04:46:16 14-уми Июли 2026 сол

Машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Бангладеш

8 июли соли 2026 дар шаҳри Дакка машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Бангладеш дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷӣ Идибек Қаландар ва Асад Олам Сиём баргузор гардид.

Зимни машваратҳо ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба, густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, маориф, илм ва фарҳангро баррасӣ намуда, ҳамчунин доир ба дигар масъалаҳои қобили таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор карданд.

mfa.tj

Назари Шумо

Security code
навсозӣ