22:38:56 06-уми Июли 2026 сол

Дидори сафири Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷии Кувайт

1 июли соли 2026 cафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ ба муносибати оғози маъмурияти дипломатии хеш дар он кишвар аз сӯи Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Шайх Ҷарроҳ Ҷобир ал-Аҳмад ас-Сабоҳ ба ҳузур пазируфта шуд. Дар он дидор сафири Тоҷикистон нусхаи эътимодномаи худро ба вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт тақдим кард.

safiri tjk 659887545412Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо роҳҳои тақвият ва густариши ҳамкориҳо байни ду кишварро баррасӣ карда, ба аҳаммияти иҷрои тавофуқҳои ҳосилшуда дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт дар моҳи ноябри соли 2024 таъкид карданд.

Сафир Хусрав Нозирӣ дуруду паёмҳои роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарияти Давлати Кувайт расонида, омодагии худро бобати саҳмгузорӣ дар таҳкими беш аз пеши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишвар баён намуд.

Вазири корҳои хориҷӣ зимни пазироӣ аз сафири нави Тоҷикистон ба ӯ дар иҷрои вазифаҳои дипломатияш комёбӣ орзу намуд.

mfa.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ