳои телевизон будан чӣ фарқият аст?

-Тафовутро ман дар он мебинам,ки филми ҳунарӣ сартопо ҳунар асту коргардон озодтар. Дар филм бо ҳунармандон сарукор мегирӣ. Ҳар ҳунарманди хуб худ як дунёест ва ту бояд тамоми маҳоратҳои ҳунарии ӯро пешорӯи бинанда боз намоӣ. Метавонӣ ба воситаи ғояҳоят дунёро он гуна ки мебинӣ, ба бинанда талқин бикунӣ. Ва хуллас бисёр чизҳое ҳастанд, ки дар маҳдудаи як барнома намеғунҷанд ва коргардонро такон медиҳанд ба филмофарӣ.

-Филмҳои "Баррачаи хаёлӣ" ва "Хокпайванд"-и Шумо аз ҷониби синамогарони кишвар баҳои сазовор гирифта буд. Аммо Абдумуъмин Шарифӣ, як бозигари тоҷик дар суҳбате гуфта, ки дар филми "Хокпайванд" як андоза кори коргардонӣ хом аст. Дар ин бобат ва умуман дар бораи филмҳоятон чӣ мегӯед?

ҷод ва таҳияи филмҳо кори дастҷамъӣ аст. Ҳар як филме, ки офарида мешавад, мусаллам аст, ки бенуқсон таҳия намегардад. Ҳамчунин вақте, ки гуруҳ шуд, ҳатман назарҳову пешниҳодҳо ҳам гуногун мешаванд ва коргардонро лозим аст, ки ҳамаи пешниҳодҳоро ба инобат гирифта, беҳтаринашро дар филм ҷо бидиҳад. Албатта, ҳар бинанда филмро ба андозаи фаҳмиши худ қабул мекунаду ба он баҳо медиҳад.

Мо наметавонем, ки ҳамаи бинандагонро қаноатманд намоем. Боз мегӯям, ки ҳар эроде, ки ба филмҳои таҳиянамудаи мо мегиранд, ба инобат гирифта, кӯшиш менамоем, ки дар филмҳои оянда онҳоро ислоҳ намоем. Ростӣ, он ду филме, ки Шумо ном бурдед, чун ҳар маротиба тариқи оинаи нилгун пахш мешаванд, ба мо занг мезананду изҳори миннатдорӣ мекунанд ва ин ба мо руҳи тоза мебахшад ва барои таҳияи филмҳои тоза шавқу рағбати моро зиёда мегардонад.

-Шумо синамогар ҳастед ва бояд ба ин суол хуб ҷавоб бидиҳед. Барои рушди синамо имрӯз дар Тоҷикистон чӣ намерасад? Коргардони хуб, филмнома ё маблағ?

-Аввал сенарияи хуб, дувум маблағ, саввум технологияи муосири филмбардорӣ, ки ба талаботҳои сатҳи ҷаҳонӣҷавобгӯ бошад. Ман мутмаинам, ин андешаи маро ҳар нафаре, ки дар таҳияи филмҳо даст дорад, дастгирӣ менамояд. Кори коркардонӣ аз нигоҳи аввал хурд менамояд, аммо агар ба он ворид шавед, мебинед, ки тамоми масъулияти филм ба дӯши коргардон аст.

-Барои чӣ филмҳои хориҷӣ, масалан филмҳои туркӣ, дар кишвари мо бинандаи зиёд доранду филмҳои истеҳсоли худи Тоҷикистон камтар?

-Ман фикр мекунам, ки имрӯз сатҳи филмҳои ватанӣ ҳам боло рафта истодааст. Баъди пошхӯрии Иттифоқи Шӯравӣ дар Тоҷикистон на танҳо соҳаи синамо, балки тамоми соҳаҳо рӯ ба таназзул ниҳоданд ва дар ин чанд соли истиқлол дубора эҳё шудан доранд. Умед дорем, ки синамо дар Тоҷикистони мо ҳам рушд хоҳад кард. Дар мавриди филмҳои туркӣ ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки ин филмҳо танҳо Тоҷикистонро не, балки қариб тамоми ҷаҳонро тасхир кардаанд. Ман чанде пеш сафари Туркиё доштам ва бо чашмони худ дидам, ки чи гуна дар ин мамлакат соҳаи телевизиону синамо пеш рафтааст.

-Бисёре аз ҷавонони санъатдӯсти мо аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки дар Донишкадаи санъат шуъбаи коргардони театру синамо фаъолият намекунад. Шумо коргардониро дар куҷо омӯхтед?

22 zokirov 1111-Ман ҳам хатмкардаи Донишкадаи санъати Тоҷикистон ҳастам. Вақте ки мо таҳсил мекардем, дар факултети театриву бадеӣ бахши коргардони телевизион ва радио мавҷуд буд. Ҳоло ба фикрам дигар барҳам хӯрдааст. Ман фикр мекунам бояд гуруҳи коргардонӣ таъсис дода шавад ва ин як иқдоми хеле хуб ҳам хоҳад буд. Баъдан ман дар Академияи театру кинои шаҳри Санкт-Петербург таҷриба омӯхта, ҳамчунин дар шаҳри Киеви Украина таҳсиламро дар Донишгоҳи миллии театру кино ва телевизион идома додаам.

-Сенарияҳои филматонро чӣ гуна интихоб мекунед?

-Дар интихоби филмномаҳо хеле сахтгирам. Кӯшиш мекунам он мавзуеро интихоб намоям, ки ҳамеша бинандаи худро дошта бошад.

-Тағоймурод Розиқов, ҳунарманди маъруфи театру синамои тоҷик дар суҳбате бо "Рӯзгор" гуфта буд, ки имрӯз дар Тоҷикистон актёре надорем, ки образ офарида тавонад. Шумо ҳамчун коргардон дар ин бобат чӣ мегӯед?

-На, ман ба ин фикр розӣ нестам. Худи устод Тағоймурод Розиқов чӣ қадар ҳунарманди хуб аст ва дар театру синамо образҳои гуногун ва хеле хотирмон офаридааст. Нақши раиси ланг дар филми "Дарди ишқ" оё образ нест? Чӣ гуна мешавад гуфт, ки Розиқов аз уҳдаи иҷрои ин нақш набаромадааст? Мо хеле ҳунармандони хуб дорем, ки пушти пардаҳоянд.

-Бисёриҳо мегӯянд, ки як сабаби бинандаи зиёд надоштани синамои Тоҷикистон дар он аст, ки дар филмҳои мо зиндагии мардум нишон дода нашуда, баръакс чизҳои нолозиму замонавӣ набуда ҷой дода мешаванд. Шояд нафрае ин эродро ба филми "Баррачаи хаёлӣ" ё "Синон" -и Шумо ҳам бигирад. Чӣҷавоб медиҳед?

-Шояд, лекин филми охирине, ки гуруҳи эҷодии мо офарид, пур аз лаҳзаҳои дарду норасоиҳои зиндагӣ, дурӣ аз ватан, тарбияи нодурусти мо ва муҳоҷират аст. Мумкин ин филмро бисёриҳо дида бошанд. Ин филм "Рамида" ном дорад. Филми "Баррачаи хаёлӣ" ҳам пур аз дард асту мо мушкилотеро, ки имрӯз тамоми ҷаҳонро ба ташвиш оварда, яъне заҳролудшавии иқлимро дар он нишон додаем.

-Дар як суҳбат гуфта будед, достони модаре, ки гуноҳи фарзандонашро ба дӯши худ гирифта, ба зиндон меафтад, Шуморо мутаассир кардаву аз рӯйи он филм бардоштанӣ ҳастед ва он қисса асари Латофат Насриддинова аст. Тақдири ин филм чӣ шуд?

-Филмнома омода аст ва ҳаминаш монда, ки рӯйи навор ояд. Қариб ҳаштод фоизи филм бояд дар зиндон наворбардорӣ шавад. Намедонам дар таҳияи ин филм то куҷо муваффақ мешавем,ба ҳар сурат кӯшиш мекунем, ки филми хуб барояд.

-Имрӯзҳо банди чӣ корҳои тозае ҳастед?

Як филми кӯтоҳе гирифтем бо аҳли гуруҳ, ки рӯзҳои наздик тариқи Телевизони Сафина он ба намоиш гузошта хоҳад шуд.

-Агар сармоягузоре пайдо шаваду ба Шумо ваъда диҳад, ки чӣ қадаре, ки маблағ лозим бошад, мепардозад, Шумо дар кадом мавзуъ ё дар кадом жанр филм офаридан мехоҳед?

- Агар ин гуна имкон даст бидиҳад, мехоҳам, ба офаридани филмҳои таърихӣ даст бизанам. Зеро ба ин васила мехоҳам ба тамоми ҷаҳон нишон бидиҳам, ки мо-тоҷикон чӣ гуна таърихи бою рангин дорем, чӣ қадр миллати бузургем.

-Хуб, ташаккур барои суҳбат.

Суҳбати Баҳман, "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №29, 18 декабри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi